Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, кансепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз, баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва ободу зебо гардонидани кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур ҷиҳати ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ чораҳои мушаххас андешанд.
3. Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки дар ихтиёри худ қитъаи замин доранд, баҳри амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Барнома ва барои то 1 январи соли 2011 парвариш намудани на камтар аз 15,0 млн. бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои нишондиҳандаҳои Барнома, аҳамият ва моҳияти рушди боғу токпарварӣ, парвариши ниҳолу тухмии дарахтони ороишиву ҳамешасабз, мунтазам ба воситаи расонаҳои ахбори умум маводҳо таҳия ва нашр намоянд.
5. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 таҳти № 499 "Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 апрели соли 2007 № 194
ш. Душанбе