Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат аз 3 апрели соли 2007, № 184

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 184

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат

. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат (минбаъд Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиатро амалӣ менамояд.

2. Хадамот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифода ва ҳифзи табиат, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

3. Хадамот ба Нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, функсияҳои ба зиммааш гузошташударо мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти назоратӣ амалӣ месозад.

II. Вазифаҳо

4. Ваколатҳои асосии Хадамот аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини иҷрои сиёсати ягонаи идора ва назорати давлатии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ;

- назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ, новобаста аз шакли моликият, тобеият ва мансубият;

- назорати давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои қаъри замин ва рӯи замин, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот, аз он ҷумла гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист, муомилот бо партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот (ғайр аз партовҳои радиоактивӣ), ҳолат ва истифодабарии ҷангал;

- омӯзиш ва таҳлили вазъи муҳити зист, пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳо ва тамоюлҳои экологӣ, ташкили пешбурди назорати таҳлилии мунтазами ҳолати муҳити зист;

- баҳодиҳӣ ва пешгӯии маҷмӯии вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар асоси маълумотҳои дар натиҷаи фаъолият ҷамъовардашуда, таъмини мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо иттилооти экологӣ;

- назорати иҷрои чорабиниҳои ба таъмини ҳифз, солимгардонӣ ва беҳсозии сифати муҳити табиии зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, нигоҳдории хусусиятҳои ташаккулёбии муҳити зист, истифода ва ҳифзи минтақаҳои ҷангал, комплексҳои табиӣ ва объектҳои дорои аҳамияти махсуси табиӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ равонагардида;

- дар доираи салоҳияти худ хамкорӣ ва мусоидат намудан ба иҷрои ӯхдадориҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи конвенсияҳо, шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ қабул намудааст;

- мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо барои ҳифз ва солимгардонии муҳити табиии зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ташкил кардани назорати воридот, содирот, истеҳсол ва истифода, нигоҳдорӣ, фурӯши нуриҳо ва заҳрхимикатҳо, воситаҳои биологӣ ва нумӯи растаниҳо, ашёи хом ва маводи истифодаи такрорӣ, техника ва технологияи нав;

- иштирок дар таҳияи стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити тибиии зист;

- бо иштироки мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ муайян намудани самтҳои асосии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити табиии зист, таъмини мувозинати экологӣ, ташкили назорат ва пешгирии бадшавии ҳолати табиат;

- таҳия ва интишори гузоришҳо ва ҳисоботи миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- банақшагирӣ ва анҷом додани корҳои тадқиқотӣ ва лоиҳавию ҷустучӯӣ, дар доираи ваколат ва салоҳияти худ иҷро намудани вазифаҳои фармоишгар ва иҷрокунанда;

- бо тартиби муқарраршуда таҳия ва ба баррасии мақомоти дахлдор пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи табиат;

- мутобиқи тартиби муқарраршуда амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ, муқаррар кардани меъёрҳои истифодабарӣ ва ифлос кардани муҳити табиии зист, аз ҷумла додани иҷозатномаҳо барои муомилот бо партовҳои хатарнок, моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, истифодаи тамоми намуди объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, додани иҷозатномаҳо барои истифодаи захираҳои табиии замин, ҷангалҳо ва обҳо, аз ҷумла барои пармакунии чоҳҳои об, партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаъҳои об ва ҳавои атмосфера, ҷойгиронии партовҳои истеъмолоту истеҳсолот ва маводи истифодаи такрорӣ, мураттаб ва пуррасозии коллексияҳои зоологӣ;

- дар сурати аз тарафи истифодабарандагони табиат вайрон гардидани талабот ва шартҳои дар иҷазатномаҳо ва литсензияҳо муқарраршуда манъ ва ё бекор кардани амали онҳо;

- бо тартиби муқарраршуда манзур намудани пешниҳодҳо оид ба муайян намудани квотаҳо барои истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами ҳайвонот ва наботот, ба ҷумҳурӣ ворид намудани моддаҳои барои муҳити зист хатарнок;

- додани хулосаҳои экспертизаи экологӣ барои интихоби қитьаи замин, ҷойгиронии объектҳо, пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият бо шарти иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ оид ба ҳифзи табиат;

- мувофиқа намудани пешниҳодот оид ба интихоби ҷой, лоиҳаҳои сохтмон ва азнавсозии иншоот, ҳуҷҷатҳои анҷомдиҳии корҳои сохтмонӣ, таркондан, қаъри обӣ ва ғайра дар иншоотҳои обӣ ва минтақахои наздисоҳилии онҳо, гӯронидани (ҷойгиркунии) ҳамаи намудҳои партовҳо, нақшаи корҳо дар каръерҳои канданиҳои фоиданоки маъмул, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд;

- додани хулосаи дахлдори экспертизаи экологӣ ба фаъолияти пешбинишавандаи хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ҳамчунин ба маводи арзёбии таъсир ба муҳити зист, лоиҳаҳои барнома, нақша ва консепсияҳои давлатӣ ва идоравии рушд дар асоси талабот ва меъёрҳои қонунгузории ҳифзи табиат ва бехатарии экологӣ;

- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдор андешидани чораҳо оид ба такмили механизми танзими иқтисодии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- бо тартиби муқарраршуда иштирок намудан дар ташкили бонки маълумот ва системаҳои давлатии иттилоотию ахборот оид ба вазъи муҳити табиии зист, истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- барои истифодабарандагони табиат бо тартиби муқарраршуда муайян намудани меъёрҳои истифодаи захираҳои табиии об, объектҳои олами ҳайвоноту наботот, партофтан ва ҷойгиронии моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити табиии зист, ҳосилшавии партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот;

- бевосита ва якҷоя бо дигар мақомоти ваколатдор таъмин намудани иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ ва меъёрӣ-техникии идоравӣ;

- иштирок дар пешбурди корҳои тарбия ва маърифати экологӣ, таблиғоти донишҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист, таҳияи асноди дастурию методӣ ва меъёрӣ, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, омӯзишӣ ва семинарҳо;

- амалисозии назорати давлатии воридот, содирот, интиқол, истеҳсол ва истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва замин, ҳамчунин чораҳо оид ба танзими давлатии ин моддаҳо;

- манзур намудани пешниҳодот ва таъинот ба субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва мансубият оид ба такмили сохтори идоракунӣ, таҷдиди истеҳсолот ва иҷрои дигар чорабиниҳо, ки ба истифодаи самараноки захираҳои табиат ва ҳифзи муҳити табиии зист равона карда шудаанд;

- пешбурди баҳисобгирии давлатии иншооте, ки муҳити табиии зистро ифлос мекунанд, ё ба он таъсири дигари манфӣ мерасонанд;

- бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани дидбонгоҳҳо, нуқтаҳои доимӣ ва сайёри назорати ҳолати муҳити табиии зист ва фаъолияти объектҳои алоҳида, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ бо роҳи таъсис додани милитсияи экологӣ;

- гузаронидани ташхиси инструменталии партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҷиҳати риояи меъёрҳои муқарраргардидаи давлатӣ, ба истифодабарандагони табиат додани маълумотнома оид ба ҳолати заҳрнокии партовҳои нақлиёт ва ситонидани пардохтҳо барои ифлос кардани муҳити зист;

- таъмини назорати давлатии иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ дар мавриди пардохтҳо барои ифлоскунии муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда.

III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Хадамот

5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Хадамот аз инҳо иборат мебошанд:

- бо тартиби муқарраршуда аз вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо ва хоҷагиҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияти он қарордошта иттилоот дархост намояд ва гирад;

- дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара ахбори роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо ва корхонаҳоро новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин шарҳвандонро оид ба риояи талаботи қонунгузории ҳифзи табиат, иҷрои чорабиниҳои хифзи табиат ва дигар масъалаҳои истифодаи табиат шунавад, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул намояд;

- бо тартиби муқарраршуда ба истифода додан, сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳо, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳоро, ки бо вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зист, қоида ва меъёрҳои экологӣ, шартҳои хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ сурат гирифтаанд, мувақкатан боздорад, маҳдуд намояд ва ё манъ кунад;

- дар сурати вайрон кардани қоида, меъёр ва талаботи муқарраршудаи экологӣ барои аз эътибор соқит кардани литсензияҳо (иҷозатномаҳо), ки аз тарафи дигар мақомот дода шудаанд, пешниҳодот ирсол намояд;

- барои қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, аз ҷумла аз рӯи далелҳои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои экологӣ, санад ва протоколҳо тартиб диҳад, қарор кабул намояд ва барои ислоҳи онҳо пешниҳод, таъинот ва амрҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;

- барои зарари ба муҳити зист ва сарватҳои табиат расонидашуда ҷарима бандад ва бо тартиби муқарраршуда онро ситонад;

- дар ҳамкории мақомоти давлатии ваколатдор санҷиши объектҳо ва воситаҳои наклиёти техникиро бо мақсади таъмини аз ҷониби онҳо риояи гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ созад ва дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории ҳифзи табиат онҳоро то ҳалли масъалаи ҷуброн намудани зарари ба муҳити зист расонида боздорад ва чораҳои маъмурӣ андешад;

- амалҳои ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид кардан ва ба тарзи транзитӣ интиқол додани борҳои хатарноки экологӣ (моддаҳои химиявӣ ва лавозимоти биологӣ, ҳамчунин маҳсулоти дубора истифодашаванда, техника, технология, партовҳо, захираҳои ашёи хом), ки бо вайрон кардани қоида ва меъёрҳои экологӣ сурат гирифтаанд, манъ намояд;

- дар ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба ҳифзи муҳити табиии зист маводҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд равон намояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳои умумӣ ва суди иқтисодӣ оид ба ҷуброн намудани товони зарари ба табиат расонидашуда даъвоҳо пешниҳод намояд;

- аз ҳисоби маблағҳои махсуси ҳифзи табиат фаъолияти нашриётӣ анҷом диҳад, дар ташкили намоишгоҳҳо, хамчунин чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намояд.

IV. Фаъолияти ташкилӣ

6. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки он бо пешниҳоди Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

7. Сардори Хадамот роҳбарии самтҳои фаъолиятро, ки ба ӯ вогузор шудааст, анҷом дода, барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

8. Муовини Сардори Хадамот бо пешниҳоди Сардор аз тарафи Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

9. Сардори Хадамот:

- роҳбарон ва кормандони сохторҳои Хадамотро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида Низомнома ва фонди музди меҳнат, ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷот, нақшаҳои кор ва ҳисоботҳои сохторҳои Хадамотро тасдиқ менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда кормандони Хадомотро барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- дар бораи санҷидани фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз, тобеияти идоравӣ ва шакли моликияти онҳо, инчунин шаҳрвандон доир ба масъалаҳои иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи табиат фармонҳо ва қарорҳо интишор менамояд.

10. Сардори Хадамот ҳамзамон Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи табиат мебошад. Муовини Сардори Хадамот, сардори шӯъбаи назорат, танзим ва аудити экологӣ муовинони Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи табиат мебошанд, Сардори Экспертизаи давлатии экологӣ ва Маркази назорати таҳлилӣ, сардорони бозрасиҳои махсусгардонидашудаи назорати давлатӣ ҳамзамон муовинони Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои худ мебошанд. Бо тартиби муқарраршуда шахсони мансабдори Хадамот нозирони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи табиат ба ҳисоб мераванд.

11. Сарнозири давлатӣ доир ба фаъолияти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат ва дигар масъалаҳои ба он вобаста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ва ҳисобот пешниҳод мекунад ва дигар намуди мукотибаро анҷом медиҳад.

12. Кормандони Хадамот соҳиби шаҳодатномаи махсус, ки аз тарафи сардори Хадамот дода мешавад, либоси расмӣ ва нишонаҳои фарқкунанда мебошанд. Нозирони давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яроқи хизматӣ таъмин карда мешаванд.

13. Барои баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар Хадамот ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

14. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, дигар мӯҳру штампҳо, бланкҳои нусхаи муқарраргардида мебошад ва аз ҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

15. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Шамсӣ 5/1.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 184

тасдиқ шудааст

СОXТОРИ Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат

1. Роҳбарият

2. Шӯъбаи татбиқи сиёсати экологӣ

3. Шӯъбаи назорат, танзим ва аудити экологӣ

4. Шӯъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ

5. Бахши корҳои махсус ва кадрҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 184

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Экспертизаи давлатии экологӣ

3. Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об

4. Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера

5. Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ

6. Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо

7. Маркази ахбори экологӣ

8. Маркази назорати таҳлилӣ

9. Шӯъбаи хоҷагӣ

10. Маркази бамеъёрдарорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии экологӣ

11. Маркази мониторинги экологӣ ва стандартикунонӣ

12. Раёсат ва шӯъбаҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ