Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ аз 3 апрели соли 2007, № 176

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 372 беэътибор дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 176

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ (минбаъд-Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

2. Хадамот дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътирофшудаи соҳаи фитосанитарӣ, карантини растаниҳо, тухмӣ ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Хадамот дар нақшаи идораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмиллалӣ ва ташкилотҳои дигар анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

5. Ваколатҳои асосии Хадамот инҳо мебошанд:

- анҷом додани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаҳои фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмипарварӣ;

- гузаронидани назорати карантинӣ, ташхиси лаборатории маҳсулоти растанӣ ва дигар маводи воридотӣ ва содиротӣ, аз ҷумла растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки дар дохили бағоҷ, муросилоти почта ва борҳои дастии мусофирон ворид ё содир карда мешаванд;

- ташкили солимгардонӣ ва безарарсозии карантинии маҳсулоти растанӣ ва дигар мавод, инчунин воситаҳои нақлиётие, ки аз дигар давлатҳо ва аз минтақаҳои таҳти карантин эълоншудаи ҷумҳурӣ ворид мегарданд;

- ташкил ва гузаронидани назорати тозагии навъии фонди тухмӣ аз рӯи навъҳо ва репродуксияҳо;

- гузаронидани таҳлилҳои назоратӣ, муқоисавӣ ва мураккаби тухмиҳо ва экспертизаи онҳо;

- сари вақт ошкор намудани зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи карантинию заҳрнок дар асоси гузаронидани таҳқиқи назоратии киштзорҳо, ҷангалзорҳо ва ғайра, ҷойҳои нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанӣ;

- муқаррар намудани ҳудуди карантинӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;

- гузаронидани санҷиши фаъолияти парваришгоҳҳои карантинӣ, қитъаҳои навъсанҷӣ, гармхонаҳое, ки ташхиси ҳолати карантинии тухмӣ ва растаниҳои аз давлатҳои дигар, инчунин минтақаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳти карантин эълонгардида воридшавандаро анҷом медиҳанд;

- анҷом додани назорати давлатии истифодаи тухмии навъҳои ҳифзшаванда;

- аз нав дида баромадан ва тасдиқ намудани номгӯи зараррасонҳои карантинӣ, барангезандаҳои касалиҳои карантинии растанӣ, алафҳои бегонаи карантинӣ, ки нисбати онҳо чорабиниҳои давлатӣ оид ба карантини растанӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нашр намудани номгӯи объектҳои биологие, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани онҳо манъ мебошад;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо интишор намудани фармону қарорҳои якҷоя;

- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳои карантини дохилӣ ва берунии растанӣ;

- ташкил ва гузаронидани корҳои сертификатсияи тухмӣ;

- ташхиси сифатҳои навъӣ ва киштбобии ҳар маҷмӯи тухмӣ;

- назорати киштзорҳо ва ниҳолзорҳо дар парваришгоҳҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои парвариши гулҳои ороишӣ бо мақсади таъмини истеҳсоли тухмӣ ва кӯчати озод аз зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи карантинию заҳрнок;

- назорати риояи стандартҳои давлатии тухмӣ дар хоҷагиҳо ва ташкилотҳои захиракунанда, сифати тухмии репродуксионӣ, ки хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ барои иваз ва беҳтар намудани навъ истифода мебаранд;

- ҷорӣ намудани назорати доимии риояи бечунучарои маҳдудиятҳо ва гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ аз ҷониби роҳбарияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо ва инчунин шаҳрвандон;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани конференсия, семинару намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо;

- бо тартиби муқарраршуда гузаронидани озмун (тендер) ва бастани қарордодҳо оид ба хариди мол ва хизматрасониҳо;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар асоси шартнома ҷалб намудани мутахассисон барои гузаронидани чорабиниҳо;

- дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ харидорӣ намудани фумигантҳо ва дигар пестисидҳо;

- таъсис додани дастаҳои махсуси фумигатсионӣ, дастаҳои сайёри бо техника, дастгоҳҳо ва воситаҳои ҳифзи растанӣ ҷиҳозонидашуда оид ба рафъ ва пешгирии паҳншавии зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи карантинӣ;

- интихоб ва роҳбари намудан ба фаъолияти мутахассисоне, ки ба мамлакатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида барои анҷом додани тафтиши карантинии ҳаҷми калони борҳои карантинии воридотӣ фиристонида мешаванд;

- дар доираи маблағҳои пешбинигардида ташкил ва гузаронидани курсҳои махсус барои кормандон.

Хадамот таҳқиқу санҷишҳоро дар ҷойҳо ва оид ба молу маводи зерин мегузаронад:

- минтақаи секилометраи ҳамҳудуди сарҳади давлатӣ;

- минтақаҳои ҳамҳудуди дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, каналҳо, бандарҳо, фурудгоҳҳо, роҳҳои оҳан, вокзалҳо, роҳҳои мошингард;

- ҳамаи мошинҳо, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ;

- растанӣ, маҳсулоти растанӣ ва тухмӣ, ки аз хориҷа ворид ё ба хориҷа содирот карда мешавад;

- ҳама намуди нақлиёт (ҳавопаймоҳо, вагонҳо, контейнерҳо, мошинҳо, автобусҳо ва ғайра), ки аз хориҷа ворид мегардад ё аз ҷумҳурӣ хориҷ мешавад, инчунин аз қаламрави ҷумҳурӣ ба тариқи транзит мегузарад;

- ҳама намуди воситаҳои бастабандӣ, зарфҳо, ки аз растанӣ ё аз пӯсту пашм тайёр карда шудаанду ба ҷумҳурӣ ворид ва ё аз ҷумҳурӣ содир мешаванд;

- тамоми намуди бағоҷ, зарф, борҷома, борхалтаи дастии мусофирон, ки ба хориҷа содир ва ё аз хориҷа ворид карда мешаванд;

- ҳама намуди муросилоти почтавӣ, ки растанӣ, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти чарму пашм доранд.

6. Кормандони Хадамот ҳуқуқҳои зайл доранд:

- бемонеа ворид шудан ба ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳан, саристгоҳҳои (вокзалҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо, анборҳо, элеваторҳо, вагонҳои мусофирбар ва боркаш, ҳавопаймоҳо, ба ҳудуди намоишгоҳҳо, боғҳои ботаникӣ, пажӯҳишгоҳҳо, стансияҳои таҷрибавӣ, хоҷагиҳо, бозорҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин ба корхонаҳое, ки ба захиракунӣ, коркард ва фурӯши тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, новобаста аз шакли моликияташон машғул мебошанд, қитъаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон;

- тартиб додани протоколҳо, санадҳо, амрномаҳо оид ба вайронкунии қоидаҳои карантини растанӣ, истеҳсол, захираю истифодаи тухмӣ нисбати вайронкунандагони қонуну қоидаҳо;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ситонидани зиёне, ки онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои карантини растанӣ ва тухмипарварӣ расонидаанд;

- муайян намудани манбаъ ва минтақаи бо объектҳои карантинӣ олудашуда бо мақсади эълон намудани карантин;

- боздоштани фурӯш ё истифодаи тухмӣ дар ҳолатҳои ошкор кардани вайроншавии қонунгузорӣ;

- манзур намудани пешниҳодҳо дар бораи бозхонди иҷозатномаи (литсензияи) истеҳсоли тухмии элитӣ, репродуксияи олӣ ва фурӯши онҳо ба мақомоти ваколатдор;

- пешниҳод намудани дархост ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи эълон ё бардоштани минтақаи карантинӣ дар хоҷагиҳо, ҳудуд ё қисми ҳудуди корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилот, маҳалҳои аҳолинишин ё ноҳияҳо;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ боздошт ё мусодира намудани тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки аз минтақаи карантин эълонгардида бе сертификати карантинӣ бароварда шудаанд;

- додани иҷозатномаи воридотии карантинӣ барои воридоти маҳсулоти таҳти карантинӣ қарордошта;

- додани сертификатҳои фитосанитарӣ барои содироти маҳсулоти таҳти карантинӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ сертификатҳои карантинӣ ва барои содироти тухмӣ-сертификатҳои сифати тухмӣ;

- дар сурати ба миён омадани таҳдиди воридшавию паҳншавии объектҳои карантинӣ аз давлатҳои ҳамсоя, бо мувофиқаи мақомоти сарҳадот, ҷорӣ намудани тартиботи иловагии маҳдудкунии воридоти маҳсулоти таҳти карантинӣ;

- додани иҷозат барои воридот ё содироти маҳсулоти таҳти карантинӣ тавассути нуқтаҳои сарҳадӣ, гумрукӣ, почтамтҳо ва ғайра пас аз санҷиши карантинӣ, дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои карантинӣ ё гузоштани мӯҳр дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ё содиротӣ;

- ҳангоми ошкор намудани объектҳои карантинӣ дар маҳсулоти воридотӣ, онро ҳатман безарар (фумигатсия) карда, бо мақсади ошкор намудани олудагии ниҳонӣ ва солимгардонии маҳсулоти мазкур онро ба парваришгоҳҳои интродуксионӣ - карантинӣ фиристонанд ё дар ҳолати зарурӣ ба коркарди техникӣ равона намоянд;

- аз ташкилотҳо ва шахсони алоҳидаи содиркунанда талаб намоянд, ки на дертар аз 30 рӯз то мӯҳлати интиқоли маҳсулоти таҳти карантинӣ хабари расмӣ диҳанд ва на дертар аз (5 рӯз то бор карда фиристодан, маҳсулотро барои санҷиш пешниҳод намоянд;

- бо мақсади сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои карантинӣ аз роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷудо намудани кормандони ваколатдорро талаб намоянд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз маъмурияти истгоҳҳои роҳи оҳан, саристгоҳҳои (вокзалҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳо ва ғайра аз ҳисоби соҳибони бор ҷудо кардани воситаҳои нақлиёт, анбор, бинои хизматӣ, маводи ёрирасон ва коргарони ёрирасонро талаб намоянд;

- дар мавриди зарурӣ аз роҳбарони хоҷагиҳою муассисаҳо дар хусуси майдонҳое, ки барои тухмӣ кишт шудаанд, инчунин миқдор ва сифати тухмии киштшаванда маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намоянд.

III. Ташкили фаъолият

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардори Хадамот барои гузаронидани назорати давлатӣ ва риоя намудани қоидаҳои муқарраргардидаи фитосанитарӣ, карантини растанӣ, тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва навъи тухмӣ ҳангоми истеҳсол, захиракунӣ, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард, фурӯш ва истифода масъул мебошад.

Муовинон бо пешниҳоди Сардор аз ҷониби Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Сардори Хадамот аз рӯи вазифа ҳамзамон Сарнозири давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовинони Сардори Хадамот ҳамзамон муовинони Сарнозири давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Сардорони Хадамоти Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи вазифа мутобиқан сарнозирони давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мебошанд.

Муовинони сардорони Хадамоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳамзамон муовинони сарнозирони давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мебошанд.

Сардорони Хадамоти шаҳрӣ, байнишаҳрӣ, ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадии карантинӣ аз рӯи вазифа ҳамзамон сарнозирони давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии шаҳрӣ, байнишаҳрӣ, ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадии карантинӣ мебошанд.

8. Сардорон ва муовинони сардорон, инчунин кормандони воҳидҳои сохтори Хадамот аз ҷониби Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

9. Вазифаҳои сардори Хадамот аз инҳо иборатанд:

- амалисозии роҳбарии фаврӣ ба фаъолияти Хадамот;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хадамот;

- тасдиқ намудани низомномаҳои воҳидҳои сохтори Хадамот, дастурамалҳо, қоидаҳо ва дигар асноди хизматии Хадамот;

- тасдиқ намудани нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти бахшҳои сохтории Хадамот;

- манзури пешниҳодот ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули маблағгузории буҷетии Хадамот;

- бо тартиби муқарраршуда пешниҳод кардани кормандони арзандаи Хадамот барои мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ ва дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, мӯҳру штампҳо, бланкҳои дахлдор, ҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва махсус мебошад.

11. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: 734002, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шарқ, гузаргоҳи 2, бинои 10.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели с. 2007 № 176

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ

Роҳбарият

Идораи назорати фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ

Шӯъбаи иқтисод ва муҳосибот

Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели с. 2007 № 176

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ

Дастгоҳи марказӣ

Лабораторияи ҷумҳуриявии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо

Лабораторияи чумҳуриявии ташхиси сифати тухмӣ

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии шаҳри Душанбе

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии вилояти Суғд

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии вилояти Хатлон

Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ

Гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дохилии фитосанитарию карантини растанӣ дар бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, почтамтҳо, роҳҳои мошингард, терминалҳо ва стансияҳои боркаш.