Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ ба миқдори 60 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 17 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
4. Ба Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовин дошта бошад ва лимити автомобилҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.
5. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини назорати фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ масъалаи ҷудо кардани қитьаҳои заминро ба Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ ва ҳал намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2007 № 176
ш. Душанбе