Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Хадамоти назорати давлатии байторӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 390, аз 02.02.2009с. № 91, аз 08.10.2012 № 568)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии байторӣ (минбаъд Хадамот), мақоми иҷроияи давлатӣ буда, назорати давлатии байториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
2. Хадамот дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Хадамот дар Нақшаи идоракуниии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, идораҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятию байналмиллалӣ анҷом медиҳад ().
II. Ваколатҳо
4. Ваколатҳои асосии Хадамот инҳо мебошанд:
- таҳия ва тасдиқи Стандартҳо, муқараррот, дастурамалҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои байторӣ;
- ҳифзи ҳудуди мамлакат аз воридшавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот;
- муайян намудани тартиби гузаронидани муойинаи (экспертизаи) байторию беҳдоштӣ, сертификатсиякунонии маҳсулоту ашёи хоми чорводорӣ, маводи биологӣ ва дорувории байторӣ;
- назорати ҳолати байторию беҳдоштии нуқтаҳои савдои ҳайвонот дар бозорҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо ва намоишгоҳҳои ҳайвонот;
- бо мақсади пешгирии пайдоишу паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва зооантропонозҳо, ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол, истифода, коркард, нигоҳдорӣ, хариду фурӯш, транзити маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ;
- дар амал ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникии соҳаи байторӣ;
- ривоҷ додани ҳамкории байналммлалӣ дар соҳаи байторӣ;
- риояи талаботу меъёрҳои экспертизаи байторию санитарии маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, маҳсулоти хӯрокворӣ;
- бақайдгирӣ ва назорати сифати маводҳои ташхисӣ, профилактикӣ ва табобатии байтории воридшаванда;
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо
5. Хадамот ҳуқуқ дорад:
- дар ҳолати зарурӣ бемонеъа вориди худуди иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҷамъиятҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳалли зисти шаҳрвандон гардида, дар доираи салоҳиятҳои худ маълумоти зарурро дастрас намоянд;
- ба субъектҳои байторӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандон доир ба бартараф намудани вайронкунии ошкоргардидаи қонунгузории байторӣ супориши дахлдор диҳанд;
- фурӯш ва истифодаи маводи биологӣ ва дорувории байтории пастсифат ва дар номгӯи феҳристи давлатӣ дохилнагардидаро манъ намоянд;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чорво ва маҳсулоти чорвоеро, ки аз минтақаи карантинӣ бе иҷозат бароварда мешаванд, боздошт ва мусодира намоянд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ҳолатҳои эпизоотӣ, офатҳои табиӣ бо пешниҳоди сертификат ва шаҳодатномаи бақайдгирии мамлакати истеҳсолкунанда ба воридкунандагони дорувории байторӣ, иловаҳои хӯроки ҳайвонот иҷозат медиҳад;
- ҳифз ва истифодаи мақсадноки амволи дар тавозуни Хадамот бударо таъмин намояд.
6. ӯҳдадориҳо:
- ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба забҳ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, фурӯши гушт, маҳсулоти гӯштӣ, ашёи хоми ҳайвонот, воридоту содироти он дар ҳудуди ҷумҳурӣ машғуланд, аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ диҳад;
- системаи ягонаи стандартизатсия ва сертификатсияи маводҳои байтории ватаниро таҳия намуда, сертификатсиякунии давлатии маводҳои байтории хориҷиро ба роҳ монад ва назорат барад;
- дар мавриди зарурӣ ҷиҳати муайян намудани бемориҳои ҳайвонот, сабабҳои пайдоиши онҳо мутахассисони байторӣ, кормандони муассисаҳои байторӣ, кормандони муассисаҳои илмӣ, илмию тадқиқотиро ҷалб намояд;
- лимитҳои марказонидашудаи дар буҷети давлатӣ пешбинигардидаро барои сохтмон, азнавсозӣ, барқарорсозии заминаи истеҳсолию техникӣ, хариди техника, асбобҳо ва таҷҳизотҳои махсусгардонидашудаи байториро тақсим намояд.
IV. Ташкили фаъолият
7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ().
Муовин бо пешниҳоди Сардор аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ().
8. Сардори Хадамот:
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, муовинони сардорони воҳидҳои сохтори Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷот ва фонди музди меҳнати корхонаҳои тобеи Хадамотро дар доираи шумораи муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- роҳбарии фаврӣ ба фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Хадамот, дастурамалҳо, қоидаҳо ва дигар асноди хизматии Хадамотро тасдиқ менамояд;
- барои таъсис додани комиссияи фавқулоддаи зиддиэпизоотӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида барои мукофотонидани роҳбарону кормандони арзандаи Хадамот пешниҳод манзур менамояд;
- маблағҳои барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотиявӣ ҷудошавандаро мувофиқи тартиби муқарраргардида тақсим менамояд.
9. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳру штампҳо, бланкаҳои дахлдор мебошад ва аз ҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
10. Суроғаи Хадамот: 734060, ш.Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Н. Ганҷавӣ, 379, тел: 238 08 07, 238 05 44, факс: 221 70 68
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудаааст
СОХТОРИ Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии байторӣ
Роҳбарият
Шӯъбаи назорати зиддиэпизоотӣ
Шӯъбаи назорати корҳои бозрасиҳо
Шӯъбаи иқтисод ва муҳосибӣ
Шӯъбаи назорати байторию санитарӣ
Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудааст
НАҚШАИ идоракунии Хадамоти назорати давлатии байторӣ
Дастгоҳи марказӣ
Маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ
Раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт
Раёсати назорати давлатии байтории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо
Взводи махсуси назорати карантинӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудааст
НОМГӯИ ташкилотҳои ғайритиҷоратии системаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ
Маркази миллии ташхиси байторӣ
Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ
Корхонаи воҳиди хизматрасонии зоологию байтории Тоҷикистон (Тоҷикзооветсервис)
Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ();
Муассисаи давлатии "Маҷаллаи байторӣ" - "Ветеринария" ().
Замимаи 5
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудааст
НОМГӯИ бемориҳои ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии хоссаи онҳо барои ҳамаи категорияҳо ва шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешавад
1. Вабои сумдарди чорво
2. Сӯхтанӣ
3. Бруселлёз
4. Сил
5. Тоуни чорвои майдаи шохдор
6. Ҳорӣ
7. Гули гӯсфандон ва буз
8. Тоуни парранда
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007
№ 182 тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Хадамоти назорати давлатии байторӣ
I. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии байторӣ (минбаъд Хадамот), мақоми иҷроияи давлатӣ буда, назорати давлатии байториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
2. Хадамот дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Хадамот дар Нақшаи идоракуниии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, идораҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятию байналмиллалӣ анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
4. Ваколатҳои асосии Хадамот инҳо мебошанд:
- таҳия ва тасдиқи Стандартҳо, муқараррот, дастурамалҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои байторӣ;
- ҳифзи ҳудуди мамлакат аз воридшавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот;
- муайян намудани тартиби гузаронидани муойинаи (экспертизаи) байторию беҳдоштӣ, сертификатсиякунонии маҳсулоту ашёи хоми чорводорӣ, маводи биологӣ ва дорувории байторӣ;
- назорати ҳолати байторию беҳдоштии нуқтаҳои савдои ҳайвонот дар бозорҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо ва намоишгоҳҳои ҳайвонот;
- бо мақсади пешгирии пайдоишу паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва зооантропонозҳо, ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол, истифода, коркард, нигоҳдорӣ, хариду фурӯш, транзити маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ;
- дар амал ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникии соҳаи байторӣ;
- ривоҷ додани ҳамкории байналммлалӣ дар соҳаи байторӣ;
- риояи талаботу меъёрҳои экспертизаи байторию санитарии маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, маҳсулоти хӯрокворӣ;
- бақайдгирӣ ва назорати сифати маводҳои ташхисӣ, профилактикӣ ва табобатии байтории воридшаванда;
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо
5. Хадамот ҳуқуқ дорад:
- дар ҳолати зарурӣ бемонеъа вориди худуди иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҷамъиятҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳалли зисти шаҳрвандон гардида, дар доираи салоҳиятҳои худ маълумоти зарурро дастрас намоянд;
- ба субъектҳои байторӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандон доир ба бартараф намудани вайронкунии ошкоргардидаи қонунгузории байторӣ супориши дахлдор диҳанд;
- фурӯш ва истифодаи маводи биологӣ ва дорувории байтории пастсифат ва дар номгӯи феҳристи давлатӣ дохилнагардидаро манъ намоянд;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чорво ва маҳсулоти чорвоеро, ки аз минтақаи карантинӣ бе иҷозат бароварда мешаванд, боздошт ва мусодира намоянд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ҳолатҳои эпизоотӣ, офатҳои табиӣ бо пешниҳоди сертификат ва шаҳодатномаи бақайдгирии мамлакати истеҳсолкунанда ба воридкунандагони дорувории байторӣ, иловаҳои хӯроки ҳайвонот иҷозат медиҳад;
- ҳифз ва истифодаи мақсадноки амволи дар тавозуни Хадамот бударо таъмин намояд.
6. ӯҳдадориҳо:
- ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба забҳ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, фурӯши гушт, маҳсулоти гӯштӣ, ашёи хоми ҳайвонот, воридоту содироти он дар ҳудуди ҷумҳурӣ машғуланд, аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ диҳад;
- системаи ягонаи стандартизатсия ва сертификатсияи маводҳои байтории ватаниро таҳия намуда, сертификатсиякунии давлатии маводҳои байтории хориҷиро ба роҳ монад ва назорат барад;
- дар мавриди зарурӣ ҷиҳати муайян намудани бемориҳои ҳайвонот, сабабҳои пайдоиши онҳо мутахассисони байторӣ, кормандони муассисаҳои байторӣ, кормандони муассисаҳои илмӣ, илмию тадқиқотиро ҷалб намояд;
- лимитҳои марказонидашудаи дар буҷети давлатӣ пешбинигардидаро барои сохтмон, азнавсозӣ, барқарорсозии заминаи истеҳсолию техникӣ, хариди техника, асбобҳо ва таҷҳизотҳои махсусгардонидашудаи байториро тақсим намояд.
IV. Ташкили фаъолият
7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Муовин бо пешниҳоди Сардор аз ҷониби Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
8. Сардори Хадамот:
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, муовинони сардорони воҳидҳои сохтори Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷот ва фонди музди меҳнати корхонаҳои тобеи Хадамотро дар доираи шумораи муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- роҳбарии фаврӣ ба фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Хадамот, дастурамалҳо, қоидаҳо ва дигар асноди хизматии Хадамотро тасдиқ менамояд;
- барои таъсис додани комиссияи фавқулоддаи зиддиэпизоотӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида барои мукофотонидани роҳбарону кормандони арзандаи Хадамот пешниҳод манзур менамояд;
- маблағҳои барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотиявӣ ҷудошавандаро мувофиқи тартиби муқарраргардида тақсим менамояд.
9. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳру штампҳо, бланкаҳои дахлдор мебошад ва аз ҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
10. Суроғаи Хадамот: 734060, ш.Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Н. Ганҷавӣ, 379, тел: 238 08 07, 238 05 44, факс: 221 70 68
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007
№ 182 тасдиқ шудаааст