Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 182 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторӣ"

Санаи амалкуни: 08.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 595 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 91, аз 08.10.2012 № 568)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии байторӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давдатии байторӣ ба миқдори 127 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 20 воҳид муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009 № 91, аз 08.10.2012 № 568).

3. Ба Хадамоти назорати давлатии байторӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии байторӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Номгӯи замимагардидаи бемориҳои ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии хосаи онҳо барои ҳамаи категорияи хоҷагиҳо ва шаҳрвандон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 5).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 182

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторӣ

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии байторӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давдатии байторӣ ба миқдори 135 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 20 воҳид муқаррар карда шавад.