Низомномаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика аз 3 апрели соли 2007, № 180

Санаи амалкуни: 21.06.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021 №441 аз эътибор соқит дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 180

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 90, аз 1.10.2009с. № 534, аз 3.07.2014 № 450, аз 21.06.2018 № 336)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикиро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 450).

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 450).

3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи энергетикаро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

5. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад.

Назорати давлатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самаранок ва оқилона истифода бурдани энергияи барқ, гармӣ, нафт, газ, ангишт ва маҳсулоти коркарди онҳо (дар оянда - захираҳои сӯзишворию энергетикӣ);

- ташхиси коршоямии таҷҳизоти истеҳсолу истеъмолкунандаи энергия ва пешниҳоди хулосаҳо барои сертификатсия (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534);

- таъминоти реҷавӣ ва сифатноки энергияи истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- истифодаи техникӣ ва бехавфи нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва гармии ташкилотҳои энергиятаъминкунанда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ташкилотҳои таъминкунандаи газ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои дигари нафт, газ ва истихроҷкунандаи ангишт, нафт ва маҳсулоти коркарди он новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, инчунин бино ва иншоот новобаста аз таъинот;

- риояи ҳадди истеъмол, риояи реҷаи маҳдудияти истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва хомӯш кардани барқи истеъмолкунандагон.

6. Хадамот мувофиқи салоҳиятҳои ба зиммаи он гузошташуда иҷрои чораҷӯиҳои зеринро назорат мекунад:

- гузаронидани тадбирҳо оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, паст кардани сарфи технологии (талафот) онҳо дар давраи истихроҷ (истеҳсол), коркард (азнавсозӣ), нигоҳ доштан, кашондан (интиқол, тақсимот), фурӯш ва истифода (истеъмол);

- аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия татбиқи тадбирҳои ба таври реҷавӣ ва сифатнок бо барқ, гармӣ, ангишт ва газ таъмин намудани истеъмолкунандагон, риоя намудани меъёри муқарраршудаи сифати энергияи барқу гармӣ, газ ва ангишт;

- риояи стандартҳо, меъёр ва қоидаҳои муқарраршуда дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, санадҳои меъёрии техникӣ оид ба сохтор, истифодабарии дурусти техникӣ ва бехавфи таҷҳизот, шабакаҳои барқу гармӣ ва газтаъминкунанда ва дастгоҳҳо;

- тасдиқ ва риояи меъёри сарфи технологии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор, хизмат ва ғайра);

- аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия ва истеъмолкунандагон риояи нишондиҳандаҳои шартномавии тавоноӣ ва энергия, аз ҷумла, тартиби тақсимот ва иҷрои меъёри истеъмоли энергияи барқ, гармӣ, газ ва ангишт;

- таъмини дараҷаи самараноки ҷуброни тавоноии реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии корхонаҳо, татбиқи дурусти кам ё зиёд шудани тарифи энергияи барқ барои ҷуброни тавоноии реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истеъмолкунандагон;

- аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия дуруст татбиқ шудани тариф ба энергияи барқ, гармӣ, газ ва ангишт дар ҳолати ҳисобӣ намудани маблағи истифодаи онҳо бо истеъмолкунандагон;

- дуруст муқаррар ва иҷро кардади меъёрҳои сифат ва бозгашти конденсат;

- ташкили истеҳсол ва ҳолати баҳисобгирии истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти энергетикӣ ва тартиб додани шиносномаҳои энергетикӣ;

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534).

7. Хадамот дар соҳаи назорати давлатии энергетикӣ:

- дар ҳолатҳои ошкор кардани далелҳои исрофкорона ва ғайрисамаранок сарф шудани энергияи барқ, гармӣ ва газ барои кам кардани ҳадди истеъмоли онҳо таклиф пешниҳод менамояд;

- дар ҳолати ошкор намудани далелҳои сарфи ками захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда нисбат ба меъёри тасдиқшуда ва далелҳои исрофкорона ва ғайрисамаранок истифода шудани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ барои аз нав дида баромадани меъёри истеъмоли онҳо таклиф пешниҳод менамояд;

- дар ҳамаи нуқтаҳои ҳисоб, аз ҷумла дар нуқтаҳои гузариши баҳисобгирии байнидавлатӣ тавозуни энергияи барқ ва газро бо гирифтани нишондодҳои хисобгиракҳо санҷиш гузаронида, тамғаҳои назоратӣ мегузорад ва ҳисоби сарфи энергияи барқ ва газро муайян месозад;

- аз истеъмолкунандагон таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳоро оид ба сарфаи энергияи барқ, гармӣ ва газ, инчунин бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар истифодаи ин намудҳои энергия ва газро талаб мекунад;

- таҷрибаи кории истеъмолкунандагонро дар бораи самаранок ва оҷилона истифода бурдани захираҳои энергетикӣ ҷамъбаст намуда, барои дар ин соҳа дастрас намудани тачрибаи пешқадам чораҳо меандешад;

- дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии соҳаи энергетика, аз ҷумла таҳияи барномаҳо оид ба сарфаи энергия иштирок менамояд;

- барои аз истеҳсолот гирифтани таҷҳизоти аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ва ба талаботи хизматрасонии эътимоднок ва бехавф мутобиқ набуда, инчунин барои аз нав дида баромадани шартҳои техникии онҳо чораҳо меандешад;

- бо тартиби муқарраршуда нашри адабиёт ва плакатҳоро оид ба сарфаи захираҳои энергетикӣ ва истифодаи бехавфи таҷҳизот ва дастгоҳҳои барқӣ, гармӣ ва газӣ ташкил менамояд;

- фаъолияти ташкилотҳои таъминкунандаи энергияро дар бораи татбиқи ҷадвали реҷавии истифодабарӣ ва хомӯш кардани энергияи барқ, гармӣ ва гази истеъмолкунандагон, самаранокии чорабиниҳоро оид ба кам кардани сарбории электрикӣ дар соатҳои барзиёдии сарбори системаи энергетикӣ назорат мекунад;

- кори бахшҳои ташкилотҳои таъминкунандаи энергияро оид ба фурӯши энергияи барқ, гармӣ, газ, ангишт, нафт ва маҳсулотҳои коркарди онҳо месанҷад;

- дар тахқиқи ҳодисаҳои нохуши вазнин, ки вобаста ба истифодаи энергияи барқ, гармӣ, газ, аз ҷумла, дар рӯзғор ба амал меояд, иштирок намуда, зарарбардории соҳаҳои хоҷагии халқро таҳлил менамояд;

- озмоишгоҳҳои электротехникии ташкилотхои энергиятаъминкунанда ва истеъмолкунандагони энергияи барқро, ки барои гузаронидани озмоиш ва андозагирии дастгоҳҳои барқии корхонаҳои таҳти назорати Хадамот қарордошта иҷозатнома доранд, ба қайд медарорад ва аз нав ба қайд мегирад;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534);

- дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика хизмат мерасонад;

- дар кори Комиссияи давлатӣ оид ба қабули иншооти нави ба истифода додашаванда ва барқароркардашуда иштирок менамояд;

- амали ба кор даровардани таҷҳизоти нав васлгардида ва барқароршудаи шабакаҳо ва дастгоҳҳои истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла шабака ва таҷҳизоти барқӣ, гармӣ ва газии дохили бино, дастгоҳҳои барқӣ, гармӣ ва истифодабарандагони гази хонаҳои истиқоматии нав сохташуда, инчунин хонаҳои кӯҳнаи истиқоматӣ, ки таъмири асосӣ ё аз нав сохта шудаанд, иншооти бо энергияи барқ таъминкунандаи дохили корхона, бино, сохтмон, навбати онҳо ё истеҳсолоти алоҳидаро иҷро менамояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда дар кори таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои руҳ додани садамаҳо ва дигар вайронкуниҳое, ки ба истифодабарии таҷҳизот, шабакаҳо ва дастгоҳҳо вобаста аст иштирок менамояд;

- барои иҷозат ва ба кор даровардани дастгоҳҳои барқии нав васлгардида ва баркароркардашудаи (зеристгоҳҳо, шабакаҳо) истеъмолкунандагоне, ки мобайнӣ (транзитӣ) мебошанд ва ё бо шохаи сарбаста ба хатҳои интиқоли 35 кВ ва аз он зиёд васл карда шудаанд, иҷозат медиҳад;

- барои ба истифода додани системаи таъминоти гармӣ, истеъмоли гармӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳанда, ки нав ба шабакаҳо пайваст мешаванд ва ё аз нав барқарор карда шудаанд, иҷозат медиҳад;

- аз рӯи тартиби муқарраршуда нисбати корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони воқеӣ барои вайрон кардани қонун, қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунада дар соҳаи энергетика чораҳои ҳуқуқи ва иқтисодиро татбиқ менамояд;

- дар асоси шартнома бо ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои ҳавасманд барои ҳайати энергетикӣ курсҳои омӯзиш, аз нав тайер намудан ва такмили ихтисос мегузаронад;

- дониши шахсони масъули хоҷагиҳои истеъмолкунандагони захираҳои энергетикиро бо додани шаҳодатномаи дахлдор санҷида, дар кори комиссия оид ба санҷиши дониши ҳайати энергетикии истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ иштирок менамояд.

8. Хадамот дорои ҳуқуқҳои зайл мебошад;

- бо ҳамроҳии намояндаи иншооти таҳти назорат ба ҳудуд ва дохили иншооти энергетикӣ ва дастгоҳҳо ворид шаванд;

- доир ба масъалаи риояи меъёр ва қоидаҳои дар соҳаи энергетика амалкунанда дастурҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳанд;

- риояи меъёри сарфа ва хадди истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, иҷрои супоришҳо ва чорабиниҳои ташкилию техникиро оид ба сарфаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ талаб намояд;

- дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои садамавӣ, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба ҳаёти мардум хавфнок фавран хомӯш намудани таҷҳизоти барқӣ, дастгоҳҳои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергияро талаб намояд;

- саривақт аз санҷиши дониши тахассусӣ гузаштаии шахсони масъули комплекси сӯзишворию энергетикиро назорат намояд, шахсони масъули аз санҷиши дониши тахассусӣ нагузаштаро ба кор роҳ надиҳад;

- далелҳои сарфаи исрофкорона ва дуздии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи энергияи барқ ва гармиро бар хилофи Қоидаҳои истифодабарӣ ошкор намуда, оид ба вайрон кардани қоидаҳо дар вақти истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ санад тартиб диҳад, зарари иқтисодиро муайян намояд, пешниҳод кунад ва ситонад, хуҷҷатҳоро барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд;

- протокол тартиб диҳад ва дар асоси қонунгузории амалкунанда барои риоя накардани меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи энергетика ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан қарор қабул намояд;

- дар сурати набудани кормандони хизматрасони дастгоҳҳои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергия оид ба хомӯш кардани онҳо дастуре диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;

- ба таври фаврӣ аз ташкилотҳои таъминкунандаи энергия ва энергияистифодакунанда (ахбор, тасдиқнома) пешниҳод намудани маълумот, хуҷҷатҳои заруриро, ки таҳти салоҳияти Хадамот мебошанд, талаб намояд;

- дар сурати худсарона ба шабакаҳои барқӣ, гармӣ ва қубурҳои газгузар пайваст шудани истеъмолкунандагон ба роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои таъминкунандаи энергия барои хомӯш кардани ин гуна истеъмолкунандагон дастури ҳатмӣ диҳад;

- протоколҳои озмоиш ва андозагириро, ки озмоишгоҳои электротехникии иҷозатдошта додаанд, вале ба қайд гирифта нашудаанд ва аз қайди ҳарсолаи Хадамот нагузаштаанд, бекор намояд;

- баланд кардани эътимоднокии нақшаҳои барқтаъминкуниро бо эҳтиёткунии қабулкунакҳои махсус ва дараҷаи 1-и эътимоднокӣ, инчунин тақсимоти таъминоти технологӣ, сарбории умумиистеҳсолӣ, коммуналӣмаиширо аз истеъмолкунандагон талаб намояд;

- ситонидани пардохт барои 1 кВар.соат иқтидори реактивӣ аз истифодакунандагони саноатй ва ба онҳо баробаркардашуда бо истифодаи 15 ҳазор кВт соат қувваи барқи фаъол дар як моҳ ва зиёда аз он дар як нуқтаи баҳисобгирӣ;

- дурустии кори асбобҳои баҳисобгирии сарфи захираҳои энергетикӣ ва маълумоти пешниҳодшударо оид ба ҳаҷми воқеии нстифодаи захираҳои сузишворию энергетикӣ санҷад;

- тибқи тартиби муқарраршуда барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти худ, эълонҳои расмӣ, ҷойгир намудани маълумот аз натиҷаи санҷишхо ва чорахои андешидашуда, ҷой додаии дигар ҳуҷҷатҳое, ки таҳти салоҳиятм Хадамот мебошанд, нашрияи худро таъсис диҳад.

III. Ташкикли фаъолияти Хадамот

9. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 450).

10. Сардори Хадамот ду муовии дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Сардори Хадамот Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 450).

11. Ба салоҳияти Сардор дохил мешавад:

- роҳбарии умумии тамоми фаъолияти Хадамот;

- химояи манфиатҳои Хадамот дар ҳамаи идораҳо, корхонаю ташкилот, инчунин муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани харҷнома ва ҷадвали штатӣ барои нигоҳ доштан ва нақшаи ҷории фаъолияти Хадамот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 450);

- тақсими вазифаҳо байни муовинон ва муқаррар намудани масъулияти онҳо;

- дар доираи салоҳияти худ нашри фармонҳо ва дастурҳо, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ва муассисаҳои сохторӣ ҳатмист ва назорати иҷрои онҳо;

- дар асоси озмун қабул ва аз вазифа озод намудани кормандони Хадамот.

12. Сардори Хадамот ҳамзамон Сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳамзамон муовинони Сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешаванд.

Кормандони дигари Хадамот, ки назорати энергетикиро амалӣ мегардонанд, мувофиқи ҷадвали штатии тасдиқшуда нозири калони давлатӣ ва нозири давлатӣ оид ба назорати энергетикӣ ҳисоб мешаванд.

13. Барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар назди Хадамот Шӯрои техникӣ ташкил карда мешавад.

14. Шахсони мансабдори Хадамот дорои шаҳодатномаи намуди ягона ва либоси расмӣ мебошанд, ки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.

15. Хадамот шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, бланк ва штампҳои намунаи муқарраршуда буда, аз ҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Суроғаи ҳуқуқии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қаҳҳоров - 35.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 180

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2009 № 90

тасдиқ шудааст

Роҳбарият

Шӯъбаи муҳосибот

Бахши кадрҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336

Шӯъбаи истеҳсолию-техникӣ

Шӯъбаи иттилоот ва таҳлил

Шӯъбаи сарфаи энергия

Бахши ташхиси маҳсулоти истеъмолкунандаи энергия ва захираҳои сӯзишворию энергетикӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 534аз 21.06.2018 № 336

Шӯъбаи назорати нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва болотар аз он

Шӯъбаи назорати гармидиҳӣ

Шӯъбаи назорати нафту газ ва маҳсулоти нафтӣ

Шӯъбаи назорати ангишт

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 90)

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Раёсати назорати давлатии минтақаи Қӯрғонтеппа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Бахши назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Истаравшан (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Шӯъбаи назорати давлатии энергетикии минтақаи Зарафшон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" июни соли 2018, № 336

тасдиқ шудааст

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336)

Номгӯи муассисаю ташкилоти системаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

Муассисаи давлатии "Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика"

Озмоишгоҳи санҷиши энергетикӣ

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 180

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 90, аз 1.10.2009с. № 534)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикиро амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи энергетикаро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

5. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад.

Назорати давлатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самаранок ва оқилона истифода бурдани энергияи барқ, гармӣ, нафт, газ, ангишт ва маҳсулоти коркарди онҳо (дар оянда - захираҳои сӯзишворию энергетикӣ);

- ташхиси коршоямии таҷҳизоти истеҳсолу истеъмолкунандаи энергия ва пешниҳоди хулосаҳо барои сертификатсия (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534);

- таъминоти реҷавӣ ва сифатноки энергияи истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- истифодаи техникӣ ва бехавфи нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва гармии ташкилотҳои энергиятаъминкунанда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ташкилотҳои таъминкунандаи газ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои дигари нафт, газ ва истихроҷкунандаи ангишт, нафт ва маҳсулоти коркарди он новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, инчунин бино ва иншоот новобаста аз таъинот;

- риояи ҳадди истеъмол, риояи реҷаи маҳдудияти истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва хомӯш кардани барқи истеъмолкунандагон.

6. Хадамот мувофиқи салоҳиятҳои ба зиммаи он гузошташуда иҷрои чораҷӯиҳои зеринро назорат мекунад:

- гузаронидани тадбирҳо оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, паст кардани сарфи технологии (талафот) онҳо дар давраи истихроҷ (истеҳсол), коркард (азнавсозӣ), нигоҳ доштан, кашондан (интиқол, тақсимот), фурӯш ва истифода (истеъмол);

- аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия татбиқи тадбирҳои ба таври реҷавӣ ва сифатнок бо барқ, гармӣ, ангишт ва газ таъмин намудани истеъмолкунандагон, риоя намудани меъёри муқарраршудаи сифати энергияи барқу гармӣ, газ ва ангишт;

- риояи стандартҳо, меъёр ва қоидаҳои муқарраршуда дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, санадҳои меъёрии техникӣ оид ба сохтор, истифодабарии дурусти техникӣ ва бехавфи таҷҳизот, шабакаҳои барқу гармӣ ва газтаъминкунанда ва дастгоҳҳо;

- тасдиқ ва риояи меъёри сарфи технологии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор, хизмат ва ғайра);

- аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия ва истеъмолкунандагон риояи нишондиҳандаҳои шартномавии тавоноӣ ва энергия, аз ҷумла, тартиби тақсимот ва иҷрои меъёри истеъмоли энергияи барқ, гармӣ, газ ва ангишт;

- таъмини дараҷаи самараноки ҷуброни тавоноии реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии корхонаҳо, татбиқи дурусти кам ё зиёд шудани тарифи энергияи барқ барои ҷуброни тавоноии реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истеъмолкунандагон;

- аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия дуруст татбиқ шудани тариф ба энергияи барқ, гармӣ, газ ва ангишт дар ҳолати ҳисобӣ намудани маблағи истифодаи онҳо бо истеъмолкунандагон;

- дуруст муқаррар ва иҷро кардади меъёрҳои сифат ва бозгашти конденсат;

- ташкили истеҳсол ва ҳолати баҳисобгирии истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти энергетикӣ ва тартиб додани шиносномаҳои энергетикӣ;

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534).

7. Хадамот дар соҳаи назорати давлатии энергетикӣ:

- дар ҳолатҳои ошкор кардани далелҳои исрофкорона ва ғайрисамаранок сарф шудани энергияи барқ, гармӣ ва газ барои кам кардани ҳадди истеъмоли онҳо таклиф пешниҳод менамояд;

- дар ҳолати ошкор намудани далелҳои сарфи ками захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда нисбат ба меъёри тасдиқшуда ва далелҳои исрофкорона ва ғайрисамаранок истифода шудани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ барои аз нав дида баромадани меъёри истеъмоли онҳо таклиф пешниҳод менамояд;

- дар ҳамаи нуқтаҳои ҳисоб, аз ҷумла дар нуқтаҳои гузариши баҳисобгирии байнидавлатӣ тавозуни энергияи барқ ва газро бо гирифтани нишондодҳои хисобгиракҳо санҷиш гузаронида, тамғаҳои назоратӣ мегузорад ва ҳисоби сарфи энергияи барқ ва газро муайян месозад;

- аз истеъмолкунандагон таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳоро оид ба сарфаи энергияи барқ, гармӣ ва газ, инчунин бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар истифодаи ин намудҳои энергия ва газро талаб мекунад;

- таҷрибаи кории истеъмолкунандагонро дар бораи самаранок ва оҷилона истифода бурдани захираҳои энергетикӣ ҷамъбаст намуда, барои дар ин соҳа дастрас намудани тачрибаи пешқадам чораҳо меандешад;

- дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии соҳаи энергетика, аз ҷумла таҳияи барномаҳо оид ба сарфаи энергия иштирок менамояд;

- барои аз истеҳсолот гирифтани таҷҳизоти аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ва ба талаботи хизматрасонии эътимоднок ва бехавф мутобиқ набуда, инчунин барои аз нав дида баромадани шартҳои техникии онҳо чораҳо меандешад;

- бо тартиби муқарраршуда нашри адабиёт ва плакатҳоро оид ба сарфаи захираҳои энергетикӣ ва истифодаи бехавфи таҷҳизот ва дастгоҳҳои барқӣ, гармӣ ва газӣ ташкил менамояд;

- фаъолияти ташкилотҳои таъминкунандаи энергияро дар бораи татбиқи ҷадвали реҷавии истифодабарӣ ва хомӯш кардани энергияи барқ, гармӣ ва гази истеъмолкунандагон, самаранокии чорабиниҳоро оид ба кам кардани сарбории электрикӣ дар соатҳои барзиёдии сарбори системаи энергетикӣ назорат мекунад;

- кори бахшҳои ташкилотҳои таъминкунандаи энергияро оид ба фурӯши энергияи барқ, гармӣ, газ, ангишт, нафт ва маҳсулотҳои коркарди онҳо месанҷад;

- дар тахқиқи ҳодисаҳои нохуши вазнин, ки вобаста ба истифодаи энергияи барқ, гармӣ, газ, аз ҷумла, дар рӯзғор ба амал меояд, иштирок намуда, зарарбардории соҳаҳои хоҷагии халқро таҳлил менамояд;

- озмоишгоҳҳои электротехникии ташкилотхои энергиятаъминкунанда ва истеъмолкунандагони энергияи барқро, ки барои гузаронидани озмоиш ва андозагирии дастгоҳҳои барқии корхонаҳои таҳти назорати Хадамот қарордошта иҷозатнома доранд, ба қайд медарорад ва аз нав ба қайд мегирад;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534);

- дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика хизмат мерасонад;

- дар кори Комиссияи давлатӣ оид ба қабули иншооти нави ба истифода додашаванда ва барқароркардашуда иштирок менамояд;

- амали ба кор даровардани таҷҳизоти нав васлгардида ва барқароршудаи шабакаҳо ва дастгоҳҳои истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла шабака ва таҷҳизоти барқӣ, гармӣ ва газии дохили бино, дастгоҳҳои барқӣ, гармӣ ва истифодабарандагони гази хонаҳои истиқоматии нав сохташуда, инчунин хонаҳои кӯҳнаи истиқоматӣ, ки таъмири асосӣ ё аз нав сохта шудаанд, иншооти бо энергияи барқ таъминкунандаи дохили корхона, бино, сохтмон, навбати онҳо ё истеҳсолоти алоҳидаро иҷро менамояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда дар кори таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои руҳ додани садамаҳо ва дигар вайронкуниҳое, ки ба истифодабарии таҷҳизот, шабакаҳо ва дастгоҳҳо вобаста аст иштирок менамояд;

- барои иҷозат ва ба кор даровардани дастгоҳҳои барқии нав васлгардида ва баркароркардашудаи (зеристгоҳҳо, шабакаҳо) истеъмолкунандагоне, ки мобайнӣ (транзитӣ) мебошанд ва ё бо шохаи сарбаста ба хатҳои интиқоли 35 кВ ва аз он зиёд васл карда шудаанд, иҷозат медиҳад;

- барои ба истифода додани системаи таъминоти гармӣ, истеъмоли гармӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳанда, ки нав ба шабакаҳо пайваст мешаванд ва ё аз нав барқарор карда шудаанд, иҷозат медиҳад;

- аз рӯи тартиби муқарраршуда нисбати корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони воқеӣ барои вайрон кардани қонун, қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунада дар соҳаи энергетика чораҳои ҳуқуқи ва иқтисодиро татбиқ менамояд;

- дар асоси шартнома бо ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои ҳавасманд барои ҳайати энергетикӣ курсҳои омӯзиш, аз нав тайер намудан ва такмили ихтисос мегузаронад;

- дониши шахсони масъули хоҷагиҳои истеъмолкунандагони захираҳои энергетикиро бо додани шаҳодатномаи дахлдор санҷида, дар кори комиссия оид ба санҷиши дониши ҳайати энергетикии истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ иштирок менамояд.

8. Хадамот дорои ҳуқуқҳои зайл мебошад;

- бо ҳамроҳии намояндаи иншооти таҳти назорат ба ҳудуд ва дохили иншооти энергетикӣ ва дастгоҳҳо ворид шаванд;

- доир ба масъалаи риояи меъёр ва қоидаҳои дар соҳаи энергетика амалкунанда дастурҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳанд;

- риояи меъёри сарфа ва хадди истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, иҷрои супоришҳо ва чорабиниҳои ташкилию техникиро оид ба сарфаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ талаб намояд;

- дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои садамавӣ, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба ҳаёти мардум хавфнок фавран хомӯш намудани таҷҳизоти барқӣ, дастгоҳҳои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергияро талаб намояд;

- саривақт аз санҷиши дониши тахассусӣ гузаштаии шахсони масъули комплекси сӯзишворию энергетикиро назорат намояд, шахсони масъули аз санҷиши дониши тахассусӣ нагузаштаро ба кор роҳ надиҳад;

- далелҳои сарфаи исрофкорона ва дуздии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи энергияи барқ ва гармиро бар хилофи Қоидаҳои истифодабарӣ ошкор намуда, оид ба вайрон кардани қоидаҳо дар вақти истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ санад тартиб диҳад, зарари иқтисодиро муайян намояд, пешниҳод кунад ва ситонад, хуҷҷатҳоро барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд;

- протокол тартиб диҳад ва дар асоси қонунгузории амалкунанда барои риоя накардани меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи энергетика ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан қарор қабул намояд;

- дар сурати набудани кормандони хизматрасони дастгоҳҳои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергия оид ба хомӯш кардани онҳо дастуре диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;

- ба таври фаврӣ аз ташкилотҳои таъминкунандаи энергия ва энергияистифодакунанда (ахбор, тасдиқнома) пешниҳод намудани маълумот, хуҷҷатҳои заруриро, ки таҳти салоҳияти Хадамот мебошанд, талаб намояд;

- дар сурати худсарона ба шабакаҳои барқӣ, гармӣ ва қубурҳои газгузар пайваст шудани истеъмолкунандагон ба роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои таъминкунандаи энергия барои хомӯш кардани ин гуна истеъмолкунандагон дастури ҳатмӣ диҳад;

- протоколҳои озмоиш ва андозагириро, ки озмоишгоҳои электротехникии иҷозатдошта додаанд, вале ба қайд гирифта нашудаанд ва аз қайди ҳарсолаи Хадамот нагузаштаанд, бекор намояд;

- баланд кардани эътимоднокии нақшаҳои барқтаъминкуниро бо эҳтиёткунии қабулкунакҳои махсус ва дараҷаи 1-и эътимоднокӣ, инчунин тақсимоти таъминоти технологӣ, сарбории умумиистеҳсолӣ, коммуналӣмаиширо аз истеъмолкунандагон талаб намояд;

- ситонидани пардохт барои 1 кВар.соат иқтидори реактивӣ аз истифодакунандагони саноатй ва ба онҳо баробаркардашуда бо истифодаи 15 ҳазор кВт соат қувваи барқи фаъол дар як моҳ ва зиёда аз он дар як нуқтаи баҳисобгирӣ;

- дурустии кори асбобҳои баҳисобгирии сарфи захираҳои энергетикӣ ва маълумоти пешниҳодшударо оид ба ҳаҷми воқеии нстифодаи захираҳои сузишворию энергетикӣ санҷад;

- тибқи тартиби муқарраршуда барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти худ, эълонҳои расмӣ, ҷойгир намудани маълумот аз натиҷаи санҷишхо ва чорахои андешидашуда, ҷой додаии дигар ҳуҷҷатҳое, ки таҳти салоҳиятм Хадамот мебошанд, нашрияи худро таъсис диҳад.

III. Ташкикли фаъолияти Хадамот

9. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

10. Сардори Хадамот ду муовии дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Сардори Хадамот Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

11. Ба салоҳияти Сардор дохил мешавад:

- роҳбарии умумии тамоми фаъолияти Хадамот;

- химояи манфиатҳои Хадамот дар ҳамаи идораҳо, корхонаю ташкилот, инчунин муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани харҷнома ва ҷадвали штатӣ барои нигоҳ доштан ва нақшаи ҷории фаъолияти Хадамот;

- тақсими вазифаҳо байни муовинон ва муқаррар намудани масъулияти онҳо;

- дар доираи салоҳияти худ нашри фармонҳо ва дастурҳо, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ва муассисаҳои сохторӣ ҳатмист ва назорати иҷрои онҳо;

- дар асоси озмун қабул ва аз вазифа озод намудани кормандони Хадамот.

12. Сардори Хадамот ҳамзамон Сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳамзамон муовинони Сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешаванд.

Кормандони дигари Хадамот, ки назорати энергетикиро амалӣ мегардонанд, мувофиқи ҷадвали штатии тасдиқшуда нозири калони давлатӣ ва нозири давлатӣ оид ба назорати энергетикӣ ҳисоб мешаванд.

13. Барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар назди Хадамот Шӯрои техникӣ ташкил карда мешавад.

14. Шахсони мансабдори Хадамот дорои шаҳодатномаи намуди ягона ва либоси расмӣ мебошанд, ки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.

15. Хадамот шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, бланк ва штампҳои намунаи муқарраршуда буда, аз ҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Суроғаи ҳуқуқии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Қаҳҳоров - 35.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 180

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

Роҳбарият Шӯъбаи муҳосибот

Шӯъбаи кадрҳо

Шӯъбаи маъмурию-хоҷагидорӣ

Шӯъбаи истеҳсолию-техникӣ

Шӯъбаи нашри фаврӣ

Шӯъбаи иттилоот ва таҳлил

Шӯъбаи сарфаи энергия

Шӯъбаи ташхиси маҳсулоти истеъмолкунандаи энергия ва захираҳои сӯзишворию энергетикӣ (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2009с. № 534)

Шӯъбаи назорати нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва болотар аз он

Шӯъбаи назорати гармидиҳӣ

Шӯъбаи назорати нафту газ ва маҳсулоти нафтӣ

Шӯъбаи назорати ангишт

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2009 № 90

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 90)

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати назорати давлатии шаҳри Душанбе

Раёсати назорати давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Раёсати назорати давлатии минтақаи Қӯрғонтеппа

Раёсати назорати давлатии минтақаи Кӯлоб

Шӯъбаи назорати давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати назорати давлатии минтақаи Суғд

Раёсати назорати давлатии шаҳри Хуҷанд

Раёсати назорати давлатии минтақаи Истаравшан

Шӯъбаи назорати давлатии минтақаи Зарафшон