Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 180 "Дар бораи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика"

Санаи амалкуни: 21.06.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021 №441 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.10.2012 № 560, аз 21.06.2018 № 336)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дасттоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаю ташкилоти системаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 336).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба миқдори 157 воҳид, (бе ҳайати хизматрасон) аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 47 воҳид муқаррар карда шавад. Маблағгузории 146 воҳид, аз ҷумла 47 воҳиди дастгоҳи марказӣ, 99 воҳиди нақшаи идоракунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳиди муассисаю ташкилотҳои системаи Хадамот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 560, аз 21.06.2018 № 336).

3. Ба Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика иҷозат дода шавад, ки ду муовин дошта бошад. Лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ барои Хадамот ба миқдори 16 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 6 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 1996 № 465 "Дар бораи Назорати давлатии энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 180

ш. Душанбе