Низомномаи Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ аз 3 апрели соли 2007, № 177

Санаи амалкуни: 03.10.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 586 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 177

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ (минбаъд-Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроия буда, назорати давлатиро дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ анҷом медиҳад. Ҳамчунин ваколатҳои назоратиро оид ба ташкилотҳои сохтмоние, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сохтмон таъсис ёфтаанд, амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи сохтмон ва меъмориро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

5. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад.

а) назорати давлатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;

- оид ба риояи меъёру қоидаҳо ва стандарту сертификатҳои сохтмон аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу конструксияҳои бинокорӣ, ташкилотҳои бинокорӣ ва шахсони воқеӣ;

- оид ба риояи сифати корҳои сохтмонию васлгарии манзилгоҳҳо, иншооти таъиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, хоҷагии об, роҳҳо, азнавсозии биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;

- оид ба риояи намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- оид ба фаъолияти марбут ба назорати муаллифӣ ва техникӣ, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон;

- оид ба аз ҷониби иштирокчиёни сохтмон анҷом додани корҳои ҷустуҷӯйи муҳандисӣ, озмоишӣ, аксбардорӣ, ченкунӣ ва вобаста ба натиҷаи онҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурии истеҳсолию техникӣ ва иҷроишӣ, ки дар санадҳои меъёрии техникӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шудаанд;

- оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва риояи талаботи санадҳои меъёрии техникӣ дар бахши шаҳрсозию меъморӣ;

б) ба амал баровардани назорати мунтахаб оид ба риоя кардани қоидаҳои қабули иншоот барои истифода аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул ва андешидани чораҳои зарурӣ;

в) таҳия намудани пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои методӣ ва меъёрии нави ҷорӣ ва таҳияшаванда, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, конструксия ва маснуотро аз ҷиҳати ташкили ҳуқуқии низоми сохтмон таъмин менамояд;

г) ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти назорати давлатии сохтмон ва меъмории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон, оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохтмон ва меъморӣ ва сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ дар марҳилаи бунёди иншоот;

д) иштирок дар кори комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода қабул кардани иншоот;

е) гузаронидани санҷишҳои мунтахаби арзиши сохтмони иншоот, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд;

ё) ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиш ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмилдиҳии талаботи лоиҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, конструксияҳо ва маснуоти бинокорӣ;

м) ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назорати давлатӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои лоиҳавӣ ва ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ;

6. Хадамот дорои ҳуқуқҳои зайл мебошад:

- бе мамониат ворид шудан ба иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, конструксия ва маснуот, пойгоҳҳои моддӣ-техникии ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ ё хизматрасонӣ, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- санҷиши фаъолияти сохтмонии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва аз рӯи натиҷаи он додани огоҳинома оид ба ислоҳи камбудиҳо, ҳамчунин қабули қарорҳо дар бораи ҷаримабандӣ;

- иштирок дар кори Комиссия оид ба тафтиши сабабҳои садамаи биноҳо ва иншоот;

- талаб карда гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрии техникӣ, иҷроишӣ ва лоиҳаи иншоот аз иштирокчиёни сохтмон;

- ҳангоми зарурат барои санҷиши озмоиши иловагӣ аз пудратчиён, истеҳсолкунандагони конструксияҳои сохтмонӣ ва маснуот талаб кардани интихобан кушодани ҷузъҳои сохти алоҳидаи бино ва иншоот, аксбардориҳо ва ченкуниҳо;

- ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳо барои иштирок дар тафтиши сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ, конструксияҳо, маснуот ва масолеҳ, гузаронидани тадқиқот ва санҷиш;

- ҳангоми зарурат додани супориш ба мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ оид ба ҳалли баъзе масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот вогузошта;

- додани дастур оид ба ислоҳи корҳои сохтмонии иҷрошудаи бесифат ва ивази маснуоту масолеҳи бесифат ба ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ва шахсони мансабдор;

- додани муҷозоти маъмурӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- боздоштани фаъолияти сохтмони ҳангоми ошкор намудани нуқсон ва вайронкуниҳои меъёр, ки боиси таҳдиди ноустуворӣ ва беэътимодии бино, иншоот ё як қисми онҳо, коммуникатсияҳои муҳандисӣ, конструксияҳо ё аз байн рафтани онҳо мегардад;

- боздоштани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми муайян кардани сохтмони худсарона ё риоя накардани асноди лоиҳавию хароҷотии тасдиқгардида;

- пешниҳоди мавод ба мақомоти омори давлатӣ барои хориҷ кардан аз ҳисоботи давлатӣ ҷиҳати вайрон намудани тартиби муқарраргардида оид ба истифода қабул намудани объектҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва истеҳсоли маснуоти корхонаҳои саноати сохтмон, ки ҷавобгӯи стандартҳо, сертификатҳо ва шартҳои техникӣ нестанд;

- пешниҳод намудани маводи қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- пешниҳоди мавод ба хадамоти соҳавии иҷозатномадиҳӣ оид ба боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқарраршуда барои намуди дахлдори фаъолият дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ.

III. Ташкили фаъолияти Хадамот

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Сардор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардори Хадамот:

- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон ҷадвали штатии дастгоҳи Хадамот, гурӯҳҳои минтақавии назоратӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдории Хадамотро тасдиқ мекунад;

- кормандони Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони гурӯҳҳои минтақавии назоратӣ ва корхонаҳои Хадамотро бо мувофиқаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ба хизмати давлатӣ гузаронидани кормандони Хадамотро ҳал менамояд;

- низомномаи Дастгоҳ, воҳидҳои сохторӣ ва гурӯҳҳои минтақавии Хадамотро тасдиқ менамояд.

9. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва махсус, мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бланк бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ҳамчунин мӯҳру штампҳои дахлдор мебошад.

10. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода, 19/11.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 177

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

Роҳбарият

Шӯъбаи нозирон

Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ

Бахши муҳосибот (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 177

тасдиқ шудааст

Нақшаи Идоракунии Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

Дастгоҳи марказӣ

Гурӯҳҳои минтақавӣ

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 177

тасдиқ шудааст

Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

Корхонаи воҳиди давлатии "Манзили сохтмончиён".

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007

№ 177 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ (минбаъд-Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроия буда, назорати давлатиро дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ анҷом медиҳад. Ҳамчунин ваколатҳои назоратиро оид ба ташкилотҳои сохтмоние, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сохтмон таъсис ёфтаанд, амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи сохтмон ва меъмориро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон анҷом медиҳад.

II. ВАЗИФАҲО

5. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад.

а) назорати давлатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;

- оид ба риояи меъёру қоидаҳо ва стандарту сертификатҳои сохтмон аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу конструксияҳои бинокорӣ, ташкилотҳои бинокорӣ ва шахсони воқеӣ;

- оид ба риояи сифати корҳои сохтмонию васлгарии манзилгоҳҳо, иншооти таъиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, хоҷагии об, роҳҳо, азнавсозии биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;

- оид ба риояи намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- оид ба фаъолияти марбут ба назорати муаллифӣ ва техникӣ, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон;

- оид ба аз ҷониби иштирокчиёни сохтмон анҷом додани корҳои ҷустуҷӯйи муҳандисӣ, озмоишӣ, аксбардорӣ, ченкунӣ ва вобаста ба натиҷаи онҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурии истеҳсолию техникӣ ва иҷроишӣ, ки дар санадҳои меъёрии техникӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шудаанд;

- оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва риояи талаботи санадҳои меъёрии техникӣ дар бахши шаҳрсозию меъморӣ;

б) ба амал баровардани назорати мунтахаб оид ба риоя кардани қоидаҳои қабули иншоот барои истифода аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул ва андешидани чораҳои зарурӣ;

в) таҳия намудани пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои методӣ ва меъёрии нави ҷорӣ ва таҳияшаванда, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, конструксия ва маснуотро аз ҷиҳати ташкили ҳуқуқии низоми сохтмон таъмин менамояд;

г) ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти назорати давлатии сохтмон ва меъмории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон, оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохтмон ва меъморӣ ва сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ дар марҳилаи бунёди иншоот;

д) иштирок дар кори комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода қабул кардани иншоот;

е) гузаронидани санҷишҳои мунтахаби арзиши сохтмони иншоот, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд;

ё) ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиш ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмилдиҳии талаботи лоиҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, конструксияҳо ва маснуоти бинокорӣ;

м) ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назорати давлатӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои лоиҳавӣ ва ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ;

6. Хадамот дорои ҳуқуқҳои зайл мебошад:

- бе мамониат ворид шудан ба иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, конструксия ва маснуот, пойгоҳҳои моддӣ-техникии ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ ё хизматрасонӣ, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- санҷиши фаъолияти сохтмонии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва аз рӯи натиҷаи он додани огоҳинома оид ба ислоҳи камбудиҳо, ҳамчунин қабули қарорҳо дар бораи ҷаримабандӣ;

- иштирок дар кори Комиссия оид ба тафтиши сабабҳои садамаи биноҳо ва иншоот;

- талаб карда гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрии техникӣ, иҷроишӣ ва лоиҳаи иншоот аз иштирокчиёни сохтмон;

- ҳангоми зарурат барои санҷиши озмоиши иловагӣ аз пудратчиён, истеҳсолкунандагони конструксияҳои сохтмонӣ ва маснуот талаб кардани интихобан кушодани ҷузъҳои сохти алоҳидаи бино ва иншоот, аксбардориҳо ва ченкуниҳо;

- ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳо барои иштирок дар тафтиши сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ, конструксияҳо, маснуот ва масолеҳ, гузаронидани тадқиқот ва санҷиш;

- ҳангоми зарурат додани супориш ба мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ оид ба ҳалли баъзе масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот вогузошта;

- додани дастур оид ба ислоҳи корҳои сохтмонии иҷрошудаи бесифат ва ивази маснуоту масолеҳи бесифат ба ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ва шахсони мансабдор;

- додани муҷозоти маъмурӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- боздоштани фаъолияти сохтмони ҳангоми ошкор намудани нуқсон ва вайронкуниҳои меъёр, ки боиси таҳдиди ноустуворӣ ва беэътимодии бино, иншоот ё як қисми онҳо, коммуникатсияҳои муҳандисӣ, конструксияҳо ё аз байн рафтани онҳо мегардад;

- боздоштани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми муайян кардани сохтмони худсарона ё риоя накардани асноди лоиҳавию хароҷотии тасдиқгардида;

- пешниҳоди мавод ба мақомоти омори давлатӣ барои хориҷ кардан аз ҳисоботи давлатӣ ҷиҳати вайрон намудани тартиби муқарраргардида оид ба истифода қабул намудани объектҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва истеҳсоли маснуоти корхонаҳои саноати сохтмон, ки ҷавобгӯи стандартҳо, сертификатҳо ва шартҳои техникӣ нестанд;

- пешниҳод намудани маводи қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- пешниҳоди мавод ба хадамоти соҳавии иҷозатномадиҳӣ оид ба боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқарраршуда барои намуди дахлдори фаъолият дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Сардор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардори Хадамот:

- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон ҷадвали штатии дастгоҳи Хадамот, гурӯҳҳои минтақавии назоратӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдории Хадамотро тасдиқ мекунад;

- кормандони Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони гурӯҳҳои минтақавии назоратӣ ва корхонаҳои Хадамотро бо мувофиқаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ба хизмати давлатӣ гузаронидани кормандони Хадамотро ҳал менамояд;

- низомномаи Дастгоҳ, воҳидҳои сохторӣ ва гурӯҳҳои минтақавии Хадамотро тасдиқ менамояд.

9. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва махсус, мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бланк бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ҳамчунин мӯҳру штампҳои дахлдор мебошад.

10. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода, 19/11.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007

№ 177 тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ

Роҳбарият

Шӯъбаи нозирон

Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ

Бахши санҷишӣ

Бахши муҳосибӣ

Бахши озмоишӣ

Бахши умумӣ