Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 108
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроия буда, иҷозатномадиҳӣ, танзими соҳаи алоқа ва иттилоотониро амалӣ менамояд ва назорати давлатии субъектҳоеро, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ машғуланд, сарфи назар аз шакли моликияташон, анҷом медиҳад.
2. Хадамот дар нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи алоқа ва иттилоотониро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебарорад.
2. Вазифаҳо
4. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ Хадамот вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
а) ба ҳамаи истифодабарандагон таъмини баробар дастрас будани шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳфузияти иттилоот, инчунин ҳифзи сирри маълумоти хусусӣ дар бораи истифодабарандагон;
б) иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
в) тартиб, назорату иҷрои Нақшаи рақамгузории миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ), таъмини истифодаи самараноки рақамҳо, инчунин ҷудо кардани рақамҳо ё диапазонҳои рақамҳо барои операторони алоқаи барқӣ;
г) пешбурди феҳрасти иҷозатномаҳои вобаста ба намудҳои фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, ки операторон ва провайдерон ба амал мебароранд;
д) тасдиқи шартномаҳои пайвасти байнишабакавӣ, аз ҷумла пайвасти байналмилалӣ, ки байни операторони алоқаи барқӣ баста мешаванд;
е) бақайдгирии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
ж) додани иҷозат барои:
- истифодабарии радиобасомадҳои (каналҳои радиобасомадӣ) таъиноти гражданӣ барои воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
- истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ки афканишоти радиобасомадӣ доранд ё манбаи амвоҷи электромагнитӣ мебошанд;
- таҳия, лоиҳакашӣ, истеҳсол, сохтмони (насби) воситаҳои статсионарии радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ки афканишоти радиобаромадӣ доранд ё манбаи амвоҷи электромагнитӣ мебошанд;
- аз хориҷа ворид намудан, харидан ва фурӯши воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ки афканишоти радиобасомадӣ доранд ё манбаи амвоҷи электромагнитӣ мебошанд;
з) додани сертификати мутобиқат ба воситаҳо, таҷҳизот ва хизматрасонии алоқаи барқӣ;
и) бартарафкунии сигналҳои иҷозатдоданашуда ва радиоканалҳо;
к) анҷом додани назорати:
- иҷрои шартҳои иҷозатномавӣ барои фаъолият дар соҳаи пешниҳоди хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ;
- ҳолат ва рушди шабакаҳои алоқаи барқии истифодабарии умум;
- сифати хизматрасониҳои алоқа ва ҳолати техникии воситаҳо ва таҷҳизоти алоқа;
- шартҳои таҳия, лоиҳакашӣ, сохтмон ва хариди (фурӯши) воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
- риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо, санадҳои меъёрии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- мутобиқати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои таъиноти басомадҳо иҷозат гирифтаанд ба муқаррароти чунин иҷозатномаҳо;
- риояи шартҳои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- ташаккул ва пешбурди Коллексияи аломатҳои давлатии пардохти почтавӣ;
- риояи талаботи сохтмони шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта, нисбат ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва истифодабарии шабака ва иншоотҳои алоқа;
- тарифаҳои хизматрасониҳои алоқа;
л) ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавқулодда таъмини иҷрои ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи операторони алоқаи барқӣ гузошта шудаанд;
м) иҷрои корҳо оид ба ҳисобу китоб ва таъминоти тақсими паҳноии минтақавии басомадҳои воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, мутобиқати электромагнитӣ, дар ҳолати омодабошии доимӣ нигоҳ доштани захираҳои радиобасомадҳо ва гузаронидани радиомониторинг дар корхонаҳои системаи Хадамот, ки воҳидҳои мустақили хоҷагӣ ҳисоб меёбанд.
6. Хадамот ҳуқуқ дорад:
- ба муқобили рақобати бевиҷдонона дар бозори хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ чораҳо андешад;
- истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомадро ба мақсади риояи тартиби истифодабарӣ тафтиш (бозрасӣ) намояд;
- истифодабарии воситаҳо ва таҷҳизоти алоқаро, ки ба стандартҳо ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат надоранд, манъ намояд;
- ҷиҳати қатъ намудани истифодаи ғайриқонунии радиофиристандаҳо ва манбаи афканишоти баландбасомади электромагнитӣ ва радиохалалрасонҳо чораҳо андешад;
- муроҷиати операторони алоқаро оид ба масъалаҳои пайвасти шабакаҳои алоқаи барқӣ ва ҳамкории операторони алоқа баррасӣ карда, вобаста ба он қарор қабул намояд;
- амали иҷозатномаро вобаста ба истифодаи таҷҳизоти (иншооти) воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад ҳангоми риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодабарӣ боздорад ва ё бекор намояд;
- истифодаи радиобасомадҳоро дар сурати риоя накардани тартиби истифодабариашон манъ намояд;
- барои ба маҳали ҷойгиршавии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад ворид шудан дастрасӣ дошта бошад;
- бо тартиби муайянгардида лабораторияҳои озмоишӣ, назоратию ченкунӣ ташкил намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ҳамкорӣ намояд;
- ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда семинару конференсия ва дигар чорабиниҳо гузаронад;
- барои ҷойгир намудани фармоиши таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои Хадамот қарордод бандад;
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ фаъолият менамоянд ё истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва (ё) дастгоҳҳои баландбасомад хуҷҷатҳо ва дигар иттилооти заруриро талаб намояд ва ба даст орад.
3. Ташкили фаъолият
7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Сардор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазорати алоқа ва коммуникатсияи Ҷумҳурин Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Сардори Хадамот ҳуқуқ дорад:
- роҳбарии фаврии фаъолияти Хадамотро амалӣ намояд;
- кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, дастурҳои вазифавӣ ва оинномаҳои корхонаҳои системаи Хадамотро тасдиқ намояд;
- нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамотро тасдиқ намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро барои сарфароз гардонидани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
9. Хадамот метавонад Шӯрои машваратиро аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси Хадамот ташкил диҳад.
10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ ва махсус, мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бланк бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ҳамчунин мӯҳру штампҳои дахлдор мебошад.
11. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,57.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 108
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Роҳбарият
Раёсати танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Раёсати назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Шӯъбаи муҳосибот ва молия
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 108
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Дастгоҳи марказӣ
Бахши Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шӯъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ дар вилояти Суғд
Шӯъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ дар вилояти Хатлон
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 № 108
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг"