Тартиби пешбурди Дафтари бақайдгирди санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 169

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2016 № 332 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 2

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели с.2007 № 169

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Дафтари бақайдгирди санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои мазкур ба ҳама гуна намуди санҷишҳо ва амалҳои мақомоти назораткунанда ҳангоми гузаронидани тамоми намудҳои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мегардад.

2. Қоидаҳои мазкур тартиби пешбурди Дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият муайян менамояд.

3. То оғози санҷиш шахсони мансабдори мақомоти санҷишкунанда ба роҳбари субъекти хоҷагидор қарорро дар бораи гузаронидани санҷиш пешниҳод менамоянд. Онҳо ӯҳдадоранд шаҳодатномаи хизматиро пешкаш карда, сутунҳои дахлдори Дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро пур кунанд ва онро бо имзои худ тасдиқ намоянд.

Дар сутуни якум "Рақами тартибии бақайдгидии санҷишҳо ва тафтишҳо", ки аз ҷониби мақомоти санҷишкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, қайд мегардад.

Дар сутуни дуюм "Фамилия, ном, номи падари шахси мансабдори санҷишкунанда, рақами шаҳодатнома (аз ҷумла шаҳодатномаи махсус), номи мақомоте, ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати эътибори шаҳодатнома" қайд карда мешавад. Ҳангоми ду ва ё зиёд будани шумораи санҷишкунандагон, дар ин ҳолат ҳар кадоми онҳо ин маълумотро қайд менамояд.

Дар сутуни сеюм "Фамилия, ном, номи падари мутахассиси даъватшуда, аз ҷумла рақами шаҳодатнома, номи ташкилоте, ки онро муаррифӣ менамояд, дар ҳолати мустақил будани мутахассис рақами шаҳодатномаи шахсӣ, дар сурате, ки фаъолияти мутахассиси даъватшуда мутобиқи Қонун бояд иҷозатнома дошта бошад, рақами иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро дадааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома" қайд карда мешавад.

Дар сутуни чорум "Асос барои санҷиши субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғози он" қайд карда мешавад.

Дар сутуни панҷум "Мавзӯъ ва мақсади санҷиш" қайд карда мешавад.

Дар сутуни шашум "Сана ва вақти анҷоми санҷиш" қайд карда мешавад.

Дар сутуни ҳафтум "Тадбирҳое, ки шахси мансабдори мақоми санҷишкунанда дар ҳолати ошкор кардани вайронкунии шартҳо ва талаботи қонунҳо нисбати субъекти хоҷагидор андешидааст" қайд карда мешавад.

Дар сутуни ҳаштум мулоҳизоти роҳбари субъекти хоҷагидор дар шакли "Розиам", "Розӣ нестам", "Бо эродҳо розиам" қайд карда шуда, имзои он гузошта мешавад.

4. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишкунанда вазифадоранд сутунҳои,2, 3, 4, 5, 7 - ро пур кунанд, сутунҳои 6 ва 8 бошад аз ҷониби роҳбари субъекти хоҷагидор пур карда мешаванд.

5. Дар сурати Дафтари бақайдгирии санҷишҳоро надоштани субъектҳои хоҷагидор, шахси мансабдори мақоми санҷиш дар санади санҷиш сабтҳои дахлдор ворид менамояд ва субъекти хоҷагидорро дар бораи пеш бурдани Дафтари бақайдгирии санҷишҳо огоҳ месозад.

6. Тоза кардан ва ифлос намудани навиштаҷоти Дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ мебошад. Ислоҳ бояд бо роҳи хат задани навиштаҷоти ғалат, ба болои онҳо чоп кардан ё дастӣ навиштани маълумоти дахлдор ба ҷо оварда шавад. Ҳар як чунин ислоҳ бо имзои шахсони мансабдори санҷишкунанда ва роҳбари субъекти хоҷагидор тасдиқ карда мешавад.

Саҳифаҳои Дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд рақамгузорӣ ва дӯхта шуда, бо мӯҳри субъекти хоҷагидор бо нишон додани шумораи саҳифаҳо тасдиқ шуда бошанд.

Дар сурати мавҷуд набудани мӯҳри субъекти хоҷагидор ӯ ба мақоми ваколатдор оид ба дастгири соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани мӯҳри дахлдор муроҷиат менамояд.

Дафтари бақайдгирии пуркардашуда аз ҷониби субъекти хоҷагидор дар муддати се сол нигоҳ дошта шуда, баъди он тибқи тартиби муқарраршуда ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.