Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират"

Санаи амалкуни: 31.08.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.06.2014 № 391 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439, аз 31.08.2012 № 470)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба миқдори 501 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла, дастгоҳи марказӣ ба миқдори 65 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 439, аз 31.08.2012 № 470).

3. Ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иҷозат дода шавад, ки ду муовини директор, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад.

Ба Дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунӣ нишондодашуда ва ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба истиснои корхонаҳои воҳиди давлатӣ, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Дар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 324 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали шаҳодатномаи гуреза", аз 26 июли соли 2000 № 325 "Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест, аз 9 ноябри соли 2000 № 467 "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба тартиби кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 4 феврали соли 2002 № 30 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2007 № 102

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба миқдори 552 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла, дастгоҳи марказӣ ба миқдори 68 воҳид муқаррар карда шавад.