Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 23.08.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 06.04.2007 № 227, аз 18.09.2009 № 708, аз 28.01.2010 № 778, аз 18.10.2011 № 1151, аз 17.09.2012 № 1351, аз 8.01.2014 № 115, аз 27.12.2017 № 972, аз 14.03.2018 № 1039, аз 15.08.2019 № 1338, аз 23.08.2022 № 435)

 

Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию тафтишӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972, аз 23.08.2022 № 435):

1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).

3. Муайян карда шавад, ки роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Директор, се муовин, аз ҷумла як муовини якум иборат мебошад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 435).

4. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 479 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 207 воҳид муқаррар карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 06.04.2007 № 227, аз 18.09.2009 № 708, аз 28.01.2010 № 778, аз 18.10.2011 № 1151, аз 17.09.2012 № 1351, аз 8.01.2014 № 115, аз 14.03.2018 № 1039, аз 15.08.2019 № 1338, аз 23.08.2022 № 435).

Маблағгузории нигоҳдории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аз ҳисоби маблағҳое, ки барои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор пешбинӣ шудаанд, анҷом дода шавад.

5. Муқаррар карда шавад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, ба он вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ гузошта мешаванд.

6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамуданд, то қабули санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, амал мекунанд.

7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурии давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои моддии собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд;

- қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин Фармон бармеоянд, дар мӯҳлати ду моҳ таклиф пешниҳод намояд.

8. Сархати дуюми банди 1 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

9. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 № 222 "Дар бораи политсияи андоз";

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2001 № 590 "Дар бораи табдил додани Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Сархати ёздаҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2006 № 1708 "Дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 10 январи соли 2007 № 143

ш. Душанбе

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 06.04.2007 № 227, аз 18.09.2009 № 708)

Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).

3. Муайян карда шавад, ки роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Директор, се муовин, аз ҷумла як муовини аввал иборат мебошад.

4. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 555 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 205 воҳид муқаррар карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 06.04.2007 № 227, аз 18.09.2009 № 708).

Маблағгузории нигоҳдории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аз ҳисоби маблағҳое, ки барои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор пешбинӣ шудаанд, анҷом дода шавад.

5. Муқаррар карда шавад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, ба он вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ гузошта мешаванд.

6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамуданд, то қабули санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, амал мекунанд.

7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурии давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои моддии собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд;

- қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин Фармон бармеоянд, дар мӯҳлати ду моҳ таклиф пешниҳод намояд.

8. Сархати дуюми банди 1 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

9. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 № 222 "Дар бораи политсияи андоз";

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2001 №590 "Дар бораи табдил додани Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Сархати ёздаҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2006 №1708 "Дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 10 январи соли 2007 № 143

ш. Душанбе