Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 178
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2009 № 559)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ (минбаъд-Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроия буда, иҷозатномадиҳиро дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи сохтмон ва меъмориро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Вазифаҳо
5. Вазифаҳои асосии Хадамот аз инҳо иборатанд:
- додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти сохтмон ва меъморӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома;
- аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;
- пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо;
- ташкили назорати риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ аз ҷониби иҷозатгирандагон;
- сертификатсияи мувофиқати касбии иҷозатномагирандагони соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- баррасӣ ва ба қайд гирифтани аризаи довталабон (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, шахсони бешаҳрванд) оид ба гирифтани иҷозатнома;
- гузаронидани омӯзиши ҳуҷҷат ва маводи пешниҳодгардида;
- таҳияи дастурамалҳои меъёрию методӣ оид ба гирифтани иҷозатнома, ки аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- дар доираи салоҳияти худ назорат кардани риояи шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ.
III. Ташкили фаъолият
6. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Сардор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Хадамот дар минтақаҳо намоянда дорад, ки онҳоро бо мувофиқаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
7. Сардори Хадамот:
- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон ҷадвали штатии дастгоҳи Хадамот, намояндаи минтақавӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдории Хадамотро тасдиқ мекунад;
- кормандони Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ба хизмати давлатӣ гузаронидани кормандони Хадамотро ҳал менамояд;
- низомномаи Дастгоҳ, воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони минтақавии Хадамотро тасдиқ менамояд.
8. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягона дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
9. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 34.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 178
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ
Роҳбарият
Шӯъбаи молия
Шӯъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ
Щӯъбаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шӯъбаи омӯзиш ва назорат
хориҷ карда шуд ()