Қоидаҳои нигоҳдории қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 170

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2016 № 332 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 3

бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели с.2007 № 170

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои нигоҳдории қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои нигоҳдории қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номенклатураи мавод тартиб дода мешавад.

Номенклатураи маводи - номгӯи системакунонидашудаи дафтарҳо, ки дар он қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо нишон додани мӯҳлати нигоҳдорӣ қайд шудааст. Номенклатураи мавод барои дуруст ба роҳ мондани хуҷҷатгузорӣ ва зуд дарёфт намудани ҳуҷҷатҳо аз рӯи мундариҷа хизмат менамояд.

Номенклатураи мавод аз тарафи хадамоти таъмини ҳуҷҷатҳо тартиб дода шуда, ба мувофиқа бо бойгонии идоравӣ, аз тарафи сардори он мувофиқи замимаи № 1 имзо карда мешавад.

Ба номенклатураи мавод номгӯи дафтарҳое, ки дар онҳо тамоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ оиди бақайдгирии қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор инъикос мегарданд, дохил мешаванд. Ҳар як ҳуҷҷате, ки ба номенклатураи корҳо дохил аст, бояд индекс дошта бошад.

Индекси мавод аз индекси воҳиди сохторӣ ва тартиби рақамгузории мавод иборат аст.

Номенклатураи мавод барои соли ояндаи тақвимӣ дар семоҳаи охири соли ҷорӣ тибқи шакли муайяншуда тартиб дода шуда, бо шумораи зарурии нусхаҳо аз чоп баромада, аз 1 январ мавриди амал қарор дода мешавад. Номенклатураи мавод дар ҳолате аз нав тартиб дода мувофиқа карда мешавад, ки вазифа ва сохтори ташкилот иваз карда шавад, вале на камтар аз як маротиба дар 5 сол. Он ҳарсола бо тағйиротҳои дахлдор чоп шуда, тасдиқ мегардад.

Нусхаи нахустини номенклатураи маводи ташкилот дар хадамоти таъмини ҳуҷҷатгузорӣ, нусхаи дуюм дар ҳамин хадамот бо сифати нусхаи корӣ истифода мегардад, нусхаи сеюм дар бойгонии идоравӣ ва нусхаи чорум дар бойгонии давлатие, ки номенклатураи мавод мувофиқа карда шудааст, нигоҳ дошта мешавад.

Дар давоми сол ба номенклатураи маводи тасдиқгардида маълумот дар бораи ҷорӣ намудани дафтарҳо, дохил намудани дигар дафтарҳо ва ғайра илова карда мешаванд.

Дар охири сол ба он маълумоти ҷамъбастӣ оиди категория ва миқдори маводҳои ҷоришуда дохил мегарданд.

Дар номенклатура сарлавҳа унсури муҳим ба ҳисоб меравад. Аз пурра, аниқ ва саҳеҳ будани сарлавҳа ташкили дурусти ҳуҷҷатгузории мавод вобастагӣ дорад. Ба сарлавҳа соли маводи дохилшуда (қарор ва санад оид ба санҷиш дар "_______" _______ сол) илова мешавад. Дар сарлавҳа навиштаҷоти "Масъалаҳои гуногун", "Фармонҳо оид ба масъалаҳои гуногун" ва ғайра роҳ дода намешавад.

Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои супоридан ба бойгонии идоравӣ

Мақомоти давлатии санҷишкунанда интихоб, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, сифати коркард ва саривақт супоридани дафтарҳоро барои нигоҳдошти бойгонии давлатӣ бо риояи қоидаҳое, ки аз тарафи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъмин менамоянд.

Барои нигоҳдошти дафтарҳо дар мақомоти давлатӣ бойгонии идоравӣ ташкил карда мешавад ё вазифаҳои онро ба дигар воҳидҳои сохторӣ (шахсони мансабдори махсус ҷудокардашуда) вогузор менамоянд.

Маводи иҷрошуда дар бойгонии идоравӣ дар муддати 2 сол нигоҳ дошта мешаванд. Баъди сипарӣ гаштани мӯҳлати муқарраргардида дар мувофиқа бо роҳбари ташкилот онҳо ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Замимаи № 3

ба Қоидаҳои нигоҳдории қарорҳо

оид ба гузаронидани санҷишҳо,

санадҳои санҷиш ва қарорҳо оид ба

натиҷаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои

хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номгӯи ташкилотҳо

Номенклатураи маводҳо                        Тасдиқ мекунам

__________№__________                        Номгӯи вазифа

_____________________                        роҳбари муассиса

   (ҷои тартиб)                              Имзо

ба________________сол                            Сана

+--------------------------------------------------------------------ҷ
|                             Номи фасл                              |
+--------+------------------+--------------+------------------+------+
|Индекси |  Сарлавҳаи мавод | Миқдори мавод| Мӯҳлати нигоҳ    | Эзоҳ |
|мавод   |   (ҷилд, қисм)   | (ҷилд, қисм) | доштани мавод    |      |
|        |                  |              | (ҷилд, қисм) ва  |      |
|        |                  |              | № моддаи аз рӯи  |      |
|        |                  |              | номгӯй           |      |

|  1     |        2         |      3       |        4         |   5  |

Номи вазифа

Роҳбари хадамоти

ҳуҷҷатгузории мақомот

Имзо

Сана

раводии мудири бойгонии идоравӣ

(шахсе,ки барои бойгони ҷавобгар аст)

ҶОНИБДОРӢ КАРДА ШУД:                        МУВОФИҚА КАРДА ШУД:

аз "___"________с._____                  аз "___"________с._____

Шакли номенклатура маводҳо               Формати А4 (210х297 мм)