Замимаи 2
бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели с.2007 № 170
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои пешбурди Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои мазкур расмиёти баамалбарории бақайдгириро дар мақомоти давлатие, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамоянд, муайян мекунад:
- қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо;
- санадҳои санҷишҳо;
- қарорҳо оид ба натиҷаҳои санҷишҳо;
2. Ҳар як мақомоти санҷишкунанда ӯҳдадор аст, ки Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳоро аз рӯи шакли муайянкарда тибқи замимаи 1 ба роҳ монад.
Қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷишҳо ва қарорҳое, ки аз рӯи натиҷаи санҷишҳо қабул гардидаанд, дар Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишӣ сабт карда мешаванд.
3. Ҳуҷҷатгузорӣ оид ба пешбурди Дафтари бақайдгирӣ аз дигар намуди ҳуҷҷатгузориҳо алоҳида ба роҳ монда шуда, ба ӯҳдаи шахсони мансабдори махсус таъингардида вогузор карда мешавад, ки мунтазам пешбурди ҳуҷҷатгузориро дар мақомоти давлатии дахлдор тафтиш менамоянд ва оиди такмили он чора меандешанд.
4. Тамоми қарорҳои қабулгардида дар бораи санҷишҳо, санадҳои санҷишҳо ва қарорҳои қабулгардида аз рӯи натиҷаи санҷишҳо бояд дар мақомоти давлатӣ қабул карда шуда, ба ҳисоб гирифта шаванд ва муттамарказ дар дафтарҳои алоҳида дар рӯзи қабул ва ворид шудан ба қайд гирифта шаванд.
Қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо бояд тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба расмият дароварда шаванд. Дар дигар ҳолатҳо чунин қарор ба қайд гирифта намешавад.
5. Ба қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷишҳо индекси навбатӣ гузошта мешавад.
Қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳои мутақобила бо қайди индекси муроҷиати аввала ва илова шудани рақами тартибӣ бо роҳи гузоштани аломати дроб (/), ба назар гирифта мешаванд.
6. Назорати бақайдгирии саривақтии қарорҳо ба шахсони мансабдоре, ки баҳисобгирии дуруст ва пурраи онро ба ӯҳда доранд, вогузор карда мешавад.
Баъди ба анҷом расидани санҷиш, новобаста аз натиҷаи он санад тартиб дода шуда, ба қайд гирифта мешавад. Мазмуни кӯтоҳи натиҷаи санҷиш, инчунин сана ва рақами он дар Дафтар навишта мешаванд. Баъди ба анҷом расидани санҷиш, санади он дар муддати панҷ рӯзи корӣ бояд ба қайд гирифта шавад. Шахсони мансабдор, ки бақайдгирии ҳуҷҷатгузориро ба ӯҳда доранд, вазифадоранд баъди ба охир расидани мӯҳлати нишондодашуда ба роҳбари мақомоти давлатӣ оид ба вуҷуд надоштани санади санҷишӣ маълумотномаҳои таҳлилӣ таҳия ва пешниҳод намоянд. Маълумотномаҳои таҳлилии характери ҷоридошта, дар мавриди лозимӣ тартиб дода мешаванд.
7. Нусхаҳои санадҳои санҷишӣ баъд аз ба қайд гирифтани онҳо бояд бо тамоми маводи дахлдошта, барои муттамарказ ташаккул додани мавод ва баҳисобгирии онҳо ба шахсони мансабдоре пешниҳод карда мешаванд, ки ҳуҷҷатгузориро пеш мебаранд.
Баъди бақайдгирии санади санҷишҳо дар муддати панҷ рӯзи корӣ мақомоти давлатӣ бо имзои роҳбар ё шахси ивазкунанда қарор оид ба натиҷаи санҷишҳоро қабул намуда, дар Дафтари бақайдгирӣ мувофиқи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба қайд гирифта мешавад.
8. Мақомоти давлатӣ нигоҳдорӣ ва истифодабарии қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷишӣ ва қарорҳо оид ба натиҷаи санҷишҳоро бо мақсади маълумотӣ ба амал мебарорад.
Масъулият барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ба зиммаи роҳбарияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, ки бо чунин намуди ҳуҷҷатҳо фаъолият менамоянд, гузошта мешавад. Мӯҳлатҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бораи санҷишҳо аз рӯи тартиби муқарраргаштаи номгӯи ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.
9. Дафтари бақайдгирӣ баъди як соли ба охир расидани ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи онҳо ба бойгонии мақомоти давлатӣ супорида мешавад.
Пас аз сипарӣ гаштани мӯҳлати муайянгардидаи нигоҳдорӣ ҳуҷҷатҳо дар бораи санҷишҳо бо тартиби муайянгардида ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
10. Саҳифаҳои Дафтари бақайдгирӣ бояд рақамгузорӣ ва дӯхта шуда, бо мӯҳри мақомоти давлатӣ бо нишон додани шумораи саҳифаҳо тасдиқ шуда бошад.
Дафтари бақайдгирӣ бояд аз рӯи формати А4 (210х297) буда, аз 50 саҳифа кам набошад.
Нишондодҳо доир ба пур кардани Дафтари бақайдгирӣ
Дафтари бақайдгирӣ аз 3 фасл иборат аст:
Дар фасли 1 "Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш" сутунҳо бо тариқи зерин пур карда мешаванд:
дар сутуни "№ қарор"- индекси бақайдгирии қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, бо роҳи гузоштани аломати дроб ва илова кардани рақами 1 қайд карда мешавад (,/1,).
дар сутуни "Санаи қабули қарор" - санаи қабули қарор дар бораи гузаронидани санҷиш қайд карда мешавад.
дар сутуни "Санаи оғоз ва давомнокии санҷиш" - санаи оғоз ва шумораи рӯзҳои гузаронидани санҷиш нишон дода мешавад.
дар сутуни "Давраи санҷидашаванда" - давраи муддате, ки таҳти санҷиш қарор мегирад, қайд карда мешавад.
дар сутуни "Мавзӯи санҷиш" - мавзӯи санҷиш нишон дода мешавад.
дар сутуни "фамилия, ном, номи падарии шахсони мансабдори санҷишкунанда" - фамилия, ном ва номи падарии шахсони мансабдоре, ки санҷиш мегузаронанд, рақами шаҳодатномаи давлатии онҳо ва мӯҳлати амали он, нишон дода мешавад.
дар сутуни "Номи пурраи шахси ҳуқуқии санҷидашаванда, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ё фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ" номи шахси ҳуқуқии санҷидашаванда, номи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ё фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ нишон дода мешавад.
Дар фасли 2 "Санади санҷиш" сутунҳо бо тариқи зерин пур карда мешаванд:
дар сутуни "Санаи тартиб додани санад" - санаи тартиб додани санади санҷиш қайд карда мешавад.
дар сутуни "№ санад" - индекси бақайдгирии санади санҷишӣ, ки бо роҳи гузоштани аломати дроб бо илова кардани рақами 2 кайд карда мешавад (,/2,).
Дар фасли 3 "Қарор оид ба натиҷаи санҷишҳо" сутунҳо чунин пур карда мешаванд:
дар сутуни "Санаи қабули қарор" - санаи қабули қарор оид ба натиҷаҳои санҷиш қайд карда мешавад.
дар сутуни "№ қарор" - индекси бақайдгирии қарор оид ба натиҷаҳои санҷиш бо роҳи гузоштани аломати дроб ва илова кардани рақами 3 қайд карда мешавад (,/3,).
дар сутуни "Натиҷаи санҷиш" - натиҷаи санҷиш қайд мегардад (камбудиҳои ошкоршуда ё нашуда, мушаххас карда мешаванд).