Низомномаи Тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ашхоси воқеӣ аз 4 июли соли 1997, № 284

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.1998 с. № 519 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 1997 № 284

тасдиқ шудааст.

Низомномаи Тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ашхоси воқеӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Низомномаи мазкур бо мақсади иҷрои моддаи 109-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани тартиби вориди молу воситаҳои нақлиёт тавассути ашхоси воқеӣ ба қаламрави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани онҳо аз ҳудуди ин қаламрав тартиб дода шудааст.

1.2. Ашхоси воқеӣ метавонанд аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу воситаҳои нақлиётеро, ки воридот, содирот ва танзими онҳо тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст, бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Кодқкси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазку рва асноди меъёрииКумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд.

1.3. Шартҳои иҷозати молу воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- супоридани пардохти гумрукие, ки дар моддаи 110-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур пешбинӣ гардидаанд;

- ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурие, ки рӯйхати онҳоро Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

- риояи меъёрҳои дигаре, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур муқаррар карда шудаанд.

1.4. Аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон интиқол додани молу воситаҳои нақлиёте, ки тахти назорати мақомоти дигари давлатӣ қарор доранд, ба шарте мумкин аст, ки ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти мазкур пешниҳод карда шавад.

1.5. Нисбати молу воситаҳои нақлиёти ҳатман сертификаяцияшаванда, ки аз тарафи ашхоси воқеӣ бо мақсади истифодаи шахсӣ ба қаламрави гумруки пешниҳод намудани чунин сертификатҳо талаб карда намешаванд.

1.6. Тартиби интиқоли асъор ва арзиши асъорӣ, сарватҳои фарҳангӣ, аслиҳа, маводҳои доруворӣ, воситаҳои радиоэлектонӣ бо афканишоти радиоӣ, дастгоҳҳои баландбасомад ва техникаи нусхабардорӣ ранга аз тарафи ашхоси воқеӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар асноди меъёрӣ муайян карда мешавад.

1.7. Истилоҳоте, ки Низомномаи мазкур истифода бурда мешаванд, дорои мафҳумҳои зерин мебошанд:

- "хизматчиёни нақлиёт" - кормандони нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ ва дарёи, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд;

- "бағоҷи ҳамроҳдор"- молҳое, ки соҳибашон ашхоси воқеӣ Буда, ҳангоми аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанҳамроҳи онҳо онҳо мебошанд;

- "бағоҷи беҳамроҳ"- молҳое, ки аз тарафи интиқолдиҳанда мувофиқи шартномаи боркашони (хати расиди бағоҷ, барнома, коносамент ва ғайра) интиқол дода мешаванд;

- "пардохтҳои гумрукӣ" - меъёрҳои ягонаи пардохтҳои гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ барои расмиятдарории гумрукӣ ва дигар маблағҳои қобили пардохт, ки ситонидани онҳо ба зиммаи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст;

-"воситаҳои нақлиёт" - мошинҳои сабукрав ва дигар воситаҳои нақлиёти моторӣ, ки дар Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ дар мавқеи моли 8703 тасниф шудаанд;

- "воситаҳои нақлиёти хориҷӣ" воситаҳои нақлиётӣ, ки мамлакати истеҳсолкунандаи онҳо давлати хориҷӣ, ғайри давлатҳои иштирокчии ИДМ мебошад.

1.8. Барои ба расмиятдароии гумрукии молу воситаҳои нақлиёти аз тарафи ашхоси воқеӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додашаванда пардохтҳои гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин ба андозаҳои мазкур муқаррар карда мешавад:

- ҳангоми ба расмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёте, ки нисбати онҳо супоридани ставкаҳои ягонаи пардохтҳои гумрукӣ татбиқ мешавад - ба андозаи 0,1 фоизи арзишигумрукии молу воситаҳои нақлиёт;

- ҳангоми ба расмиятдарории гумрукии молҳое, ки нисбати онҳо тадбирҳои умумӣ ва меъёрҳои тарифию ғайритарифии банизодарори татбиқ мегардад - ба андозаи 0,15 фоизи арзиши гумрукии чунин молҳо.

Барои ба расмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт дар маҳалли дигар ва берун аз вақти кори мақоми гумруки ду баробар хироҷ ситонида мешавад.

1.9. Ашхоси воқеӣ метавонанд молҳоеро аз сарҳади гумрукии Ҷумуҳурии Тоҷикистон бидуни супурдани пардохҳои гумрукӣ пурра интиқол диҳанд, ки арзиши умумии онҳо муодили то як ҳазор доллари америкоӣ бошад, инчунин бидуни супориадни пардохтҳои гумрукӣ молҳои дар шакли муросилоти почтаи байналмиллали ирсолшавандаро қабул кунад ё фиристонад, ки умумии онҳо муодили то 100 доллари амурикоӣ бошад.

1.10. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки барои аз қаламрави Ҷумуҳрии Тоҷикистон интиқол додани намудҳои ҷудогонаи молҳое, ки бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ пешбинӣ шудаанд, маҳдудиятҳои миқдорӣ ё арзишро бо тартиби соддаю имтиёзнок муқаррар намояд.

1.11. Арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридшаванда ё содиршаванда аз рӯи тартиби соддаи пешбининамудаи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазортаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда ва ба шахси интиқолдиҳандаи онҳо эълон карда мешавад.

Мақомоти гумрукӣ ҳуқуқ дорад дурустии арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти аз тарафи шахс эълоншударо баррасӣ намояд.

Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии арзиши гумрукии эълоншуда, ё дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар бораи он, ки арзиши эълоншуда нодуруст мебошад, мақомоти гумрук ҳуқуқ дорад, мустақилона арзиши гумуркии молу воситаҳои нақлиёти интиқолдодашавандаро дар асоси маълумотҳои мавҷуда, аз он ҷумла аз руи нархномаҳои молҳои бо ҳам монанд ва якхела муайян намоянд.

2. Воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумуҳурии Тоҷикистон

2.1. Аз амволе, ки ба арзиши умумии муодили маблағи беш аз 1000 доллари амрикои аз тарафи ғайрирезидент ворид гардида, барои фурӯхтани дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ё аз тарафи резидент дар хориҷи қаламраи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидори шуда ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешавад. Ба молҳое, ки дар қисми якуми ҳамин банд зикр гардидаан, ба андозаи зерин пардохҳои гумруки ситонида мешавад:

- аз рӯи меъёри ягонаи баробари 5 фоизи арзиши гумрукӣ, ба шарте ки арзиши умумии мол аз маблағи муодили 10 000 доллари америкоӣ зиёд набошад;

- аз рӯи меъёри ягонаи баробари 10 фоизи арзиши гумрукии молҳое, ки арзиши умумиашон аз муодили 10 000 доллари америкоӣ зиёд Буда, аз 20 000 доллари америкоӣ кам аст.

2.2. Амволи дар қисми 1 банди 2.1. ҳамин Низомнома зикргардида, ки арзиши умумиашон аз 10 000 доллари америкоӣ зиёд аст, (дар қисмати аз маҳдудиятҳои миқдории муқарраргардида зиёд будани онҳо) мутобиқи шартҳо ва тадбирҳои умумии танзими тариф ива ғайритарифӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

2.3. Амволи ғайрирезидентҳо, ки барои фурӯхтан дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаан, ба шарте, ки онҳо бозпас содир карда шаванд ва амволи резидентҳо, ки қаблан ба хориҷи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудаанд, бидуни ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

2.4. Агар арзиши як навъи мол ё комплекти мол (гарнитур, сервиз, ва ғ.) аз маҳдудиятҳои арзишии дар банди 1.9 ҳамин Низомномаи пешбинигардида зиёд бошад, вале аз 50 фоиз беҳтар набошад, аз тамоми пардохтҳои гумрукӣ, ба ҷуз хироҷҳои гумрукии дар банди 1.8 ҳамин Низомнома зикргардида, озод карда мешавад.

2.5. Амволи хусусии ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ меояд аз супурдани пардохтҳои гумрукӣ озод крада мешавад.

Ашёи ба таркиби амволи хусусии чунин ашхос дохилшаванда, ки бо мақсадҳои истеҳсолӣ ё фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ нагардидаанд, аз супурдани пардохти гумрукӣ озод карда мешаванд. Феълан, чкунин амвол дар муддасти 6 моҳи баъди омадани шахс ба ҷои доимии истиқоматаш, бояд ба қаламрави гумрукии Ҷмуҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд. 52.6. Ба расмиятдарори гумрукии молҳои ба қаламраи гумрукии Ҷмуҳурии Тоҷикистон воридгардида, бояд, дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Пардохти барасмиятдарории гумрукии онҳо дар як вақт бо қабули декларацияи гумрукӣ сурат мегирад.

3. Содироти мол ба хориҷи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.1. Аз молҳое, ки дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидори шудаанд ва арзиши умумии онҳо аз маблағи муодили 1000 доллари амрикоӣ зиёдӣ набошад, ҳангоми содир намуданашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои гумрукӣ ситонида намешавад.

Молҳое, ки арзиши умумии онҳо аз 1000 доллари амрикоӣ зиёд аст, бо риояи шартҳо ва меъёрҳои умумии танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ ба хориҷи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.

3.2. Амволи хусусии резидентҳо, ки барои фурӯхтани дар хориҷа пешбинӣ нашудаанд ба шарте, ки онҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас ворид карда шаванд, инчунин амволи ғайрирезидентҳо, ки қаблан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таркиби амволи шахсии онҳо ворид шудаанд, бидуни ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба хориҷи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.

3.2. Амволи хусусии ашхосе, ки барои зиндагии доимӣ ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷират мекунад, аз супуридани пардохтҳои гумруки, ғайр аз хироҷи гумрукӣ барои ба расмиятдарории гумрукӣ озод мебошанд.

4. Воридоти воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумурукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.1. Воситаҳои нақлиёте, ки дар мавқеи молии 8703 Номгуи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ тасниф шудаанд, сарфи назар аз мамлакати истеҳсолашон аз тарафи ашхоси воқеӣ (резидентҳо ё ғайрирезидентҳо) ба миқдори як воситаи нақлиёт бидуни супоридани меъёри ягонаи пардохтҳои гумрукӣ, вале супоридани хироҷҳои гумрукии дар банди 1.8 ҳамин Низомнома пешбинишуда ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, ба шарте, ки чунин воситаҳои нақлиёт, ба истиснои додани онҳо барои истифодаи аъзои оила ба муддати як сол аз лаҳзаи воридот, фрӯхта нашаванд ё чун моликият ба шахси дигар барои истифода дода нашаванд.

4.2. Ҳангоми аз тарафи ашхоси воқеӣ (резидентҳо ё ғайрирезидентҳо) ворид намудани воситаҳои нақлиёт бо мақсади фурӯхтан дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони ашхоси воқеӣ фиристодани воситаҳои нақлиёт аз рӯи ставкаи ягона ба андозаи зайл пардохтҳои гумруки супорида мешавд:

- агар мамлакати истеҳсолнамуда давлати узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бошад, 7 % арзиши гумрукӣ

- агар мамлакати истеҳсолнамуда давлати хориҷӣ бошад, 15 % арзиши гумрукӣ.

4.3. Ашхоси воқеӣ (резидентҳо ё ғайрирезидентҳо) метавонанд муваққатан як воситаи нақлиёти дар банди 4.2. ҳамин Низомнома зикршуда ва дар давлати хориҷӣ ба қайд гирифта шударо ба муддати то як сол бидуни супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ворид намоянд, ба шарте ки ин воситаи нақлиёт, ба истиснои додани шахси дигар ё чун моликият ба онҳо дода нашавад.

Дар сурати бо иҷозати мақомоти гумруки ба мӯҳлати беш аз як сол дароз кардани воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт, хар моҳ ба андозаи 3 фоизи маблағи пардохтҳои гумрукие, ки ҳангоми иҷозати воситаи нақлиёти мазкур барои гардиш озод бояд супорида мешуд, пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешавад.

4.4. Фурӯхтан ё ба моликияти ( истифодаи) ашхоси дигаре, ки аъзои оила нестанд, додани воситаҳои нақлиёт то ба охир расидани мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи бандҳои 4.1.,4.3. ҳамин Низомнома, ба шарте ки пардохтҳои гумрукӣ аз рӯи ставки дар банди

4.2. ҳамин Низомнома зикршуда супорида шаванд, бо иҷозати мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.

4.5. Воситаҳои нақлиётие, ки на дар мавқеи молии 8703, балки дар мавқеъҳои дигари моли табакабанди шудаанд, ба шарте ки ашхоси воқеӣ дар ҷараёни як соли тақвими як воситаи нақлиёт ворид карда бошад, ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни супоридани пардохтҳои гумрукӣ ворид карда мешаванд Дар сурати воридоти такрории (дар таи соли тайвимӣ) воситаҳои нақлиёт, шахст мутобиқи андозаҳои пешбининамудаи банди 4.2. ҳамин Низомнома пардохтҳои гумрукӣ месупорад.

4.6. Ҳангоми ба расмиятдарории воситаҳои нақлиёти ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба соҳиби воситаи нақлиёт ё шахсе ки аз номи ӯ воситаи номи ӯ воситаи нақлиёти мазкурро дар даст дорад (истифода мебарад) ё дар асоси қонуни ихтиёрдори мекунад, гувоҳномаи воридоти воситаи нақлиёт аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

5. Содироти воситаҳои нақлиёт ба хориҷи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5.1. Содироти воситаҳои нақлиёте. Ки дар мавқеи молии 8703 тасниф шудаанд, ба хориҷи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарте, ки ашхоси воқеӣ дар таи як соли тақвими як воситаи нақлиёт содир намояд, бидуни супоридани пардохтҳои гумрукӣ сурат мегирад.

Ашхос дар сурати содироти такрории воситаи нақлиёт (дар таи соли тақвимӣ) аз рӯи ставкаи ягонаи ба андозаи 5 фоизи арзиши гумрукии он пардохти гумрукӣ месупорад.

5.2. Ашхоси воқеи метавонад муваққатан як воситаи нақлиёти дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни муддати истиқоматашон дар хориҷа, вале то як сол содир намоянд, ба шарте, ки ин воситаи нақлиётро бозпас ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд.

5.3. Воситаҳои нақлиёте, ки на дар мавқеи молии 8703, балки дар мавқеъҳои молии дигар тасниф шудаанд, метавонанд фақат дар таркиби амволи хусусии ашхоси воқеие, ки барои истиқомати доими ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, бидуни супоридани пардохтҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд содир карда шаванд. Дар ҳолати дигар, чунин воситаҳои нақлиётро шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) бо супоридани пардохтҳои гумрукӣ аз рӯи ставкаи баробари як доллари амрикоӣ барои як сантиметри мукааби ҳаҷми двигатель ба хориҷи қаламрави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда метавонанд.

6. Интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муросилоти почтаи байналмилалӣ

6.1. Ба молҳое, ки тавассути муросилоти почтаи байналмилалӣ ба нишонии ашхоси воқеӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тарафи ашхоси воқеӣ берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд ва арзиши умумии онҳо аз маӣлағи муодили 100 доллари амрикои зиёд аст ( вале аз 1000 доллари амрикоӣ бештар нест), аз рӯи қисмати зиёдатии он мувофиқи ставкаи баробари 10 фоизи арзиши гумрукии онҳо пардохтҳои гумрукӣ ҳисоб ва зам карда мешавад.

6.2. Молҳое, ки мутобиқи қоидаҳои почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли онҳо тавассути муросилоти почтаи байналмилали манъ карда шудааст, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода намешаванд.