Низомномаи Комиссияҳои соҳавӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок аз 21 июли соли 1997, № 327

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 30.12.2007с. № 656 беэътибор дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 июли соли 1997 № 327

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияҳои соҳавӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок

1. Ҳамин Низомнома ваколатҳои комиссияҳои соҳавиро оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок муайян ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд.

2. Комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи принципи соҳави дар он мақомоти идории ҷумҳури, ки иктишоф ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданокро амали менамоянд, таъсис дода мешаванд.

Таъсиси комиссияҳои байниидорави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар байни якчанд идораи тахассусашон мушобеҳ, ки шумораи корхонаҳои онҳо кам аст, ҳаҷми кори онҳо доир ба иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок зиёд нест, иҷозат дида мешавад.

3. Вазифаҳои асосии комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок иборатанд аз:

- тасдиқи параметрҳо сифати ашъёи хоми маъдани ва захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳо, ки ба Номгӯи канданиҳои фоиданок ва миқьёси ҳадди ақали конҳои кашфшудае, ки аз тарафи Комиссияи давлати оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон) тасдиқ карда мешавад, дохил нашудаанд;

- тасдиқи арзъёбии параметрҳои сифати ашъёи хоми маъдани аз рӯи натиҷаҳои корҳои ҷустуҷӯию арзъёби;

- тасдиқи параметрҳои сифати муваққатии ашъёи хоми маъдани аз рӯи натиҷаҳои иктишофи пешаки;

- тасдиқи афзоиши оперативии захираҳо ва аз як категория ба категорияи дигар гузаронидани онҳо, ки дар натиҷаи иҷрои корҳои истифодабари ва иктишофи дар конҳои таҳти истифода маълум гардидаанд;

- тасдиқи афзоиши оперативии захираҳои конҳои инкишофшаванда то хатми пурраи иктишофи онҳо ва ба тасдиқи Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани захираҳои кашфшуда;

- баррасии маводи аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи ашъёи хоми маъдани баровардани захираҳои канданиҳои фоиданоке, ки аҳамияти саноатии худро гум кардаанд, ҳамчунин захираҳои канданиҳои фоиданоке, ки ҳангоми иҷрои корҳои ҷустуҷӯию геологи ва истифодабарии минбаъда тасдиқ нашудаанд;

- баррасии мавод бо супориши Комиссияи давлати оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар фаъолияти худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Оли ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрии соҳави, ҳамчунин дастурҳо ва дастуруламалҳои Комиссияи давлати оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳанд. Роҳбарии методи ба кори комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ва назорат аз болои кор дар мавриди тасдиқи параметрҳои сифат ва захираҳои канданиҳои фоиданок аз тарафи Комиссияи давлати оид ба захираҳои фонданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

5. Комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок мутобиқи вазифаҳои асосии ба зиммаи онҳо гузошташуда:

- ҳангоми зарурат экспертизаи хулосаҳои техникию иқтисоди, асосномаҳои техникию иқтисоди ва гузоришҳои техникию иқтисодиеро, ки параметрҳои сифати ашъёи хоми маъданиро асоснок мекунанд ви маводи ҳисобу китоби захираҳоро ташкил мекунанд;

- аз тарафи иҷрокунандагон дар маҷлиси комиссия дифоъ намудани хулосаҳои техникию иқтисоди, асосномаҳои техникию иқтисоди ва гузоришҳои техникию иқтисодиро, ки параметрҳои сифати ашъёи хоми маъданиро асоснок мекунанд ва маводи ҳисобу китоби захираҳоро бо ширкати ташкилотҳои манфиатдор ташкил мекунанд;

- дараҷаи омӯхта шудани конҳои канданиҳои фоиданок ва эътимоднокии захираҳои барои тасдиқ пешниҳодшударо муайян менамоянд;

- аз рӯи маводи пешниҳодгардида самаранокии корҳои иҷрошудаи ҷустуҷӯию геологи, корҳо оид ба омӯзиши нишондиҳандаҳои сифатии ашъёи хоми маъдани, хусусиятҳои литологию физики ҷинсҳои дарунгир, хусусиятҳои физикии люидҳо, гази табий, таҳқиқоти гидрогеологи, инженерию геологи, экологи ва дигар тадқиқотро таҳлил ва арзъёби мекунанд. Оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳо медиҳанд;

- натиҷаҳои баррасии маводи ҳисобу китоби захираҳои ашьёи хомро таҳлил ва ҷамъбаст мекунанд, дар бобати боло бурдани сифат ва самаранокии корҳои ҷустуҷӯию геологи, ихтисори мӯҳлатҳои иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва омезиш додани корҳои иктишофи бо истифодабари тавсияҳо таҳия менамоянд.

6. Комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ҳуқуқ доранд, ки:

- мутахассисони идора, ташкилотҳои тобеи онро ҷиҳати ширкат дар экспертизаҳо ва маҷлисҳои комиссия ҷалб намоянд, ҳамчунин мутахассисони корхонаҳои истихроҷи маъдан, институтҳои илмию таҳкиқоти, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва ғайра, инчунин мутахассисонро аз кишварҳои ИДМ бо мақсадҳои мазкур даъват намоянд. Музди экспертиза аз тарафи ташкилоте, ки маводро барои тасдиқ пешниҳод мекунад, пардохта мешавад;

- аз ташкилотҳои тобеи худ пешниҳоди маводи иловагии геологи, техникию иқтисоди ва дигар маводи аввалияро, ки барои санҷиши асоснокии параметрҳои сифати ашъёи хоми маъдани ва ҳисобу китоби захираҳои канданиҳои фоиданок заруранд, талаб намоянд.

7. Иҷрои қарорҳои комиссияи соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар бобати масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо мансубанд, барои тамоми ташкилоту корхонаҳои ин идора ҳатмист. Қарорҳои комиссияи соҳавиро оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, агар онҳо ба таснифбандии қабулшудаи захираҳо за конҳои канданиҳои фоиданок ё дигар асноди дастурдиҳанда мухолиф бошанд, Комиссияи давлати оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби назорат бекор мекунад.

8. Комиссияи соҳавиро оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок роҳбари идора ё муовини ӯ (раиси комиссия) сарвари мекунад. Ҳайати шахсии комиссия аз тарафи роҳбари идора аз ҷумлаи мутахассисони намоёни идора тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия метавонанд мутахассисони баландихтисос аз институтҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи ва ташкилоту корхонаҳои геологи ва истихроҷи маъдан аз берун ба ҳайси аъзои он даъват карда шаванд. Теъдоди аъзои комиссия наметавонад аз 5 нафар камтар бошад.

9. Маводе, ки ба комиссияи соҳавӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок пешниҳод шудааст, бо ширкати муаллифон, намояндагони ташкилотҳои манфиатдор ва ҳангоми зарурат - экспертҳо барраси карда мешавад. Маҷлисҳои комиссия ба шарте доир карда мешаванд, ки на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои комиссия дар онҳо ҳозир бошанд. Қарори комиссия бо аксарияти овоз қабул карда мешавад. Дар ҳолате, ки баъзе аъзои комиссия ақидаи худро дошта бошанд ва бо қарори қабулкардаи комиссия мувофиқ набошанд, онҳо ҳақ доранд, ки дар бобати қарор ба Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намоянд.

10. Мундариҷа, барасмиятдарори ва тартиби ба барраси ва тасдиқи комиссияи соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок пешниҳод намудани мавод дар хусуси асоснок кардани параметрҳои сифати ашъёи хоми маъдани ва ҳисобу китоби захираҳои канданиҳои фоиданок аз тарафи идора бо дарназардошти талабот, дастурҳо ва дастуруламалҳои ҷории Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

11. Комиссияи соҳавӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок бояд маводро дар муддати як моҳ аз рӯзи ворид шудани он баррасӣ намояд. Қарорҳои комиссия дар шакли протоколҳои бо мӯҳри нишондори идора тасдиқшуда дар 5 нусха ба расмият дароварда мешаванд, ки 2 нусхаи онҳо ба ташкилоти маводро ба барраси пешниҳод карда, 1 нусха ба Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз протоколҳои афзоиши оперативи), 1 нусха ба Фонди давлатии маълумоти геологи оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд. Як нусхаи онҳо дар идора боқи мемонад.

12. Захираҳои канданиҳои фоиданоки аз ҷониби комиссияи соҳавӣ тасдиқшуда бояд ба ҳисоби давлатӣ гирифта, ба Баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок дохил карда шаванд.