ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи экспертиза ва тасдиқи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок ва баҳисобгирии давлатии онҳо
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"-ро дастури амал қарор дода, бо мақсади танзими экспертиза ва тасдиқи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, таъмини баҳисобгирии боэътимоди онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:
1. Номгӯи замимашудаи канданиҳои фоиданок ва миқьёси ҳадди ақали конҳои кашфшудае, ки захираҳои онҳо бояд аз тарафи Комиссияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок экспертиза ва тасдиқи давлати карда шавад.
Экспертиза ва тасдиқи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок мутобиқн Номгӯи зикршуда метавонад дар ҳар марҳилаи омӯзиши геологии кон, ба шарте ки маводи геологии барои экспертиза пешниҳодшаванда имконияти арзъёбии воқеии миқдор ва сифати захираҳои канданиҳои фоиданок, аҳамияти онҳо барои хоҷагии халқ шароити техникии истихроҷ, шароити гидрогеологи, экологи ва дигар шартҳои истихроҷи онҳоро фароҳам созад, анҷом дода шавад.
2. Муқаррар гардад, ки:
захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳои начандон калон ва миқьёсан хурд, ки ба Номгӯи канданиҳои фоиданоки дар банди 1 ҳамин қарор зикршуда дохил нашудаанд;
афзоиши оперативии захираҳо ва аз як категория ба категорияи дигар гузаронидани онҳо, ки дар натиҷаи иҷрои корҳои истифодабари ва иктишофи дар конҳои таҳти истифода ба даст омадааст:
афзоиши оперативии захираҳои конҳои иктишофшаванда то ҳатми пурраи иктишофи онҳо ва тасдиқи захираҳои кашфшуда, аз тарафи Комиссияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ карда мешаванд.
3. Дар таркиби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи нафту гази назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳо оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок таъсис дода шаванд.
Роҳбарони мақомоти идораи давлатии мазкур дар мӯҳлати як моҳ ҳайати шахсии комиссияҳои идораи худро оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ намоянд.
4. Низомномаи замимашудаи комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ карда шавад.
5. Муқаррар гардад, ки захираҳои канданиҳои фоиданоки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи Комиссияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои соҳави оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқгардида бояд ба ҳисоби давлати гирифта шаванд.
6. Комиссияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок роҳбарии методиро ба кори комиссияҳои соҳавӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ва назоратро ба кори онҳо дар бобати тасдиқи захираҳои канданиҳои фоиданок таъмин намояд.
Дар мӯҳлати як моҳ бо мувофиқаи мақомоти идораи давлатии манфиатдор дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Низомномаи Комиссияи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва ҳамин қарор бармеоянд, пешниҳодҳо таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 июли соли 1997 № 327
ш. Душанбе