Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, № 383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ"

Санаи амалкуни: 29.04.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003с.№ 150,аз 03.06.2006с.№ 254,аз 29.04.2009с. № 253

Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии халқ, таъмини дастрасии асноди ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми онҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ:

бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳро бо коркунони ихтисосманд ва ташаббускор мустаҳкам намуда, дар он ҷое, ки ин гуна бахшҳо (шӯъба, гурӯҳ, бюро ва дигар хизматҳои ҳуқуқӣ) мавҷуд нестанд, ин бахшҳоро дар доираи миқдор ва фонди музди меҳнат таъсис диҳанд;

дар коллективҳои худ гузаронидани лексияҳо, сӯҳбатҳо, ахборот ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳуриро пай дар пай ташкил карда, барои гузаронидани онҳо ҳуқукшиносон, муаллимони мактабҳои олӣ, судяҳо, коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура ва адлияро дар асоси шартнома ҷалб намоянд;

вазъи кори ҳуқуқӣ ва риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор баррасӣ намоянд;

барои ҳалли муваффақиятноки вазифаҳои оид ба рушди мнитақаҳои дахлдор, афзун гардондани самаранокии иқтисодии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, мустаҳкам кардани интизоми давлатӣ, ҷамъиятӣ, истеҳсолотӣ ва меҳнатӣ васоити ҳуқуқиро фаъолона истифода кунанд.

2. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Роҳбарони вазоратҳо ва идораҳо иҷрокунандагон иҷрои ҳатмии тамоми чорабиниҳои пешбиникардаи барномаро таъмин намоянд.

3. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти "Қонуният" ва маҷаллаи ҳуқуқии "Ҳаёт ва Қонун" таъсис дода шавад.

Ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти "Қонуният" нашри адабиёти ҳуқуқӣ, маҷмӯаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти меъёрию ҳуқуқӣ доранд ва ба манфиатҳои шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ дахл мекунанд, гузошта шавад. Маҷмӯаҳои мазкур хусусияти расмӣ доранд.

Шумораи коркукони руйхати нашриёти "Қонуният" 22 нафар муқаррар карда шавад.

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёриеро, ки фаъолияти нашриёти "Қонуният"-ро танзим мекунанд, таҳия ва тасдиқ намояд;

дар бобати таъмини мақомоти алоқадор бо воситаи маҷаллаи ҳуқуқии навташкили "Ҳаёт ва Қонун" бо ахбороти ҳуқуқӣ ва дар бобати хизматрасонии пулакӣ дар мавриди додани чунин ахбор ба вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети соли 1998 барои таъмин ва ҷиҳозонидани нашриёти "Қонуният" ва нашри маҷаллаи ҳуқуқии "Ҳаёт ва Қонун" маблағҳои лозимиро пешбинӣ намояд.

Муқаррар карда шавад, ки даромадҳои фурӯши маҳсулоти чопӣ, ба истиснои хароҷоти истеҳсолот ва таъмини бавуҷудовардани заминаҳои моддию техникӣ ба буҷети ҷумҳурӣ равона карда мешаванд.

6. Дар сохтори дастгоҳи Марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаи тарғиботи ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, шумораи коркунони дастгоҳ 4 воҳид зиёд карда шавад.

Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1995 № 128 "Дар бораи тасдиқ намудани сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 395) рақами "71" ба ,75" иваз карда шавад.

7. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи курсҳои такмили ихтисос Институти такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судяҳо, коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, коркунони мақомоти адлия ва шӯъбаҳои ҳуқуқии корхона, муассиса ва ташкилотҳо таъсис дода шавад.

Шумораи коркунони рӯйхатии донишкадаи мазкур 40 (чил) воҳид муқаррар карда шавад.

8. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ёдар мактабҳои миёна ва миёнаи махсус ҳангоми хатми таҳсил ва ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ аз фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" имтиҳон ҷори намояд;

якҷоя бо факультети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон китоби дарсии оид ба асосҳои "Давлат ва ҳуқуқ"-ро барои хонандагони мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ таҳия ва нашр намояд;

якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факультети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаро дар бораи Олимпиадаи ҳуқуқшиносони ҷавон тартиб диҳад ва ҳар сол доир шудани онро таъмин намояд.

9. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методии оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати (аз рӯи вазифа) зерин таъсис дода шавад:

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Шӯро)

Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муқаррар карда шавад, ки иҷрои қарорҳои Шӯрои мазкур оид ба мутобиқсозӣ дар ин самти фаъолият барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти ҳокямияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), васоити ахбори умум, муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин шӯроҳои мутобиқсозию методӣ таъсис диҳанд ва ба кори онҳо ҳамарӯза бевосита роҳбарӣ кунанд.

Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шӯроҳои назди раисони вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро таҳия ва тасдиқ намояд.

10. Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳуқуқии аҳолиро ташкил намуда, ба ин мақсад телевизион ва радиоро ба таври васеъ истифода барад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Раҳмонов

аз 22 августи соли 1997 № 383

ш.Душанбе