Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 602, аз 30.12.2010 № 713)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2, 3, 4).
2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1780 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 180 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 160 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда шавад ().
3) Маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори маҳаллии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад ().
4. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Раис, аз он ҷумла як муовини аввали Раис ва хайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад ().
5. Барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 110 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 15 адад муқаррар карда шавад.
6. Санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти мақомоти андозро танзим менамуданд, то мувофиқи қарори мазкур қабул намудани санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
7. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
8. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шавад:
- аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 майи соли 2002 № 199 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 4 ноябри соли 2002 № 427 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48";
- аз 30 апрели соли 2004 № 198 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 2 апрели соли 2005 № 134 "Дар бораи ворид намудани тагйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48";
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 607
ш. Душанбе