Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, №292 "Дар бораи тадбирҳои иловагии беҳтар намудани истифодаи чигити техникӣ"

Санаи амалкуни: 22.10.1999

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

сархати 3 б.2 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.10.1999с. № 421 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иловагии беҳтар намудани истифодаи чигити техникӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки бинобар кори ғайриқаноатбахши Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо дар бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1995 № 472 "Дар бораи тадбирҳои ба тартиб даровардани истифодаи чигити техникӣ дар ҷумҳурӣ таъминоти аҳолӣ бо равғани растанӣ дар ҳолати басо ногувор қарор дорад.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар истифодаи чигити техникӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кори қаноатбахши роҳбарони Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилояти Хатлон, шаҳри Кофарниҳон дар бобати роҳ додан ба хатогиҳои ҷиддӣ дар истифодаи чигити техникӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1995  № 472 "Дар бораи тадбирҳои ба тартиб даровардани истифодаи чигити техникӣ" таъкид карда шавад

Ба онҳо супурда шавад, ки сабабҳои хатогиҳои роҳдодашударо муайян намуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгорро таъмин намоянд.

2. Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:

нигоҳдории чигити техникиро танҳо дар заводҳои пахтатозакунӣ таъмин намуда, ба тақсим карда додани он ба истеҳсолкунандагони пахта роҳ надиҳанд. Зимнан пардохти арзиши чигити истеҳсолкунандагони пахта мутобиқи тартиби дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 53 муайянгардида анҷом дода шавад;

чигити техникиро қатъиян мутобиқи иҷозатномаҳое (нарядҳое), ки дар асоси ҷадвали тақсимоти асоси ҷадвали тақсимоти чигити роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқкунанда дода шудаанд, диҳанд

якҷоя бо Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сари вақт таъмин намудани бор карда фиристодан ва ба корхонаҳои равғанкаши таҳвил додани чигити техникӣ ва бо ин навъи ашёи хом пурра қонеъ гардонидани талаботи онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд;

масъулияти шахсии нигоҳдорӣ, роҳ надодан ба вайроншавӣ ва истифодаи оқилонаи чигити техникӣ ба зиммаи директорони заводҳои пахта гузошта шавад.

3. Ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор намудани заводҳои хурд, коргоҳҳо ва ҷувозҳое, ки ба иҷозати комиссияи экспертии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чигит равған мекашанд, рейдҳо гузаронанд ва он корхонаҳоро, ки то 1 октябри соли 1997 иҷозатномаи комиссияи зикргардидаро нагирифтаанд, банданд.

4. Ширкати давлатии соҳаҳои холдинги "Барқи тоҷик"

ба додани ҳуҷҷатҳои техникӣ барои пайваст кардани заводҳои хурд, коргоҳҳо ва ҷузвҳо ба шабакаи барқ назоратро пурзур намояд;

заводҳои хурд, коргоҳҳо ва ҷувозҳоеро, ки ба иҷозати комиссияи экспертии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чигитро коркард менамоянд, аз таъминомти барқ маҳрум кунад, шахсони гунаҳкорро мувофиқи тартиби муқаррагардида ба ҷавобгарӣ кашад.

5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати санитарию гигиенӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамудаи заводҳои хурд, коргоҳҳо ва ҷувозҳои чигит истифодакунандаро мунтазам тафтиш намуда, фаъолияти минбаъдаи корхонаҳоеро, ки талаботи меъёрҳои мавҷуда мувофиқ нестанд, тибқи тартиби муқарраргардида боздорад.

6. Муқаррар карда шавад, ки таҳлили органолептикӣ ва физикию химиявии намунаҳои равған ва кунҷорае, ки заводҳои хурд, коргоҳҳо ва ҷувозҳо аз чигит истеҳсол менамоянд, танҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикгосстандарт бе ҳуқуқи ба ташкилоти дигар додани ин ҳуқуқҳо гузаронда мешавад.

7. Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хатлон бо мақсади истифодаи оқилонатари чигити техникӣ ва арзон намудани арзиши аслии равған масъалаи дар солҳои 1997-1999 дар заводҳои пахтаи Панҷ ва Шаҳртуз сохтани заводҳои хурди истеҳсоли равғани пахтаро баррасӣ ва ҳал намояд.

8. Муқаррар карда шавад, ки барои додани хулосаи комиссияи эксперти Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1995  № 472 таъсис дода шудааст, пардохт тибқи тартибе, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ситонида мешавад.

9. Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаронидани Заводи равғани Душанбе ва аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва берунӣ бо ашёи хом таъмин намудани он тадбирҳо андешад.

10. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати вилоятҳо ва ноҳияҳо масъалаи ташкили парвариши соя офтобпарстро барои истеҳсоли равған баррасӣ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Рахмонов

аз 15 июли соли 1997 № 292

ш. Душанбе