ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.09.1997 № 414)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 маи соли 1997 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон" ва дар асоси моддаҳои 18, 27 Қонуни конститутционии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Шумораи умумии кормандони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он 300 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Беэътибор дониста шуд
4. Беэътибор дониста шуд
5. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ сохтори дастгоҳи марказии Кумита, низомномаи Кумита ва мақомоти маҳаллии онро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
6. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳайати мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ шӯъбаҳои кор бо ҷавононро таъсис диҳанд.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва хароҷоти таъминоти Кумитаи мазкур ва инчунин нигаҳдории автомашинаҳои сабукрави хидматиро бо ронандаҳояш муайян карда, ҳангоми ташаккули буҷет дар соли 1998 ва солҳои минбаъда ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои таҳия ва татбиқи барномаҳои марбут ба кӯдакон ва ҷавонон пешбинӣ кунад, оиди масъалаҳое, ки халли онҳо таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекунад, таклифҳо пешниҳод намояд.
8. Кумитаи давлатии идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Раиси шаҳри Душанбе дар муддати як моҳ доир ба ҷойгир намудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
9. Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1995 № 56-ф беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 маи соли 1997 № 240
ш. Душанбе