ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи барномаи миллии пешгирӣ ва муборизаи зидди вируси норасоии иммунитети инсон, спид ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ (бсҷ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997-1998
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, хадамот, созишномаҳои давлатӣ, хайрия, динӣ, байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ дар пешгирии аломати норасоии иммунитети инсон (СПИД) ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ (БСҶ), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи ҳамоҳангсозии миллии пешгирии СПИД (БСҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, вазифаи ҳамоҳангсозии он ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
2. Ҳайати Кумитаи ҳамҳангсозии миллии пешгирии СПИД (БСҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи ин Кумита ва Барномаи миллии пешгирӣ ва муборизаи зидди вируси норасоии иммунитети инсон, СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ (БСҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997-1998 тасдиқ карда шаванд (Замима мегарданд).
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мазкурро ба маълумоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ расонида, якҷоя бо Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи васеи муқаррароти барномаи зикргардида ва ҷараёни татбиқи онро аз тариқи воситаҳои ахбори умум таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 4 апрели соли 1997 № 163
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 апрели соли 1997№ 163
тасдиқ шудааст
Ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозии миллии пешгирии СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои
комплекси иҷтимоию фарҳанги -Раиси Кумитаи миллӣ
2. Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муовини раис
3. Сардухтури Маркази пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД дар Тоҷикистон - Котиб
АЪЗОИ КУМИТА
Сардухтури давлатии беҳдошти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон
Корманд оид ба ҳамоҳангсози ва робита бо Созмони
Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон
Сардори намояндагии Буньёди кӯдакони назди СММ дар Тоҷикистон
Намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ
Мутахассиси барномаҳои мардумиву аҳолии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон