Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 октябри соли 1998 № 417
тасдиқ шудааст
Барномаи стратегияи рушди ислоҳот дар бахши энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷанги гражданӣ, офатҳои табиат ва мушкилоти давраи гузариши иқтисодӣ ба истеҳсолот, воситаҳои интиқол ва тақсими қувваи барқ дар Тоҷикистон таъсир расониданд. Зарур аст, ки эҳё намудан ва инкишоф бахшидан ба ин низом тибқи усулҳо ва дастурҳои муайян ҷиҳати таъмини пурсамари рушди бахши мазкур гузаронида шавад. Мутобиқан ин иттилоот доир ба сиёсат ҳудуди инкишофи ояндаи бахшро таъин мекунад.
Ҳукумат ҷонибдори тараққии низоми барқрасоние мебошад, ки он ҷавобгӯи эҳтиёҷоти иқтисоди бозорӣ бошад. Ширкати бахши хусусӣ дар ин маврид аҳамияти бузург дорад. Корхонаҳои давлатии энергетикӣ дар ин бобат нақши камтар хоҳанд дошт ва интизор меравад, ки онҳо эҳтиёҷоти камбизоатон ва дигар гурӯҳҳои камдаромадро қонеъ хоҳанд кард, аммо ҳар гуна амал дар хусуси интиқоли иловагии қувваи барқ ба гурӯҳҳои мазкур бояд ба таври ошкор анҷом дода шавад.
А. Мақсади сиёсат
2. Мақсади Ҳукумат доир ба корхонаҳои бахши энергетикӣ -баланд бардоштани мустақилият ва худқафоии онҳо бо роҳи тағйири сохтор (реструктуризация)-и онҳо мебошад, ки ба иқтисоди бозорӣ мувофиқ буда, ба талаботи кишвар бо роҳи тақсими оқилонаи захираҳои қимат дар маҷмӯъ ҷавобгӯй бошад.
Б. Стратегия
3. Тағйироте, ки ба воситаи онҳо ин мақсад ба даст меояд, иборатанд аз:
- таҳияи сиёсати энергетикӣ, ҳамчунин меъёрҳои ҳуқуқӣ ва оинномавие, ки ба фаъолияти низоми энергетикии бозорӣ мусоидат мекунанд ва мувофиқи онҳо:
а) харидорон метавонанд дар асоси нарх, сифат ва эътимоднокии барқрасонӣ барқрасонҳои альтернативиро интихоб кунанд;
б) расонандагони хизматҳои энергетикӣ метавонанд бе танзими нарх, сифат, миқдор ва маҳалли ҷойгиршавии молҳо аз чониби Ҳукумат, ки ҳангоми таҳвили онҳо меъёрҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва қоидаҳои бехатарӣ ба назар гирифта мешаванд, рақобат намоянд;
в) дар байни гурӯҳҳои гуногуни барқрасонҳо (масалан дар байни соҳибони корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ) ба поймол шудани адолат роҳ дода нашавад;
г) истифодаи қувваи барқ бо роҳи назорати ҳукуматии нарх, субсидияҳо ва дигар усулҳо тахриф карда нашавад:
- такмили идоракунӣ ва самаранокии татбиқи он дар бахши энергетика бо роҳи:
а) таъсиси ташкилоти мувофиқи ҳукуматие, ки нақши он бо таҳияи сиёсат, банақшагирӣ ва танзими фаъолияти бахш маҳдуд мегардад;
б) афзоиши ҷалб намудани соҳибони инфиродӣ ва рақобат дар сектори энергетикӣ:
- такмили идоракунии корпоративӣ ва самаранокии дигар корхонаҳои давлатии энергетикӣ ва ба онҳо додани мустақилияти бештар, беҳтар намудани ҳисоботи молиявӣ ва идоракунии ташвиқи ба роҳ мондани тиҷорат дар баробари корхонаҳои тиҷоратӣ ва дар айни замон ҳифзи масъулияти пурраи онҳо барои фаъолияташон;
- таҳияи сиёсати таъини нарх дар бахши энергетикӣ, ки ба истифодаи самараноки қувваи барқ мусоидат мекунад ва бо дарназардошти ҷанбаъҳои иҷтимоӣ рушди бахшро дастгирӣ менамояд;
- беҳтар кардани ҷамъоварии маблағ;
- мусоидат кардан ба рақобат бо роҳи назорат, ки барои ба ҳайати бахш дохил шудан ва аз он баромадани корхонаҳои нав монеъ мегардад ва ба охир расонидани хусусигардонии расонандагони хизматҳои энергетикӣ;
- беҳтар кардани тиҷорати минтақавии қувваи барқ ва ҳамкории муштарак бо кишварҳои хамсоя;
- беҳтар кардани меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- таъсиси шабакаи мақсадноки ҳифзи иҷтимоӣ.
4. Афзалияти дараҷаи аввал ба вуҷуд овардани рақобат дар бахши энергетикӣ мебошад, Барои расидан ба ин мақсад, Ҳукумат ӯҳдадор мешавад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаро таҷдиди назар намояд ва ба қонунгузорӣ ислоҳоти зарурӣ ворид намояд. Ҳукумат идоракунии бахшро бо роҳи тағйири сохтори ташкилотҳои асосӣ ва додани ин вазифаҳо ба бахши хусусӣ беҳтар мекунад. Илова бар ин, Ҳукумат идоракунии корпоративиро беҳтар мекунад, тарзи таъини бозории нарх ва усулҳои пардохти муздро аз тарафи истеъмолгарон ҷорӣ менамояд. Ҳукумат энергетикаро барои бахши хусусӣ мекушояд ва аз моликияти худ дар корхонаҳои саҳомӣ даст мекашад, ҳамчунин активҳои ғайриасосии ин корхонаҳоро барҳам медиҳад. Ин тадбирҳо бо роҳи барҳамдиҳии пешрафтаи монеаҳои маъмурӣ ва рақобат таҳким дода мешаванд.
В. Нақши Ҳукумат
5. Нақши Ҳукумат дар бахши энергетикӣ то ба дараҷаи барои иҷрои мақсадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар зарур маҳдуд карда мешавад, аз ҷумла:
- муқаррар ва ҷорӣ кардани сиёсати дахлдор, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунанда барои бахши энергетикӣ;
- банақшагирӣ ва назорат аз болои ҷорӣ намудани барномаҳо, мусоидат ба сафарбар кардани захираҳо;
- назорат аз болои иҷрои самараноки хизматрасонии энергетикӣ, аз ҷумла тарифҳо ва ситонидани музд аз корхонаҳои давлатӣ;
- лицензиякунонии хизматҳои энергетикии барқрасонҳо бо риояи ҳамзамони меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳитт зист.
Г. Сохтори ташкилӣ ва роҳбарии бахш
6. Дар баробари таҷдиди назар намудани ӯҳдадориҳо, Ҳукумат сохтори нави иститутсиониро бо роҳҳои зерин таъсис медиҳад:
- таъсиси Вазорати энергетикаи нав (ВЭ), ки барои бахш, аз ҷумла барои таъини сиёсат ва қоидаҳо барои тамоми хизматҳои энергетикӣ масъулияти пурра дорад:
- таъсиси идораҳо ё шӯъбаҳои алоҳида дар Вазорати энергетика оид ба нафт, газ, қувваи барқ ва ангишт.
Вазифаҳои онҳо иборатанд аз:
а) мусоидат ва таҳияи нақшаи инкишофи бахш;
б) таҳияи лоиҳаҳои қонунгузории дахлдор оид ба зербахшҳо;
в) таҳияи талабот ба инвестицияҳо барои ҳар як зербахш:
г) пайдо намудани захираҳои дахлдор;
д) таҳияи меъёрҳои дахлдори бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ва таъмини риояи онҳо;
е) додани лицензияҳо барои истифодаи қувваи об, истихроҷи ангишт, иктишофи нафту газ:
мусоидат ба расонида шудани хизматҳои энергетикӣ аз тарафи корхонаҳои корпоративӣ ва мустақили "Барқи Тоҷик". Тоҷиккоммунсервис ва Тоҷикнефтепродукт бо хусусигардонии минбаъдаи онҳо;
такя ба захираҳои энергетикии маҳаллӣ барои кам кардани хаҷми воридот ва мусоидат ба инкишофи захираҳои об ва конҳои ангишт аз тарафи бахши хусусӣ.
7. Бо дарназардошти манфиатҳои соҳибони саҳмияҳо, ҳамчунин соҳибони корхонаҳои энергетикӣ, операторон ва истеъмолгарон Кумитаи миллии машваратии энергетикӣ (КММЭ) таъсис хоҳад шуд. КММЭ-ро Вазири энергетика (ё намояндаи вай) роҳбарӣ хоҳад кард ва он аз аъзое иборат хоҳад буд, ки манфиатҳои истеъмолгарон, кормандони хизматрасон ва вазоратро намояндагӣ мекунанд.
КММЭ:
а) доир ба такмили кори соҳаи энергетика машварат хоҳад дод;
б) оид ба масъалаҳои марбут ба энергетика музокирот анҷом хоҳад дод;
в) дар хусуси пешниҳодот ва барномаҳо оид ба сиёсати Хукумат дар ин соҳа шархҳо таҳия хоҳад кард.
Тамоми сабтҳо ба қайд гирифта хоҳанд шуд.
Д. Инвестицияҳои ҷамъиятӣ
8. Қисми муҳими таркибии вазифаҳои Вазорати энергетика гузаронидани таҳқиқоти мунтазам ва ҳаматарафа ва таҳлили талаботи соҳаи энергетика ва инвестицияҳо мебошад, ки ин қобилияти бо энергия таъмин намудани корхонаҳои мавҷудаи барқрасон, афзоиши иқтидори барқи обӣ ва конҳои ангишт, ҳамчунин дараҷаи талаботро ба энергия дар оянда ифода мекунад. Дар Барномаи инвестиционии ҷамъиятӣ барои солҳои 1998-2000 лоиҳаҳои афзалиятноки инвестиционӣ муайян карда шудаанд, аммо дар бисёр ҳолатҳо таҳқиқи воқеияти иқтисодӣ зарур аст.
9. Сохтмони низоми нави истеҳсоли қувва ва барқарор кардани низоми мавҷуда ва шабакаҳои интиқол ва тақсими қувва, ки бо онҳо вобаста мебошанд, аз манбаъҳои берунӣ ва дохилӣ маблағгузорӣ карда хоҳанд шуд. Қарордодҳо барои сохтмон бо роҳи савдои озмунии кушода дар байни корхонаҳои бахши хусусӣ баста хоҳанд шуд. Ҳамчунин қарордодҳо барои истихроҷи конҳои нафт, низоми тақсимоти газ ва шабакаҳои андозагирии нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо, ки бо онҳо вобастаанд, бо роҳи савдои озмунии кушода баста хоҳанд шуд. Сиёсат дар соҳаи энергетикӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва худмаблағгузории фаъолият ва хизматрасонии ин соҳа равона карда мешавад.
К. Хусусигардонии соҳа
10. Ҷараёни хусусигардонии ҳукуматӣ ба ҷалби бахши хусусӣ дар тамоми соҳаҳои хизматрасонии энергетикӣ равона карда мешавад. Ба меъёрҳои мавҷудае, ки иштироки бахши хусусиро манъ мекунанд ё ба иштироки он мамониат мерасонанд, тағйирот ворид карда хоҳанд шуд. Фаъолияти корхонаҳои давлатии энергетикӣ бо дарназардошти хусусигардонии эҳтимолӣ таҷдиди назар хоҳад шуд.
11. Хусусигардонии корхонаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти қувва метавонад бо роҳи қабули тадбирҳои зерин анҷом дода шавад:
а) вогузор намудани масъулияти пурраи идоракунии соҳаи энергетикӣ ба зиммаи Вазорати энергетика:
б) саҳомӣ кардани корхонаҳои "Барқи Тоҷик". Тоҷиккоммунсервис ва Тоҷикнефтепродукт бо мақсади хусусигардонии минбаъдаи онҳо;
в) мусоидат ба иштироки бахши хусусӣ дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти қувваи барқ, газ ва савдои маҳсулоти нафт.
Ж. Корхонаҳои давлатӣ
12. Идоракунии корхонаҳои давлатии энергетикӣ бояд пурра дар асоси тиҷоратӣ сурат гирад, ки ин маънии зарурати таҳияи нақшаҳои ҳарсолаи корпоративӣ ва ҳисобномаҳои тиҷоратиро мутобиқи меъёрҳои байналхалқии ҳисоби бухгалтерӣ, ҳамчунин нашри ҳисоботи солонаро дорад. Корхонаҳои давлатии энергетикӣ бояд оид ба иҷрои корҳои асосӣ мувофиқи қарордодҳои иҷро дар байни корхона ва Ҳукумат хизмат расонанд.
Қарордодҳои иҷро нуқтаҳои зеринро муайян мекунанд:
а) қоидаҳо ва меъёрҳое, ки мақоми ҳуқуқи корхонаи энергетикӣ, тиҷоратӣ кардани хизматҳои он, додани мустақилияти молиявӣ ва идорӣ, ҳамчунин расмиётеро, ки дар ҷараёни идоракунӣ анҷом дода мешаванд, танзим мекунанд;
б) усулҳо ва расмиёти мувофиқашудаи ҳисоби бухгалтерӣ, аз ҷумла тағйири сохтори суратҳисобҳо; усулҳое, ки арзиш ва беқурбшавии активҳоро танзим мекунанд; шартҳои додани грантҳо, карзҳо ва дигар навъҳои кӯмаки ҳукуматӣ; арзиши сӯзишворӣ на муомилот бо асъори хориҷӣ; шартҳои таҷдиди назар кардан ва барҳам додани карзҳо;
в) нақшаҳои солонаи молиявӣ ва амалиётии мувофиқашудаи фаъолият;
г) шартҳое, ки расонидани хизматро танзим мекунанд ва даромаднок нестанд, аммо бо хоҳиши Ҳукумат иҷро карда мешаванд, аз ҷумла расмиёте, ки барои муайян кардани арзиш, маблағҳои ситонидашаванда барои хизматрасонӣ, ҳамчунин шароити махсуси пӯшонидани хароҷоти вобаста ба ин бо роҳи пулгузаронии мустақими ҳукуматӣ;
д) афзалиятнокии муҳити макроиқтисодӣ;
е) тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат барои таъмини рақобати афзоянда дар бозори энергетикӣ андешида мешаванд.
13. Ба корхонаҳои давлатӣ имконият дода мешавад, ки ба корхонаҳои муштарак ва дигар иттиҳодияҳои кооперативӣ бо иштироки инвесторони хусусӣ, аз ҷумла шарикони хориҷие, ки мутобиқи қонунҳои афзалиятноки танзимкунандаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ, ҳамчунин инвестииияҳои хориҷӣ амал мекунанд, дохил шаванд.
14. Шароити нави маъмурии назорат аз болои фаъолияти корхонаҳои давлатии энергетикӣ ба вуҷуд оварда хоҳанд шуд.
3. Танзими хизматрасонии энергетикӣ
15. Ба зиммаи Вазорати энергетика масъулияти сиёсат ва меъёрҳои энергетикӣ вогузор хоҳад шуд. Меъёрҳои мавҷудае, ки лицензиякунонии корхонаҳои энергетикиро танзим мекунанд, бо мақсади барҳам додани корхонаҳое, ки дигар фоидаовар нестанд ё ба усулҳои муносибатҳои бозории аз тарафи Ҳукумат муқарраршуда мутобиқат надоранд, таҷдиди назар хоҳанд шуд. Дар ҳар ҷое, ки имконият мавҷуд аст, мақсади барои бозор фароҳам овардани шароит доир ба муқаррар намудани дараҷаи зарурии маҳсулнокӣ, меъёрҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин нархҳо пеш гузошта мешавад.
16. Низоми мавҷудаи интиқол ва тақсими қувва бо мақсади таъмини сифат ва эътимоднокии таҳвили қувва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи техникӣ такмил дода мешавад. Мутобиқи стандартҳои махсуси техникӣ ҳангоми таъминот бо маҳсулоти нафт ва гази моеъ меъёрҳои қатъӣ истифода бурда хоҳанд шуд. Дар айни замон андозагирии нишондиҳандаҳои истифодаи газ пурзӯр хоҳад шуд.
17. Ба истифодабарандагони қувва имконияти интихоби таҳвилгарони рақобаткунанда, ҳамчунин ҳалли масъалаҳои шароит бевосита бо таҳвилгарони қувва дар асоси арзиш ва сифати хизматрасонӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.
И. Муайян кардани нархҳо. Даромад ва субсидияҳои соҳавӣ
18. Ҳукумат мақсад дорад, ки тарифҳои энергетнкиро бо усулҳои пешрафта озод ва амалӣ намояд. Қисми зиёди субсидияҳоро тадриҷан ихтисор кунад. Бо ин мақсад. Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки нархҳоро дар соҳа таҷдиди назар намояд.
Дар ҳолатҳое, ки агар Ҳукумат муайян намояд, ки хизматҳои дорои хислати ғайритиҷоратӣ ба манфиати ҷомеа мебошанд, қарордодҳо барои расонидани онҳо ба таҳвилгарони қувва (чӣ хусусӣ ва чӣ ҳукуматӣ) бо дарназардошти то ҳадди ақал расонидани арзиш ва такмили самаранокии онҳо пешниҳод карда мешаванд. Субсидияҳо барои чунин хизматҳо дақиқан муайян ва самаранокии арзиши онҳо мунтазам таҷдиди назар хоҳад шуд.
К. Қонунгузории соҳаи энергетика
19. Қонунгузории мавҷуда дар соҳаи энергетика бо дастурҳое, ки дар ҳамин санад баён шудаанд, мутобиқ карда хоҳанд шуд. Ба вуҷуд овардан ва ба амал ҷорӣ намудани чунин қонунгузорӣ ба зиммаи Вазорати энергетика вогузор хоҳад шуд. Ҳукумат барои иштироки бахшҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, ҳамчунин корхонаҳои муштарак ва иттиҳодияҳои хориҷӣ дар сохтмон, барқарорсозӣ ва фаъолияти активҳои соҳаи энергетикӣ заминаи ҳуқуқиро таъмин мекунад.