Барномаи стратегияи рушди ислоҳот дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998, № 417

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 октябри соли 1998 № 417

тасдиқ шудааст

Барномаи стратегияи рушди ислоҳот дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ташкили босамари соҳаи нақлиёт барои инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ҳаётан муҳим мебошад. Ҷанги гражданӣ, офатҳои табиӣ ва душвориҳои давраи гузариш ба соҳаи нақлиёт таъсири манфӣ расониданд. Муҳим он аст, ки барқароркунӣ ва инкишофи ин соҳа мутобиқи принципҳо ва дастурҳои муайянгардида амалӣ гардад, то ки рушди босамари соҳаро таъмин намояд. Сиёсати мазкур сохтори соҳаро барои рушди минбаъда таъмин менамояд. Ҳукумат дар рушди соҳаи нақлиёт, ки ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ мувофиқ аст, иштирок менамояд. Асоси чунин тараққиёт ҷорӣ намудани рақобат, баланд бардоштани роли сектори шахсӣ ва ба мизоҷ додани ҳуқуқи интихоб, мебошад. Корхонаҳои давлатӣ бошанд роли дуюмдараҷа мебозанд ва чӣ тавре ки пешбинӣ шудааст, онҳо ҳамчун корхонаҳои тиҷоратӣ амал мекунанд. Ҳукумат эҳтиёҷоти табақаи камбизоати аҳолиро эътироф менамояд. Маблағи ёрии хизматрасонӣ барои чунин табақаи аҳолӣ, ё барои нигоҳ доштани нақлиёти чамъиятии шаҳрӣ ҷудо карда мешавад ва вобаста ба шароит сектори шахсӣ низ барои додани чунин хизматрасонӣ, истифода бурда мешавад.

А. Вазифаҳои сиёсӣ

2. Ташкили самарабахши тартиби кор дар соҳаи нақлиёт, хизматрасонии нақлиётӣ, ки аҳоли ба он эҳтиёҷ дорад ва онро ба худ муносиб медонад, вазифаи Ҳукумат мебошад, ки бо роҳи тақсими самарабахши воситаҳои ғайрикофӣ тавассути тағирот ба вазъи иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти тамоми мамлакат, танзим дода мешавад.

Б. Стратегия

3. Чораҳо, ки тавассути онҳо ин вазифаҳо иҷро карда мешаванд:

(i) ташкил кардани муҳити сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба соҳаи дар кори бозор мусоидаткунанда, ки дар он: а) мизоҷ интихоби озоди алтернативии тарифҳо ва сифатро доранд; б) таъминкунандагони хизматрасонии нақлиётӣ метавонанд байни худ бе маҳдудияти тарифҳо, сифат, шумора ва ё хатти сайр аз тарафи Ҳукумат озодона рақобат кунанд; в) ҳуқуқпоймолкунӣ дар байни категорияҳои гуногуни таъминкунандагони хизматрасонии нақлиётӣ дида намешавад (масалан байни операторони давлатӣ ва шахсӣ); г) захираҳои истеъмолшаванда аз тарафи Ҳукумат назорат бурда намешавад, маблағгузорӣ ва дигар дахолат, низ карда намешавад; д) операторони нақлиёт ба қоидаҳои бехатарӣ, Қонун дар бораи ҳифзи зист ва Қонун дар бораи монополияҳо итоат мекунанд;

(ii) такмил додани идора ва баланд бардоштани самаранокии нақлиёт бо роҳи ташкил намудани ташкилотҳои дахлдори ҳукуматӣ, ки роли онҳо аз ташкили сиёсати соҳа ва танзими он, таъмини инфраструктураи нақлиёт ва додани вазифаҳои истифодабарии нақлиёт ба сектори шахсӣ иборат аст;

(iii) такмили идоракунии умумӣ ва баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои нақлиётии давлатӣ бо роҳи ба онҳо додани соҳибихтиёрӣ, инчунин дар баробари тиҷорат ҳавасмандкунии соҳибкорӣ ва дар як вақт барои истифодаи нақлиёт ҷавобгӯ монондани онҳо;

(iv) ташкил намудани механизмҳои дахлдори маблағгузорӣ бо назардошти ҷорӣ намудани сохтори бозоргонии нархгузорӣ ва принципҳои пардохт аз тарафи истифодабарандагон, инчунин истифодаи даромад аз хизматрасонӣ барои таъмини роҳу купрӯкҳо;

(v) бо роҳи бекор кардани назорат мусоидат намудан ба рақобат, ки ба даромад ва баромад аз саноат халал мерасонад, инчунин ба анҷом расонидани хусусигардонии нақлиёт ва хизматрасонӣ;

(vi) мусоидат намудан ба ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ дар ҳамаи намудҳои нақлиёт;

(vii) баланд бардоштани меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист;

(viii) инчунин риоя намудани манфиатҳои табақаи камбизоати аҳолӣ бо роҳи додани ёрии мақсаднок.

4. Афзалияти аввалиндараҷа дар Тоҷикистон ташкил намудани сектори нақлиёти рақобаткунанда мебошад. Барои ба ин мақсад расидан Ҳукумат омузиши пурраи сохтори ҳуқуқӣ ва танзимро мегузаронад ва ба қонунҳо тағироти заруриро дохил менамояд. Ҳукумат инчунин бо роҳи азнав кардани сохтори ташкилотҳои асосӣ ва инкишофи кори сектори хусусӣ, идора кардани секторро такмил медиҳад. Бағайр аз ин Ҳукумат идоракуниро беҳтар намуда, системаи тарифҳо ва принципҳои пардохти бозориро ҷорӣ менамояд. Сектор барои амалиётҳои хусусӣ кушода аст ва Ҳукумат ҳаққи худро дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ кам карда, амволи боқимондаро тақсим менамояд. Ин чораҳо бо роҳи фаъолона бартараф кардани садҳои маъмурӣ, ки ба инкишоф додани рақобат халал мерасонад, дастгирӣ меёбад.

В. Роли Ҳукумат

5. Роли Ҳукумат дар сектори нақлиёт то иҷрои вазифаҳои миллӣ ва иҷтимоӣ маҳдуд карда мешавад, бо назардошти:

(i) тартиб додан ва амалӣ кардани вазифаҳои дахлдори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи сектор;

(ii) ба нақша гирифтан ва назорат аз болои иҷрои барномаҳо, инчунин таъмини сафарбаркунии маблағ;

(iii) назорати кор ва самаранокии системаи нақлиётӣ, бо назардошти тарифҳо ва андозҳо, ки корхонаҳои ҷамъиятӣ ва монополияҳои хусусӣ ҷамъ мекунанд;

(iv) додани лицензия (иҷозат) ба хизматрасонии нақлиётӣ, бо мақсади таъмини иҷрои қоидаҳои бехатарӣ ва меъёри ҳифзи муҳити зист.

Г. Сохтори ташкилӣ ва идора кардани сектор

6. Дар баробари ҳамаи вазифаҳои додашуда Ҳукумат сохтори ташкилии навро таъсис медиҳад:

(i) таъсис намудани вазорати нави нақлиёт, ки барои сектор ҷавобгӯ бошад, сиёсати онро муайян намояд ва танзими хизматрасонии нақлиётиро амалӣ кунад;

(ii) дар назди вазорат ташкил кардани Шӯъбаи роҳ (ШР), Шӯъбаи нақлиёти роҳи оҳан (ШНРО) ва Шӯъбаи авиацияи гражданӣ (ШАГ), ки вазифашон:

а) дар тайёр намудани санадҳои қонунгузорӣ ба ташкилотҳои тобеъ мусоидат намудан;

б) ташкил намудани шӯъбаи инвестиция ва ҷорӣ кардани барномаҳо;

в) муайян намудани манбаъҳои дахлдори маблағгузорӣ;

г) бо мақсади ҳимояи истеъмолкунандагон ташкил ва танзими стандартҳои техникӣ ва истифодабарӣ;

д) инкишоф додани методҳои пӯшондани хароҷот;

е) ташкил ва назорати иҷрои меъёри бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист;

(iii) додани вазифаи сохтмони роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан ба сектори хусусӣ;

(iv) барои амалӣ кардани хизматрасонии техникӣ ва исгифодабарии нақлиёт ташкил намудани нуқтаҳои истифодабарии маҳаллӣ. Ин нуқтаҳо мумкин аст, ки хусусӣ гардонида шаванд; инчунин

(v) ташкил намудани корпорацияҳои алоҳида ва соҳибихтиёри "Роҳи оҳани Тоҷикистон", "Хати ҳавоии Тоҷикистон" ва корпорация оид ба истифодабарии фурудгоҳҳо бо хусусигардонии эҳтимолии "Хатҳои ҳавоии Тоҷикистон".

7. Бо мақсади баён намудани фикру ақидаи саҳҳомон, ҳамчунин соҳибони нақлиёт, операторон ва мизоҷон Комиссияи миллии машваратии нақлиёт (КММН) таъсис дода мешавад. Вазорати нақлиёт (ВН) ё намояндаи он КММН-ро роҳбарӣ менамояд. Дар ҳайати КММН намояндагони Вазорати иқтисод, Комиссияи давлатӣ оид ба инвестицияҳои ҳориҷӣ, Шӯъбаи роҳ, Шӯъбаи нақлиёти роҳи оҳан, Шӯъбаи авиацияи гражданӣ, Бозрасии нақлиётӣ, Полицияи нақлиёт (Шӯъбаи роҳӣ), корхонаҳои нақлиётӣ ва истифодабарондагони хизматрасонии нақлиётӣ, дохил карда мешаванд. КММН: (i) роҳҳои баланд бардоштани самаранокии нақлиётро тавсия медиҳад; (ii дар таъмин намудани гуфтугӯ оиди масъалаҳои нақлиёт мусоидат; (iii) оиди сиёсат ва барномаҳои сектор, ки Ҳукумат пешниҳод намудааст, шарҳ медиҳад. Ҳамаи тартибу қоидаҳо ба ҷамоат маълум карда мешавад.

Д. Инвестицияҳои ҷамъиятӣ

8. Вазифаи муҳими Вазорати нақлиёт - ин омӯзиши муфассал ва гузаронидани доимии таҳлили талаботи ҳукумати оиди инвестицияҳо дар сектори нақлиёт бо назардошти роли намудҳои гуногуни нақлиёт, инчунин тартиб додани пешбинии ояндаи талабот ба хизматрасонии нақлиёт мебошад. Дар Барномаи инвестицияҳои ҷамъиятӣ барои солҳои 1998-2000 лоиҳаҳои инвестиционӣ аз рӯи афзалият тақсим карда шуда буданд, вале дар аксари ҳолатҳо иҷрошавии онҳо омӯхта нашудааст.

9. Сохтмони роҳу купрӯкҳо аз Фонди роҳ ва ё дигар манбаъҳои дохилӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Сохтмони роҳҳоро дар асоси тендерӣ корхонаҳои хусусии роҳсози амалӣ менамоянд. Хизматрасонии ҳаррӯзаи техникӣ таҳти назорати давлат мемонад, вале дар охир ба сектори хусусӣ дода мешавад. Ҳамин тариқ сохтмони роҳ ва авиацияи гражданиро корхонаҳои хусусӣ дар асоси тендерӣ амалӣ менамоянд. Секторҳои роҳи оҳан ва авиацияи гражданӣ кор ва хизматрасонии техникиашонро ҳудашон маблағгузорӣ менамоянд.

Е. Хусусигардонӣ

10. Процесси хусусигардонӣ ба иштироки сектори хусусӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои хизматрасонии нақлиёт ва инкишофи инфраструктура равона карда шудааст. Дар ҳамаи низомнома ва методҳои мавҷудае, ки иштироки сектори хусусӣ манъ ё монеъ мешавад, ислоҳот дароварда мешавад. Кори корхонаҳо ва департаментҳои давлатӣ аз нуқтаи назари эҳтимолияти хусусигардонӣ ва ё ба сектори хусусӣ додани як қатор вазифаҳояшон дида баромада мешавад.

11. Роҳҳо ва купрӯкҳо моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Хизматрасонии техникии лозимии ин иншоотҳои инфраструктура вазифаи Шӯъбаи роҳ мебошад. Системаи идоракунии ҳаррӯзаи хизматрасонӣ ба мақсади такмил додани хизматрасонии роҳи оҳан ва иншоотҳои авиацияи гражданӣ, дар амал ҷорӣ карда мешавад.

12. Хусусигардонии сохтмони роҳ дар натиҷаи қабул гардидани чораҳои зерин иҷро карда мешавад: (i) додани вазифаҳои Ҳукумат оид ба идоракунии сектори Шӯъбаи роҳ; (ii) ва хусусигардонии ҳамаи департаментҳо ва компанияҳои саҳҳомии роҳсозӣ, ки ба фаъолияти мазкур машғуланд.

Ж. Корхонаҳои давлатӣ

13. Идоракунии корхонаҳои давлатӣ пурра дар асоси тиҷоратӣ амалӣ карда мешавад. Ин маънои тайёр намудани нақшаҳои иттиҳодиявӣ ва ҳисоббаробаркунии тиҷоратӣ аз рӯи стандарти байналхалқиро, ки дар ҳисоботи солона чоп мешавад, дорад. Корхонаҳои давлатӣ хизмати худро дар асоси шартномаҳои байни корхонаҳо ва Ҳукумат баста шуда пешниҳод менамоянд. Дар ин қарордодҳо қоидаҳои зерин сабт меёбанд:

(i) қоида ва меъёрҳое, ки мақоми ҳукуқии корхонаҳо ва тиҷоратикунонии хизматрасонии онҳоро муайян менамояд, соҳибихтиёрии молиявӣ ва иқтисодӣ, инчунин тартибу қоидаҳо, ки аз рӯи онҳо ҳисоботдиҳии корхонаи мазкур амалӣ мегардад.

(ii) принципҳои баҳисобгирӣ ва тартибу қоида бо назардошти ҳисобу китоби азнавташкилкунӣ; принципҳои арзиш ва амортизацияи васоитро муайякунанда; истифода бурдани маблағгузории асосӣ ва қарзҳо; инчунин азнавташкилкунӣ, азнав дидани ӯҳдадориҳои қарзи (шартномаҳо);

(iii) нақшаҳои солонаи молиявии мувофиқа карда шуда;

(iv) шартномаҳои муайянкуняндаи хизматрасонӣ, ки бефоида мебошанд, вале бо хоҳиши Хукумат бо назардошти тартиботи истифодашаванда барои муайян намудани хизматрасонӣ ва нишондодҳои тариф барои чунин хизматрасонӣ пешниҳод карда мешаванд, инчунин шартномаҳои махсус оиди пӯшондани хароҷоти бо чунин хизматрасони алоқаманд, аз тарафи Ҳукумат;

(v) фазои васеи мавҷудаи макроиқтисодӣ;

(vi) инчунин чораҳои қабулмекардаи Ҳукумат оид ба инкишоф додани рақобат дар бозори нақлиёт,

14. Корхонаҳои давлатӣ метавонанд озодона бо инвесторҳои хусусӣ бо истифода аз инвесторхои хориҷӣ, мувофиқи қонунҳои мавҷуда дар бораи савдо, молия ва инвестицияҳои хориҷӣ, корхонаҳои муштарак ва корхонаҳои дигар ташкил намоянд.

15. Бо мақсади назорат кардани кори сектор ва корхонаҳои давлатӣ меъёрҳои нави маъмурӣ ҷорӣ карда мешавад.

3. Танзими хизматрасонии нақлиёт

16. Танзими хизматрасонии нақлиёт вазифаи Вазорати нақлиёт мебошад. Низомномаҳои танзимкунанда оиди лицензиядиҳӣ ба корхонаҳои нақлиётӣ ва хизматрасонӣ бо мақсади манъ кардани низомномаҳое, ки дигар амал намекунанд ва ё ба принципҳои иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ нестанд, аз нав дида баромада мешаванд.

Аз рӯи шароити бозор барои муайян кардани иқтидорҳо, стандартҳои хизматрасонӣ ва нархҳои дахлдор иҷозат дода мешавад.

17. Назорати ҳифзи роҳи оҳан ва автомобилгард ва инфраструктураи авиацияи гражданӣ (масалан, назорати вазн ва андозаи автомобилҳо ва ҳолати роҳҳо) ҳамчунин чораҳои маҷбурии дахлдор пурзур карда мешавад.

18. Системаи бозрасии мавҷуда барои воситаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳан, авиацияи гражданӣ мустаҳкам карда шуда соҳибихтиёр мешаванд, то ки мувофиқати онҳо бо стандартҳои техникии махсус таъмин карда шавад.

19. Барои сектори нақлиёти мусофирбар системаи ташкилии алтернативӣ дида баромада мешавад, то ки мусофирон тавонанд афзалияти рақобатро истифода баранд.

И. Нархгузорӣ, даромади сектор ва ёрии пулӣ

20. Ҳукумат такмил ва либарализацияи пешқадами нарх ва тарифҳо ва дар оянда манъ кардани аксари ёрии пулиро амалӣ менамояд. Барои ба ин мақсад расидан Ҳукумат ӯҳдадор мешавад, ки принципҳои нархгузориро дар сектор дида барояд.

21. Маблағгузории сохтмони роҳ ва хизматрасонии техникӣ аз ҳисоби Фонди роҳ амалӣ карда мешавад. Боҷ барои истифодабарии роҳ дида баромада мешавад, то ки кафолат дода шавад, ки ҳамаи синфҳои истифодабарандаи роҳҳо мувофиқи шароиташон, барои истифодаи роҳ пул медиҳанд.

22. Тарифҳо барои истифодабарии роҳ ва хизматрасониҳои дигар, ки Ҳукумат пешниҳод менамояд, мувофиқи зиёд гардидани хароҷот ва маҳсулнокӣ доимо танзим карда мешавад.

23. Агар Ҳукумат муайян кунад, ки хизматрасонӣ характери ғайритиҷоратӣ дорад, бояд он ба манфиати ҷамъият пешниҳод карда шавад. Қарордодҳое, ки барои пешниҳоди онҳо харҷи кам нишон дода шудааст, ба операторони нақлиёт (чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ) дода мешаванд.

Ёрии пулӣ бояд асоси иқтисодӣ ё иҷтимоӣ дошта бошанд.

К. Қонунгузории нақлиётӣ

24. Қонунгузории мавҷудаи нақлиёти ба сиёсати дар ҳуҷҷати мазкур иншо гардида мувофиқат мекунад. Вазорати нақлиёт дар сектори нақлиёт Кумитаи оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ таъсис медиҳад. Раиси Кумитаро вазири нақлиёт ба ӯҳда мегирад (ё намояндаи ӯ), ба аъзогии комиссия бошад намояндагони Вазорати адлия, шӯъбаи роҳ, шӯъбаи авиацияи гражданӣ, шӯъбаи нақлиёти роҳи оҳан, Комиссияи миллии машваратии нақлиёт ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дохил мешаванд.

25. Ҳукумат барои иштирок дар сохтмон ва хизматрасонии техникии корхонаҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ ё байни корхонаҳои муштарак ва ташкилотҳои нишондодашуда, асоси ҳуқуқиро таъмин менамояд.