Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкили корҳо оид ба сармоягузории истеҳсоли пахтаи ҳосили соли 1998 дар хоҷагиҳои ноҳияи Москваи вилояти Хатлон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ташаббуси корхонаи муштараки "ВОНАМ", фирмаи "Таҳмина ва Ко" (ш. Москва, Россия) ва ширкати "СОРАСО" (Франция) оид ба сармоягузории истеҳсоли пахтаи ҳосили соли 1998 ноҳияи Москваи вилояти Хатлон, ки Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ ("Агроинвестбанк"), Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Москваи вилояти Хатлон маъқул донистаанд, дастгирӣ карда шавад.
2. Ба "Агроинвестбанк" тавсия карда шавад, ки барои ба ҳисоб гирифтани воридот ва истифодаи маблағҳое, ки аз ширкати "СОРАСО" тибқи аҳдномаи кредитии бо корхонаи муштараки "ВОНАМ" дар асоси қарордодҳои басташудаи байни фирмаи "Таҳмина ва Ко" ва хоҷагиҳои ноҳияи Москва (ба номи Ф. Саидов, ба номи Турдиев, ба номи С. Киров, "Наврӯз", ба номи О. Давлатов, "Сарҳадчӣ", "Ҳаёти нав", "Иттифоқ", ба номи М. Раҳимов) ҷиҳати гирифтани кредити асъорӣ барои парвариши пахта, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва азхуд намудани заминҳои нав, инчунин пурра намудани парки техникаи кишоварзӣ таъингардида ворид мегарданд, ҳисобномаи махсус кушояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
хоҷагиҳое, ки мутобиқи ҳамин қарордод қарор бастаанд, ҳуқуқи бастани қарордоди шабеҳро бо дигар фирмаю ташкилотҳо надоранд;
ҳосили парваришгардида ва нахи пахта, линт, улюки аз он истеҳсолгардида (ғайр аз чигит) мутобиқи қарордодҳои зикршуда ба сармоягузор фурӯхта мешавад ва қисми боқимондаи маҳсулоти пахта баъди таъмини шартҳои қарордод бо салоҳдиди истеҳсолкунандагони пахта бо сармоягузор ё харидори дигар фурӯхта мешавад. Чигит (ҳам техникӣ ва ҳам киштбоб) танҳо дар заводҳои пахта нигоҳ дошта мешавад ва фурӯши он тибқи тартибе, ки қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 292 га аз 21 октябри соли 1997 № 460 муайян намудаанд, анҷом дода мошанад;
дар сурати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қабул гардидани қарорҳое, ки вазъияти молиявию иқтисодии сармоягузорӣ мутобиқи ҳамин қарор дар хусуси истеҳсоли якҷояи пахта қарордодбастаро бад мегардонанд, шартҳое, ки дар лаҳзаи бастани ин қарордодҳо амал мекунанд, эътибор дониста шаванд.
4. Корхонаи муштараки "ВОНАМ" якҷоя бо фирмаи "Таҳмина ва Ко" ва "Агроинвестбанк" шартҳои ҳавасмандгардонии пахтаистеҳсолкунандагонеро, ки аз ҳар як гектар ба даст овардани на камтар аз 28 центнер ҳосили пахтаро таъмин мснамоянд ва онҳоеро, ки шартҳои қарордодҳои басташударо барзиёд иҷро намудаанд, бо роҳи ба онҳо ҷудо намудани маблағ ва молҳои зарурӣ таҳия ва тасдиқ намояд.
5. Бо мақсади сари вақт таъмин намудани иҷроиши ӯҳдадориҳо дар назди сармоягузорон ҷиҳати пӯшонидани кредити асъорӣ:
Вазорати мелорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сари ваҳт қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хоҷагиҳои пахтакор бо об барои обьёрӣ тадбирҳои зарурӣ андешад, истеҳсолкунандагони пахта бошанд, музди хизмати обрасониро сари вақт пардозанд;
раиси ноҳияи Москваи вилояти Хатлон, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" ташкили корҳоро ҷиҳати сари вақт коркард намудани пахта ва дигар маҳсулоти пахта, ки барои дар мӯҳлатҳои дар қарордодҳои байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузорон нишондодашуда пӯшондани кредити асъорӣ таъмин гардидаанд, таъмин намоянд.
6. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон, Роҳи оҳани Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳонаи муштараки "ВОНАМ", фирмаи "Таҳмина ва Ко" ҷиҳати сари вақт ва зудтар анҷом додани содироти нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта тибқи нақшаи соддагардида, бо мақсади воридоти муттасили андоз аз фурӯш ва дигар андозҳои муқарраргардида аз ҳаҷмҳои маҳсулоти пахтаи мутобиқи ҳамин қарор бафурӯшрасондашаванда ҳамаҷониба кӯмак расонанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 сентябри соли 1998 № 370
ш. Душанбе