Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"
Бо мақсади ташаккули комплекси ягонаи истеҳсолию технологии воситаҳои ахбори оммаи электронии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" аз Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Сархати шонздаҳуми Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 602 "Дар бораи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
3. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 610 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком".
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"-ро, ки аз қарори мазкур бармеоянд, ҳал намояд.
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 феврали соли 2007 № 40
ш. Душанбе