Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 № 302
Бо мақсади таъмини кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандони ноҳияҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити вазнини табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 № 302 "Дар бораи тасдиқи коэффисиентҳои ноҳиявӣ, коэффисиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 1 калимаҳои "(ба ғайр аз хизматчиёни ҳарбӣ)" хориҷ карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
- "3. Аз 1 январи соли 2007 музди меҳнате, ки аз он иловапулӣ аз рӯи коэффисиентҳои ноҳиявӣ, коэффисиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ (ба ғайр аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ҳисоб карда мешавад, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал муқаррар карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 феврали соли 2007 № 54,
ш. Душанбе