Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1998 № 352
тасдиқ шудааст
Низомномаи литсейи ҳарбӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи мазкур мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарби ва хизмати ҳарбӣ" таҳия шудааст.
Литсейи ҳарби - муассисаи таълимии маълумоти умумии миёна (пурра) бо барномаҳои таълимии иловагие мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва ҳадафи тарбияи ҳаматарафа ва ба хизмати ҳарби омода намудани шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мардро дорад.
Литсейи ҳарби - ҳамчунин ҳадафи омода намудани ҷавонони синни то даъватро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кшиварҳои Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил дорад.
2. Хадафҳои асосии литсейи ҳарби чиҳо мебошанд;
ба тарбиятгирандагон додани маълумоти миёнаи умуми, дониши зарури ва малакаҳои ибтидоии тарбияи ҳарби ва ҷисмониро дар замири онҳо ба вуҷуд овардан;
дар асоси муайян намудани касби ҳарби дар замири тарбиягирандагон ташаккул додани сифатҳои олии ахлоқи ва ирода, интизом, муҳаббат ба Ватан ва хизмати ҳарби;
инкишофи ҳаматарафа ва мутавозини шахсияти омӯзандагон, дар замири онҳо ташаккул додани сифатҳои олии ғоявию ахлоқи.
3. Литсейи ҳарби бевосита ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
4. Литсейи ҳарбӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
Корҳои таълими ва методи дар литсеи дар асоси ҳамин Низомнома, дастурҳои шӯъбаи маълумоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маълумоти миёнаи умуми, тарбияи томактаби ва муассисаҳои беруназмактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд .
Тарбияи ҷисмони ва корҳои варзиши оммави дар литсейи ҳарби мутобиқи Дастуруламал оид ба тарбияи ҷисмонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешаванд.
Мувофиқи нақша ва дастурҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейи ҳарби тафтишҳои комплекси гузаронида мешаванд.
5. Забони таълим дар литсейи ҳарби тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забон" танзим мегардад.
6. Ба литсейи ҳарби ҷавонони ҷисман солими 15-16 сола, ки синфи нӯҳуми мактаби таълимоти ҳамагониро бо ахлоқи хуб ва намунави бомуваффақият хатм кардаанд ва имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супоридаанд, сарфи назар аз миллат, қабул карда мешаванд.
7. Тартиби интихоб, фиристодан ва қабул кардани хонандагонро ба литсейи ҳарби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
8. Интихоби онҳое, ки дар литсейи ҳарби хоҳиши таҳсилро доранд, аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи комиссариатҳои ҳарбии ҷои истиқомати хонандагон мувофиқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
9. Бачагони ятим ё бе парастории Волидайнмонда, ки ба муассисаи таълимии мазкур дохил мешаванд, бе имтиҳон, аз рӯи натиҷаҳои сӯҳбат ва муоинаи тибби қабул карда мешаванд.
Ҳуқуқи бартарии дохилшави ба литсейи ҳарбиро ҳангоми интихоб аз тариқи озмун фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, доранд.
10. Аризаи ӯҳдадори дар бораи дохилшавии хонанда ба литсейи ҳарби ба номи сардори литсейи ҳарби аз тарафи волидайни ӯ (ё ашхоси ивазкунандаи онҳо) ба воситаи комиссариатҳои) ҳарби аз 1 то 25 июн пешниҳод карда мешавад ва дар он зикр мегардад, ки дохилшаванда баъди хатми литсейи ҳарби таҳсилро дар муассисаи олии таълими ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муассисаи олии таълими ҳарбии ИДМ идома хоҳад дод ва баъди хатми таҳсил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад баргашт.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима мешаванд:
аризаи шахсии хонанда ба номи сардори литсейи ҳарби дар бораи хоҳиши дохил шудан ба литсейи ҳарби ва дар оянда афсар шудан;
нусхаи шаҳодатномаи таваллуд, ки аз тарафи нотариус тасдиқ шудааст;
нусхаи аслии шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаи нопурра;
тавсифнома бо имзои роҳбари синф ва директори мактаб;
хулосаи тибби дар бораи вазъи саломати ва қобил будани хонанда барои дохилшави ба литсейи ҳарби:
4 дона сурат бо андозаи 4 Х 6 см (бе каллапӯш);
тасдиқнома аз ҷои кори волидайн (ё ивазкунандагони онҳо).
11. Дар литсейи ҳарби бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори литсейи ҳарби ва бо иштироки намояндагони комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳури ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Ҳамаи хонандагон аз муоинаи амиқи тибби гузаронида мешаванд ва дар асоси озмун имтиҳонҳои дохилшавиро месупоранд .
12. Номзадҳое, ки ба литсейи ҳарби барои гузаштани муоинаи тибби ва сӯҳбатҳо меоянд, аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои истиқомат, хӯрок мувофиқи меъёри таъминоти хонандагони литсейи ҳарби ба муддати то 15 шабонарӯз таъмин карда мешаванд.
13. Тарбиягирандагони литсейи ҳарби бо либосҳои расмии муқарраргардида таъмин карда мешаванд ва қоидаҳои муқарраргардидаи пӯшидани онро ба таври қатъи риоя мекунанд.
14. Мувофиқи сохтори ташкилии литсейи ҳарби ҳамаи тарбиягирандагони синфҳои баробар дар ротаҳо ҷамъ оварда мешаванд. Рота аз взводҳо иборат аст. Шумораи тарбиятгирандагон дар взводҳо набояд аз 30 нафар зиёд бошад. Взвод аз се бахш (отделение) иборат acт.
15. Бо фармони сардори литсейи ҳарби ба вазифаи қумондонҳои бахшҳо, муовинони қумондонҳои взводҳо ва ротаҳо тарбиягирандагони дониши хубу аъло ва ахлоқи намунавидошта таъин карда мешаванд.
16. Қоидаҳои ахлоқ ва вазифаҳои тарбиягирандагони литсейи тавассути ҳамин Низомнома, инчунин қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнати муайян ва аз тарафи сардори литсейи ҳарби ттасдиқ карда мешаванд.
17. Ба тарбиягирандагоне, ки литсейи ҳарбиро хатм мекунанд, шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи ҳамагони дода мешавад ва онҳо ба муассисаҳои таълими ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълими ҳарбии давлатҳои ИДМ барои қабул ба тартиби муқарраршуда фиристода мешаванд.
18. Литсейи ҳарби бо хатмкунандагоне, ки дар донишгоҳҳои олии таълими ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои олии таълими ҳарбии давлатҳои ИДМ таҳсил мекунанд, инчунин фармондеҳони онҳо бо мақсади омӯхтан ва иҷрои натиҷаи таълими тарбиятгирандагон барои дар оянда баланд бардоштани сифати корҳои таълиму тарбия дар литсейи ҳарби робитаи доимиро нигоҳ медорад.
II. ҲАЙАТИ ШАХСИИ ДОИМИИ ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ
19. Ба ҳайати шахсии доимии литсейи ҳарби инҳо мансубанд:
фармондеҳон;
ҳайати омӯзгорон ва тарбиядиҳандагон;
ҳайати коркунони таълиму тарбия ва персонали техники.
Ҳайати доими аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра карда мешавад. Ба вазифаи ҳайати шахсии доимии литсейи ҳарби таъин кардан бо тартиби зерин сурат мегирад:
хизматчиёни ҳарби - бо тартиби муқарраршуда бо фармонҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ғайри хизматчиёни ҳарби - бо фармонҳои сардори литсейи ҳарби.
20. Вазифаҳои хизматии сардори литсейи ҳарби аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Вазифаҳои хизматии дигар шахсони мансабдори ҳайати доимии литсейи ҳарби дар литсейи дар асоси оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва дастурҳон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва дигар санадҳои меъёри таҳия шуда, аз тарафи сардори литсейи ҳарби тасдиқ карда мешаванд.
Ҷалб кардани хизматчиёни ҳарби, коргарон ва хизматчиёни ҳайати шахсии доимии литсейи ҳарби ба чорабиниҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо, гузаронидан ё таъмини ҷараёни таълиму тарбия вобаста нестанд, танҳо бо иҷозати сардори литсейи ҳарби мумкин аст.
III. ТАРБИЯГИРАНДАГОН (МУҚАРРАРОТИ УМУМИ)
21. Дар ҷараёни таҳсил дар литсейи ҳарби тарбиягирандагон ҳуқуқ доранд, ки:
дар кори созмонҳои ҷамъияти, маҳфилҳои эҷоди, гурӯҳҳои варзиши ва дигар ташкилотҳои дар литсейи ҳарби амалкунанда ширкат намоянд;
кори худро дар соатҳое, ки мувофиқи реҷаи рӯз барои тайёрии мустақилона ҷудо карда шудааст, мустақилона ташкил намоянд.
22. Тарбиягирандагон вазифадоранд, ки:
ба дониши назарияви ва малакаи амалиро мунтазам ва чуқур азхуд намоянд;
сифатҳои зарурии касби ҳарбиро устуворона омӯзанд ва ипкишоф диҳанд, савияи назарияви, илми ва мадании худро баланд бардоранд;
қонунҳо, қоидаҳои тартиби дохилии меҳнати, қоидаҳои ахлоқ ва одобро риоя кунанд; дар ҳаёти ҷамъияти вз корҳои оммавию варзишии литсейи ҳарби фаъолона ширкат намоянд.
23. Таъмини тарбиягирандагон бо либоси расми, хӯрок ва манзили истиқомати (казарма) мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
24. Рухсат шудани тарбиягирандагон аз ҳудуди литсей бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои дохили меҳнати сурат мегирад.
25. Тарбиягирандагоне, ки ҳамаи талаботи нақшаи таълимиро иҷро намудаанд ва имтиҳонҳоро бомуваффақият супоридаанд, бо фармони сардори литсей ба курси минбаъда гузаронида мешаванд.
26. Хориҷ кардани тарбиягирандагон.
Тарбиягирандагон аз литсейи ҳарби бо сабаби дониши паст, беинтизоми, хоҳиши таҳсил надоштан, бо сабаби бемори, инчунин бинобар набудани шароити давом додани таҳсил бо сабабҳои аз онҳо вобастанабуда хориҷ карда мешаванд.
Хориҷ кардани тарбиягирандагон аз ҳамаи курсхо, ғайр аз курси охирин аз тарафи сардори литсейи ҳарби ва хориҷ кардани тарбиягирандагони курси охирин аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
27. Аз нав барқарор кардани тарбиятгирандагон. Қарор дар бораи аз нав барқарор карданро дар литсейи ҳарби аз тарафи сардори литсейи ҳарби бароварда мешавад.
IV. ТАШКИЛИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ, КОРИ ТАЪЛИМ
28. Кори таълим фаъолияти асосии литсейи ҳарби буда, банақшагири, ташкил ва гузаронидани ҳамаи намудҳои машғулиятҳои таълими, тафтиши ҷори ва ҷамъбасти азхудкунии маводи таълимро аз тарафи тарбиягирандагон дарбар мегирад. Кори мазкур мутобиқи тартиби муқарраршуда ва тасдиқшудаи нақша ва барномаҳои таълим ташкил ва гузаронида мешавад.
29. Соли таҳсил дар литсейи ҳарби аз 1 сентябр cap мешавад. Дар курсҳои дуюм ва сеюм ба вақти, дигар гузаронидани оғози соли таҳсил, аммо на дертар аз 1 ноябр иҷозат дода мешавад.
Машғулияти тарбиягирандагон бо ҳамаи намудҳои дарсҳо мувофиқи ҷадвал бо роҳбарии омӯзгор дар ҳамаи курсҳо дар як ҳафта набояд аз 36 соат зиёд бошад; барои машқҳо, машғулиятҳо дар маркази таълим, корҳои таълим дар як ҳафта то 46 соати машғулиятҳои таълим ба нақша гирифта мешавад. Ҳаҷми умумии корҳои таълими тарбиягирандагон, аз ҷумла корҳои мустақилона, на зиёда аз 56 соат дар як ҳафта ба нақша гирифта мешавад.
30. Барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҷараёни таълим, ки бо иҷрои талаботи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошанд, ба сардори литсейи ҳарби ҳуқуқ дода мешавад, ки:
вақти байни фанҳои таълимиро (дар доираи тақсимоти тайёрии додашуда), аз нав тақсим намояд, миқдори соатҳоро дар ҳаҷми 10 фоизи вақти барои омӯхтани фанҳо ҷудошуда кам ё зиёд кунад;
ба фанҳои таълими мавзӯъҳои нав дохил кунад (хориҷ кунад), вақти байни курсҳоро, дар ҳудуди то 35 фоиз аз рӯи мавзӯъҳо ва намуди машғулиятҳо аз нав тақсим намояд.
31. Дар асоси нақшаи таълимии аз тарафи сардори литсейи ҳарби тасдиқшуда, дар мавридҳои зарури метавонад нақшаи таълимии кори таҳия карда шаванд.
МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМӢ
32. Намудҳои асосии машғулиятҳои таълими инҳоянд:
лексияҳо, семинарҳо; машқҳо ва машғулиятҳои гурӯҳи; машғулиятҳои лаборатори ва амали, машғулиятҳои мустақилона бо роҳбарии омӯзгорон, машқҳои тактики; бозиҳои варзишии ҳарби, корҳои санҷиши; машғулиятҳои машварати, корҳои мустақилонаи тарбиягирандагон.
33. Лексияҳо яке аз муҳимтарин намудҳои машғулиятҳои таълими мебошанд ва асоси таълими назариявии тарбиягирандагонро ташкил медиҳанд. Мақсади онҳо мунтазам аз рӯи фанҳо додани асосҳои дониш, кушода додани ҳолат ва дурнамои пешрафти фанҳои мушаххас, ҷалб кардани диққат ба масъалаҳои нисбатан мураккабтар ва асоси мебошад. Лексияҳо бояд фаъолияти дарккунии фаъолонаи хонандагонро бедор гардонанд, ба ташкили тафаккури эҷоди мусоид намоянд.
34. Семинарҳо аз рӯи масъалаҳои асоси ва аз ҳама мураккаби барномаи таълими гузаронида мешаванд. Мақсади асосии семинарҳо амиқ ва мустаҳкам кардани донише, ки дар лексияҳо ва дар ҷараёни корҳои мустақилона аз адабиёти таълими гирифта мешавад, омӯзонидани малакаи ҷустуҷӯ, хулоса баровардан ва баён кардани маводи таълими мебошад.
Барои сифатнок тайёр шудани тарбиягирандагон ба семинарҳо супоришҳое таҳия карда мешаванд, ки то гузарониидани машғулиятҳои аввалин аз рӯи мавзӯъҳои семинар ба онҳо дода мешаванд.
35. Машғулиятҳои гурӯҳи бо мақсади омӯхтани силоҳ ва техникаи ҳарби, ташкили кор фармудан, истифода ва таъмири онҳо гузаронида мешаванд.
36. Мақсади машғулиятҳои лаборатори амиқ ва мустаҳкам кардани дониши назариявии гирифташуда, ба тарбигирандагон омӯзонидани усулҳои тадқиқотию таҷрибави, ба вуҷуд овардани малакаи кор бо таҷҳизоти лаборатори, асбобҳои андозагири, назорати ва техникаи ҳисоббарор мебошад.
37. Машғулиятҳои амали бо мақсади аз худ кардани аслиҳа ва техника, кашидани нақшаҳо, дониши амалии забонҳои хориҷи гузаронида мешаванд. Машғулиятҳои амали метавонанд бо усули машқ гузаронида шаванд. Мавзӯи асосии онҳо кори амалии ҳар як тарбиягар мебошад.
38. Машғулиятҳои мустақилона бо роҳбарии омӯзгорон бо мақсади фаъолона аз худ кардани дониши нав, инчунин мустаҳкам, васеъ ва амиқ намудани дониши тарбиягирандагон гузаронида мешаванд. Машғулиятҳои мустақилона бо роҳбарии омӯзгорон дар соатҳое, ки ба ҷадвали машғулиятҳо муайян карда шудаанд, гузаронида мешаванд.
39. Лексияҳо, супоришҳо барои семинарҳо ва корҳои лаборатори, дастурҳои методи барои гузаронидани машғулиятҳои амали, гурӯҳи ва лаборатори аз тарафи омӯзгорон таҳия шуда, дар шӯрои педагогии литсейи ҳарби ё комиссияи фаннию методи барраси карда мешаванд ва аз ҷониби сардори литсейи ҳарби (муовини сардор оид ба корҳои таълими) тасдиқ карда мешаванд.
40. Барои гузаронидани машғулиятҳои таълими омӯзгорон нақшае тартиб медиҳанд, ки дар мавридҳои зарури метавонад дар маҷлиси шӯрои педагоги ё комиссияи фаннию-методии литсейи ҳарби барраси шавад ва тарафи сардори литсейи ҳарби (раиси комиссияи фаннию методи) тасдиқ мекунад.
ТАФТИШИ ХОНИШ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМИ ТАРБИЯГИРАНДАГОН
41. Тафтиши хониш ва сифати таълими тарбиягирандагон ба тафтиши ҷори ва ҷамъбасти тақсим мешавад.
Тафтиши ҷори барои санҷиши ҷараён сифати хониш (омӯзиш)-и маводи таълими, роҳбарии ҷараёни таълиму тарбия, ба корҳои таълими ҳавасманд гардонидани хонандагон ва такмили методи гузаронидани машғулиятҳо таъин мегардад. Он дар ҷараёни ҳамаи намунаҳои машғулият ба тарзи интихобнамудаи омӯзгорон гузаронида мешавад. Натиҷаҳои тафтиши ҷори дар дафтари баҳисобгирии машғулиятҳои таълими сабт карда мешаванд.
Тафтиши ҷамъбасти барои муайян намудани дараҷаи ноилшави ба мақсади таълим аз рӯи фанҳои таълими (гурӯҳи фанҳо) ё қисмҳои он таъин шудааст ва дар ҷараёни имтиҳонҳо (санҷишҳо) гузаронида мешавад. Тарзҳои тафтиши ҷамъбастии фанҳо ва қисмҳои онҳо тавассути нақшаи таълими муқаррар карда мешаванд.
42. Санҷишҳо тарзи тафтиши аз тарафи тарбиягирандагон иҷро гардидани корҳои лаборатори, азхудкунии маводи амалии машғулиятҳо ва семинарҳо мебошанд. Дар мавридҳои алоҳида санҷишҳо метавонанд аз рӯи ягон фан дар маҷмӯъ ё қисмҳои алоҳидаи он муқаррар карда шаванд. Миқдори санҷишҳо, аз ҷумла санҷиш оид ба оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи ҷисмони набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.
Санчишҳоро омӯзгороне қабул мекунанд, ки машғулиятҳоро дар взводҳо гузаронидаанд, ё ки аз ҳамон фанҳо лексия хондаанд. Қабули санҷишҳо дар соатҳое, ки барои омӯхтани фанни дахлдор муқаррар шудаанд, гузаронида мешаванд.
43. Имтиҳонҳо ба чунин мақсадҳо гузаронида мешаванд:
тафтиш ва арзёбии корҳои таълимии тарбиягирандагон; савияи дониши гирифтаи онҳо ва маҳорати истифодаи ин донишҳо дар ҳалли масъалаҳои амали, инкишофи тафаккури эҷоди, ба даст овардани малакаи амали ва маҳорат дар ҳаҷми талаботи барномаи таълими.
Имтиҳон давраи хотимавии омӯзиши фанҳо, инчунин сатҳ ва сифати таълими фанҳо мебошад. Ҷадвали имтиҳонҳоро шӯъбаи таълимии литсей тартиб медиҳад ва на дертар аз як моҳи саршавии имтиҳонҳо онро ба диққати омӯзгорон ва тарбиягирандагон мерасонад. Дар ҷадвал бояд барои тайёри ба ҳар як имтиҳон на камтар аз се рӯз ба назар гирифта шавад.
Тарбиятгирандагоне ба имтиҳон иҷозат дода мешаванд, ки ҳамаи талаботи барномаи таълимиро иҷро кардаанд.
Имтиҳон аз тарафи шахсе қабул карда мешавад, ки ба ӯ мутобиқи Низомнома иҷозати хондани лексияи ба ҳамин гурӯҳ дода шудааст. Ба ёрии имтиҳонгирандаи асоси метавонанд омӯзгороне таъин шаванд, ки дар гурӯҳ машғулият мегузаронанд. Ҳангоми имтиҳон тарбиягирандагон метавонанд аз барномаҳои таълими, маълумотномаҳо, ҷадвалҳо, амсилаҳо ва дастурҳои дигар, ки номгӯи онҳоро сардори литсейи ҳарби тасдиқ мекунад, истифода баранд.
Натиҷаи имтиҳонҳои тарбиягирандагон бо баҳоҳои "аъло", "хуб", "қаноатбахш", "ғайриқаноматбахш", инчунин "аз санҷиш гузашт" ё ки "аз санҷиш нагузашт", муайян карда мешавад. Натиҷаи имтиҳон ба тарбиятгиранда фавран баъди хотимаи имтиҳон эълон карда мешавад.
Варақаи имтиҳони дар як нусха тартиб дода мешавад ва аз тарафи аъзои комиссияи имтиҳонгиранда ва муовини сардори литсейи ҳарби оид ба корҳои таълим имзо карда мешавад ва ҳамчун ҳуҷҷати ҳисоботи қатъи нигоҳ дошта мешавад.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
44. Корҳои тарбияви дар литсейи ҳарби дар робитаи узви бо ҷараёни таълим дар асоси муносибати комплекси ба иҷрои масъалаҳои ғоявию ватандӯсти, ҳарби, ҳуқуқи, эстетики ва ҷисмони ташкил ва гузаронида мешаванд.
45. Масъалаҳои асосии корҳои тарбияви дар литсейи ҳарби инҳо мебоишанд:
дар замири тарбиягирандагон ташаккул додани этиқоди идеяви, садоқат ба Ватан, тарбияи ватандӯсти ва интернационализм, ҳисси масъулиятнокии шахси барои ҳимояи Ватани худ;
ташаккули маданияти умуми ва ахлоқии тарбиягирандагон, шинос кардани онҳо бо дастовардҳои маданияти милли ва ҷаҳони, арзишҳои маънави ва ахлоқии чамъияти сермиллат, тарбия дар рӯҳияи эҳтиром кардани эътибор, шараф, маданият, забон ва таърихи ҳар як халқ;
тарбия намудани тарбиягирандагон дар рӯҳияи риояи қонунҳо ва оинномаҳои ҳарби, дӯст доштани хизмати ҳарби, ҳисси ифтихор аз касби афсари, тарбияи сифатҳои зарурии ахлоқию маънави, ҷанги ва касби ҳарби, масъулият барои иҷрои қарзи шаҳрванди ва хизмати;
дар замири тарбиягирандагон тарбия намудани қобилияти мустаҳкам ва мунтазам гузаронидани сиёсати ҳарбии давлат дар ҳаёт, адои хизмат дар артиш дар шароити демократиконии ҳаёти ҷамъияти.
46. Корҳои тарбияви дар литсейи ҳарби мутобиқи дастурҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи оинномаҳои ҳарби, фармонҳо ва дастурҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешаванд. Корҳои мазкур аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи литсейи ҳарби, омӯзгорон ва қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар асоси ташкил намудани корҳои тарбияви бояд Нақшаи комплексии чорабиниҳо барои соли хониш бо истифодаи шаклҳо ва усулҳои гуногуни таълим, корҳои тарбияви, ташкилию тарғиботи ва маданию оммави бояд асоси ташкилии корҳои тарбияви бошанд. Тарзи асосии кори тарбияви кори мақсадноки инфироди бо ҳар як тарбиягиранда мебошад.
КОРҲОИ МЕТОДӢ
47. Корҳои методи дар литсейи ҳарби қисми таркибии ҷараёни таълиму тарбия ва яке аз намудҳои асосии фаъолияти фармондеҳони литсейи ҳарби, ҳайати омӯзгорон, қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон мебошанд.
Вазифаҳои асосии корҳои методи инҳо мебошанд:
такмили методика, баландбардории сатҳи таъсир ва сифати гузаронидани ҳамаи намудҳои машғулиятҳои таълими;
баланд бардоштани маҳорати педагогии фармондеҳон, ҳайати омӯзгорон, такмили ташкил ва таъмини ҷараёни таълиму тарбия. Маркази корҳои методи ротаи тарбиягирандагон мебошад.
48. Шакл ва намудҳои асосии корҳои методи дар литсейи ҳарби инҳо мебошанд:
ҷамъомад ва маҷлисҳои таълимию методи;
маҷлисҳои комиссияи фаннию методи бо баррасии масъалаҳои методикаи таълим ва тарбия;
машғулиятҳои методи, дастури методи, машғулиятҳои амалии кушод ва таҷрибави, инчунин лексияҳо, маърӯзаҳо, ахбор оид ба бо масъалаҳои методикаи таълим ва тарбия, педагогика ва психологияи умуми ва ҳарби;
таҳия ва такмили маводи таълимию методи, такмили таъминоти моддию техникии ҷараёни таълим;
гузаронидани озмоишҳои педагоги (методи) ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар ҷараёни таълиму тарбия, омӯхтан ва ба амал баровардани талаботи ҳуҷҷатҳои дастури таҷрибаи пешқадами педагоги, дар ҷараёни таълиму тарбия;
гузаронидани тафтиш аз рӯи машғулиятҳои таълими.
49. Ҷамъомадҳои таълимию методи дар литсейи ҳарби пеш аз:
саршави ё дар аввали соли хониш гузаронида мешаванд. Дар ҷамъомадҳо корҳои давраи таҳсил ҷамъбаст карда мешаванд, ақидаҳои ягона оид ба масъалаҳои таълими, корҳои методи ва тарбияви, инчунин методикаи гузаронидани машғулиятҳои мураккабтар таҳия карда мешаванд; машғулиятҳои дастурию методи, амали ва дигар машғулиятҳо гузаронида мешаванд, дар бораи тартиби баамалбарории талаботи нави ҳуҷҷатҳои дастури дар ҷараёни таълиму тарбия дастурҳо дода мешаванд.
50. Дар шӯроҳои педагогии литсейи ҳарби масъалаҳои такмил додани сохтор ва мазмуни фанҳои таълими, методикаи гузаронидан ва таъминоти моддию техникии машғулиятҳои таълими, омодагии кадрҳои илмию педагоги ва баландбардории ихтисоси ҳайати шахсии литсейи ҳарби ва дигар масъалаҳо муҳокима карда мешаванд.
51. Машғулиятҳои дастурию методи аз рӯи мавзӯъҳои нисбатан зарури ва мураккаби барномаи таълими гузаронида мсшаванд, барои гузаронидани онҳо махсусан қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон ҷалб карда мешаванд. Машғулиятҳои дастурию методи бо мақсади такмили методикаи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо, беҳтар азхуд кардани самаранокии равиши методи, муқаррар намудани ягонагии масъалаҳои таълими гузаронида мешаванд.
Машғулиятҳои дастурию методи аз тарафи сардор ва муовинони сардори литсейи ҳарби, омӯзгорон, қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон гузаронида мешаванд.
52. Машғулиятҳои намунави аз ҷониби методистони беҳтарин бо мақсади нишон додани ташкили намунави ва методикаи гузаронидани машғулиятҳо, иҷрои усулҳои самаранок дар машғулиятҳои лаборатории бо истифодаи таҷҳизот, силоҳ ва техникаи ҳарби, дигар ҷузъҳои базаи таълими ва модди гузаронида мешаванд.
Машғулиятҳои намунави мутобиқи ҷадвали машғулиятҳои таълими ва ҷалб кардани қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон гузаронида мешаванд.
53. Машғулиятҳои кушод мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои таълими бо мақсади таҷрибаивазкуни, расонидани ёри ба омӯзгорон ва қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон дар ташкили машғулиятҳо ва методикаи гузаронидани онҳо, инчунии бо мақсади тафтиши машғулиятҳои таълими гузаронида мешаванд.
54. Машғулиятҳои намунави, кушод ва озмоиши дар шӯрои педагогии омӯзгорон ва қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон, ки дар машғулиятҳо иштирок кардаанд, муҳокима карда мешаванд. Таҳлили мушғулияти кушоди гузаронидашуда ва арзёбии он дар дафтари тафтиши машғулиятҳои таълими қайд карда мешаванд.
55. Тафтиши мяшғулиятҳои таълими аз тарафи сардори литсейи ҳарби, шӯъбаи таълим, омӯзгорони калон, қумондонони ротаҳои тарбиягирандагон бо мақсади муайян намудани сатҳи метоии машғулияти гузаронида шуда, дараҷаи ноил шудан ба мақсадҳои таълиму тарбия, сатҳи тайёрии шахсоне, ки машғулиятҳоро мегузаронанд, гузаронида мешавад. Тафтиши машғулиятҳои таълими мумкин аст, мувофиқи нақша ё берун аз нақша бошад. Таҳлили машғулиятҳои санҷиши тафтишшуда ва натиҷаи онҳо дар дафтари тафтиши машғулиятҳои таълими инъикос карда мешавад ва ба диққати ҳайати омӯзгорон ва афсарон расонида мешавад. Тафтиши машғулиятҳои таълими, ки на зиёда аз як маротиба дар нимсол мегузаранд, тафтиши донишҳоеро, ки ҳар як шахси ҳайати омӯзгорон ва қумондонони воҳидҳои тарбиягирандагон медиҳанд, таъмин намояд.
56. Кори методи барои соли таҳсил гузаронида мешавад (ба нақша гирифта мешавад) ва ҳамчун қисми мустақил ба нақшаи кории сол ва моҳи таҳсил дохил карда мешавад.
57. Таълими қумондонии афсарони ҳайати доимии литсейи ҳарби бо мақсади баланд бардоштани сатҳи идеявию назарияви, дониши касби ва малакаи методии онҳо гузаронида мешавад. Он тибқи масъалаҳое, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст, иҷро мегардад.
Банақшагири ва ташкили таълими қумондони мутобиқи дастур "Дар бораи ташкил кардани таълими қумондонии генералҳо, афсарони ҳайати доимии муассисаҳои таълими ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом дода мешавад.
V. БАЗАИ МОДДИЮ ТАЪЛИМӢ
58. Базаи моддию таълимии литсейи ҳарби - ин маҷмӯи воситаҳои модди ва техники, иншооте, ки барои таъминоти тайёр намудани тарбиягирандагон мутобиқи нақша, барномаҳои таълими ва методикаи ҳозиразамони таҳсил, инчунин барои тайёр намудани мутахассисони илмию педагоги пешбини шудаанд, мебошад.
Кисмҳои асосии базаи моддию таълими инҳо мебошанд:
базаи лабораторию таълими (дастгоҳ ва таҷҳизоти лаборатори, техникаи ҳисоббарор, воситаҳои техникии таълим ва назорат, асбобҳои аёни);
биноҳои машқи таълими, синфҳои истифодабари, утоқҳои кори, лабораторияҳо, китобхонаҳои таълими, толорҳои хониш, хонаҳои муаллимон ва дигар биноҳои таълими ва таълимию тарбияви;
комплексҳо ва иншооти варзиши, шаҳрчаҳои таълими, майдонҳои сафдори, тирҳо ва дигар иморатҳо барои тайёрии умумии ҳарби;
устохонаҳои таълими истеҳсоли, лабораторияҳо;
китобҳо ва дастурҳои таълими, адабиёти илми ва маълумотномаҳо, оинномаҳо, дастуруламалҳо, роҳнамоҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёри ва маводи таълимию методи;
дигар воситаҳои моддию техники, иморат ва иншоот.
59. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон литсейи ҳарбиро бо мавод ва воситаҳои зерин таъмин мекунад:
техникаи ҳисоббарор, таҷҳизот, асбобҳо, воситаҳои техникии таълим, қисмҳои эҳтиёти, абзорҳои таъмир ва дигар асбобу анҷоми ҳарбию таълими мувофиқи штатҳо, табели штати ва меъёри таъминот. Меъёри таъминот аз тарафи сардоре, ки литсей тобеи ӯст, баъди ҳар 5 сол барраси мегардад ва аниқ кардани он ҳар сол то 1 июл гузаронида мешавад;
китобҳо ва дастурҳои таълими, адабиёти илмию методи - аз рӯи ҳисоби якнусхаги, сарфи назар аз мавҷуд будани мӯҳри хизмати, ба ҳар кадоме аз омӯзгорон ва тарбиягирандагоне, ки фанҳоро дар як вақт меомӯзанд, оинномаҳо, дастуруламалҳо, роҳнамоҳо;
кинофилмҳои таълими мутобиқи дастур оид ба истеҳсоли кинофилмҳо барои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи кирояи кинофилмҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
60. Миқдор ва масоҳати дарсхонаҳо, синфҳои махсусгардонидашуда, утоқҳои кори, лабораторияҳо, утоқҳои хизмати, таълимию тарбияви ва дигар биноҳо бояд бо меъёрҳои ҷобаҷокуни қисмҳои ҳарби, муассиса ва донишгоҳҳои таълими ҳарби мутобиқ бошанд.
61. Номгӯй, миқдор ва ғунҷоиши иншоотҳои варзиши ва ҷой барои гузаронидани тарбияи ҷисмони ва корҳои варзиши оммави би тарбиягирандагон мувофиқи Дастуруламал доир ба тарбияи ҷисмони муайян карда мешаванд.
62. Дар литсейи ҳарби нақшаи дурнамо (панҷсола)-и пешрафт ва такмилдиҳии базаи моддию таълими, таҳия карда мешавад, ки он бо супоришдиҳандагони дахлдор (онҳое, ки фармоиш медиҳанд ва таъминкунандагон), мақомот, хадамот (супоришдиҳандагони асоси) мувофиқа карда мешаванд ва аз тарафи сардоре, ки литсейи ҳарби тобеи ӯст, тасдиқ карда мешавад.
Мутобиқи нақшаи дурнамо нақшаи пешрафт ва такмилдиҳии базаи моддию таълими барои ҳар соли тақвими таҳия ва аз тарафи сардори литсейи ҳарби тасдиқ карда мешавад.
63. Хароҷоти маблағҳои барои маош, пешрафт ва такмил додани базаи моддию таълими, харидории маводи хароҷоти ва барои дигар заруриятҳо аз ҳисоби маблағгузории моддаҳои дахлдори сметаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
64. Дар литсейи ҳарби мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" метавонанд ташкилотҳои ҷамъияти ва ҷамъияти ихтиёриён (шӯрои коллективи тарбиягирандагон, шӯрои ихтироъкорон, навоварон ва ғайра) таъсис дода шаванд. Диққати асосии ташкилотҳои ҷамъияти ва ҷамъияти ихтиёриён ба ҳадафҳои зерин равона карда мешавад:
ба натиҷаҳои баланди ниҳоии тайёр намудани мутахассисон дар ҷараёни таълиму тарбия ноил шудан;
ба инкишофи ҳаматарафаи тарбиягирандагон баландбардории маданияти умумии онҳо, ташаккул додани мавқеи фаъоли ҳаёти;
ба рушди демократикунонӣ, ошкорбаёнӣ, ташкили шароити эҷодӣ ва муҳити мусоиди маънавӣ дар коллектив.