Тартиби муваққати ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтҳои андоз ва дигар пардохтҳо ба буҷет аз 2 сентябри соли 1998, № 333

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009с. № 236 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 1998 № 333

тасдиқ шудааст

Тартиби муваққати ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтҳои андоз ва дигар пардохтҳо ба буҷет

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи асосҳои системаи андоз" тартиби муваққатии зерини ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтҳои андозро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ мекунад, муқаррар мекунад.

1. Мақомоте, ки ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтҳоро амалӣ мекунанд

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи асосҳои системаи андоз" ба таври истисно бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии андозҳоро ба буҷети ҷумҳурӣ дошта, ба таъхир андохтан ва мӯҳлатдиҳиро аз рӯи андозҳои зерин амалӣ мекунад:

андоз аз фурӯш;

андоз аз арзиши иловашуда;

акцизи намудҳои алоҳида ва намудҳои ҷудогонаи молҳо;

андоз аз даромади фаъолияти суғурта;

андоз аз фаъолияти биржавӣ (андози биржавӣ);

андоз аз муомилот бо қоғазҳои арзишнок;

боҷу хироҷи гумрукӣ;

ҳиссаҷудокунӣ барои такрористеҳсолкунии пойгоҳи (базаи) маъданию ашьёи хом, ки ба фондн махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад;

пардохтҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (ба ғайри об ва ҷангал);

андоз аз даромади фоидаи корхонаҳо;

андоз аз даромади ашхоси воқеӣ;

андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, воситаҳои худҳаракат ва механизмҳо;

андозҳое, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Фонди роҳ" гузаронида мешаванд;

ҳиссаҷудокунӣ ба Фонди барқарорсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Фонди барқарорсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода";

боҷи давлатӣ;

пардохти истифодаи об, ки корхонаи саноатӣ аз системаи хоҷагии об мегиранд;

андоз аз амволи ашхоси воқеӣ;

андози замин;

боҷ барои гирифтани иҷзатнома оиди таъсис додан ва давом додани фаъолияти намояндгии ширкати хориҷӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

боҷи патент барои машғул шудани соҳибкор ба намуди муайяни фаъолият бе ташкили ашхоси ҳуқуқӣ;

боҷи Бозрасии давлатии автомобилӣ;

хироҷи патентӣ;

хироҷи иер (хироҷ барои таҳлил ва мӯҳразании маҳсулот аз металлҳои қиматбаҳо);

боҷ барои ташхис, мӯҳрзанӣ, тадбирҳои санҷишӣ ва асбобҳои ченкунанда;

ҷаримаҳои гуногун ва муҷозот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақомоти дахлдори молиявӣ мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи асосҳои системаи андоз" салоҳияти ба таври истисно бо қарори Раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии андозҳои маҳаллии зеринро доранд:

андоз барои сохтмони объектҳои аҳмияти истеҳсолӣ дошта дар минтақаи курортӣ;

боҷи курортӣ;

боҷи ҳуқуқи савдо, аз ҷумла дар бозорҳои колхозӣ;

боҷҳои мақсаднок аз шаҳрвандон ва корхонаҳо, идораҳо ва ташкилот барои нигаҳдории мақомоти маҳалии ҳифзи ҳуқуқ ва ободонии гирду атроф;

андоз барои реклама;

боҷ аз соҳибони сагҳо;

боҷи иҷозатномаи (лицензия) ҳуқуқи гузаронидани лотореяҳои маҳаллӣ;

боҷи додани фармон барои манзил ё ки ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи шахсӣ, боғот, гараж;

боҷ барои ҳуқуқи бардоштани навори кино ва навори телевизионӣ;

боҷ барои кушодани бизнеси қимор (гузоштани автоматҳо ва дигар таҷҳизот бо бурди молӣ ва пулӣ, мизҳои қартабозӣ, чархи қимор (рулетка) ва воситаҳои дигари бозӣ ;

андоз аз ҳайвоноте, ки моликияти шахсӣ мебошанд, ё ки ашхоси воқеӣ онҳоро нигоҳ медоранд;

андоз барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашони шаҳрӣ (ғайр аз таксии маршрутӣ ва таксӣ).

II. Асноде, ки дар асоси онҳо иҷозати ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтҳои андоз ба буҷет дода мешаванд

1. Ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳӣ оид ба андозҳои ҷумҳуриявие, ки дар банди якуми ҳамин Низомнома нишон дода шудааст, дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ мешавад:

а) аризаи андозсупоранда;

б) маълумоти мақомоти дахлдоре, ки ҷаримаро дар намуди пардохтҳо, ки аз рӯи онҳо қарздориҳо (бақияпулиҳо) вуҷуд доранд, меситонанд.

2. Ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳӣ оид ба андозҳои маҳаллие, ки дар банди дуюми ҳамин Низомнома нишон дода шудааст, дар асори ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ мешавад:

аризаи андозсупоранда;

маълумоти мақомоти дахлдори андоз дар бораи маблағҳо ва намудҳои андозе, ки аз рӯи онҳо (бақияпулиҳо) қарздориҳо вуҷуд доранд.

III. Мӯҳлати ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохт ба буҷет

5. Аз рӯи андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба авдозсупорандаҳо ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтро ба буҷет дар соли равон баъди гирифтани ҳуҷҷатҳои дар ҳамин низомнома нишондодашуда, ба мӯҳлати на бештар аз 6 моҳ дода мешавад.

Тартибу ҳолати зикршуда ба бақияпулиҳои солҳои гузашта дахл надорад.

Иҷозатӣ ба таъхир андохтани мӯҳлат ва мӯҳлатдиҳии пардохтҳои муҷозоти молиявӣ аз тарафи мақомоти андозӣ, ки ин муҷозотро бастаанд ба муддати на бештар аз як сол дода мешавад.

Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 29.04.2009г. №236

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 сентября 1998 года № 333

ВРЕМЕННЫЙ ПОРЯДОК

предоставления отсрочек и рассрочек налоговых и других платежей в бюджет

Правительством Республики Таджикистан в соответствии со статьей 23 Закона Республики Таджикистан "Об основах налоговой системы" установлен следующий временный порядок предоставления отсрочек и рассрочек платежей по налогам, предусмотренным этим Законом.

I. Органы, предоставляющие отсрочки и рассрочки платежей в бюджет

1. В соответствии со статьей 19 Закона Республики Таджикистан "Об основах налоговой системы" органом, предоставляющим отсрочки и рассрочки платежей в республиканский бюджет является Министерство финансов Республики Таджикистан, которое в исключительном порядке, по решению Правительства Республики Таджикистан предоставляет отсрочки по

следующим налогам:

налог с продаж;

налог на добавленную стоимость;

акцизы на отдельные группы и виды товаров;

налог на доходы от страховой деятельности;

налог с биржевой деятельности (биржевой налог);

налог на операции с ценными бумагами;

таможенная пошлина и другие таможенные платежи;

отчисления на воспроизводство минерально-сырьевой базы зачисляемые на специальный фонд Республики Таджикистан;

платежи за пользование природными ресурсами (кроме воды и леса);

налог на прибыль предприятий;

подоходный налог с физических лиц;

налог на владельцев транспортных средств и других самоходных машин и механизмов;

налоги зачисляемые в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О дорожном фонде";

отчисления в фонд ликвидации последствий чрезвычайных ситуаций в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О фонде ликвидации чрезвычайных ситуаций";

государственная пошлина;

плата за воду, забираемую промышленными предприятиями из водохозяйственных систем;

налог на имущество физических лиц;

земельный налог;

сбор за выдачу разрешения на открытие и продление срока деятельности в Республике Таджикистан представительств иностранных фирм, банков и других организаций;

плата (сбор) за патент на занятие предпринимателя определенным видом деятельности без образования юридического лица;

сборы государственных автомобильных инспекций;

патентные пошлины;

пробирная пошлина (сбор на анализ и клеймение изделий из драгоценных металлов);

сбор за проверку, клеймение и экспертизу мер и измерительных приборов;

различные штрафы и санкции в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

2. В соответствии со статьей 20 Закона Республики Таджикистан "Об основах налоговой системы" соответствующими финансовыми органами республики в исключительном порядке по решению Председателе областей, городов и районов предоставляются отсрочки и рассрочки по следующим налогом:

налог на строительство объектов производственного назначения в курортной зоне; курортный сбор;

сбор на право торговли, в том числе колхозных рынков;

целевые сборы граждан и предприятий, учреждений, организаций на содержание (местной) милиции;

налог на рекламу;

сбор с владельцев собак;

лицензионный сбор за право проведения местных лотерей;

сбор за выдачу ордера на квартиру или за выделение земельного участка под строительство индивидуального жилья, дачного домика или гаража; сбор за право проведения кони и телесъемок;

сбор за открытие игорного бизнеса (установка автоматов и другого оборудования с вещевым или денежным выигрышем, карточных столов, рулетки и иных средств для игры);

налог на скот, находящийся в собственности и на содержании физических лиц;

налог на содержание общественного городского пассажирского транспорта (кроме маршрутного такси и такси);

II. Документы, на основании которых предоставляются отсрочки и рассрочки платежей в бюджет

1. Отсрочки и рассрочки по республиканским налогам, указанным в пункте 1 настоящего Положения, предоставляются на основании следующих документов;

заявление налогоплательщика;

справка органа о суммах и видах налогов, по которым имеется задолженность (недоимка).

2. Отсрочки и рассрочки по местным налогом указанным в пункте 2 настоящего Положения предоставляются на основании следующих документов:

заявление налогоплательщика;

справка налогового органа о суммах и видах налогов, по которым имеется задолженность (недоимка).

III. Сроки предоставления отсрочек и рассрочек платежей в бюджет

По республиканским и местным налогам налогоплательщикам предоставляются отсрочки и рассрочки по платежам в бюджет в пределах текущего года после получения предусмотренных настоящим Положением документов на срок не более шести месяцев.

Указанные условия не распространяются по недоимкам прошлых лет. Отсрочки и рассрочки уплаты наложенных финансовых санкций предоставляются налоговыми органами, наложившими санкции, на срок не более одного года.