Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 611
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 375, аз 2.09.2010 № 448, аз 3.04.2012 № 152, аз 02.11.2012 № 632)
I. Мукаррароти умумӣ
1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳукуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд, маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
2. Роҳбарии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
З. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии, ки эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.
II. Ваколатҳо
5. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тибқи онҳо қабули қарори Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон тақозо мегардад ва мутобиқи банди 1 Ннзомномаи мазкур ба фаъолияти Кумита тааллуқ доранд, инчунин лоиҳаи нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаро пешниҳод менамояд;
- роҳбарии системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили тайёрӣ ва таъмини омодагии доимии онро анҷом медиҳад;
- самтҳои асосии фаъолияти системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат, инчунин пешбурд, рушд ва тамили онро муайян менамояд;
- нақшаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди мамлакатро дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таҳия ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро татбиқ менамояд;
- дар таъсис, таҷҳизонӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждание, ки барои бартарафсозии окибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар замони осоишта ва ҷанг пешбинӣ шудаанд, иштирок менамояд;
- ба қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбии Кумита, инчунин таъминоти моддию техникӣ ва молиявии онҳоро роҳбарии менамояд;
- қувваҳои мудофиаи гражданиро дар ҷараёни анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда идора мекунад;
- тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва амалҳои онҳоро дар ҳолатҳои фақулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ташкил менамояд;
- барномаҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳону сардорон ва ҳайати шахсии мақомоти идора, қӯшунҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таҳия, мувофиқа ва тасдиқ менамояд;
- пешниҳодҳоро оид ба ташкили амволи махсуси мудофиаи гражданӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд, инчунин назорати пуррагардонӣ, ҷойгиркунӣ, шароити нигоҳдорӣ ва сари вақт нав кардани захираҳои сафарбариро анҷом медиҳад;
- корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва ихтироотиро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди мамлакат аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҷуми душман ва хатарҳое, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ, инчунин дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ба вуқӯъ меоянд, ташкил менамояд;
- ҳамкориҳои мутақобилан муфидро бо назорату идораҳо, ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, дар соҳаи паст карданн хавфи ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо, таҳлил, ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот ба роҳ мемонад;
- корҳои ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида расонидани кӯмакҳои башардӯстона, захираҳои моддию техникие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҷудо мегарданд, инчунин назорати истифодаи мақсаднок, тақсимот ва хароҷоти онҳоро ҳамоҳанг месозад; гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро ташкил менамояд;
- лоиҳаҳои нақшаҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди мамлакатро аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таҳия намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Кумита, дар хусуси офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои бузург ва оқибатҳои онҳо иттилоъ медиҳад;
- фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт, ҳудуд, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҳамоҳанг месозад ва назорат менамояд;
- огоҳонии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва аҳолии мамлакатро дар бораи таҳдид ва сар задани амалиёти ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ташкил менамояд;
- бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқараргардида барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва техникӣ таъсис медиҳад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба муайян намудани самтҳои афзалитятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи мониторинг, пешгӯӣ, пешгирӣ, сабук кардан ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншооти муҳими иқтисодӣ гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ пешниҳодҳо таҳия намуда, барои татбиқ ва амалӣ гардонидани онҳо мусоидат менамояд;
- дар гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои сохтмони объектҳо дар қисмати риояи талаботи "Меъёрҳои лоиҳакашӣ, муҳандисию техникӣ" иштирок менамояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ҳайат, ҷойгиронӣ ва таҷиҳозонии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро муайян менамояд;
- корҳои таъсис ва истифодаи воҳидҳои садамавиго наҷотдиҳии доимо омодабошро барои гузаронидани корҳои фаврии маҳдудкунии оқибатҳои ҳолатҳои фанқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ташкил мекунад;
- назорат ва роҳбарии методии корҳоеро, ки барои баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг ба ҷо оварда мешаванд, анҷом медиҳад;
- дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ самтҳои афзалиятнокро муайян намуда, таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникиро ташкил менамояд;
- омодагии ҷангӣ ва сафарбарсозии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Кумитаро ба нақша гирифта, масьалаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбариро дар тамоми воҳидхои сохтории Кумита таъмин ва назорат мекунад;
- дар ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг истифодаи қӯшунҳои мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҳамкории онҳоро бо қисмҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждаиӣ таъмин менамояд;
- ҷиҳати муҷаҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои Кумита оид ба истеҳсол, тайёр кардан, интиқоли лавозимот, таҷҳизот, механизмҳо ва дигар амвол шартномаҳо мебандад;
- тибқи тартиби муқарраргардида таъсис, тақсимот ва дастрас гардонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба аҳолии мамлакат ва ба аҳолии кишварҳои хориҷие, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, ташкил мекунад;
- ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои пулӣ ва кӯмакҳои моддие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, инчунин аз дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони алоҳида, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Кумита барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ворид мегарданд, мақоми ҳамоҳангсоз, тақсимкунанда ва назоратӣ мебошад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар доираи шумораи муқарраргардидаи фонди музди меҳнат оид ба таъсиси қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои системаи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита дастурамалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии методиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- корҳои оид ба ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонеро, ки дорои таҷрибаи гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, ҷиҳати иттироки онҳо дар ин чорабиниҳо тибқи тартиби муқарраргардида ташкил мекунад; дар ҳолати зарурӣ наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ, иаҷогдиҳандагони ташкилотҳои машғули фаъолияти сайёҳию кӯҳнавардӣ, инчунин шаҳрвандони дорои таҷрибаи наҷотдиҳиро, ки тайёрии онҳо бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шудааст, ба таври ихтиёрӣ ҷиҳати иштирок дар корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, ҷалб менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ, тибқи тартиби муқарргардида вобаста ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кӯмак ба аҳолӣ, ҳамкориҳои байналмилалиро ба ҷо меорад, инчунин таҳлил ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар ин самт анҷом медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои Кумита иштирок менамояд;
- роҳбарии фаъолияти наҷотдиҳандагоне, ки аз хориҷа ҷиҳати расонидани кӯмак дар рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, анҷом медиҳад;
- доир ба истифодаи мақсадноки маблағҳо ва кӯмакҳои башардӯстонаи барои аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида ҷудогардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
- бо вазорату идораҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо хамкории мутақобиларо ба роҳ монда, иҷрои ӯхдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеоянд, таъмин менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ҳамоҳанг месозад;
- тибқи тартиби муқараргардида озмунҳо гузаронида, оид ба таъмини мавод, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо барои ҳалли эҳтиёҷоти Кумита шартномаҳои давлатӣ мебандад, инчунин гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мемонад;
- функсияи ихтиёрдори асосӣ ва тақсимкунандан воситаҳои буҷети давлатиро, ки барои таъминот ва ҳалли вазифаҳои Кумита ҷудо шудаанд, анҷом медиҳад;
- қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва пурраи аризаҳои хаттӣ ва шифоҳии онҳоро таъмин намуда, оид ба онҳо қарор қабул мекунад ва дар мӯҳлати муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон ҷавоб ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- тайёрии сафарбаррии Кумитаро таъмин менамояд, тайёрии сафарбарии сохторҳои таркибии тобеъро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад;
- тайёрии касбии кормандони Кумита, бозомӯзӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил менамояд;
- мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии Кумита корҳоро ташкил менамояд;
- дигар ваколатҳоро дар доираи фаъолият, ки қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон псшбинӣ намудааст, ба иҷро мерасонад;
- бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳиро дар иншооти саноати кӯҳкорӣ, сохтмон ва истифодабарии нақбҳо, иншооти гидроэнергетикию гидротехникӣ, инчунин дар дигар иншооти ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта, ки корҳои кӯҳӣ мегузаронанд ва ё коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ доранд, амалӣ менамояд
- вазифаҳои асосии системаи ягонаи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи расонидани таъсири фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ, геофизикӣ ва ғайраҳоро анҷом медиҳад ();
- системаи огоҳсозӣ аз офатҳои табиӣ ва техногениеро, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва хисорот мегардад, такмил медиҳад ().
6. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар доираи фаъолияти худ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба ҳалли масъалаҳои Кумита зарур мебошанд, талаб намояд ва ба даст орад;
- тибқи тартиби муқараргардида нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои идоравӣ тасис намуда, бо онҳо шаҳрвандон ва кормандонро барои фаъолият дар соҳаи муқарраргардида сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳа муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони алоҳидаро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ, экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо ва ҳайати мушовара), таъсис намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, эълонҳои расмӣ ва дигар мавод оид ба фаъолияти Кумита воситаи ахбори чопи оммавӣ таъсис намояд;
- тибқи тартиби муқараргардида воситаҳои нақлиёти махсус дошта бошад, ки бо аломатҳои фарқкунанда, сигналҳои равшанию садоӣ ва воситаҳои алоқа таҷҳизонида шудаанд;
- ҳолат ва омодагии мудофиаи гражданиро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шакли хоҷагидорӣ аз рӯи нақша ё ба таври ногаҳонӣ санҷиш намояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун намунаҳои нави техникаи махсусгардонидашуда, таҷҳизот, лавозимот ва воситаҳои ҳифзи аҳолиро қабул намуда, намунаҳои кӯҳнашудаи онҳоро аз истифода хориҷ намояд;
- техника, таҷҳизот, лавозимот ва дигар арзишҳои моддиро (ба истиснои тамоми намудҳои аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ), ки мӯҳлати муқарраргардидаашон гузашта, аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳнаю фарсуда ва корношоям шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшад:
- дар сохтмони иншооти муҳофизатии аҳолӣ, инчунин ҷиҳати қонеь гардонидани эҳтиёҷоти манзилию маишии хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиёни Кумита, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохтории он ҳамчун фармоишгар баромад намояд:
- тибқи тартиби муқарраргардида мутахасисони давлатҳои хориҷӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷиҳати иштирок дар гузаронидани экспертизаи давлатии ҳудуд, иншоот ва истеҳсолоти махсуси хатарнок ҷалб намояд:
- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазири ирафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллодае, ки дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба миён омадаанд, оид ба ҷалби қувва ва воситаҳои зарурӣ қарорҳо қабул намояд;
- системаи давлатии корҳоро оид ба таъсиррасонии фаъол ба ҷараён ва падидаҳои гидрометеорологӣ ва геофизикӣ амалӣ намояд ();
- чорабиниҳоро оид ба таъмини бехатарии аҳолӣ ҳангоми ба кор бурдани таҷҳизоти зидди жола гузаронад ().
Қарорҳои Кумита дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ҷиҳати иҷро барои тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеъияияташон ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ вазифадоранд бо Кумита, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шахру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд.
7. Кумита дар доираи фаъолияти худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ҳуқуқ надорад вазифаҳои назоратӣ, инчунин вазифаҳои идораи амволи давлатиро анҷом диҳад.
Маҳдудияти дар сархати 1 ҳамин банд пешбинигардида нисбат ба ваколатҳои Раиси Кумита дар идораи амволи ба Кумита бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташуда, ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ташкилии фаъолияти Кумита татбиқ намегардад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбииӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин махдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақимаи дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Кумита муассисаи ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳукуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқие, ки барои хизматчиёии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, татбиқ мегардад.
Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа ва аз вазифа озод мекунад. Раис барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи фаъолияти Кумита шахсан масъул мебошад.
Раис муовинон дорад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъии ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинони Раисро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
9. Воҳидҳои сохтории Кумитаро рассатҳо, қисмҳоп жпомн, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар ташкилотҳо вобаста ба самти фаъолият ташкил менамоянд. Дар раёсатҳо шӯъбаҳо амал мекунанд.
Дар штати Кумита ва сохторҳои таркибии ои хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиён шомилалд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ (гайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмӣ) шаҳодатномаҳои шахсии хизматчии ҳарбӣ дода шуда, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва бо худ гирифта гаштани яроқи оташфишонии табелӣ иҷозат дода мешавад.
Дар дастгоҳи марказии Кумита ба кор қабул ва аз кор озод намудани коргарон ва хизматчиёнро Раиси Кумита анҷом медиҳад.
Фаъолияти меҳнатии коргарон ва хизматчиён дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиён Кумита ҳуқуқ дорад хоҷагиҳои ёрирасон донита бошад.
Бо хизматчиёни ҳарбӣ пуррагардонии Кумита мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" сурат мегирад.
10. Раиси Кумита:
- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумитаро тасдиқ менамояд;
- кормандони Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои гузаштани хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали штатии Кумитаро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумита на сохторҳои таркибии онро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси буҷети ҷумҳурӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита пешниҳод манзур менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод мемамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани сохторҳои пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуданн роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумитаро ба анҷом мерасонад, бо роҳбароии зикргардида шартномаҳои меҳнатӣ таҳия мебандад, тағйир медиҳад ва ё барҳам медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва хизматчиёни Кумита пешниҳод манзур менамояд;
- дар асос ва талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо оид ба масъалаҳои ба Кумита вобастагардида ва масъалаҳои ташкили фаъолияти ҳамарӯза тасдиқ менамояд.
11. Кумита аз ҳисоби маблағҳое, ки буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
12. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, шумораи штатӣ Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, дигар мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои намунаи муқарраргардида ва ҳисобномаҳо мебошад, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд ва аз суратҳисоби ягонаи хоҷагидории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
13. Суроғаи ҳуқуқии Кумита - 734013, шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 611
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарситод
Раёсати корҳо ва нашрияи Кумита
Раёсати кадрҳо
Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд
Раёсати молия ва иқтисод
Раёсати қушунҳои мудофиаи гражданӣ
Раёсати корҳои тарбиявӣ
Раёсати ҳамкории байналмилалӣ
Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагон
хорич карда шуд
Шӯъбаи ҳуқуқ
Шӯъбаи корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурнн Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 611
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Маркази идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
Раёсати тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбӣ
Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қӯшунҳо ва истифодабарии биноҳо
Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, нақлиёт ва техника ва хоҷагии ёрирасони "Наҷот"
Раёсати истифодабарии снстемаи "Усой" ва масъалаҳои кӯли Сарез
Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе
Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо
Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании минтақаҳои Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб
Маркази таъиноти махсус оид ба иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд "Маркази наҷотдиҳӣ"
Маркази таьлимию методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
Дастаи зудамали шаҳри Хуҷанд
Қисмҳом ҳарбии мудофиаи гражданӣ
Хориҷ карда шуд
Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ
Маркази иттилоотию таҳлилӣ
Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ .
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Точнкисгои
аз 28 декабри соли 2006 № 611
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ"
Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи бо оби нӯшоки таъмин намудаии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ"
Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар шаҳри Норак
Взводи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар шаҳри Роғун
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 611
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 375, аз 2.09.2010 № 448)
I. Мукаррароти умумӣ
1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳукуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд, маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
2. Роҳбарии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
З. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии, ки эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.
II. Ваколатҳо
5. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тибқи онҳо қабули қарори Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон тақозо мегардад ва мутобиқи банди 1 Ннзомномаи мазкур ба фаъолияти Кумита тааллуқ доранд, инчунин лоиҳаи нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаро пешниҳод менамояд;
- роҳбарии системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили тайёрӣ ва таъмини омодагии доимии онро анҷом медиҳад;
- самтҳои асосии фаъолияти системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат, инчунин пешбурд, рушд ва тамили онро муайян менамояд;
- нақшаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди мамлакатро дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таҳия ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро татбиқ менамояд;
- дар таъсис, таҷҳизонӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждание, ки барои бартарафсозии окибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар замони осоишта ва ҷанг пешбинӣ шудаанд, иштирок менамояд;
- ба қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбии Кумита, инчунин таъминоти моддию техникӣ ва молиявии онҳоро роҳбарии менамояд;
- қувваҳои мудофиаи гражданиро дар ҷараёни анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда идора мекунад;
- тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва амалҳои онҳоро дар ҳолатҳои фақулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ташкил менамояд;
- барномаҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳону сардорон ва ҳайати шахсии мақомоти идора, қӯшунҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таҳия, мувофиқа ва тасдиқ менамояд;
- пешниҳодҳоро оид ба ташкили амволи махсуси мудофиаи гражданӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд, инчунин назорати пуррагардонӣ, ҷойгиркунӣ, шароити нигоҳдорӣ ва сари вақт нав кардани захираҳои сафарбариро анҷом медиҳад;
- корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва ихтироотиро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди мамлакат аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҷуми душман ва хатарҳое, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ, инчунин дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ба вуқӯъ меоянд, ташкил менамояд;
- ҳамкориҳои мутақобилан муфидро бо назорату идораҳо, ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, дар соҳаи паст карданн хавфи ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо, таҳлил, ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот ба роҳ мемонад;
- корҳои ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида расонидани кӯмакҳои башардӯстона, захираҳои моддию техникие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҷудо мегарданд, инчунин назорати истифодаи мақсаднок, тақсимот ва хароҷоти онҳоро ҳамоҳанг месозад; гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро ташкил менамояд;
- лоиҳаҳои нақшаҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди мамлакатро аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таҳия намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Кумита, дар хусуси офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои бузург ва оқибатҳои онҳо иттилоъ медиҳад;
- фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт, ҳудуд, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҳамоҳанг месозад ва назорат менамояд;
- огоҳонии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва аҳолии мамлакатро дар бораи таҳдид ва сар задани амалиёти ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ташкил менамояд;
- бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқараргардида барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва техникӣ таъсис медиҳад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба муайян намудани самтҳои афзалитятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи мониторинг, пешгӯӣ, пешгирӣ, сабук кардан ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншооти муҳими иқтисодӣ гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ пешниҳодҳо таҳия намуда, барои татбиқ ва амалӣ гардонидани онҳо мусоидат менамояд;
- дар гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои сохтмони объектҳо дар қисмати риояи талаботи "Меъёрҳои лоиҳакашӣ, муҳандисию техникӣ" иштирок менамояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ҳайат, ҷойгиронӣ ва таҷиҳозонии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро муайян менамояд;
- корҳои таъсис ва истифодаи воҳидҳои садамавиго наҷотдиҳии доимо омодабошро барои гузаронидани корҳои фаврии маҳдудкунии оқибатҳои ҳолатҳои фанқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ташкил мекунад;
- назорат ва роҳбарии методии корҳоеро, ки барои баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг ба ҷо оварда мешаванд, анҷом медиҳад;
- дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ самтҳои афзалиятнокро муайян намуда, таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникиро ташкил менамояд;
- омодагии ҷангӣ ва сафарбарсозии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Кумитаро ба нақша гирифта, масьалаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбариро дар тамоми воҳидхои сохтории Кумита таъмин ва назорат мекунад;
- дар ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг истифодаи қӯшунҳои мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҳамкории онҳоро бо қисмҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждаиӣ таъмин менамояд;
- ҷиҳати муҷаҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои Кумита оид ба истеҳсол, тайёр кардан, интиқоли лавозимот, таҷҳизот, механизмҳо ва дигар амвол шартномаҳо мебандад;
- тибқи тартиби муқарраргардида таъсис, тақсимот ва дастрас гардонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба аҳолии мамлакат ва ба аҳолии кишварҳои хориҷие, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, ташкил мекунад;
- ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои пулӣ ва кӯмакҳои моддие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, инчунин аз дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони алоҳида, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Кумита барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ворид мегарданд, мақоми ҳамоҳангсоз, тақсимкунанда ва назоратӣ мебошад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар доираи шумораи муқарраргардидаи фонди музди меҳнат оид ба таъсиси қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои системаи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита дастурамалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии методиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- корҳои оид ба ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонеро, ки дорои таҷрибаи гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, ҷиҳати иттироки онҳо дар ин чорабиниҳо тибқи тартиби муқарраргардида ташкил мекунад; дар ҳолати зарурӣ наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ, иаҷогдиҳандагони ташкилотҳои машғули фаъолияти сайёҳию кӯҳнавардӣ, инчунин шаҳрвандони дорои таҷрибаи наҷотдиҳиро, ки тайёрии онҳо бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шудааст, ба таври ихтиёрӣ ҷиҳати иштирок дар корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, ҷалб менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ, тибқи тартиби муқарргардида вобаста ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кӯмак ба аҳолӣ, ҳамкориҳои байналмилалиро ба ҷо меорад, инчунин таҳлил ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар ин самт анҷом медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои Кумита иштирок менамояд;
- роҳбарии фаъолияти наҷотдиҳандагоне, ки аз хориҷа ҷиҳати расонидани кӯмак дар рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, анҷом медиҳад;
- доир ба истифодаи мақсадноки маблағҳо ва кӯмакҳои башардӯстонаи барои аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида ҷудогардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
- бо вазорату идораҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо хамкории мутақобиларо ба роҳ монда, иҷрои ӯхдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеоянд, таъмин менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ҳамоҳанг месозад;
- тибқи тартиби муқараргардида озмунҳо гузаронида, оид ба таъмини мавод, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо барои ҳалли эҳтиёҷоти Кумита шартномаҳои давлатӣ мебандад, инчунин гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мемонад;
- функсияи ихтиёрдори асосӣ ва тақсимкунандан воситаҳои буҷети давлатиро, ки барои таъминот ва ҳалли вазифаҳои Кумита ҷудо шудаанд, анҷом медиҳад;
- қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва пурраи аризаҳои хаттӣ ва шифоҳии онҳоро таъмин намуда, оид ба онҳо қарор қабул мекунад ва дар мӯҳлати муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон ҷавоб ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- тайёрии сафарбаррии Кумитаро таъмин менамояд, тайёрии сафарбарии сохторҳои таркибии тобеъро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад;
- тайёрии касбии кормандони Кумита, бозомӯзӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил менамояд;
- мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии Кумита корҳоро ташкил менамояд;
- дигар ваколатҳоро дар доираи фаъолият, ки қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон псшбинӣ намудааст, ба иҷро мерасонад;
- бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳиро дар иншооти саноати кӯҳкорӣ, сохтмон ва истифодабарии нақбҳо, иншооти гидроэнергетикию гидротехникӣ, инчунин дар дигар иншооти ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта, ки корҳои кӯҳӣ мегузаронанд ва ё коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ доранд, амалӣ менамояд .
6. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар доираи фаъолияти худ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба ҳалли масъалаҳои Кумита зарур мебошанд, талаб намояд ва ба даст орад;
- тибқи тартиби муқараргардида нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои идоравӣ тасис намуда, бо онҳо шаҳрвандон ва кормандонро барои фаъолият дар соҳаи муқарраргардида сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳа муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони алоҳидаро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ, экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо ва ҳайати мушовара), таъсис намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, эълонҳои расмӣ ва дигар мавод оид ба фаъолияти Кумита воситаи ахбори чопи оммавӣ таъсис намояд;
- тибқи тартиби муқараргардида воситаҳои нақлиёти махсус дошта бошад, ки бо аломатҳои фарқкунанда, сигналҳои равшанию садоӣ ва воситаҳои алоқа таҷҳизонида шудаанд;
- ҳолат ва омодагии мудофиаи гражданиро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шакли хоҷагидорӣ аз рӯи нақша ё ба таври ногаҳонӣ санҷиш намояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун намунаҳои нави техникаи махсусгардонидашуда, таҷҳизот, лавозимот ва воситаҳои ҳифзи аҳолиро қабул намуда, намунаҳои кӯҳнашудаи онҳоро аз истифода хориҷ намояд;
- техника, таҷҳизот, лавозимот ва дигар арзишҳои моддиро (ба истиснои тамоми намудҳои аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ), ки мӯҳлати муқарраргардидаашон гузашта, аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳнаю фарсуда ва корношоям шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшад:
- дар сохтмони иншооти муҳофизатии аҳолӣ, инчунин ҷиҳати қонеь гардонидани эҳтиёҷоти манзилию маишии хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиёни Кумита, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохтории он ҳамчун фармоишгар баромад намояд:
- тибқи тартиби муқарраргардида мутахасисони давлатҳои хориҷӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷиҳати иштирок дар гузаронидани экспертизаи давлатии ҳудуд, иншоот ва истеҳсолоти махсуси хатарнок ҷалб намояд:
- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазири ирафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллодае, ки дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба миён омадаанд, оид ба ҷалби қувва ва воситаҳои зарурӣ қарорҳо қабул намояд.
Қарорҳои Кумита дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ҷиҳати иҷро барои тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеъияияташон ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ вазифадоранд бо Кумита, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шахру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд.
7. Кумита дар доираи фаъолияти худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ҳуқуқ надорад вазифаҳои назоратӣ, инчунин вазифаҳои идораи амволи давлатиро анҷом диҳад.
Маҳдудияти дар сархати 1 ҳамин банд пешбинигардида нисбат ба ваколатҳои Раиси Кумита дар идораи амволи ба Кумита бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташуда, ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ташкилии фаъолияти Кумита татбиқ намегардад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбииӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин махдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақимаи дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Кумита муассисаи ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳукуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқие, ки барои хизматчиёии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, татбиқ мегардад.
Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа ва аз вазифа озод мекунад. Раис барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи фаъолияти Кумита шахсан масъул мебошад.
Раис муовинон дорад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъии ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинони Раисро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
9. Воҳидҳои сохтории Кумитаро рассатҳо, қисмҳоп жпомн, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар ташкилотҳо вобаста ба самти фаъолият ташкил менамоянд. Дар раёсатҳо шӯъбаҳо амал мекунанд.
Дар штати Кумита ва сохторҳои таркибии ои хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиён шомилалд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ (гайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмӣ) шаҳодатномаҳои шахсии хизматчии ҳарбӣ дода шуда, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва бо худ гирифта гаштани яроқи оташфишонии табелӣ иҷозат дода мешавад.
Дар дастгоҳи марказии Кумита ба кор қабул ва аз кор озод намудани коргарон ва хизматчиёнро Раиси Кумита анҷом медиҳад.
Фаъолияти меҳнатии коргарон ва хизматчиён дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиён Кумита ҳуқуқ дорад хоҷагиҳои ёрирасон донита бошад.
Бо хизматчиёни ҳарбӣ пуррагардонии Кумита мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" сурат мегирад.
10. Раиси Кумита:
- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумитаро тасдиқ менамояд;
- кормандони Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои гузаштани хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали штатии Кумитаро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумита на сохторҳои таркибии онро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси буҷети ҷумҳурӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита пешниҳод манзур менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод мемамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани сохторҳои пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуданн роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумитаро ба анҷом мерасонад, бо роҳбароии зикргардида шартномаҳои меҳнатӣ таҳия мебандад, тағйир медиҳад ва ё барҳам медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва хизматчиёни Кумита пешниҳод манзур менамояд;
- дар асос ва талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо оид ба масъалаҳои ба Кумита вобастагардида ва масъалаҳои ташкили фаъолияти ҳамарӯза тасдиқ менамояд.
11. Кумита аз ҳисоби маблағҳое, ки буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
12. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, шумораи штатӣ Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, дигар мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои намунаи муқарраргардида ва ҳисобномаҳо мебошад, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд ва аз суратҳисоби ягонаи хоҷагидории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
13. Суроғаи ҳуқуқии Кумита - 734013, шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ,