Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2006 № 790
тасдиқ шудааст
Дастурамал оид ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ
1. Дастурамали мазкур тибқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 № 478-14 "Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 № 1624" бо мақсади ба танзим даровардани системаи ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматӣ, ҳамчунин баланд бардоштани ҳавасмандии моддии онҳо барои саривақт ва босифат иҷро кардани функсия ва вазифаҳои хизматӣ таҳия шудааст.
2. Иловапулӣ ба хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ аз ҳисоби сарфаи маблағҳое, ки барои нигоҳдории мақомоти дахлдори давлатӣ дар сметаи хароҷот (сарфаи фонди музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳои кордиҳандагон, хароҷот барои молу хизматҳо ва хароҷоти асосӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсуси мақоми давлатӣ) пешбинӣ шудаанд, пардохта мешавад.
3. Роҳбари мақомоти давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои хоси фаъолияти мақомоти давлатӣ, нишондиҳанда ва шартҳои додани иловапулиро муқаррар менамояд. Мувофиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои умумии зерин муқаррар карда шудаанд:
- риояи интизоми давлатӣ ва меҳнатӣ;
- натиҷаи кор дар давраи муайян;
- иҷрои намунавии вазифаҳои мансабӣ, хизмати давлатии бенуқсон ва дигар муваффақиятҳо дар кор;
- таҳияи лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳо, шартномаҳо, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- иҷрои кори таъхирнопазир ва қаблан пешбининашуда, ки бояд фавран иҷро карда шавад;
- иҷро намудани вазифаҳои кормандони муваққатан дар кор ҳозирнабуда, бе озодкардан аз кори асосии худ;
- ба зиммаи ӯ вогузор намудани доираи васеи ӯҳдадориҳо.
4. Андозаи иловапулӣ бояд на камтар аз 5 ва на зиёда аз 30 фоизи маоши мансабии хизматчии давлатиро ташкил диҳад.
5. Иловапулӣ ба хизматчии давлатӣ метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ (барои семоҳаи даври баъди ҳисоботӣ) муқаррар карда шавад.
Давраи ҳисоботӣ бо мақсади баҳо додан ба натиҷаҳои кори семоҳаи тақвимӣ муқаррар карда мешавад. Ноил шудан ба нишондиҳандаҳо ва шартҳои таъини иловапулӣ дар асоси Варақаи пуркардашудаи вазифаҳо ва натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ дар семоҳаи ҳисоботии сипаришуда (замимаҳои 1,2 ба Дастурамали мазкур) муайян карда мешавад.
Дар асоси баҳодиҳи натиҷаҳои кори хизматчиёни давлатӣ дар давраи семоҳаи ҳисоботӣ барои таъин намудани иловапулӣ мумкин аст на бештар аз 60 фоизи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатии мазкур (аз шумораи воқеии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар санаи якуми моҳи ояндаи баъди ба итмом расидани давраи ҳисоботӣ) (семоҳа) пешниҳод карда шаванд.
6. Ба хизматчиёни давлатӣ дар ҳолатҳои зерин иловапулӣ дода намешавад:
- ҳангоми мавҷудияти, муҷозоти интизомии бардоштанашуда;
- агар дар мақомоти мазкур камтар аз 6 моҳ кор карда бошанд.
7. Барои пешниҳод намудани хизматчиёни давлатӣ ба гирифтани иловапулӣ бо қарори роҳбар дар назди мақомоти давлатӣ Комиссия оид ба муқаррар намудани иловапулӣ барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ (минбаъд-Комиссия) таъсис дода мешавад.
Шумораи аъзои Комиссия бояд аз 5-7 нафар иборат бошад ва ба ҳайати он метавонанд роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, хадамоти кадрҳо ва намояндаи иттифоқҳои касабаи мақомоти давлатӣ шомил бошанд.
Варақаҳои пуркардашудаи вазифаҳо ва натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ (замимаи 1), ки ба он хизматчии давлатӣ ва роҳбари бевоситаи он имзо гузоштаанд, ба Комиссия на дертар аз 15-уми санаи моҳи ояндаи баъди ба охир расидани семоҳаи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар асоси Варақаи пешниҳодгардидаи вазифаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ (Замимаи 1) Комиссия ба натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои пешниҳодшудаи Варақаи баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ дар семоҳаи сипаришуда (ҳисоботӣ) (Замимаи 2) баҳо мегузорад. Хизматчиёни давлатие, ки аз рӯи яке аз ин нишондиҳандаҳо пасттар аз 3 балл мегиранд ва хизматчиёни давлатие, ки баҳои ҷамъбастиашон камтар аз 14 балл мебошад, барои таъин намудани иловапулӣ пешниҳод карда намешаванд.
Ҷаласаи Комиссия дар ҳар семоҳа на дертар аз санаи 20 моҳи ояндаи баъди ба охир расидани семоҳа даъват карда мешавад. Комиссия дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
Дар асоси натиҷаҳои ҷаласаи Комиссия протокол тартиб карда мешавад, ки ба он раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.
Комиссия ба роҳбари мақоми давлатӣ оид ба таъин намудани иловапулӣ ба хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ пешниҳод манзур менамояд.
Роҳбари мақомоти давлатӣ дар асоси пешниҳоди Комиссия масъалаи ба хизматчиёни давлатӣ додани иловапулиро барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ ҳал менамояд.
8. Масъалаҳои нигоҳ доштан, зиёд ё кам намудани андозаи иловапулӣ ҳар семоҳа баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолати саривақт иҷро накардани супориш ё вайрон кардани интизоми меҳнат дар давраи мӯҳлате, ки барои он иловапулӣ таъин шудааст (то се моҳ), мумкин аст иловапулӣ бекор ё кам карда шавад. Қарори мазкур аз тарафи роҳбари мақомоти давлатӣ қабул карда шуда, нусхаи он ба Комиссия барои маълумот ва баҳисобгирӣ дар вақти таъин кардани иловапулӣ барои давраи ояндаи ҳисоботӣ фиристода мешавад.
Замимаи 1
ба Дастурамал оид ба
ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ
ВАРАҚАИ
вазифаҳо ва натиҷаи фаьолияти хизматчии давлатӣ дар семоҳаи ___ соли ___
Ному насаб ______________________________________________________
Мансаб ________________________________
Воҳиди сохтори ________________________
1. Вазифаи фаъолияти хизматчии давлатӣ барои давраи нақшавӣ
+---------------+--------------+---------+------------+--------------ҷ
|Вазифахо |Дарачаи мухим |Мухлати |Кайд оид |Шархи бахои |
|(на камтар аз |будан ва |ичро (аз |ба ичро |ичро (агар |
|3 ва на зиёда |мураккаби |руи |(Кайд |вазифа тағйир |
|аз 6 функсия |(кайд кунед, |накша) |кунед, "ичро|дода шуда |
|ва вазифахои |ки вазифаи | |карда шуд |бошад, нишон |
|асосиро, ки |мазкур ба | |ичро карда |дихед "бекор" |
|хизматчии |категорияи | |нашуд" |ё дигар |
|давлати дар |"басо мухим" | |мухлати |шудааст ба |
|давраи накшави,|дохил мешавад,| |вокеии ичро |вазифаи №) |
|ичро мекунад, |шархи мухтасар| |ва имзои |санаи руз ва |
|нишон дихед) |дихед) | |рохбар) |имзои рохбарро|
| | | | |гузоред. |
| | | | |Агар вазифа |
| | | | |ичро шуда |
| | | | |бошад бахои |
| | | | |рохбарро оид |
| | | | |ба сифати |
| | | | |ичрои вазифахо|
| | | | |хамрох намоед:|
| | | | |2-"гайрика- |
| | | | |ноатбахш |
| | | | |3-"каноатбахш |
| | | | |4-"аз миёна |
| | | | |боло 5-"дар |
| | | | |сатхи хеле |
| | | | |баланд. |
| | | | |Бахохои 4 ва 5|
| | | | |шархи иловагии|
| | | | |рохбарро талаб|
| | | | |мекунад |
+---------------+--------------+---------+------------+--------------+
А. Вазифаҳои дар ибтидои давраи ҳисоботи ба нақша гирифташуда (на зиёд аз 6)
+-----------------------+-----------+-------------+---------+--------ҷ
|Вазифаи 1 | | | | |
+-----------------------+-----------+-------------+---------+--------+
|Вазифаи 2 | | | | |

|Вазифаи 3 | | | | |

|Вазифаи 4 | | | | |

|Вазифаи 5 | | | | |

|Вазифаи 6 | | | | |

Б. Вазифаҳои пешбининашуда, ки дар давраи ҳисоботи иҷро шудаанд (аз руи натиҷаи давраи ҳисоботӣ пур карда мешаванд, сутуни мӯҳлати нақшавӣ пур карда намешавад)

|Вазифаи 7 | | | | |

|Вазифаи 8 | | | | |

|Вазифаи 9 | | | | |

Бо вазифаи нақшави
шинос карда шуд __________ имзои хизматчии давлати руз _________
__________ имзои роҳбар руз _________
Бо баҳодихӣ ва шарҳҳо оид ба иҷро
шинос карда шуд, _________ имзои хизматчии давлати руз _________
_________ имзои роҳбар
2. Маълумоти иловаги дар бораи фаъолияти хизматчии давлати дар семохаи ________ соли _______
2.1. Хизматчии давлатӣ функсияи (вазифаҳои) корманди муваққатан дар кор набударо бо озод намудан аз вазифаи асоси иҷро кардааст, Агар ичро карда бошад, функсия (вазифа) ва мӯҳлати иҷрои онро нишон диҳед.
Функсия (вазифаҳо)_______________________________________________
Муҳлати иҷро : аз аз моҳи _________ соли _______ то мохи ________
2.2. Агар дар давраи ҳисоботӣ ба хизматчии давлати ухдадориҳои иловагӣ вогузор шуда бошад, ӯҳдадориҳои мазкурро дарҷ намоед ва баҳои роҳбарро оид ба иҷрои он ҳамроҳ намоед (2 -"гайриқаноатбахш", 3 -"қаноатбахш, 4 -"аз миёна боло, 5 -"дар сатҳи хеле баланд". Баҳоҳои 4 ва 5 шарҳи иловагии роҳбарро талаб мекунанд).
______________________________________________________________________

2.3.Ташаббуснокии хизматчии давлатиро дар иҷрои вазифаҳои вогузоршуда ва ӯхдадориҳои иловагиро дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи ҷадвали дар поён пешниҳодшуда баҳо диҳед:
+--+-----------------------------------------+-----------------------ҷ
| | Сатҳи ташаббуснокӣ | Эзох |
+--+-----------------------------------------+-----------------------+
|1 |Хизматчии давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои | |
| |вогузоршуда ва ӯхдадориҳои иловагӣ | |
| |ташаббус зоҳир накард | |
| | | |
|2 |Хизматчии давлатӣ оид ба масъалаҳои | |
| |фаврии вобаста ба иҷрои вазифаҳои дар | |
| |назди ӯ гузошташуда ва ӯхдадориҳои | |
| |иловагӣ ташаббус зоҳир намуд, ки | |
| |иҷрои кори ӯро дар сатҳи қаноатбахш ё | |
| |сатҳи миёна аз баланд таъмин кард. | |
| | | |
|3 |Дар давраи ҳисоботӣ хизматчии давлатӣ | |
| |якчанд маротиба бо ташаббус баромад | |
| |намуд, ки барои бо сифати хеле баланд, | |
| |дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо натиҷаи | |
| |хуб фаъолият намудани ӯ мусоидат намуд | |
| |(Дар эзоҳ на камтар аз 2 ташаббусро | |
| |мисол оред, ки чӣ тавр онҳо ба ичрои | |
| |корҳои хизматчӣ таъсир расонида, | |
| |мусоидат намуданд) | |
| | | |
|4 |Ташаббусҳое, ки бо онҳо хизматчии | |
| |давлатӣ баромад намуд ва онҳо иҷрои | |
| |вазифаҳои воҳиди сохториро дар сатҳи | |
| |сифати баланд, сари вақт ва бо натиҷаи | |
| |хуб таъмин намуданд. (Дар эзох на камтар | |
| |аз 2 ташаббусро номбар намуда, фаҳмонед, | |
| |ки онҳо чӣ гуна ба иҷрои корхои вохиди | |
| |сохторӣ таъсир расонидаанд) | |

Ба маълумоти иловаги шинос карда шуд:
_____________________ ____________ таърихи руз ______
(имзои хизматчии давлати) (ному насаб)
______________ ____________ таърихи руз ______
(имзои роҳбар) (ному насаб)
Замимаи 2 ба
Дастурамал оид ба
ҳавасмандгардонии хизматчнёни давлатӣ
ВАРАҚАИ баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ дар семоҳаи ____ соли _____

Мансаб __________________________________________________________
Вохиди сохторӣ __________________________________________________
+---------------------+----------------------------------+-----------ҷ
| Нишондиҳанда | Бахо | Шарх |
+---------------------+----------------------------------+-----------+
|1. Натичаи кор |2 -"ғайриқаноатбахш": хизматчии | |
|мувофики банди 1,2.1,|давлатӣ камтар аз 80 % вазифаҳои | |
|2.2 Варакаи вазифахо |дар нақша пешбинишуда ва 50% | |
|натичаи фаъолият |вазифаҳои пешбининашударо иҷро | |
| |кардааст; | |
| |3 -"қаноатбахш" хизматчии давлатӣ | |
| |зиёда аз 80 % вазифаҳои | |
| |пешбинишуда ва 50% вазифаҳои | |
| |пешбининашударо иҷро кард; дар | |
| |давраи ҳисоботӣ ба хизматчии | |
| |давлатӣ ӯхдадориҳои иловагӣ | |
| |вогузор карда нашуд, вай | |
| |функсияи (вазифахои) кормандони | |
| |муваккатан ҳозирнабударо иҷро | |
| |накардааст; | |
| |4- "аз миёна боло" хизматчии | |
| |давлатӣ на камтар аз 90 % | |
| |вазифаҳои дар нақша пешбинишуда | |
| |ва пешбининашударо иҷро намуд, | |
| |дар давраи ҳисоботӣ ба ӯ | |
| ӯхдадориҳои иловагӣ вогузор | |
| |карда шуд ё ин, ки ӯ функсияи | |
| |(вазифаҳои) корманди муваққатан | |
| |хозирнабударо иҷро кардааст; | |
| |5 -"аъло"- хизматчии давлатӣ аз | |
| ӯҳдаи ҳамаи вазифаҳои дар нақша | |
| |пешбинишуда ва пешбининашуда | |
| |бо муваффақият баромад, дар | |
| |давраи ҳисоботй ба ӯ ӯхдадориҳои | |
| |иловагӣ вогузор шуд, ё ин ки ӯ | |
| |вазифаҳои кормандони муваққатан | |
| |набударо иҷро кардааст. | |

|2. Ичрои вазифахо |2 -"ғайриканоатбахш"- хизматчии | |
|дар мухлати |давлатӣ камтар аз 70 % вазифаҳои | |
|пешбинишуда (мувофики|ба нақшагирифташударо дар мӯхлати | |
|банди 1 Варакаи |пешбинишуда иҷро кардааст; | |
|вазифахо ва натичаи |3 -"қаноатбахш"- хизматчии давлатӣ| |
|фаъолият) |аз 70% то 90% вазифаҳои ба | |
| |нақшагирифташударо дар мӯҳлати | |
| |пешбинишуда иҷро намуда, дар | |
| |баробари ин вазифаҳои | |
| |пешбининашударо ҳам иҷро | |
| |кардааст; | |
| |4-"аз миёна боло" хизматчии | |
| |давлати на камтар аз 90% вазифахои| |
| |ба накша гирифташударо дар мухлати| |
| |пешбинишуда ичро карда ва хамзамон| |
| |(на камтар аз 2) вазифахои | |
| |пешбининашударо бомуваффакият | |
| |ичро кардааст. | |

|3. Ташаббусноки |Бахо дар асоси банди Варакаи | |
|(мувофики банди 2.3 |вазифахо ва натичахо мумкин аст, | |
|Варакаи вазифахо ва |паст карда шавад агар мисолхои | |
|натичаи фаъолият) |ташаббусноки дарч нагардида бошад | |

|4. Сифати ичрои |бо тарзи хисоби миёнаи арифметики | |
|вазифахо (мувофики |бахохои хамаи вазифахо ва | |
|банди 1, 2.2. Вараки |ухдадорихои иловаги хисоб карда | |
|вазифахо ва натичаи |мешаванд, дар баробари ин барои | |
|фаъолият) |вазифахои басо мухим ва мураккаб | |
| |коэффисенти баландтари 1.5 | |
| |истифода бурда мешавад. | |

|Чамъ | (аз 8 то 22,5 балл). | |

Раиси комиссия ___________ _______________
(имзо) (таърихи руз)
Бо натичаи бахохо шинос карда шуд:
Рохбар __________ _______________
(имзо) (таърихи руз)
Хизматчии давлати __________ _______________
(имзо) (таърихи руз)
Хизматчиёни давлатие, ки бахои аз 3 камро бо яке аз нишондихандахо ва хизматчиёни давлатие, ки бахохои чамъбастии аз 14 камро гирифтаанд, ба таъини иловапули пешниход карда намешаванд.