Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998, № 397 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 610 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Дар номгӯ ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 6 августи соли 1997 №348 калимаҳои "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии" ба калимаҳои "Кумитаи телевизион ва радиои" иваз карда шавад.

3. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1993 №182 "Масъалаи Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 5 октябри соли 1998 № 397

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 октябри соли 1998 № 397

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми идораи давлати буда, ба телевизион, радиошунавони ва кинои ҷумҳурн роҳбари менамояд, ба мундариҷаву сатҳи тахассуси барномаҳои телезизион, радиошунавони ва кинои давлати, ҳолат ва тараққии минбаьдаи телевизион, радиошунавони ва истеҳсоли кино, рушди воситаҳои техникие, ки дар омода сохтани барномаҳои намоиши телезизиону кино ва радиошунавони истифода бурда мешаванд, масъул мебошад.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонупи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавони", дигар қонунҳо, асноди меъёрию ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Оли ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Кумита шахси ҳуқуқи буда, фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳури ҷудо мешаванд, инчунин маблағҳои дигаре, ки дар натиҷаи фаъолияти дар ҳамин Низомнома қайдшуда, ба даст меоянд, амали мегардонад, дар муассисаҳои бонки суратҳисоби рубливу асъории худро дорад, бо тартиби муқарраргардида фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба роҳ мемонад.

Кумита соҳиби мӯҳрест, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Кумита ба забонҳои давлати, руси сабт шудаанд.

4. Вазифаҳои асосии Кумита иборатанд аз:

- тарҳрезии самтҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи телевизион, радиошунавони ва кинематография, усулҳои татбиқи он дар асоси такмили сохтори хоҷагидори, истифодабарии самараноки ёрии моддии давлат бо густариши кӯмаки спонсорҳо ва фаъолияти пулии иттиҳодияҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо;

- таҳияи барномаҳои телевизиону радио, истеҳсоли филмҳо, пахши онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа;

- таъмини сатҳи баланди касбии барномаҳои телевизиону радио, пурқувват гардонидани таъсири онҳо ба тезонидани рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳури, раванди демократонии ҷомеа, таҳкими равобити дӯстии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар;

- муайян намудани дурнамо ва самтҳои асосии тараққиёти телевизион ва радиошунавони дар ҷумҳури;

- татбиқи сиёсати ягонаи техникию технологи ва амали намудани барномаи давлатии тараққиёти базаи моддию техникии телевизион ва радиошунавони дар ҷумҳури;

- амали гардонидани назорат ба истеҳсол, кироя (прокат), намоиши филмҳои супориши давлати, инчунин ба хариду фурӯши дигар маҳсулоти кино ва видео, таҳким ва рушди кинематографияи милли, назорат ба кори шабакаҳои кинои давлати.

5. Кумита функсияҳои зеринро амали менамояд:

- дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохили ва хориҷии он, равандҳои ҷомеа, инчунин ҳодисаҳои байналхалқи иттилооти воқеиву фаври медиҳад;

- оид ба фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу хориҷии кишвар ахбори расми пахш мекунад ва фикру мулоҳизаҳои аз рӯи онҳо воридшударо таҳлил менамояд;

- барои телевизион филмҳои мудаввоми телевизиони, бадеи, мустанад, тасвири, инчунин барномаҳои маърифати, равшаннамои ва кӯдакона харидори мекунад;

- барои беҳтарин барномаҳои телевизиони ва радиои, киносенарияҳо, асарҳои бадеию мусиқи барои телевизион ва радио озмунҳо таъсис медиҳад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда маводи чопии худро нашр мекунад;

- тартиби харид ва истифодаи асарҳои адабиву ҳунариро дар телевизион ва радио мутобиқи қонунгузори муайян менамояд;

- интихоб, мукаммал гардонидан ва нигоҳдории асарҳои телевизион ва радио, истеҳсоли филмҳои телевизиони, маҳсулоти киноро ҳамчун як рукни сарвати маънавии миллии халқи тоҷик ва мероси фарҳангии он амали мегардонад;

- тартиби интихоб, мӯҳлат ва шартҳои нигоҳдории дарозмӯҳлати барномаҳои телевизиону радио, теле ва кинофилмҳоро, ки арзиши баланди бадеи, таърихи ва фарҳанги доранд, муқаррар мекунад;

- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз марзи он шабакаҳои шӯъбаҳо ва нуқтаҳои хабарнигории худро созмон медиҳад, тартиби муқарраршуда хабарнигорон ва дигар мутахассисонро ба сафарҳои хизмати ба хориҷа мефиристад;

- тартиби тарифгузории кормандони бадеиву истеҳсоли, ҳунарпешаги ва бадеии телевизион, радио ва киноро муайян мекунад;

- хислатномаҳои тахассусии кормандони пешбари телевизион, радио ва кинематографияро тасдиқ мекунад;

- тарбия ва бозомӯзи инчунин такмили ихтисоси кормандони телевизион ва радиоро ташкил ва амали мекунад;

- мазмун, ҳаҷм ва тартиби барномаҳои телевизион ва радио, ҷадвали пешгӯиро муайян менамояд;

- барои амали гардонидани фаъолият дар соҳаи телевизион ва радиошунавони, инчунин содироту воридоти маҳсулоти телевизион, радио ва кино литсензия медиҳад;

- муносибатҳои эҷодии истеҳсоли ва тиҷоратии худро бо ташкилотҳое, ки барномаҳои телевизиону радиоро истеҳсол ва пахш мекунанд, дар асоси шартнома ба роҳ мемонад;

- сифати ташаккул ва пахши барномаҳои Кумитаро таҳти назорат мегирад;

- бо ширкатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналхалқии оид ба телевизион ва радиошунавони, инчунин фирмаҳо дар хусуси масъалаҳои вобаста ба ташкили хариди таҷҳизот, мавод, қисмҳои эҳтиёти ва хизматрасонии сервиси ҳамкориро амали мегардонад;

- маблағҳои буҷети ва воситаҳои дигар, аз ҷумла асъори қобили табодули озодро барои таҷҳизот ва сохтмони асоси оқилона истифода бурда, рушди минбаъдаи базаи моддию техникии телевизион ва радиошунавониро таъмии мекунад;

- лоиҳаи асноди меъёриро, ки фаъолияти телевизион ва радиошунавониро танзим менамояд, таҳия мекунад;

- амалиётҳои содироту воридот, намояндаги, миёнарави ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавони амали менамояд;

- ба иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати Кумита шомиланд, дар ташкили ҳамкори бо созмонҳои хориҷи ёри мерасонад;

- якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷи ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқии телевизион ва радиошунавони, комиссияҳо ва ташкилотҳои байналхалқии техникии оид ба масъалаҳои телевизион ва радиошунавони иштирок мекунад. Комёбиҳоро дар соҳаи тараққиёти воситаҳои техникии телевизион ва радиошунавони якҷоя татбиқ менамояд;

- барои ҳаллу фасли масъалаҳои телевизион ва радио воситаҳои техникиро ба иҷора мегирад ва бо соҳибони воситаҳои техники шартномаҳо мебандад;

- фаъолиятҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои иҷрои мақсаду вазифаҳои асосии худ, тараққиёти базаи моддию техники ва иҷтимои, таҳкими вазъи молиявию иқтисоди, пешбурди хоҷагии ёрирасон мусоидат мекунанд, амали мегардонад.

6. Кумита ҳуқуқ дорад:

- аз мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ашхоси мансабдор барои таҳияи барномаҳои телевизион ва радио маълумотҳои заруриро гирад, дар мавридҳое, ки ба кормандони Кумита барои иҷрои вазифаҳои хидматиашон зарур аст, аз мақомоти давлати ва созмонҳои ҷамъияти ёри (мусоидат) гирад, кормандони Кумитаро ба гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, намоишҳо, пленумҳо, анҷуманҳо, иҷлосияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, фсстивалҳо, сайругашти мардуми ва дигар чорабиниҳои оммави, инчунин ба маҳалҳои офатҳои табии ва фалокатҳо барои ташкили наворбардори, сабти барномаҳо ва барои расонидани иттилооти фаври ба бинандагону шунавандагон дар бораи муҳимтарин воқеаҳои ҷумҳури ва хориҷи он фиристонад;

- тартиби истифодаи каналҳои намоиши, аз ҷумла каналҳои радифи ва ноқилиро бо мувофиқаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад;

- назорат ва тафтиши иҷрои қонунҳоро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Кумита ворид мешаванд, амали гардонад, аз ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони оид ба иҷрои фармону дастурҳои Кумита маълумот гирад ва таҳлил намояд;

- бо тартиби муқарраргардида ташкилотҳои телевизион ва радиошунавони, шабакаҳои иттилооти ва нашрияҳо таъсис намояд, барнома, оинномаи (Низомномаи) мақомоти таъсисшавандаро тасдиқ кунад, онҳоро аз ҷиҳати молияви ва моддию техники таъмин намояд;

- роҳбарони корхонаву ташкилотҳоеро, ки ба сохтори Кумита ворид, таъин кунад (бо онҳо шартнома, қарордод бандад) ва аз вазифа озод намояд;

- дар асоси шартнома ба ташкилотҳои давлатию ҷамъияти, инчунин шахсони воқеи вақти эфир ҷудо кунад;

- бо мақсади харидани техника барои таҳияи барномаҳои телевизион ва радиошунавони, кино ва навори видео, маҳсулоти телевизион ва радио, инчунин ба даст овардани хизматгузории ташкилотҳои хориҷии телевизион ва радио аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти телевизион ва радио, ҷудо намудани вақти пахш, таъмини ширкатҳои хориҷии телевизион ва радио бо нақлиёт, алоқа, техникаи телевизиониву радиошунавони, тарҷумон ва дигар намудҳои хизматрасони доду гирифт анҷом диҳад;

- бо қарорҳои ҳайати мушовара аз ҳисоби даромадҳои иловаги ва дар доираи маблағҳои буҷети ҳачми изофапули, иловапули, мукофотҳо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандгардониро ба ҳамаи гурӯҳҳои кормандон, аз ҷумла роҳбарони Кумита муайян ва муқаррар кунад;

- мутахассисони ватани ва хориҷиро ба кор қабул кунад, аз ҷумла дар асоси қарордод, ба кор гирад, онҳоро барои коромӯзи ва табодули таҷриба даъват намояд;

- арзиши маҳсулоти фармоишии телевизион ва радиоро, инчунин тарифҳои хизматгузориро ба ҳисоби рубл ва асъори хориҷи дар асоси шартнома муайян кунад;

- даромади арзии бадастомадаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсолот ва ҳаллу фасли вазифаҳои техникии Кумита мустақилона истифода барад;

- меъёри хароҷоти маблағҳоро барои гузаронидани озмунҳо, фестивалҳо, викторинаҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба фаъолияти Кумита вобастанд, таҳия ва тасдиқ намояд.

7. Сохтор, шумора, фонди пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи маркази ва Низомномаи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

8. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис сарвари мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

Раиси Кумита муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Вазифаҳоро байни муовинон Раиси Кумита тақсим мекунад.

9. Раиси Кумита барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда шахсан масъул аст ва бо амали гардонидани вазифаҳои худ дараҷаи масъулияти муовинони Раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиву дигар воҳидҳои Кумитаро нисбат ба фаъолияти иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои сохтори Кумита муқаррар менамояд, ҷадвали штатҳои дастгоҳи маркази ва воҳидҳои Кумитаро, инчунин низомномаи воҳидҳои сохтории онро тасдиқ мекунад, фармону дастурҳое мебарорад, ки барои корхонаву ташкилотҳои сохтори Кумита ҳатми мебошанд ва назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.

10. Дар Кумита дар ҳайати Раис (Раиси ҳайати мушовара) ва муовинони Раис аз рӯи вазифа, инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Теъдоди ҳайати мушовараи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Аъзоёни ҳайати мушовараи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз иҷрои ин вазифа озод мекунад. Ҳайати мушовара дар маҷлисҳои мунтазами худ масъалаҳои асосии тараққиёти соҳа ва дигар масъалаҳои фаъолияти Кумитаро барраси мекунад, масъалаҳои роҳбарии амалиро ба воҳидҳои сохтори, санҷиши натиҷаи иҷро, интихобу истифодаи кадрҳо, лоиҳаҳои фармону дастурҳои муҳимро муҳокима намуда, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи маркази ва иттиҳодияҳо, корхонаву ташкилотҳои тобеъро мешунавад. Қарорҳои ҳайати мушовара чун қоида бо фармони Раиси Кумита амали мегарданд.

Дар ҳолати ихтилофот байни Раис ва ҳайати мушовара Раис қарорҳои худро амали мегардонад ва дар бораи ихтилофоти ба миёномада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Аъзоёни ҳайати мушовара дар навбати худ метавонанд фикри хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд.

11. Амволи Кумитаро фондҳои асоси ва дигар моликияти давлатие, ки дар истифодаи он мебошад, ташкил медиҳад. Арзиши амволи Кумита дар баланси мустақили он инъикос меёбад.

12. Манбаъҳои иловагии маблағгузории Кумита маблағҳое мебошанд, ки аз фаъолияти тиҷорати, хизматгузории пулаки ва иҷрои корҳои тибқи шартномаҳо бо вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳида, спонсорҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷи бадастомада, инчунин аз ҳисоби маблағҳои беподош ё хайрияҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шаҳрвандон, дигар манбаъҳое, ки қонунгузори манъ накардааст ва онҳо бо тартиби муқарраргардида ба ҳисоби даромад ва хароҷот ба инобат гирифта мешаванд.

13. Кумита бо тартиби муқарраргардида ҳисоби муҳосибави, таъҷили ва омори мебарад, аз рӯи ҳамаи намудҳои фаъолияти истеҳсолию хоҷаги ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд, ҳаққонияти ҳисоботу балансҳоро таъмин мекунад, мутобиқи қонунгузори фаъолияти истеҳсолию техники ва хоҷагии иттиҳодияҳо, корхонаю ташкилотҳои тобеъашро тафтиш мекунад.