×

Низомномаи саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 618

Санаи амалкуни: 31.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 152 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 618

тасдиқ шудааст

Низомномаи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008 № 611, аз 2.10.2010 № 530, аз 30.04.2011 № 246, аз 31.08.2013 № 405)

I. Ҳолатҳои умумӣ

1. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридора) мақомоти махсуси ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки оид ба батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузории соҳаҳои бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, инчунин назорати омӯзиши геологии қаъри замин фаъолият менамояд. Роҳбарии фаъолияти Саридораро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

2. Саридора дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Саридора фаъолияти худро мустақиман, инчунин тавасути мақомоти минтақавӣ ва дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

5. Саридора дар доираи фаъолияти муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар тайёр намудани пешниҳод оид ба мукамалгардонии қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иштирок менамояд;

- дар доираи ваколатҳои мукаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ, назорати давлатии кӯхкорӣ, аз ҷумла ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин, назорати давлатии геологӣ, инчунин назорати давлатӣ оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳо ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истифодаи қаъри замин бо мақсадҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новабастаро, мегузаронад;

- барномаҳои давлатии мақсаднокро дар соҳаи бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи каъри замин, инчунин муомилоти маводи тарканда таҳия ва дар тайёр намудани онҳо иштирок мекунад, иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар таҳия ва мувофиқакунии самтҳои аввалиндараҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ, истифода ва ҳифзи қаъри замин, муомилоти маводи тарканда, иштирок менамояд;

- таҳлили кофӣ будани чораҳои андешидашавандаи шахсони ҳуқуқӣ оид ба пешгирии садамаҳо, ҳодисаҳо ва осебёбии истеҳсолотӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок мегузаронад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- тартиби гузаронидани тафтишоти техникӣ сабабҳои садама ва воқеаҳо, ҳолатҳои гумкунии маводи таркандаро муқаррар мекунад, тафтишоти техникӣ шароит ва сабабхои садамаҳо, ҳолатхои осебёбии истеҳсолотӣ ва гумкунии маводи тарканда, инчунин тахлил ва таҳияи чорабиниҳоро оид ба пешгирии онхо мегузаронад;

- объектҳои дорои хатари химиёвӣ ва таркиширо назорат мекунад;

- феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва кадастри давлатии маводи таркандаро пешбурда, талаботи бақайдгирии объектҳоро дар онҳо муайян менамояд;

- дурустии коркарди конҳо, аз он ҷумла гидроминералиро, дар бобати пуррагии гирифтани захираҳо, истеҳсоли маҷмӯии канданиҳои фоиданок, аз тарафи корхонаҳо, истихроҷкунандаи канданиҳои фоиданок риоя намудани тартиби муқарраршудаи ҳисоб ва аз ҳисоб баровардани захираҳои канданихои фоиданокро назорат мекунад;

- талаботи техникиро дар бобати бехатарии корҳо ва ҳифзи қаъри замин, нигоҳдории нақбҳои кӯҳии барои истифода бо мақсадҳои гуногун коршоямро, ки барои иҷро ҳангоми барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобондани корхонаҳо бо истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла чоҳҳои нафт, газ ва обҳои гарм ҳатмист, инчунин тартиби мувақкатан боздоштан ва барҳам додани корхонаҳо ва объектҳои зикршударо муқаррар менамояд;

- иҷозатномахои аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии каъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва мақсадҳои дигар додашударо бо тартиби муқарраршуда ба қайд мегирад;

- аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ ва талаботи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, инчунин омӯзиши қаъри заминро дар доираи ваколатҳояш назорат мекунад;

- ба истифодабарандагони қаъри замин мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, инчунин барои сохтан ва истифодабарии иншооти зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новобаста, аз ҷумла барои нигоҳдории зеризаминии нафт, газ, дигар мода ва масолеҳ, ҷойҳои гӯркунии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолот, обҳои ифлос (ба ғайр аз иншооти таъиноти коммуналӣ-маишӣ), барои ташкил кардани объектҳои геологии махсус муҳофизатшаванда ва дигар иншоот, қитъаҳои кӯҳӣ медиҳад;

- қитъаҳои кӯҳиро барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул ба қайд мегирад;

- якҷоя бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо дар интихоби нақбҳои кӯҳии коркардшуда ва холигиҳои зеризаминии табиӣ, барои дар онҳо ҷойгирикунии объектҳои гуногун, иштирок менамояд;

- саривақтӣ ва дурустии муқаррар кардани сарҳадҳои бехатарона гузаронидани корҳои кӯҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии таъсири зараровари корҳои кӯҳӣ ба саломатии одамон, муҳити зист, бино ва иншоот, инчунин оид ба пешгирии рахнаҳои об дар шахтаҳо ва конҳо, нақбҳои кӯҳии коркардашуда ва холигиҳои зеризаминии табииро (якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор) барои дар онҳо ҷойгиркунии объектҳои гуногун тафтиш мекунад;

- риояи қоидаҳои гузаронидани корхои маркшейдерӣ, геологиро ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва истифодаи қаъри замин барои мақсадҳои дигар назорат мекунад;

- назорати давлатии геологиро ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин мегузаронад;

- пешниҳодҳоро ҷиҳати азҳисоббарорӣ аз ҳисоби корхонаҳои кӯҳкорию истихроҷӣ баровардани захираҳои балансии канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатӣ надоранд, ҳангоми истиҳроҷ талаф шудаанд ё ҳангоми корҳои геологию иктишофии минбаъд ё коркарди конҳо тасдиқ нашуданд, баррасӣ ва мувофиқа мекунад;

- интихоби қитъаи замин барои сохтмон дар қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмул), дар ҳолатҳои истисноӣ иҷозат медиҳад;

- нақшаҳои пешбарии корҳои кӯҳӣ, аз ҷумла хулосаҳои техникиро оид ба бехатарона гузаронидани корҳо, меъёрҳои талафшавӣ ва камшавии канданиҳои фоиданокро ҳангоми истихроҷи онҳо мувофиқа ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- меъёрҳои талафшавии канданиҳои фоиданок ё қисматҳои фоидадори дар таркиби онҳо бударо, барои ҳамаи гудозиши технологии корхонаҳои коркарди ашёи минералӣ, мувофиқа ва назорат мекунад, инчунин риояи нақшаҳои технологии коркарди ашёи минералӣ, ки истеҳсоли оқилона ва маҷмӯи қисматҳои фоиданокро таъмин менамояд, баҳисобгирии ашёи минералӣ ва маҳсулоти коркарди онро назорат мекунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷи иҷозатдодашудаи шустушӯии канданиҳои фоиданокро дар ҳудуди қитъаҳои кӯҳӣ, инчунин дар конҳои пошхӯрдаи камсамар ва конҳои асосӣ берун аз худуди қитъаҳои кӯҳии корхонаҳои амалкунанда ба қайд мегирад;

- гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-саноатиро оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки ба аниқ намудани параметрҳои кӯҳию геологӣ ва технологии азхудкунии конҳо, нигаронида шудаанд, мувофиқа мекунад;

- шартҳои истифодабарии махсуси обҳоро ҳангоми истифодаи захираҳои гидроминералӣ мувофиқа мекунад;

- дар доираи ваколати худ меъёрҳои технологии лоиҳакашии корхонаҳоро оид ба истихроҷ, коркарди ашёи минералӣ, инчунин иншооти зеризаминӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новобаста, мувофиқа мекунад;

- супоришҳоро оид ба лоиҳакашӣ, лоиҳаҳои интихоби қитъаи замин сохтмон ва таҷдиди корхонаҳо оид ба коркард ва истихрочи ашёҳои минералӣ (дар бобати бехатарии корҳо, ҳифзи қаъри замин, истеҳсоли оқилона ва маҷмӯи қисматҳои фоиданок), аз ҷумла нақшаҳои истифодабарии озмоишии қабатҳои нафту газ ё қисмҳои онҳо, накшаҳои технологии коркарди таҷрибавию саноатии конхои нафту газ, инчунин оид ба сохтмони иншооти зеризаминии ба омӯзиши қаъри замин ва истихроҷи канданиҳои фоиданок новобастаро, мувофиқа мекунад;

- ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо мувофиқати таҷҳизоти истеҳсолоти химиявӣ, нафтухимиявӣ, истихроҷи нафту газ, коркарди нафт, истеҳсолоти металлургӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла, таҷҳизоти геологию иқтишофӣ ва кӯҳию шахтавӣ, маснуоти аз таркиш ҳифзшудаи барқию техникиеро, ки ба онҳо талаботи баланд оид ба бехатариашон изҳор карда мешавад, назорат мекунад;

- риояи талаботи бехатариро ҳангоми кашондани борҳои махсусан хатарнок бо нақлиёти роҳи оҳан назорат мекунад;

- риояи талаботи бехатариро ҳангоми лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таъмир ва истифодабарии қубурҳои магистрали нафту газ ва озуқагузарон, таҷҳизоти химиявӣ ва металлургӣ, дегҳои буғӣ, қубурҳои буғгузарон ва зарфҳои зери фишори зиёда аз 0,07 МПа (0,7 кгс ба см2) коркунанда, дегҳои обгармкунӣ ва қубурҳои оби гарми ҳарорати гармшавиашон зиёда аз 115 дараҷаи Селсия, иншооти борбардор, лифтҳо, эскалаторҳо, фуникулерҳо, роҳҳои танобии овехташудаи мусофиркашу боркаш, инчунин муоинаи саривақтии онҳоро назорат мекунад ва ба қайд мегирад;

- назорати давлатиро оид ба бехатарӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии системаҳои газтаъминкунӣ дар маҳалаҳои аҳолинишин, корҳо дар объектҳои бо интиқол ва истифодаи гази табиӣ ва моеъ (пропан-бутан) вобаста, истифодаи қубурҳои магистрали газӣ ва таҷҳизоти онҳоро, мегузаронад;

- роҳбарии методии корҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукиеро, ки асбобҳои гази хонагиро дар биноҳои истиқоматӣ истифода мебаранд ва таҷҳизоти гази корхонаҳои коммуналӣ-маиширо дар бобати назорати ҳолати техникӣ, таъмини истифодаи бехатаронаи асбобҳои газистеъмолкунанда амалӣ мекунад ва объектҳои назорати газиро ба қайд мегирад;

- экспертизаи интихобии лоиҳаҳои истеҳсолот ва объектҳои хавфнокиашон баландро оид ба мутобиқати онҳо ба талаботи бехатарии саноатӣ ташкил мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ санадхои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрию техникӣ ва методиро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- риояи тартиби воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли маводи таркандаро дар қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон назорат мекунад;

- иҷрои қоидаҳои муқарраршудаи назорати истеҳсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок тафтиш мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва гузарониданӣ корҳои маркшейдерӣ иҷозатнома медиҳад;

- тибқи коидаҳои муқарраршуда, барои истифодаи навъҳои (намудҳои) мушаххаси дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, инчунин барои харидорӣ, нигохдорӣ, истифодабарии маводи тарканда ва гузаронидани кор бо онҳо, иҷозат медиҳад;

- якҷоя бо мақоми давлатӣ оид ба стандартизасия, метрология ва сертификатсия номгӯи дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабаранда ва қоидаҳои гузаронидани ин сертификатсияро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- аккредитатсияи ташкилотҳои сертификатсиякунандаи дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабарандаро мегузаронад;

- тартиби дароз намудани мӯхлати дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизот ва иншооти дар объектҳои истеҳсолоти хатарнок истифодашавандаро муайян мекунад;

- тартиби барасмиятдарорӣ ва мазмуни эъломияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва номгӯи маълумоти ба он дохилшаванда, инчунин тартиби гузаронидани экспертизаи эъломияро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- тартиби тайёркунӣ ва аттестатсияи роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои зериназоратиро оид ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ муқаррар ва назорат мекунад;

- намояндагони худро барои иштирок ҷиҳати ба истифода қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок таъин мекунад, дар кори комиссияҳо барои дар шароити истеҳсолӣ гузаронидани озмоиши маводи тарканда, инчунин дастгоҳҳои техникӣ ва таҷҳизоти дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабаранда, иштирок менамояд;

- ба категорияҳои дахлдори иншооти истеҳсолии хатарнок мансуб донистан, гузаронидани истеҳсолии хатарнокро ба категорияҳои муайян, гурӯҳҳои омехтаҳои хавфи таркандадор ва дараҷаҳои минтақаҳои таркандаро, назорат мекунад, инчунин категорияҳои шахтаҳоро аз рӯи аломатҳои муқарраршудаи хатарнокӣ муайян менамояд;

- омодагии хадамоти кӯҳию наҷотдиҳӣ, газнаҷотдиҳӣ ва зиддифавворавиро барои бартараф намудани садамаҳои эҳтимолӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок назорат мекунад, меъёрҳои ташкилдиҳӣ, нишондодҳои омодагӣ, инчунин табели таҷҳизонидани ин хадамотро назорат мекунад;

- дар доираи ваколотҳои худ, риоя намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо ва дастурамалҳои аз ҷониби Саридора тасдиқшударо оид ба таъмини бехатарии корҳо ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми амалисозии созишномаҳо дар бораи тақсими маҳсулот назорат мекунад;

- дар асоси шартномавӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лозима барои гирифтани иҷозат, хулоса, мувофиқасозӣ ва дигар хизматҳо оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, экспертизаи лоиҳаҳои истеҳсолот ва объектҳо, ташхиси ҳолати таҷҳизот ва масолеҳ, васлкунӣ, танзим, таъмир, муоина ва озмоиши таҷҳизот, системаҳои ҳимоя зиддисадамавӣ ва сигналдиҳӣ, истеҳсолоти аз ҷиҳати химиявӣ, таркидан ва сухтан хавфнок, дастгоҳҳои (таҷҳизоти) идоракунии объектҳои назорати дегҳо ва иншооти борбардор, омӯзиши коргарони (касбҳои асосӣ) ташкилот, корхона ва объектҳои зериназоратӣ, кӯмаки пулакии методӣ ва амалӣ дар мувофиқа бо мақомотҳои дахлдор амали месозад;

- ҷомеаро оид ба фаъолияти худ дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дигар масъалаҳои ба солоҳияташ дахлдор хабардор мекунад;

- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дигар масъалаҳои таҳти салоҳияташро ба роҳ мемонад, бо тартиби муқарраршуда шартномаҳои байналмилалӣ мебандад ва ӯҳдаддориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳар сол ҳангоми таҳияи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳоро оид ба маблағгузории фаъолияти Саридора таҳия ва ирсол менамояд;

- дар доираи ваколатҳои Саридора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки оид ба онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, пешниҳод менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда барои зарурияти Саридора конкурсҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгиркунии дархостҳо оид ба ворид намудани маҳсулотҳо мебандад, гузаронидани корҳо ва хизматрасонӣ, инчунин барои гузаронидани корҳои илмию-тадқиқотӣ барои зарурияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда мегузаронад;

- вазифаҳои асосии роҳбар ва дарёфткунандаҳои воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои таъмини Саридора ва татбиқи вазифаҳои ба Саридора вогузоштаро иҷро менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ташкил медиҳад баррасии муроҷиати хаттию даҳонии шаҳрвандонро таъмин менамояд ва дар муддати дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба самти равонашуда қарор кабул мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотҳои сирри давлатӣ доштаро таъмин менамояд;

- тайёрии мобилизиатсионии Саридораро таъмин менамояд;

- тайёрии касбӣ, такмилдиҳӣ ва баландбардории малакаи дониш ва таҷрибаомӯзии кормандони Саридораро ташкил медиҳад;

- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пур кардан, нигоҳ доштан, ҳисоб бурдан ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки дар муддати фаъолияти Саридора ҷамъ шудаанд кор мебарад;

- дар доираи фаъолияти тартибдодашуда ваколатҳоеро иҷро менамояд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- риояи талаботи бехатариро ҳангоми лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ ва истифодабарии техникаи аттрактсионӣ назорат мекунад ва онҳоро дар Феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011  № 246).

6. Дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, конунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти муқарраршуда, мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул менамояд:

- талаботҳо оид ба бақайдгирии иншоотҳо дар феҳристи давлатии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок ва бакорбарии ин феҳрист;

- номгӯи маълумотҳое, ки дар эъломияи истеҳсолии хатарнок дарк ёфтаанд ва тартиби ба танзим даровардани он;

- тартиби гузаронидани тафтишоти техникии сабабҳои сар задани садама, ҳодисаҳои нохуш ва воқеаҳои гумшавии маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ дошта;

- тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот оид ба тартибдиҳии хулосаи ин экспертиза;

- талабот оид ба мазмуни ҳуҷҷатҳое, ки ба баҳодиҳии таъсироти техногени муҳити зист мансубанд;

- талабот оид ба бақайдгирии маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ дар феҳристи маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ ва бакорбарии ин феҳрист;

- стандартҳо (меъёрҳо, қоидаҳо) оид ба технологияи бурдани корҳо, ки ба истифодабарии қаъри замин алоқаманданд;

- талабот оид ба тартиб додани лоиҳаҳои техникӣ ва нақшаҳои инкишофи корҳои кӯҳӣ;

- стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳо оид ба гардиши маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- талаботҳо оиди тайёрии махсуси шахсоне, ки бо гардиши маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ алоқаманданд;

- шакли намунавии ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷро намудани корҳо бо маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- тартиби додани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳукуқи иҷро намудани корҳо бо маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои коркард ва озмоиши маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои истеҳсолӣ маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- тартиби паҳнкунии маводҳои таркандаи таъминоти гражданӣ;

- қоидаҳои нигоҳдории маводҳои таркандаи таъминоти гражданӣ;

- қоидаҳои интиқоли маводҳои таркандаи таъминоти гражданӣ;

- қоидаҳои гузаронидани фейерверкҳо;

- қоидаҳои бехатарии саноатӣ;

- талабот оид ба идентификатсиякунонии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;

- тартиби пешниҳоди маълумотҳо оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолӣ;

- тартиб ва мӯҳлати омӯзиши касбии шахсони мансабдор ва коргарони иншоотҳои истеҳсолии хатарнок оид ба бехатарии саноатӣ;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба дигар масъалаҳо дар доираи муқарраргардидаи фаъолият, ғайр аз масъалаҳое, ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд;

- қоидаҳои сохт ва истифодабарии бехатаронаи аттраксионҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2013 № 405).

7. Саридора бо мақсади татбиқи салоҳиятҳо дар доираи фаъолияти худ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- назорати давлатиро оид ба масъалаҳои таҳти ихтиёри Саридора қарор дошта амалӣ мекунад. Бо ин мақсад шахсони мансабдори Саридора ба ташкилотҳо ва объектҳои зериназоратӣ, аз ҷумла бо тартиби муқарраршуда, режимӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ, хуқуқи ташрифи бемонеаро доранд;

- аз вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ, садамаҳо ва осеббинии истеҳсолотӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, гузаронидани корҳои геологию иктишофӣ, мавод, хуҷҷатҳо ва дигар маълумоти ба салоҳияти Саридора марбутро талаб намояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда санадҳои меъёрии ҳуқукӣ, меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои методиро, ки иҷрои онҳо барои шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, инчунин адабиёти техникӣ, иттилооти маълумоти оид ба масъалаҳои ба ваколаташ марбутро нашр намояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда, парвандаҳоро дар бораи вайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд ва ҷазоҳои маъмурӣ диҳад;

- маводҳоро дар бораи риоя нагаштани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дар бораи қаъри замин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо фиристонад;

- дар доираи ваколатҳои худ, оид ба зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳад, инчунин гузаронидани экспертизаро дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин таъин намояд ва мувофиқи тартиби муқарраргашта, барои гузаронидани чунин экспертизаҳо) мутахассисонро ҷалб намояд;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда барои бартараф намудани риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳо ҳангоми тайёр ва амалӣ кардани лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, гузаронидани корҳои геологию иктишофӣ, истифодаи қаъри замин бо мақсади ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новобаста, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, таъмини бехатарии корҳо ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин чораҳо андешад, инчунин барои бартараф намудани вайронкуниҳои талаботи бехатарии саноатӣ ва боздоштани корҳои бо вайронкунии ин талабот анҷомдодашуда, дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, нишондод диҳад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда, оид ба донистани қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ, қаъри замин, қоидаҳо, меъёрҳои бехатарии корҳо, дастури технологӣ ва дастурамалҳо, санҷиши интихобии мутахассисон, кормандони муҳандисию техникӣ, коргаронро гузаронад;

- дар санҷиши роҳбарони нав таъиншудаи корхонаҳо, дигар ташкилотҳо ҷиҳати донистани қонунгузорӣ оид ба бехатарии саноатӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии корҳо, қаъри замин, иштирок намояд ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, дигар мутахассисон ва кормандони муҳандисию техникиро тафтиш кунад;

- аз мутахассисони соҳавӣ барои иҷрои корҳои хатарнок омодашаванда имтиҳон гирад ва шаҳодатномаҳои дахлдор диҳад;

- ба роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, шахсони ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраргашта аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани шахсоне, ки қоидаҳою меъёрҳои бехатарона гузаронидани корҳо, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, худсарона давом додани кор ва истифода бурдани таҷҳизот ва объектҳоеро, ки мақомоти Саридора онҳоро боздоштааст, тартиби муқарраршудаи нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва баҳисобгирии маводи таркандаро доимӣ вайрон мекунанд, ҳуқуқи роҳбарии корҳои кӯҳӣ, пармакунӣ, таркишӣ, маркшейдерӣ, хавфи газдор ва хавфи химиявӣ дошта, инчунин бо истеҳсол, васлкунӣ, таъмир ва истифодабарии объектҳои назорати дегҳо, иншооти борбардор, хоҷагии газ, қубурҳои магистрали нафт, газ ва озуқагузарон вобаста, ки бо тартиби муқарраршуда аз омӯзиш ва санҷиши дониши меъёрҳои бехатарӣ нагузаштааст, пешниход манзур намояд ва оид ба масъалаҳои ба доираи салоҳияти Саридора марбутро маърӯза, ҳисобот ва ахбори намояндагони вазоратҳо, идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро шунида, қарорҳои дахлдор қабул кунад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда, тафтишоти техникии шароит ва сабабҳои садамаҳо, осебёбии истехсолотӣ, гумкунии маводи таркандаро гузаронад ва дар асоси натиҷаҳои тафтишот қарорҳои дахлдоре, ки иҷрояшон ҳатмианд, қабул кунад;

- ҳангоми зарурат, дар заводҳои истеҳсолкунанда ва корхонаҳои таъмирӣ, мутобиқати таҷҳизот ба талаботи қоидаю меъёрҳои бехатарӣ барои соҳаи саноати кӯҳию истиҳроҷӣ, иншооти борбардори истеҳсолшаванда ва таъмиршаванда, дегҳо ва қубурҳои буғ ва оби гарм, зарфҳои барои кори зери фишор пешбинӣ шуда, қубурҳои нафт, газ ва озуқагузаронро тафтиш кунад, истеҳсол ва истифодаи таҷҳизоти зикршударо дар ҳолати номутобиқатиашон ба талаботи қоидаҳою меъёрҳои бехатарӣ ва хулосаҳои тасдиқшудаи лоиҳавӣ манъ кунад ва аз ҳисоб барорад;

- мавҷудияти иҷозатномаҳо ё рухсатномаҳои корхонаҳо, дигар ташкилотҳоро барои гузаронидани корҳои зериназоратӣ тафтиш кунад;

- ҳуҷҷатҳои дахлдори шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро, ки ба онҳо ҳуқуқи роҳбарии техникии корҳо ва иҷрои онҳо, инчунин риояи талаботи махсуси барои қабул ба корҳои хатарнокиашон баланд муқарраршуда медиҳанд, тафтиш кунад;

- истифодаи худсаронаи қаъри замин ва барои сохтмон истифодабарии қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданокро манъ кунад, инчунин партофтани обҳои ифлосро ба қаъри замин, гӯркунии зеризаминии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолотро дар ҳолати вайронкунии талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарвотҳои зеризаминӣ" махдуд намояд, боздорад ё манъ кунад;

- анҷом додани назорат аз рӯи фаъолияти мақомоти минтақавии Саридора дар ноҳияҳо;

- бо тартиби муқараргардида барои ҳали масъалаҳои доираи муқарраргардидаи фаъолият дигар ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳикунанда ва пешгиркунандаи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки барои роҳ надодан ва пешгирӣ намудани вайронкунии талаботҳои ҳатмиӣ дар доираи муқарраргардидаи фаъолият аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ равона шудаанд, инчунин чораҳо оиди бартараф намудани оқибатҳои вайронкуниҳои зикргардида истифода барад;

- мақомоти мутобиқсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла мақомоти байнисоҳавӣ дар доираи муқаррардидаи фаъолият ташкил намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуққуқии оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои Саридора мансуб буда, аз ҷумла амрҳо, фармоишҳо дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузорорӣ оид ба бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, гардиши маводи таркандаи таъминоти гражданӣ интишор намояд;

- нишонҳои сарисинагӣ таъсис диҳад ва бо онҳо кормандони Саридора ва шаҳрвандонро барои муваффақиятҳо дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мукофотонад;

- либоси расмӣ, нишонҳои тафриқа ва нақлиёти автомобилии махсус бо навиштаҷоти тафриқадор дошта бошад.

8. Саридора ҳуқуқ надорад дар доираи муқарраркаргардидаи фаъолият вазифаи идораи амволи давлатӣ ва хизматрасонии пулиро, ғайр аз ҳолатҳое, ки бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, амалӣ намояд.

Ҳангоми амалӣ намудани батанзимдарории ҳукуқӣ дар доираи муқарраргардидаи фаъолият Саридора ҳуқук надорад вазифа ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидора, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд муқаррар намояд, инчунин ҳуқуқ надорад амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ба истиснои холатҳое, ки имконияти вориди чунин махдудкунӣ бо санадҳои мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия, ки бевосита дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маҳдуд намояд.

III. Ташкили фаъолият

9. Ба Саридора Сардор роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардори Саридора оид ба ичрои ваколатҳои ба Саридора вобасташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи муқарраргардидаи фаъолият, масъулияти шахсӣ дорад.

Сардор ду муовин дорад, аз ҷумла як муовини аввал, ки онҳоро бо пешниҳоди Сардор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

10. Қисмҳои сохтории Саридора аз нозироти давлатии самтҳои асосии фаъолияти Саридора ва нозиротҳои комплексӣ дар мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иборат аст. Ҳайати нозирони нозироти комплексӣ ба сардорони нозироти давлатӣ оид ба самти фаъолияти назоратиашон итоат мекунанд.

11. Сардори Саридора:

- фаъолияти Саридораро дар асоси яккасардорӣ сарварӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Саридора вогузоргардида масъулияти шахсӣ дорад;

- вазифаҳои муовинонро муайян мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомномаи Саридора ва таклиф оид ба шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Саридора ва мақомоти минтақавии Саридораро, пешниҳод мекунад;

- лоиҳаи нақшаи ҳарсола ва нишондаҳои дурнамоии фаъолияти Саридора, инчунин ҳисоботи иҷрои онҳоро муайян мекунад;

- низомномаҳои қисмҳои сохтории дастгоҳи марказии Саридора ва мақомоти минтақавии Саридораро тасдиқ менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатиро дар Саридора ҳал менамояд;

- ҷадвали штатии дастгоҳи маркази воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти минтақавии Саридораро дар ҳудуди муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, музди меҳнат ва шумораи коргарон, дар ҳудуди тасдиқшудаи як давраи муайянӣ пулҷудокуниҳо мувофиқи буҷети ҷумҳуриявӣ сметаи хароҷотро тасдиқ мекунад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Саридора пешниҳод ворид менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ, дар муайянсозии номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ иштирок намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои системаи Саридораро пешниҳод мекунад;

- бо тартиби муайян кормандони дастгоҳи марказии Саридора, мақомоти марказии Саридора ва дигар шахсҳо, ки дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мекунанд, ба додани унвонҳои фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12. Дар Саридора дар ҳайати Сардор (сардори мушовара), муовинони ӯ, инчунин сардорони нозирот ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

Шумораи аъзои ҳайати мушовара (ба ғайр аз шахсони аз рӯи вазифа дохилшаванда) бо пешниҳоди Сардори Саридора аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ карда мешавад.

Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии фаъолияти Саридораро баррасӣ мекунад.

Қарорҳои хайати мушовара дар шакли протоколҳо ва қарорҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои Сардори Саридора амалӣ карда мешаванд.

13. Дар Саридора шӯрои илмию техникӣ оид ба масъалаҳои танзими бехатарии саноатӣ ва техникӣ, пешгирии садамаҳо, осебёбии истеҳсолотӣ ва дигар масъалаҳои таҳти салохияти Саридора таъсис дода мешавад.

Ҳайати шӯрои илмию техникӣ ва низомномаи онро Сардори Саридора тасдиқ мекунад.

14. Саридора дар доираи салоҳияти худ гурӯҳҳои нозирони ғайриштатиро, ки мувофиқи низомномаи тасдиқнамудаи Саридора ба тариқи ҷамъиятӣ кор мекунанд, ташкил мекунад.

15. Саридора дар доираи ваколатҳои худ мувофиқи тартиби муқарраршуда фармонҳо ва фармоишҳо мебарорад, ки иҷрояшон барои тамоми кормандони Саридора ва ташкилотҳои марбут ба иншооти истеҳсолии хатарнок, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, омӯзиши геологӣ ҳатмианд ва назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.

16. Хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Саридора ва воҳидҳои сохтории он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.

17. Саридора шахси ҳуқукӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, бланк ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

18. Маҳали ҷойгиршавии Саридора: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 27 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 618

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият.

Бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус.

Бахши ҳисобдорӣ.

Бахши умумӣ.

Бахши илмию техникӣ (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 2.10.2010 № 530)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 618

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 530)

Дастгоҳи марказӣ.

Нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок.

Нозироти давлатии назорати кӯҳию техникӣ.

Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда.

Нозироти давлатии назорати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ.

Нозироти давлатии назорати газ.

Нозироти давлатии назорати геологӣ.

Нозироти давлатии назорати зарфҳои зери фишор коркунанда ва иншооти борбардор.

Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд.

Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Хатлон.

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 618

тасдиқ шудааст

Номгӯи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, иншоот ва корҳо, ки онҳоро Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад

I. Назорат дар соҳаи истеҳсолот ва корҳои кӯҳӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ки фаъолияташон ба истифодабарӣ, сохтан ва таъмири комбинатҳои маъдантозакунӣ, шахтаҳо, конҳо, карерҳо, буришҳои кӯҳӣ, ташкилотҳо ва иншооти сохтмонии шахтаҳо, приискҳо, артелҳои заршӯӣ, конҳои намак ва намакоб истеҳсолкунанда, идораҳои махсус ва қитъаҳои махсуси сохтмони нақлиётӣ ва гидротехникӣ (то супоридан барои васлкунии таҷхизот) вобаста аст:

- экспедитсия ва партияҳои иктишофи геологӣ, фабрикаҳои маъдантозакунӣ, ангишти брикетӣ, фабрикаҳои (заводҳо ва дастгоҳҳои) тиллогирӣ, фабрикаҳои майдаю навъбанди ва фабрикаҳои чанги инертӣ, ки ба гурӯҳи корхонаҳои кӯҳӣ дохил мешаванд, бо намуди зерини корҳо, коммуникатсияҳо ва иншоот;

- корҳои ёрирасонӣ дар ин ташкилотҳо (ба ғайр аз коммуналӣ ва аграрӣ);

- корҳои кӯҳии зеризаминӣ, кушода ва корҳои махсуси кӯҳӣ дар доираи пурраи технологӣ аз лоиҳакашӣ саркарда, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи қаъри замин ва истифодаи окилонаи канданиҳои фоиданок;

- истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳхои асосии кӯҳӣ-шахтавӣ ва кӯҳӣ-нақлиётӣ, мошинаҳо, механизмҳо ва асбобҳои электроникӣ барои истеҳсоли маъдан;

- роҳҳои оҳани технологӣ ва автомобилӣ, инчунин роҳҳои дигари оҳан ва автомобилии таъиноти истеҳсолӣ дар доираи қитъаи замини корхонаҳои кӯҳӣ;

- нақлиёти технологии дар ташкилотҳо ва объектҳо истифода шаванда;

- корҳои геологию иктишофие, ки бо қувваи ташкилотҳои махсусгардонидашудаи геологӣ, анҷом дода мешаванд;

- зергистгоҳҳои барқӣ бо хатҳои интиқоли барқ бо иқтидори то як ҳазор волт, ки дар ихтиёри ташкилотҳои истихроҷи кӯҳӣ мебошанд;

- гурӯҳи биноҳо, иншоот ва объектҳои рӯизаминии истеҳсолӣ-технологии тахти ихтиёри ташкилотҳо (дар доираи китъаи кӯҳӣ), ташкилотҳои геологӣ қарордошта;

- хокрезаҳои ҷинсҳои кӯҳи, анборҳои партовҳо ва шламҳо, анборҳои канданиҳои фоиданок, анборҳо ва объектҳои дигар, ки ба гурӯҳи технологии ташкилотҳо дохил мешаванд;

- корҳои таъмирӣ ва васлкунӣ, ки ба таври паймонкорӣ иҷро карда мешаванд;

- корҳои кӯҳӣ-наҷотдиҳӣ дар бобати қисмҳои ҳарбикунонидашудаи кӯҳӣ-наҷотдиҳӣ ва бартарафкунии садамаҳо дар ташкилотҳо ва объектҳо.

2. Нақбҳои коркардшуда ва махсус гузаштаи кӯҳӣ ва холигиҳои зеризаминии табиӣ, ки барои дар онҳо ҷойгиркунии объектҳон илмӣ-тадқиқотӣ ва хоҷагӣ (дар қисми истифодаи бехатари онҳо) истифода мешаванд, объектхои зеризамннӣ барои ҷойгоҳҳои маводи зараровар.

3. Ташкилотҳои махсуси васл ва танзимкунии таҷҳизоти кӯҳӣ-шахтавӣ, асбобҳои назорат ва ҳимояи зиддисадамавӣ ва дигар корҳои махсус дар ташкилотҳои зикршуда.

4. Ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва таъмирӣ, ки таҷҳизот, механизмҳо, асбобу анҷомҳоро таъмин мекунанд, дар қисми мувофиқати маҳсулоташон ба талаботи бехатарии саноатӣ.

II. Назорат дар соҳаи саноати истихроҷи нафту газ ва геологӣ-иктишофӣ

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки фаъолияташои ба истихроҷ ва коркарди нафту газ, газоконденсат, пармакунии чоҳҳои иктишофӣ ва истифодабарии нафту газ, канданиҳои фоиданоки сахт, обҳои гарм, минералӣ ва тоза, инчунин ба анборҳои зеризаминии газ, дар шахтаҳои нафтӣ вобаста аст, бо намудҳои зерини корҳо:

- лоиҳакашӣ, сохтмон ва пармакунии чоҳҳои иктишофӣ ва истифодабарии нафту газ, канданиҳои фоиданоки сахт, обҳом гарм, минералӣ ва тоза, дар анборҳои зеризаминии газ, дар шахтаҳои нафтӣ, аз ҷумла озмоиш, азхудкунӣ, додани чоҳҳо ба истифодабарӣ, инчунин муваққатан хобондан ва барҳамдиҳии онҳо;

- васлкунӣ, қисм-қисм кардан, таъмир ва хизматрасонии ҳамаи намудҳои системаҳои технологӣ, таҷҳизот ва механизмҳо барои гузаронидани корҳои пармакунӣ;

- лоиҳакашӣ, сохтмон ва коркарди конҳои нафт, газ, газоконденсат ва геотермалӣ, анборҳои зеризаминии газ ва шахтаҳои нафт;

- истифодабарии объектҳои истихроҷи нафт, газ, газоконденсат ва об, анборҳои зеризаминии газ, нақлиёти дохилии ташкилоти истихроҷ ва байнисоҳавии истихроҷи нафту газ, объектҳои ҳифзи фишори кабатҳо, инчунин таъмири чохҳо;

- лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифобадарии ташкилотҳои истихроҷи нафту газ, дастгоҳҳои тайёркунии комплексии нафту газ, насосҳо ва стантсияҳои компрессорӣ, паркҳои махзанҳо;

- корҳои геофизикии саҳроӣ ва тадқиқоти истихроҷии геофизикии чоҳҳо (бо корҳои паррондан ва таркишӣ) дар конҳои нафт, газ ва нафтугазоконденсат, анборҳои зеризаминӣ, конҳои канданиҳои фоиданоки сахт, обҳои гарм, минералӣ ва тоза, дар шахтаҳои нафтӣ, дар нақбҳои кӯҳии зеризамини ва кушода;

- корҳои ёрирасоние, ки бевосита дар объектҳои пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ, хатҳои геофизикӣ гузаронида мешаванд.

6. Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи зидди фаввораҳо ва аз газ наҷотдиҳанда, дар бобати тайёр будани онҳо ба бартарафкунии садамаҳо, гузаронидани корҳои пешгирии пайдоиши фаввораҳои кушоди нафту газ ва дигар ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳо.

III. Назорат дар соҳаи корҳои таркишӣ

7. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки маводи таркандаро барои корҳои таркишӣ истифода мебаранд, дар бобати риоякунии қоидаҳои гузаронидани корҳои таркишӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва ҳисоби маводи тарканда.

8. Ҷойгоҳҳои истеҳсоли оддитарин ва тайёр кардани маводи тарканда барои корҳои таркишӣ дар бобати риоякунии талаботи қоида ва дастурҳо оид ба ҷобаҷокунӣ ва истифодаи бехатари ин ҷойгоҳҳо.

9. Тащкилотҳои истеҳсолкунанда ва таъмиркунанда, ки таҷҳизот, асбоб, мошинаҳо ва механизмҳои барои истеҳсоли маводи таркандаи оддитарин истифода мешаванд, мебароранд.

10. Шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ, ки маводи таркандаро барои мақсадҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, озмоишӣ ва монанди инҳо истифода мебаранд, дар бобати риоякунии қоидаҳои нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии маводи тарканда.

IV. Назорат дар соҳаи истифода ва ҳифзи қаъри замин, гузаронидани корҳои маркшейдерӣ ва геологӣ

11. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки фаъолияташон ба сохтан, истифодабарӣ ва таъмири иншооти кӯҳкории истихроҷи канданиҳои фоиданок ва муассисаҳои геологӣ-иктишофии тобеи онҳо вобаста аст.

12. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки боигариҳои гидроминералиро истихроҷ мекунанд ва барои муолиҷа истифода мебаранд.

13. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки истифодабарӣ, сохтан, таъмир ва лоиҳакашии иншооти кӯҳкорӣ, инчунин ба коркарди ашёи минералӣ машғуланд, дар бобати бо пуррагӣ истихроҷ кардани канданиҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳи онҳо ҷойгиршуда.

14. Корҳои маркшейдерӣ ва геологӣ ҳангоми коркарди конҳо ва канданиҳои фоиданок ва ҳангоми истифодаи қаъри замин бо мақсадҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста набуда, аз ҷумла дар нақбҳои кӯҳии махсус кандашуда ва нақбҳои кӯҳии коркардашудаю холигиҳои зеризаминии табиӣ.

15. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба истифодаи қаъри замин бо мақсадҳои ба омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста набуда машғуланд.

V. Назорат дар соҳаи истеҳсолоти химиявӣ, нафтухимиявӣ ва хавфи таркишдоштаю зараровар

16. Истеҳсолоти эхтимолан хатарнок:

- маҳсулоти коркарди нафт ва нафтукимиё;

- саноати резини техникӣ ва карбони техникӣ;

- маҳсулоти хлорӣ, хлори-органикӣ, ғайриорганикӣ, нахҳои кимиёвӣ;

- масолеҳи полимерӣ ва пластмассӣ;

- рангҳои синтетикӣ, химикатҳои иловаҳо ва маҳсулоти дигари синтези маҳини органикӣ;

- маҳсулоти локурангӣ;

- реактивҳои кимиёвӣ;

- маҳсулоти кимиёӣ - маишӣ;

- саноати азотӣ;

- амиак ва маҳсулоти амиакдор;

- махсулоти кимиёвии асосӣ ва ҳимояи кимиёвӣ;

- препаратҳои доругӣ, витаминҳо, сафедиҳои хурокӣ ва дигар маҳсулоти саноати тиббӣ ва микробиологӣ;

- саноати равғану чарбу, равғанҳом эфирӣ ва моддаҳои хушбӯи синтетикӣ;

- чармҳои сунъӣ ва масолеҳи маснуоти парда;

- маҳсулоти ҷудокунии ҳаво, гидроген ва оксиген бо усули электролизи об;

- маҳсулоти дигари органикӣ ва ғайриорганикӣ ва пайвастаҳои онҳо.

Истеҳсолоти зикршуда дар ҳайати зайл бояд мавриди назорати комплексӣ қарор гиранд:

- объектҳои технологӣ (блокҳо, марҳалаҳо) анборҳо, стантсияҳои пуркунию рехтан, системаҳои нақлиётии гази моеи даргиранда, моеъҳои зуддаргиранда ва моеъҳои даргиранда, ки дар онҳо имконияти хориҷшавии газҳои (бӯғҳои) сӯзанда вуҷуд дорад;

- объектҳои (блокҳо, марҳалаҳои) технологии чангофар, системаҳои нақлиётии маҳсулоти сахти парокандашаванда, ки дар ҳолати садама метавонанд омехтаҳои чангу ҳавоии дар аппаратураҳо, дар ҷойҳои истеҳсолӣ ва майдонҳои кушод, хавфи таркиширо пайдо кунанд;

- истеҳсолот ва объектҳои (блокҳо, марҳалаҳои) технологии ҷудогонае, ки ба ҳосил кардан ё коркарди маҳсулоти фазаҳои моеъ ё сахт вобастабуда хосиятҳои таркиданро доранд, инчунин худ ба худ вайрон шуда метавонанд;

- истеҳсолот, объектҳои ҷудогонаи технологӣ (блокҳо, марҳалаҳо)-и ҳосил кардан ва коркарди моддаҳои зараровар, ки дар вақти саршавии садама метавонанд ба осеб дидани одамон оварда расонанд;

- анборҳо ва махзанҳои хлори моеъ (аз ҷумла ҷойгоҳҳои рехтану андохтани хлор дар иншооти тозакунӣ ва дар системаҳои обтайёркунӣ дар шаҳрҳои тобеъи ҷумхурӣ ва дорои аҳамияти вилоятӣ), фосген, кислотаҳои синилӣ ва нитраклирӣ, дигар моддаҳои хавфнокиашон баланд, ки дар наздикии объектҳои таъиноти маъмурӣ-ёрирасон, манзилӣ-шаҳрвандӣ ва дигар объектҳо, ки дар онҳо миқдори бисёри одамон доимӣ ҳузур доранд;

- дастгоҳҳои умумизаводӣ ва маҳаллии партовтозакунӣ ва сӯхтани партовҳои газмонанд;

- стантсияҳои насосӣ, компрессорӣ ва хунуккунандаи назди сехӣ ва ҷудо ҷойгиршуда;

- анборҳои ашёи хом, нимтайёр ва маҳсулоти тайёр;

- системаҳои иншооти тозакунӣ, канализатсияи саноатӣ, обтаъминкунии гардишӣ;

- трубопроводҳои технологӣ ва иншооти дигари таркибии объектҳои технологӣ ва таҳти ихтиёри корхона қарор дошта;

- зарфҳои таҷҳизоти технологии зери фишор коркунанда, контейнерҳо, балонҳо, цистернаҳо бо маводи хатарноки химиявӣ.

VI. Назорат дар соҳаи истеҳсолоти металлургӣ

17. Шахсони хуқуқӣ, объектҳо, сехҳо, қитъаҳо ва шӯъбаҳои лоиҳакашӣ, сохташаванда, таъмиршаванда ва амалкунандаи истеҳсоли гилхок (гудозиш ва калтсинатсия дар заводҳои алюминий), алюминий (аз ҷумла электролизи алюминий, флотатсия ва регенератсияи криолит, софкунии барқӣ ва хлоркунии алюминий, рехтагарӣ) сурма, симоб, металлҳои асил, хокаҳои металлии алюминий ва дигар металлҳои ранга.

18. Хоҷагии газ, системаҳо ва дастгоҳҳои газтозакунӣ, чангдоракҳои аспиратсионӣ ва шамолдиҳӣ дар ҳамаи истеҳсолоти дар боло зикршуда.

19. Қисмҳои аз газ наҷотдиҳӣ, дастаҳои ихтиёрии аз газ наҷотдиҳӣ.

VII. Назорат дар соҳаи дегҳо ва иншооти борбардор

20. Дегҳои буғӣ, кубурҳои буғгузарон ва зарфҳои зери фишори зиёда аз 0.007 МП (0.7 кгс/см.кв) коркунанда, дегҳои обгармкунӣ ва қубурҳои оби сӯзони ҳарорати гармшавиашон зиёда аз 115 дараҷаи Селсия, кранҳои борбардор, лифтҳо, эскалаторҳо, фуникулерҳо, роҳҳои танобии мусофир ва боркаш, ки дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ба қайд гирифта мешаванд ва ташкилотҳое, ки чунин иншоотро истеҳсол мекунанд.

VIII. Назорати соҳаи истифодаи газ

21. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии машғули лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии газ ва иншооти онҳо, нуқтаҳо ва дастгоҳҳои газтақсимкунӣ, нуктаҳои газпуркунӣ ва стантсияҳои газпуркунии автомобилӣ, дастгоҳҳои гурӯҳии зарфӣ ва дастгоҳҳои баллонии гази моеъ, газгузаронакҳо ва таҷҳизоти газии ташкилотҳо ва дигар объектҳои саноатӣ, аграрӣ, коммуналӣ, ки аз газгузаронакҳои магистралӣ, шаҳрӣ ва дастгоҳҳои гази моеъ (пропан, бутан) газ мегиранд, ба ғайр аз дастгоҳҳои газистифодабарии сайёр, агрегатҳо ва таҷҳизоти гази биноҳои истиқоматӣ ва объектҳои коммуналӣ - маишӣ, ки дар онҳо танҳо асбобҳои газӣ-маишӣ шинонда шудаанд.

Қубурҳои газгузаронии магистралӣ ва иншооти онҳо, стантсияҳои газтақсимкунӣ.

Зарфҳои зери фишор коркунанда, ки барои нигоҳдорӣ ва кашондани гази табиӣ ва моеъ таъин шудаанд.

Ташкилотҳои махсуси васлкунӣ, озмоиш, танзими таҷҳизоти газӣ дар дастгоҳҳои газистифодабаранда ва ташкилотҳои газистифодабаранда.

IX. Назорат дар соҳаи объектҳои истеҳсолии нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти ғалладона

22. Истеҳсолоти хӯрокаи омехта, орд, сабӯс, кунҷора, равғанҳо, сумалаки ҷав, биною иншоот ва таҷҳизоте, ки бо онҳо вобастагии технологӣ доранд.

23. Ҷараёни қабул, коркард ва нигоҳдории ғалладона дар элеваторҳо ва биноҳо, иншоот ва таҷҳизоте, ки бо ин ҷараён вобастагии технологӣ доранд.

X. Назорат дар соҳаи кашондани борҳои махсусан хавфнок бо роҳи оҳан

24. Нақлиёти роҳи оҳан дар бобати риоякунии қоидаҳои кашондани моддаҳои заҳрнок, маҳсулоти дорои хавфи таркишу сӯхтан ва маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.

XI. Назорат дар соҳаи омӯзиши геологии каъри замин

25. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба лоиҳакашӣ, гузаронидани корҳои минтақавӣ, аксбардории геологӣ, кофтуковӣ, иктишофӣ ва дигар корҳои омӯзиши геологии қаъри замин машғуланд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 618

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008 № 611)

I. Ҳолатҳои умумӣ

1. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридора) мақомоти махсуси ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки оид ба батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузории соҳаҳои бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, инчунин назорати омӯзиши геологии қаъри замин фаъолият менамояд. Роҳбарии фаъолияти Саридораро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

2. Саридора дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Саридора фаъолияти худро мустақиман, инчунин тавасути мақомоти минтақавӣ ва дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

5. Саридора дар доираи фаъолияти муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар тайёр намудани пешниҳод оид ба мукамалгардонии қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иштирок менамояд;

- дар доираи ваколатҳои мукаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ, назорати давлатии кӯхкорӣ, аз ҷумла ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин, назорати давлатии геологӣ, инчунин назорати давлатӣ оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳо ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истифодаи қаъри замин бо мақсадҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новабастаро, мегузаронад;

- барномаҳои давлатии мақсаднокро дар соҳаи бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи каъри замин, инчунин муомилоти маводи тарканда таҳия ва дар тайёр намудани онҳо иштирок мекунад, иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ дар таҳия ва мувофиқакунии самтҳои аввалиндараҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ, истифода ва ҳифзи қаъри замин, муомилоти маводи тарканда, иштирок менамояд;

- таҳлили кофӣ будани чораҳои андешидашавандаи шахсони ҳуқуқӣ оид ба пешгирии садамаҳо, ҳодисаҳо ва осебёбии истеҳсолотӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок мегузаронад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- тартиби гузаронидани тафтишоти техникӣ сабабҳои садама ва воқеаҳо, ҳолатҳои гумкунии маводи таркандаро муқаррар мекунад, тафтишоти техникӣ шароит ва сабабхои садамаҳо, ҳолатхои осебёбии истеҳсолотӣ ва гумкунии маводи тарканда, инчунин тахлил ва таҳияи чорабиниҳоро оид ба пешгирии онхо мегузаронад;

- объектҳои дорои хатари химиёвӣ ва таркиширо назорат мекунад;

- феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва кадастри давлатии маводи таркандаро пешбурда, талаботи бақайдгирии объектҳоро дар онҳо муайян менамояд;

- дурустии коркарди конҳо, аз он ҷумла гидроминералиро, дар бобати пуррагии гирифтани захираҳо, истеҳсоли маҷмӯии канданиҳои фоиданок, аз тарафи корхонаҳо, истихроҷкунандаи канданиҳои фоиданок риоя намудани тартиби муқарраршудаи ҳисоб ва аз ҳисоб баровардани захираҳои канданихои фоиданокро назорат мекунад;

- талаботи техникиро дар бобати бехатарии корҳо ва ҳифзи қаъри замин, нигоҳдории нақбҳои кӯҳии барои истифода бо мақсадҳои гуногун коршоямро, ки барои иҷро ҳангоми барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобондани корхонаҳо бо истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла чоҳҳои нафт, газ ва обҳои гарм ҳатмист, инчунин тартиби мувақкатан боздоштан ва барҳам додани корхонаҳо ва объектҳои зикршударо муқаррар менамояд;

- иҷозатномахои аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии каъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва мақсадҳои дигар додашударо бо тартиби муқарраршуда ба қайд мегирад;

- аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин риоя намудани шартҳои иҷозатномадиҳӣ ва талаботи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, инчунин омӯзиши қаъри заминро дар доираи ваколатҳояш назорат мекунад;

- ба истифодабарандагони қаъри . замин мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, инчунин барои сохтан ва истифодабарии иншооти зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новобаста, аз ҷумла барои нигоҳдории зеризаминии нафт, газ, дигар мода ва масолеҳ, ҷойҳои гӯркунии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолот, обҳои ифлос (ба ғайр аз иншооти таъиноти коммуналӣ-маишӣ), барои ташкил кардани объектҳои геологии махсус муҳофизатшаванда ва дигар иншоот, қитъаҳои кӯҳӣ медиҳад;

- қитъаҳои кӯҳиро барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул ба қайд мегирад;

- якҷоя бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо дар интихоби нақбҳои кӯҳии коркардшуда ва холигиҳои зеризаминии табиӣ, барои дар онҳо ҷойгирикунии объектҳои гуногун, иштирок менамояд;

- саривақтӣ ва дурустии муқаррар кардани сарҳадҳои бехатарона гузаронидани корҳои кӯҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии таъсири зараровари корҳои кӯҳӣ ба саломатии одамон, муҳити зист, бино ва иншоот, инчунин оид ба пешгирии рахнаҳои об дар шахтаҳо ва конҳо, нақбҳои кӯҳии коркардашуда ва холигиҳои зеризаминии табииро (якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор) барои дар онҳо ҷойгиркунии объектҳои гуногун тафтиш мекунад;

- риояи қоидаҳои гузаронидани корхои маркшейдерӣ, геологиро ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва истифодаи қаъри замин барои мақсадҳои дигар назорат мекунад;

- назорати давлатии геологиро ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин мегузаронад;

- пешниҳодҳоро ҷиҳати азҳисоббарорӣ аз ҳисоби корхонаҳои кӯҳкорию истихроҷӣ баровардани захираҳои балансии канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатӣ надоранд, ҳангоми истиҳроҷ талаф шудаанд ё ҳангоми корҳои геологию иктишофии минбаъд ё коркарди конҳо тасдиқ нашуданд, баррасӣ ва мувофиқа мекунад;

- интихоби қитъаи замин барои сохтмон дар қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмул), дар ҳолатҳои истисноӣ иҷозат медиҳад;

- нақшаҳои пешбарии корҳои кӯҳӣ, аз ҷумла хулосаҳои техникиро оид ба бехатарона гузаронидани корҳо, меъёрҳои талафшавӣ ва камшавии канданиҳои фоиданокро ҳангоми истихроҷи онҳо мувофиқа ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- меъёрҳои талафшавии канданиҳои фоиданок ё қисматҳои фоидадори дар таркиби онҳо бударо, барои ҳамаи гудозиши технологии корхонаҳои коркарди ашёи минералӣ, мувофиқа ва назорат мекунад, инчунин риояи нақшаҳои технологии коркарди ашёи минералӣ, ки истеҳсоли оқилона ва маҷмӯи қисматҳои фоиданокро таъмин менамояд, баҳисобгирии ашёи минералӣ ва маҳсулоти коркарди онро назорат мекунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷи иҷозатдодашудаи шустушӯии канданиҳои фоиданокро дар ҳудуди қитъаҳои кӯҳӣ, инчунин дар конҳои пошхӯрдаи камсамар ва конҳои асосӣ берун аз худуди қитъаҳои кӯҳии корхонаҳои амалкунанда ба қайд мегирад;

- гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-саноатиро оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки ба аниқ намудани параметрҳои кӯҳию геологӣ ва технологии азхудкунии конҳо, нигаронида шудаанд, мувофиқа мекунад;

- шартҳои истифодабарии махсуси обҳоро ҳангоми истифодаи захираҳои гидроминералӣ мувофиқа мекунад;

- дар доираи ваколати худ меъёрҳои технологии лоиҳакашии корхонаҳоро оид ба истихроҷ, коркарди ашёи минералӣ, инчунин иншооти зеризаминӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новобаста, мувофиқа мекунад;

- супоришҳоро оид ба лоиҳакашӣ, лоиҳаҳои интихоби қитъаи замин сохтмон ва таҷдиди корхонаҳо оид ба коркард ва истихрочи ашёҳои минералӣ (дар бобати бехатарии корҳо, ҳифзи қаъри замин, истеҳсоли оқилона ва маҷмӯи қисматҳои фоиданок), аз ҷумла нақшаҳои истифодабарии озмоишии қабатҳои нафту газ ё қисмҳои онҳо, накшаҳои технологии коркарди таҷрибавию саноатии конхои нафту газ, инчунин оид ба сохтмони иншооти зеризаминии ба омӯзиши қаъри замин ва истихроҷи канданиҳои фоиданок новобастаро, мувофиқа мекунад;

- ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо мувофиқати таҷҳизоти истеҳсолоти химиявӣ, нафтухимиявӣ, истихроҷи нафту газ, коркарди нафт, истеҳсолоти металлургӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла, таҷҳизоти геологию иқтишофӣ ва кӯҳию шахтавӣ, маснуоти аз таркиш ҳифзшудаи барқию техникиеро, ки ба онҳо талаботи баланд оид ба бехатариашон изҳор карда мешавад, назорат мекунад;

- риояи талаботи бехатариро ҳангоми кашондани борҳои махсусан хатарнок бо нақлиёти роҳи оҳан назорат мекунад;

- риояи талаботи бехатариро ҳангоми лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таъмир ва истифодабарии қубурҳои магистрали нафту газ ва озуқагузарон, таҷҳизоти химиявӣ ва металлургӣ, дегҳои буғӣ, қубурҳои буғгузарон ва зарфҳои зери фишори зиёда аз 0,07 МПа (0,7 кгс ба см2) коркунанда, дегҳои обгармкунӣ ва қубурҳои оби гарми ҳарорати гармшавиашон зиёда аз 115 дараҷаи Селсия, иншооти борбардор, лифтҳо, эскалаторҳо, фуникулерҳо, роҳҳои танобии овехташудаи мусофиркашу боркаш, инчунин муоинаи саривақтии онҳоро назорат мекунад ва ба қайд мегирад;

- назорати давлатиро оид ба бехатарӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии системаҳои газтаъминкунӣ дар маҳалаҳои аҳолинишин, корҳо дар объектҳои бо интиқол ва истифодаи гази табиӣ ва моеъ (пропан-бутан) вобаста, истифодаи қубурҳои магистрали газӣ ва таҷҳизоти онҳоро, мегузаронад;

- роҳбарии методии корҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукиеро, ки асбобҳои гази хонагиро дар биноҳои истиқоматӣ истифода мебаранд ва таҷҳизоти гази корхонаҳои коммуналӣ-маиширо дар бобати назорати ҳолати техникӣ, таъмини истифодаи бехатаронаи асбобҳои газистеъмолкунанда амалӣ мекунад ва объектҳои назорати газиро ба қайд мегирад;

- экспертизаи интихобии лоиҳаҳои истеҳсолот ва объектҳои хавфнокиашон баландро оид ба мутобиқати онҳо ба талаботи бехатарии саноатӣ ташкил мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ санадхои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрию техникӣ ва методиро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- риояи тартиби воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли маводи таркандаро дар қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон назорат мекунад;

- иҷрои қоидаҳои муқарраршудаи назорати истеҳсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок тафтиш мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва гузарониданӣ корҳои маркшейдерӣ иҷозатнома медиҳад;

- тибқи коидаҳои муқарраршуда, барои истифодаи навъҳои (намудҳои) мушаххаси дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, инчунин барои харидорӣ, нигохдорӣ, истифодабарии маводи тарканда ва гузаронидани кор бо онҳо, иҷозат медиҳад;

- якҷоя бо мақоми давлатӣ оид ба стандартизасия, метрология ва сертификатсия номгӯи дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабаранда ва қоидаҳои гузаронидани ин сертификатсияро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- аккредитатсияи ташкилотҳои сертификатсиякунандаи дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабарандаро мегузаронад;

- тартиби дароз намудани мӯхлати дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизот ва иншооти дар объектҳои истеҳсолоти хатарнок истифодашавандаро муайян мекунад;

- тартиби барасмиятдарорӣ ва мазмуни эъломияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва номгӯи маълумоти ба он дохилшаванда, инчунин тартиби гузаронидани экспертизаи эъломияро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- тартиби тайёркунӣ ва аттестатсияи роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои зериназоратиро оид ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ муқаррар ва назорат мекунад;

- намояндагони худро барои иштирок ҷиҳати ба истифода қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок таъин мекунад, дар кори комиссияҳо барои дар шароити истеҳсолӣ гузаронидани озмоиши маводи тарканда, инчунин дастгоҳҳои техникӣ ва таҷҳизоти дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабаранда, иштирок менамояд;

- ба категорияҳои дахлдори иншооти истеҳсолии хатарнок мансуб донистан, гузаронидани истеҳсолии хатарнокро ба категорияҳои муайян, гурӯҳҳои омехтаҳои хавфи таркандадор ва дараҷаҳои минтақаҳои таркандаро, назорат мекунад, инчунин категорияҳои шахтаҳоро аз рӯи аломатҳои муқарраршудаи хатарнокӣ муайян менамояд;

- омодагии хадамоти кӯҳию наҷотдиҳӣ, газнаҷотдиҳӣ ва зиддифавворавиро барои бартараф намудани садамаҳои эҳтимолӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок назорат мекунад, меъёрҳои ташкилдиҳӣ, нишондодҳои омодагӣ, инчунин табели таҷҳизонидани ин хадамотро назорат мекунад;

- дар доираи ваколотҳои худ, риоя намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо ва дастурамалҳои аз ҷониби Саридора тасдиқшударо оид ба таъмини бехатарии корҳо ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми амалисозии созишномаҳо дар бораи тақсими маҳсулот назорат мекунад;

- дар асоси шартномавӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лозима барои гирифтани иҷозат, хулоса, мувофиқасозӣ ва дигар хизматҳо оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, экспертизаи лоиҳаҳои истеҳсолот ва объектҳо, ташхиси ҳолати таҷҳизот ва масолеҳ, васлкунӣ, танзим, таъмир, муоина ва озмоиши таҷҳизот, системаҳои ҳимоя зиддисадамавӣ ва сигналдиҳӣ, истеҳсолоти аз ҷиҳати химиявӣ, таркидан ва сухтан хавфнок, дастгоҳҳои (таҷҳизоти) идоракунии объектҳои назорати дегҳо ва иншооти борбардор, омӯзиши коргарони (касбҳои асосӣ) ташкилот, корхона ва объектҳои зериназоратӣ, кӯмаки пулакии методӣ ва амалӣ дар мувофиқа бо мақомотҳои дахлдор амали месозад;

- ҷомеаро оид ба фаъолияти худ дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дигар масъалаҳои ба солоҳияташ дахлдор хабардор мекунад;

- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дигар масъалаҳои таҳти салоҳияташро ба роҳ мемонад, бо тартиби муқарраршуда шартномаҳои байналмилалӣ мебандад ва ӯҳдаддориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳар сол ҳангоми таҳияи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳоро оид ба маблағгузории фаъолияти Саридора таҳия ва ирсол менамояд;

- дар доираи ваколатҳои Саридора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки оид ба онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, пешниҳод менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда барои зарурияти Саридора конкурсҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгиркунии дархостҳо оид ба ворид намудани маҳсулотҳо мебандад, гузаронидани корҳо ва хизматрасонӣ, инчунин барои гузаронидани корҳои илмию-тадқиқотӣ барои зарурияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда мегузаронад;

- вазифаҳои асосии роҳбар ва дарёфткунандаҳои воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои таъмини Саридора ва татбиқи вазифаҳои ба Саридора вогузоштаро иҷро менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ташкил медиҳад баррасии муроҷиати хаттию даҳонии шаҳрвандонро таъмин менамояд ва дар муддати дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба самти равонашуда қарор кабул мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотҳои сирри давлатӣ доштаро таъмин менамояд;

- тайёрии мобилизиатсионии Саридораро таъмин менамояд;

- тайёрии касбӣ, такмилдиҳӣ ва баландбардории малакаи дониш ва таҷрибаомӯзии кормандони Саридораро ташкил медиҳад;

- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пур кардан, нигоҳ доштан, ҳисоб бурдан ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки дар муддати фаъолияти Саридора ҷамъ шудаанд кор мебарад;

- дар доираи фаъолияти тартибдодашуда ваколатҳоеро иҷро менамояд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

6. Дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, конунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти муқарраршуда, мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул менамояд:

- талаботҳо оид ба бақайдгирии иншоотҳо дар феҳристи давлатии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок ва бакорбарии ин феҳрист;

- номгӯи маълумотҳое, ки дар эъломияи истеҳсолии хатарнок дарк ёфтаанд ва тартиби ба танзим даровардани он;

- тартиби гузаронидани тафтишоти техникии сабабҳои сар задани садама, ҳодисаҳои нохуш ва воқеаҳои гумшавии маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ дошта;

- тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот оид ба тартибдиҳии хулосаи ин экспертиза;

- талабот оид ба мазмуни ҳуҷҷатҳое, ки ба баҳодиҳии таъсироти техногени муҳити зист мансубанд;

- талабот оид ба бақайдгирии маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ дар феҳристи маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ ва бакорбарии ин феҳрист;

- стандартҳо (меъёрҳо, қоидаҳо) оид ба технологияи бурдани корҳо, ки ба истифодабарии қаъри замин алоқаманданд;

- талабот оид ба тартиб додани лоиҳаҳои техникӣ ва нақшаҳои инкишофи корҳои кӯҳӣ;

- стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳо оид ба гардиши маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- талаботҳо оиди тайёрии махсуси шахсоне, ки бо гардиши маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ алоқаманданд;

- шакли намунавии ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷро намудани корҳо бо маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- тартиби додани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳукуқи иҷро намудани корҳо бо маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои коркард ва озмоиши маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои истеҳсолӣ маводҳои таркандаи таъиноти гражданӣ;

- тартиби паҳнкунии маводҳои таркандаи таъминоти гражданӣ;

- қоидаҳои нигоҳдории маводҳои таркандаи таъминоти гражданӣ;

- қоидаҳои интиқоли маводҳои таркандаи таъминоти гражданӣ;

- қоидаҳои гузаронидани фейерверкҳо;

- қоидаҳои бехатарии саноатӣ;

- талабот оид ба идентификатсиякунонии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;

- тартиби пешниҳоди маълумотҳо оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолӣ;

- тартиб ва мӯҳлати омӯзиши касбии шахсони мансабдор ва коргарони иншоотҳои истеҳсолии хатарнок оид ба бехатарии саноатӣ;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба дигар масъалаҳо дар доираи муқарраргардидаи фаъолият, ғайр аз масъалаҳое, ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд;

7. Саридора бо мақсади татбиқи салоҳиятҳо дар доираи фаъолияти худ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- назорати давлатиро оид ба масъалаҳои таҳти ихтиёри Саридора қарор дошта амалӣ мекунад. Бо ин мақсад шахсони мансабдори Саридора ба ташкилотҳо ва объектҳои зериназоратӣ, аз ҷумла бо тартиби муқарраршуда, режимӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ, хуқуқи ташрифи бемонеаро доранд;

- аз вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ, садамаҳо ва осеббинии истеҳсолотӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, гузаронидани корҳои геологию иктишофӣ, мавод, хуҷҷатҳо ва дигар маълумоти ба салоҳияти Саридора марбутро талаб намояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда санадҳои меъёрии ҳуқукӣ, меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои методиро, ки иҷрои онҳо барои шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, инчунин адабиёти техникӣ, иттилооти маълумоти оид ба масъалаҳои ба ваколаташ марбутро нашр намояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда, парвандаҳоро дар бораи вайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд ва ҷазоҳои маъмурӣ диҳад;

- маводҳоро дар бораи риоя нагаштани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дар бораи қаъри замин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо фиристонад;

- дар доираи ваколатҳои худ, оид ба зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳад, инчунин гузаронидани экспертизаро дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин таъин намояд ва мувофиқи тартиби муқарраргашта, барои гузаронидани чунин экспертизаҳо) мутахассисонро ҷалб намояд;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда барои бартараф намудани риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳо ҳангоми тайёр ва амалӣ кардани лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, гузаронидани корҳои геологию иктишофӣ, истифодаи қаъри замин бо мақсади ба истихроҷи канданиҳои фоиданок новобаста, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, таъмини бехатарии корҳо ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин чораҳо андешад, инчунин барои бартараф намудани вайронкуниҳои талаботи бехатарии саноатӣ ва боздоштани корҳои бо вайронкунии ин талабот анҷомдодашуда, дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, нишондод диҳад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда, оид ба донистани қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ, қаъри замин, қоидаҳо, меъёрҳои бехатарии корҳо, дастури технологӣ ва дастурамалҳо, санҷиши интихобии мутахассисон, кормандони муҳандисию техникӣ, коргаронро гузаронад;

- дар санҷиши роҳбарони нав таъиншудаи корхонаҳо, дигар ташкилотҳо ҷиҳати донистани қонунгузорӣ оид ба бехатарии саноатӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии корҳо, қаъри замин, иштирок намояд ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, дигар мутахассисон ва кормандони муҳандисию техникиро тафтиш кунад;

- аз мутахассисони соҳавӣ барои иҷрои корҳои хатарнок омодашаванда имтиҳон гирад ва шаҳодатномаҳои дахлдор диҳад;

- ба роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, шахсони ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраргашта аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани шахсоне, ки қоидаҳою меъёрҳои бехатарона гузаронидани корҳо, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, худсарона давом додани кор ва истифода бурдани таҷҳизот ва объектҳоеро, ки мақомоти Саридора онҳоро боздоштааст, тартиби муқарраршудаи нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва баҳисобгирии маводи таркандаро доимӣ вайрон мекунанд, ҳуқуқи роҳбарии корҳои кӯҳӣ, пармакунӣ, таркишӣ, маркшейдерӣ, хавфи газдор ва хавфи химиявӣ дошта, инчунин бо истеҳсол, васлкунӣ, таъмир ва истифодабарии объектҳои назорати дегҳо, иншооти борбардор, хоҷагии газ, қубурҳои магистрали нафт, газ ва озуқагузарон вобаста, ки бо тартиби муқарраршуда аз омӯзиш ва санҷиши дониши меъёрҳои бехатарӣ нагузаштааст, пешниход манзур намояд ва оид ба масъалаҳои ба доираи салоҳияти Саридора марбутро маърӯза, ҳисобот ва ахбори намояндагони вазоратҳо, идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро шунида, қарорҳои дахлдор қабул кунад;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда, тафтишоти техникии шароит ва сабабҳои садамаҳо, осебёбии истехсолотӣ, гумкунии маводи таркандаро гузаронад ва дар асоси натиҷаҳои тафтишот қарорҳои дахлдоре, ки иҷрояшон ҳатмианд, қабул кунад;

- ҳангоми зарурат, дар заводҳои истеҳсолкунанда ва корхонаҳои таъмирӣ, мутобиқати таҷҳизот ба талаботи қоидаю меъёрҳои бехатарӣ барои соҳаи саноати кӯҳию истиҳроҷӣ, иншооти борбардори истеҳсолшаванда ва таъмиршаванда, дегҳо ва қубурҳои буғ ва оби гарм, зарфҳои барои кори зери фишор пешбинӣ шуда, қубурҳои нафт, газ ва озуқагузаронро тафтиш кунад, истеҳсол ва истифодаи таҷҳизоти зикршударо дар ҳолати номутобиқатиашон ба талаботи қоидаҳою меъёрҳои бехатарӣ ва хулосаҳои тасдиқшудаи лоиҳавӣ манъ кунад ва аз ҳисоб барорад;

- мавҷудияти иҷозатномаҳо ё рухсатномаҳои корхонаҳо, дигар ташкилотҳоро барои гузаронидани корҳои зериназоратӣ тафтиш кунад;

- ҳуҷҷатҳои дахлдори шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро, ки ба онҳо ҳуқуқи роҳбарии техникии корҳо ва иҷрои онҳо, инчунин риояи талаботи махсуси барои қабул ба корҳои хатарнокиашон баланд муқарраршуда медиҳанд, тафтиш кунад;

- истифодаи худсаронаи қаъри замин ва барои сохтмон истифодабарии қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданокро манъ кунад, инчунин партофтани обҳои ифлосро ба қаъри замин, гӯркунии зеризаминии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолотро дар ҳолати вайронкунии талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарвотҳои зеризаминӣ" махдуд намояд, боздорад ё манъ кунад;

- анҷом додани назорат аз рӯи фаъолияти мақомоти минтақавии Саридора дар ноҳияҳо;

- бо тартиби муқараргардида барои ҳали масъалаҳои доираи муқарраргардидаи фаъолият дигар ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳикунанда ва пешгиркунандаи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки барои роҳ надодан ва пешгирӣ намудани вайронкунии талаботҳои ҳатмиӣ дар доираи муқарраргардидаи фаъолият аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ равона шудаанд, инчунин чораҳо оиди бартараф намудани оқибатҳои вайронкуниҳои зикргардида истифода барад;

- мақомоти мутобиқсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла мақомоти байнисоҳавӣ дар доираи муқаррардидаи фаъолият ташкил намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуққуқии оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои Саридора мансуб буда, аз ҷумла амрҳо, фармоишҳо дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузорорӣ оид ба бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, гардиши маводи таркандаи таъминоти гражданӣ интишор намояд;

- нишонҳои сарисинагӣ таъсис диҳад ва бо онҳо кормандони Саридора ва шаҳрвандонро барои муваффақиятҳо дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мукофотонад;

- либоси расмӣ, нишонҳои тафриқа ва нақлиёти автомобилии махсус бо навиштаҷоти тафриқадор дошта бошад.

8. Саридора ҳуқуқ надорад дар доираи муқарраркаргардидаи фаъолият вазифаи идораи амволи давлатӣ ва хизматрасонии пулиро, ғайр аз ҳолатҳое, ки бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, амалӣ намояд.

Ҳангоми амалӣ намудани батанзимдарории ҳукуқӣ дар доираи муқарраргардидаи фаъолият Саридора ҳуқук надорад вазифа ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидора, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд муқаррар намояд, инчунин ҳуқуқ надорад амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ба истиснои холатҳое, ки имконияти вориди чунин махдудкунӣ бо санадҳои мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия, ки бевосита дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маҳдуд намояд.

III. Ташкили фаъолият

9. Ба Саридора Сардор роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардори Саридора оид ба ичрои ваколатҳои ба Саридора вобасташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи муқарраргардидаи фаъолият, масъулияти шахсӣ дорад.

Сардор ду муовин дорад, аз ҷумла як муовини аввал, ки онҳоро бо пешниҳоди Сардор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

10. Қисмҳои сохтории Саридора аз нозироти давлатии самтҳои асосии фаъолияти Саридора ва нозиротҳои комплексӣ дар мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иборат аст. Ҳайати нозирони нозироти комплексӣ ба сардорони нозироти давлатӣ оид ба самти фаъолияти назоратиашон итоат мекунанд.

11. Сардори Саридора:

- фаъолияти Саридораро дар асоси яккасардорӣ сарварӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Саридора вогузоргардида масъулияти шахсӣ дорад;

- вазифаҳои муовинонро муайян мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомномаи Саридора ва таклиф оид ба шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Саридора ва мақомоти минтақавии Саридораро, пешниҳод мекунад;

- лоиҳаи нақшаи ҳарсола ва нишондаҳои дурнамоии фаъолияти Саридора, инчунин ҳисоботи иҷрои онҳоро муайян мекунад;

- низомномаҳои қисмҳои сохтории дастгоҳи марказии Саридора ва мақомоти минтақавии Саридораро тасдиқ менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатиро дар Саридора ҳал менамояд;

- ҷадвали штатии дастгоҳи маркази воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти минтақавии Саридораро дар ҳудуди муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, музди меҳнат ва шумораи коргарон, дар ҳудуди тасдиқшудаи як давраи муайянӣ пулҷудокуниҳо мувофиқи буҷети ҷумҳуриявӣ сметаи хароҷотро тасдиқ мекунад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Саридора пешниҳод ворид менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ, дар муайянсозии номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ иштирок намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои системаи Саридораро пешниҳод мекунад;

- бо тартиби муайян кормандони дастгоҳи марказии Саридора, мақомоти марказии Саридора ва дигар шахсҳо, ки дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мекунанд, ба додани унвонҳои фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12. Дар Саридора дар ҳайати Сардор (сардори мушовара), муовинони ӯ, инчунин сардорони нозирот ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

Шумораи аъзои ҳайати мушовара (ба ғайр аз шахсони аз рӯи вазифа дохилшаванда) бо пешниҳоди Сардори Саридора аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ карда мешавад.

Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии фаъолияти Саридораро баррасӣ мекунад.

Қарорҳои хайати мушовара дар шакли протоколҳо ва қарорҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои Сардори Саридора амалӣ карда мешаванд.

13. Дар Саридора шӯрои илмию техникӣ оид ба масъалаҳои танзими бехатарии саноатӣ ва техникӣ, пешгирии садамаҳо, осебёбии истеҳсолотӣ ва дигар масъалаҳои таҳти салохияти Саридора таъсис дода мешавад.

Ҳайати шӯрои илмию техникӣ ва низомномаи онро Сардори Саридора тасдиқ мекунад.

14. Саридора дар доираи салоҳияти худ гурӯҳҳои нозирони ғайриштатиро, ки мувофиқи низомномаи тасдиқнамудаи Саридора ба тариқи ҷамъиятӣ кор мекунанд, ташкил мекунад.

15. Саридора дар доираи ваколатҳои худ мувофиқи тартиби муқарраршуда фармонҳо ва фармоишҳо мебарорад, ки иҷрояшон барои тамоми кормандони Саридора ва ташкилотҳои марбут ба иншооти истеҳсолии хатарнок, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, омӯзиши геологӣ ҳатмианд ва назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.

16. Хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Саридора ва воҳидҳои сохтории он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.

17. Саридора шахси ҳуқукӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, бланк ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

18. Маҳали ҷойгиршавии Саридора: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 27 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 618

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият.

Бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус.

Бахши ҳисобдорӣ.

Бахши умумӣ.

Замимаи 3 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 618 тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ.

Нозироти давлатии кӯҳию техникӣ оид ба назорат дар саноати ангишт, кӯҳию маъданӣ ва ғайримаъданӣ.

Нозироти давлатии кӯҳию техникӣ оид ба назорат дар ташкилотҳои геологию иқтишофӣ ва саноати истихроҷи нафту газ.

Нозироти давлатии кӯҳию техникӣ оид ба назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин.

Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ.

Нозироти давлатии назорати дегҳо ва иншоотҳои борбардор.

Нозироти давлатии назорати газ.

Нозироти давлатии назорати геологӣ.

Нозироти комплексии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории вилояти Суғд.

Нозироти комплексии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории вилояти Хатлон.

Нозироти комплексии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Шӯъбаи илмию техникӣ оид ба таҳияи қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ, ҳифзи қаъри замин ва муомилоти маводи тарканда.

Нозироти давлатии назорати иншоотҳои истеҳсолии хатарнок (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008 № 611)