Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 610

Санаи амалкуни: 29.12.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 428 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007 № 40, аз 31.10.2008 № 546, аз 22.09.2012 № 499, аз 3.01.2014 № 23, аз 25.09.2015 № 586, аз 28.11.2015 № 744, аз 30.04.2016 № 182, аз 29.12.2017 № 598)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи оид ба гузаронидани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳбариро дар соҳаи телевизион, радио ва кино амалӣ мегардонад.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомиомаро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ мегардонад.

II. Ваколатҳо

4. Кумита дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ваколатҳои зеринро амалӣ мегардонад:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки банди 1 ҳамин Низомнома нисбат ба соҳаи фаъолияти Кумита муқаррар кардааст, инчунин лоиҳаи нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои пешакии фаъолияти Кумитаро пешниҳод мекунад.

5. Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радио ва дигар конунҳои вобаста ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият:

- аз ҷониби ташкилотҳои телевизион на радио риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорат мегирад;

- барномаҳову гуфторҳои телевизионӣ, радиоӣ, ахбор ва аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиои риоя шудани талаботи техникии сифати пахшро назорат мекунад;

- барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио, истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ иҷозатнома медиҳад ва аз тарафи иҷозатномадошта риоя шудани талабот ва шартҳои иҷозатномаро назорат мекунад;

- тартиби истифодаи шабакаҳои пахшро бо мақсади паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радиои муайяи мекунад;

- риояи тартиби истифодаи шабакаҳои пахшро барои паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радиои назорат мекунад;

- тартиби инженерию техникии истифодаи пахши шабакаи кайҳониро муайян мекунад;

- риояи тартиби истифодаи пахши шабакаи кайҳониро назорат менамояд;

- тартиби истифодаи шабакаи пахши кабелиро (ноқилиро) муайян мекунад;

- риояи тартиби истифодаи шабакаи пахши кабелиро (ноқилиро) назорат мекунад;

- тартиб, мӯҳлат ва шартҳои нигоҳдории дарозмуддати барномаҳои телевизион ва радио, маводи кино ва филмҳоро, ки дорои арзиши таърихӣ, бадеӣ, фарҳангӣ ва дигар арзишҳо мебошанд, муайян менамояд.

6. Дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро таҳия ва тасдиқ мекунад:

- қоидаҳои истифодаи воситаҳои техникии телевизион ва радио, дигар воситаҳои электронии ахбори умум;

- қоидаҳои тафтиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ дар Тоҷикистон;

- низомномаҳои ташкилотҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- оинномаҳои корхонаҳои воҳид дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- низомномаҳои тарификатсияи (аттестатсияи) кормандони истеҳсолию эҷодӣ ва истеҳсолию техникии телевизион, радио ва кино;

- низомномаҳои гузаронидани фестивалҳо, озмунҳо, симпозиумҳо, викторинаҳо ва ғайра дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои дигари соҳаи муқарраршудаи фаъолият.

7. Дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба идораи амволи давлатӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:

- ба фаъолияти телевизион, радио ва кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, оид ба сатҳи касбии барномаҳои телевизион, радио ва маҳсулоти кино назорат мебарад, дурнамо ва самтҳои асосии рушди телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли киноро дар ҷумҳурии муайян мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби харидорӣ ва истифодаи асарҳои адабиёт ва санъатро барои телевизион, радио ва кино муқаррар менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад, аз ҷумла барои беҳтарин барномаҳои телевизион, радио ва сенарияи кино, асарҳои бадеию мусиқӣ, барои таъмини мол, харидории дастгоҳҳои телерадио ва барои намоишу дар мавҷ пахш намудани маҳсулоти телерадиокино, иҷрои корҳои мавриди ниёзи Кумита, ҳамчунин гузаронидани корҳои технологии мавриди ниёзи давлат дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият шартномаҳои давлатӣ мебандад;

- тибқи тартибот ва доираи муқаррарнамудаи қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амволи давлатии барои таъмини иҷрои вазифаҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия зарур дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, аз ҷумла амволи ташкилотҳои системаи Кумита ваколатҳои моликро амалӣ мегардонад;

- фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои шомил ба Нақшаи идоракунӣ ва системаи Кумитаро таҳлил мекунад, нишондиҳандаҳои иқтисодии онҳоро тасдиқ менамояд, оид ба фаъолияти онҳо санҷиши молиявию хоҷагӣ ва истифодаи маҷмӯи амволро тафтиш менамояд;

- дар асоси тадқиқоти илмӣ ва гузаронидани таҷрибаҳо татбиқи намудҳои нави технологияро ба барномаҳои давлатӣ ворид месозад;

- аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро дар соҳаи телевизион, радио ва кино ташкил ва таъмин менамояд;

- рушди соҳа, аз ҷумла таҳкими заминаи моддию техникии тслевизион, радиошунавопӣ ва истеҳсоли кино, марказҳо ва муассисаҳои таълимиро дастгирӣ менамояд;

- таъмини барномавӣ ва илмию методии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва киноро мутобиқи барномаи рушди соҳа ташкил, адабисти илмию таълимӣ ва илмию оммавӣ нашр мекунад;

- дар соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва кино системаи ягонаи давлатии таъмини иттилоотро созмон медиҳад;

- вазифаи фармоишдиҳандаи давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмию техникӣ, инноватсиониро дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият иҷро мекунад;

- регистри маҳсулоти кино ва феҳристи номгӯи ташкилотҳои барои фаъолият дар соҳаи муқарраршуда иҷозатномагирифтаро ба роҳ мемонад;

- қабули шаҳрвандонро ташкил мекунад, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, аз рӯи онҳо қабул гардидани қарорҳо ва дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон фиристодани ҷавобҳоро таъмин менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ ҳимояи иттилооти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- тайёрии сафарбаркунии Кумита, ҳамчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои тобеъро оид ба тайёрии сафарбаркунӣ таъмин менамояд;

- тайёрии касбии кормандони Кумита, тағйир ва такмили ихтисос ва коромӯзии онҳоро ташкил мекунад;

- тибқи та0ртиби муқарраршуда бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳамкорӣ мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукаммалгардонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии маводи аудиовидео ва кинои дар тӯли фаъолияти Кумита ҷамъшуда кор мебарад;

- тибқи тартиби муқарраршуда дар соҳаи муқаррашудаи фаъолият конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо ташкил мекунад;

- таҷрибаи истифодаи қонунгузориро дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҷамбаст мекунад;

- вазифаи тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунадаи маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Кумита ва амалӣ гардонидани вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда чудо шудааст, иҷро менамояд;

- вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад ва ба иҷрои вазифаҳои асосии рушди заминаи моддию техникӣ, беҳдошти шароити иҷтимоӣ мусоидат мекунанд ва ғайра амалӣ мегардонад.

8. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраршуда маълумоти заруриро барои қабул намудани карор оид ба масъалаҳои соҳаи мукарраршудаи фаъолият аз мақомоти дигари дахлдор дархост кунад ва гирад;

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраршудаи фаъолият шарҳу эзоҳ диҳад;

- мутобиқи муқарророт ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро барои баррасии масъалаҳои соҳа ҷалб намояд;

- дар соҳаи муқаррашудаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, ҳайати мушовара), аз ҷумла мақомоти байниидоравӣ таъсис диҳад;

- тибқи муқаррарот нишонҳои ифтихорӣ таъсис диҳад ва бо онҳо кормандонро барои муваффақиятҳояшон дар соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва кино сарфароз гардонад;

- тибқи муқарророт хадамоти телевизион, радио, кино ва ташкилотҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, ҷиҳати чопи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, элонҳои расмӣ, ҷой додани мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраршудаи фаъолият воситаҳои чопии ахбори омма таъсис диҳад;

- ҳаҷм ва тартиби пардохти ҳаққи муаллифӣ, басаҳнагузорӣ ва иҷрокунандагии ҳамаи намудҳои асарҳоро барои телевизион, радио ва истеҳсоли кино, ҳамчунин меьёрҳоро барои эҷоди асарҳои адабию бадеӣ, сенарияҳои оригиналии адабӣ, мусиқӣ барои ҳамаи намудҳои барномаҳои телерадиоӣ ва филмҳо муайян менамояд;

- тартиби додани вақти эфирро ба ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, ҳамчунин ба шахсони хусусӣ дар асоси қарордод, ҷой додани маводи рекламавӣ ва барномаҳои пулакиро дар барномаҳои телевизион ва радио муқаррар мекунад;

- бо қарори ҳайати мушовара ҳаҷми изофапулӣ, мукофот ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти ҳавасмандгардониро ба ҳамаи категорияҳои кормандон, аз ҷумла роҳбарони Кумита, аз ҳисоби даромадҳои иловагӣ ва дар ҳудуди маблағи аз буҷет ҷудошуда муайян ва муқаррар менамояд;

- дар асоси шартнома ба барномаҳои фармоишии телевизиону радиоӣ ва маҳсулоти кино, ҳамчунин ба хизматрасонӣ ва ҷой додани рекламаҳо нархҳоро муайян мекунад;

- меъёрҳои хароҷоти маблағҳоро барои гузаронидани озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, семинарҳо, викторинаҳо ва дигар чорабиниҳои ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият вобаста таҳия ва тасдиқ менамояд;

9. Кумита ҳуқуқ надорад дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият вазифаи назорат ва идораи амволи давлатиро амалӣ гардонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Маҳдудияти муқаррарнамудаи сархати аввали банди мазкур оид ба ваколати Кумита ба ваколатҳои Раиси Кумита доир ба ҳалли масьалаҳои кадрӣ ва масъалаҳои ташкилии фаъолияти Кумита, ҳамчунин ба ваколатҳои ӯ оид ба назорати фаъолияти сохторҳои таркибии Кумита дахл надорад.

III. Ташкили фаъолият

10. Ба Кумита Раис роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Раиси Кумита муовини аввал ва муовинон дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди раиси Кумита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таьин ва аз вазифа озод менамояд.

Шумораи муовинони раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

11. Сохторҳои таркибии Кумита раёсат ва шӯъбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита ба шумор мераванд.

12. Раиси Кумита:

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- низомномаи сохторҳои таркибии Кумитаро тасдиқ мекунад;

- кормандони Кумитаро,ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;

- ҷадвали корбасти Кумитаро дар ҳудуди фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи хароҷоти Кумитаро дар ҳудуди маблағгузории барои марҳалаи марбутаи дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда тасдик мекунад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Кумита пешниҳод манзур мекунад;

- тибқи муқаррарот роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар ташкилотҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ё бо роҳбарони мазкур қарордодҳои меҳнатӣ мебандад, онро тағйир медиҳад ва бекор месозад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва дигар шахсони дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият амалкунандаро барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита дахлдор ва ҳамчунин оид ба масъалаҳои ташкили кори Кумита фармонҳо медиҳад;

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро пншниҳод мекунад:

- Низомнома, схемаи идоракунӣ ва сохтори дастгоҳи марказии Кумита;

- номзадҳо ба вазифаи муовини аввал, муовинҳои Раиси Кумита;

- дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилотҳои давлатие, ки ба Нақшаи идоракунӣ ва системаи Кумита шомиланд;

- нақшаи ҳарсола ва нишондиҳандаҳои пешакии фаъолияти Кумита ва ҳамчунин ҳисобот аз фаъолияти он.

13. Дар Кумита дар ҳайати Раис ва муовинони ӯ аз рӯи вазифа, инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Аъзои ҳайати мушовараи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз иҷрои ин вазифа озод мекунад. Ҳайати мушовара дар маҷлисҳои мунтазами худ масъалаҳои асосии рушди соҳа ва дигар масъалаҳои фаъолияти Кумитаро баррасӣ мекунад, масъалаҳои роҳбарии амалиро ба воҳидҳои сохторӣ, санҷиши натиҷаи иҷро, интихобу истифодаи кадрҳо, лоиҳаи фармону дастурҳои муҳимро муҳокима намуда, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳое, ки ба Нақшаи идоракунӣ ва системаи Кумита шомилбударо мешунавад. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармони Раиси Кумита амалӣ мегарданд.

Дар ҳолати ихтилофот байни Раис ва ҳайати мушовара Раис қарорҳои худро амалӣ мегардонад ва дар бораи ихтилофоти ба миёномада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара дар навбати худ метавонанд фикри хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд.

14. Маблағгузории хароҷот барои нигаҳдошти дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоте, ки ба Нақшаи идоракунии Кумита шомиланд, иичунин ташкилотҳои системаи Кумита аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

15. Кумита шахси ҳуқуқӣ ва дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу варақаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Чапаев, 31.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати ҳамохангсозии барномаҳо ва муносибитҳои байналмилалӣ

Раёсати иқтисод ва баҳисогирии бухгалтерӣ

Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ

Бахши истеҳсолию техникӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунми Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Идораҳои вилоятии телевизион ва радио

Маркази техникии телевизион ва радиои вилоятҳо

Шӯъбаи назорати техникӣ

Бозрасии давлатии радиотелевизионии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телевизиони Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 182)

Радиои Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон"

Телевизиони Кӯлоб

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 598)

Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.01.2014 № 23)

Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ барои барномаҳои телевизион ва радио

Маъмурияти бахши тиҷоратӣ

Ансамбли давлатии "Шашмақом" ба номи Ф. Шаҳобов

Ансамбли давлатии "Фалак"

Ансамбли "Дарё"

Ансамбли рақсии "Гулрез"

Ҳафтаномаи "Чаҳони паём"

Бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ

Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007 № 40)

Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 546)

Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015 № 586)

Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 744)

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007 № 40)

Шӯъбаи истеҳсолию техникӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунми Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Идораҳои вилоятии телевизион ва радио

Маркази техникии телевизион ва радиои вилоятҳо

Шӯъбаи назорати техникӣ

Бозрасии давлатии радиотелевизионии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 610

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон

Радиои Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон"

Телевизиони Кӯлоб

Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"

Киностудияи "Тоҷикфилм"

Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ (радио, телёвизион, кино)