Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 395, аз 12.09.2012 № 484)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мазди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 280 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 48 воҳид муқаррар карда шавад ().
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
4. Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 муовинони Раис, аз ҷумла як муовини аввали Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар муқаррар карда шавад ().
5. Барои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон лимити автомошинаҳои хизматӣ ба миқдори 9 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 5 адад муқаррар карда шавад ().
6. Аз эътибор соқит дониста шавад:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1995 № 358 "Масъалаҳои Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № 414 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 253 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № 414";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 322 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1995 № 358 "Масъалаҳои Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 609
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мазди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 284 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 52 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
4. Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муовинони Раис, аз ҷумла як муовини аввали Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар муқаррар карда шавад.
5. Барои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон лимити автомошинаҳои хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 4 адад муқаррар карда шавад.