Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608

Санаи амалкуни: 25.10.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 608

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 31.12.2008с. № 670, аз 05.09.2012 № 479, аз 1.11.2014 № 705, аз 28.02.2015 № 134, аз 26.02.2020 № 107, аз 25.10.2022 № 517, аз 30.10.2024 № 570)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳоро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуку манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятиро ба анҷом мерасонад.

2. Роҳбарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

3. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2020 № 107).

4. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотхои ҷамъиятӣ ва ғайра амалӣ менамояд.

II. Ваколатҳо

5. Кумита ваколатҳои зеринро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ месозад:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ва дигар хуҷҷатҳое, ки аз рӯи онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолияти Кумита, ки бо банди 1 ҳамин Низомнома муқарраргардида, тааллуқ доранд, инчунин лоиҳаи нақшаи кор ва нишондодҳои пешбинишавандаи фаъолияти Кумитаро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- оид ба таъмини баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъмятию иқтисодӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии занон ва оила пешниҳод таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор тадқиқоти маҷмӯиро (комплексиро) барои таҳияи минбаъда ва ҳамоҳангсозии иҷрои барномаҳои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, коҳиш додани нобаробарии гендерӣ ва беҳшавии мавқеи зан мегузаронад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517);

- фаъолиятро оид ба пайдо ва арзёбӣ кардани роҳҳои навовар ва мубрам дар ҳалли масъалаҳои занон ва оила, ташаккули тафаккури мусбати ҷамъиятии вобаста ба мавқеи занон дар ҷамъият ташкил менамояд;

- васоити ахбори оммаро барои пахши иттилоот нисбати мавқеи занон, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, асосҳои баробарҳуқуқии гендерӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, некӯаҳволии маънавӣ, муносибати масъулиятноки ҷавононро барои барпо намудани оила истифода мебарад;

- фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалиро оид ба пешрафти баробарии гендерӣ ва ҳалли масъалахои занон ва оила ҳамоханг месозад;

- бо мақомоти қонунгузор, мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои чамъиятии дар доираи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамкорӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2020 № 107);

- мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кисмати пешрафти баробарии гендерӣ татбиқ менамояд;

- ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват менамояд;

- муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба салоҳияти худ сари вақт ва бо сифат баррасӣ намуда, аз натиҷаҳои онҳо ба ҷонибҳои дахлдор иттилоот медиҳад;

- Кумита дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо қабул намуда, аз рафти иҷрои онҳо назорат мебарад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517, аз 30.10.2024 № 570);

- бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда ба имзо мерасонад;

- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд тадбирҳо меандешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517);

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ҳавасманд гардонидани донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ тадбирҳо меандешад;

- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила мусоидат менамояд;

- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои шуғлнокии занон, таъсиси ҷойҳои корӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзии онҳо мусоидат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517);

- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои соҳибмулкиро нисбати амволи давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, амалӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, таъмин менамояд;

- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомӯзии онҳо, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, ҳифз, ба ҳисоб гирифтан ва истифодаи ҳуҷҷатқои бойгоиӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;

- бо тартиби муқарраршуда конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил мекунад;

- вазифаҳои ихтиёрдори асоси ва гирандаи маблағҳоеро, ки дар буҷети чумҳуриявӣ барои таъминоти Кумита ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраргардида маълумоти барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият зарурро дархост намояд ва гирад;

- кормандон, занон ва духтаронро барои дастовардҳои баланд дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумита сарфароз гардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517);

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ оид ба масъалаҳои сохаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳот диҳад;

- бо тартиби муқарраргардида барои омӯхтани масъалаҳои муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳхо) аз ҷумла байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳад;

- бо тартиби муқарраршуда нишонҳои сарисинагиро таъсис дода, бо онҳо кормандон, занону духтарон барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият сарфароз гардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 570);

- бо тартиби муқарраршуда барои интишори санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳнкунии дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият васоити ахбори оммаро таъсис диҳад;

III. Ташкили фаъолият

7. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517).

Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба Кумита вогузоршуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Раиси Кумита 3 муовин, аз ҷумла як муовини якум ва муовинони Раис дорад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Масъулият ва вазифаҳои муовинонро Раиси Кумита муайян мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 26.02.2020 № 107, аз 25.10.2022 № 517).

Қисматҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳо ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705).

Дар назди Кумита дар асоси ҷамъиятӣ аз ҳисоби занони фаъол намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ Мақоми машваратӣ (Шӯро) таъсис дода мешавад.

Низомномаи шӯро ва ҳайати онро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

8. Дар Кумита таҳти роҳбарии Раиси Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он муовини якум, муовинони Раис (аз рӯи вазифа), инчунин дигар кормандони пешбари Кумита дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2015 № 134, аз 26.02.2020 № 107).

9. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумитаро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо аксари овозҳои аъзои ҳайати мушовара қабул шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои Раиси Кумита дар амал татбиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2015 № 134).

10. Раиси Кумита:

- пешниҳодотро оид ба номзадҳо ба вазифаихои муовини роҳбари Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321);

- дар бораи тағйир додани сохтори Кумита, таъсис додани шӯъбаҳои ва бахшҳои нав, кам ё зиёд намудани ҳайати кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала мегузорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705).

- барои ба вазифа таъин кардан ва аз вазифа озод кардани сардорони раёсатҳо ва мудирони шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистонн Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъин мешаванд, розигӣ медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705);

Низомномаҳои раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705);

- ҳисоботи сардорони раёсатҳо ва мудирони шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705);

- кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳои Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳоро байни хизматчиёни дастгоҳи марказии Кумита тақсим мекунад, фаъолияти онҳоро хамоҳанг ва назорат мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 517);

- басти вазифаҳои Кумитаро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти

Кумитаро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705);

- дар доираи маблағҳои ба давраи дахлдор тасдиқшудаи дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, пешниҳодотро оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- бо тартиби мукарраргардида кормандони Кумита ва шахсони дигари дар соҳаи муқарраргардида фаъолиятдоштаро барои сарфароз кардан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо ва фармонҳоро оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита марбутбуда, инчунин дар бораи масъалаҳои ташкилии дохилии фаъолияти Кумита қабул менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2020 № 107);

11. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

12. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонхои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705).

13. Маҳали ҷойгиршавии Кумита: 734013 Ҷумҳурии Тоҷикистои, шаҳри Душанбе мебошад.



дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 570)

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 608

тасдиқ карда шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Роҳбарият

Раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати кор бо оила

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Шуъбаи ташкилӣ

Бахши коргузорӣ ва назорат

Бахши таҳлилӣ ва иттилоот

Бахши банақшагирӣ ва муҳосибот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 570)


Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 670

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"

Замимаи 4

Нақшаи идоракунии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2014 № 705)

таҳрири нав

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо

Замимаи 1 Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 608

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 31.12.2008с. № 670)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳоро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуку манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятиро ба анҷом мерасонад.

2. Роҳбарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

3. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад.

4. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотхои ҷамъиятӣ ва ғайра амалӣ менамояд.

II. Ваколатҳо

5. Кумита ваколатҳои зеринро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ месозад:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ва дигар хуҷҷатҳое, ки аз рӯи онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолияти Кумита, ки бо банди 1 ҳамин Низомнома муқарраргардида, тааллуқ доранд, инчунин лоиҳаи нақшаи кор ва нишондодҳои пешбинишавандаи фаъолияти Кумитаро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- оид ба таъмини баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъмятию иқтисодӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии занон ва оила пешниҳод таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор тадқиқоти маҷмӯиро (комплексиро) барои таҳияи минбаъда ва ҳамоҳангсозии иҷрои барномаҳои байниидоравӣ оид ба беҳтар гардонидани вазъи демографӣ ва беҳшавии мавқеи зан мегузаронад;

- фаъолиятро оид ба пайдо ва арзёбӣ кардани роҳҳои навовар ва мубрам дар ҳалли масъалаҳои занон ва оила, ташаккули тафаккури мусбати ҷамъиятии вобаста ба мавқеи занон дар ҷамъият ташкил менамояд;

- васоити ахбори оммаро барои пахши иттилоот нисбати мавқеи занон, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, асосҳои баробарҳуқуқии гендерӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, некӯаҳволии маънавӣ, муносибати масъулиятноки ҷавононро барои барпо намудани оила истифода мебарад;

- фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалиро оид ба пешрафти баробарии гендерӣ ва ҳалли масъалахои занон ва оила ҳамоханг месозад;

- бо мақомоти қонунгузор, мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои чамъиятии дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамкорӣ менамояд;

- мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кисмати пешрафти баробарии гендерӣ татбиқ менамояд;

- ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват менамояд;

- муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба салоҳияти худ сари вақт ва бо сифат баррасӣ намуда, аз натиҷаҳои онҳо ба ҷонибҳои дахлдор иттилоот медиҳад;

- Кумита дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул намуда, аз рӯи ташкил ва иҷрои онҳо назорат мебарад;

- бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда ба имзо мерасонад;

- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои соҳибмулкиро нисбати амволи давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, амалӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, таъмин менамояд;

- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомӯзии онҳо, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, ҳифз, ба ҳисоб гирифтан ва истифодаи ҳуҷҷатқои бойгоиӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;

- бо тартиби муқарраршуда конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил мекунад;

- вазифаҳои ихтиёрдори асоси ва гирандаи маблағҳоеро, ки дар буҷети чумҳуриявӣ барои таъминоти Кумита ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқарраргардида маълумоти барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият зарурро дархост намояд ва гирад;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ оид ба масъалаҳои сохаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳот диҳад;

- бо тартиби муқарраргардида барои омӯхтани масъалаҳои муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳхо) аз ҷумла байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳад;

- бо тартиби муқарраршуда нишонҳои тафриқавӣ таъсис дода, бо онҳо кормандонро барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият сарфароз гардонад;

- бо тартиби муқарраршуда барои интишори санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳнкунии дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият васоити ахбори оммаро таъсис диҳад;

III. Ташкили фаъолият

7. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис сарварӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба Кумита вогузоршуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Раиси Кумита 2 муовин, аз ҷумла як муовини аввал ва муовини Раис дорад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Масъулият ва вазифаҳои муовинро Раиси Кумита муайян мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321).

Қисматҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита мебошанд.

Дар назди Кумита дар асоси ҷамъиятӣ аз ҳисоби занони фаъол намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ Мақоми машваратӣ (Шӯро) таъсис дода мешавад.

Низомномаи шӯро ва ҳайати онро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

8. Раиси Кумита:

- пешниҳодотро оид ба номзадҳо ба вазифаихои муовини роҳбари Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321);

- дар бораи тағйир додани сохтори Кумита, таъсис додани шӯъбаҳои нав, кам ё зиёд намудани ҳайати кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала мегузорад;

- барои ба вазифа таъин кардан ва аз вазифа озод кардани раисони кумитаҳо ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистонн Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшои, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъин мешаванд, розигӣ медиҳад;

Низомномаҳои кумитаҳо ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро тасдиқ менамояд;

- ҳисоботи раисони кумитаҳо ва шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- кормандони дастгоҳи марказии Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳоро байни хизматчиёни дастгоҳи марказии Кумита тақсим мекунад, фаъолияти онҳоро хамоҳанг ва назорат мекунад;

- ҷадвали штатии Кумита, фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, сметаи хароҷоти нигаҳдории Кумитаро дар доираи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- дар доираи маблағҳои ба давраи дахлдор тасдиқшудаи дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, пешниҳодотро оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- бо тартиби мукарраргардида кормандони Кумита ва шахсони дигари дар соҳаи муқарраргардида фаъолиятдоштаро барои сарфароз кардан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо ва фармонҳоро оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита марбутбуда, инчунин дар бораи масъалаҳои ташкилии дохилии фаъолияти Кумита қабул менамояд;

9. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

10. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда дорои мӯҳр бо тасвирн Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонхои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

11. Маҳали ҷойгиршавии Кумита: 734013 Ҷумҳурии Тоҷикистои, шаҳри Душанбе мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 608

тасдиқ карда шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321)

Роҳбарият

Шӯъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

Шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши молия ва ҳисобдорӣ

Бахши иттилоотию таҳлилӣ

Бахши умумӣ.

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 №670

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"