Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 31.12.2008с. № 670, аз 05.09.2012 № 479, аз 1.11.2014 № 705, аз 28.02.2015 № 134, аз 26.02.2020 № 107, аз 25.10.2022 № 517, аз 30.10.2024 № 570)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3) ().
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 37 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (№ 570).
3. Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани 3 муовин, аз ҷумла як муовини якум ва муовинони Раис", инчунин ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар иҷозат дода шавад .
4. Барои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад ().
5. Беэътибор дониста шавад:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2006 № 361 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
...