Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 25.10.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 31.12.2008с. № 670, аз 05.09.2012 № 479, аз 1.11.2014 № 705, аз 28.02.2015 № 134, аз 26.02.2020 № 107, аз 25.10.2022 № 517, аз 30.10.2024 № 570)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008с. № 670, аз 1.11.2014 № 705).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 37 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 05.09.2012 № 479, аз 1.11.2014 № 705, аз 26.02.2020 № 107, аз 30.10.2024 № 570).

3. Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани 3 муовин, аз ҷумла як муовини якум ва муовинони Раис", инчунин ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар иҷозат дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 28.02.2015 № 134, аз 26.02.2020 № 107, аз 25.10.2022 № 517).

4. Барои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 26.02.2020 № 107).

5. Беэътибор дониста шавад:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2006 № 361 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон          Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 608

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321, аз 31.12.2008с. № 670)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008с. № 670)

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 18 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321).

З. Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани 2 муовин, аз ҷумла як муовини аввал ва муовини Раис иҷозат дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321).

4. Барои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 321).