ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, кисми 1. мод. 688, мод. 689; соли 2005, № 12, мод. 629; соли 2006, № 7, мод. 341) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 32:
- қисми 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"4. Танҳо дар ҳолатҳои мукаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда хангоме, ки нархи молҳо (корхо, хизматрасониҳо) ба тарафи зиёдшавӣ ё ба тарафи камшавӣ зиёда аз 30 фоиз нархи бозории молҳо (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) майл кунад, мақоми андоз ҳуқуқ дорад оид ба азнавҳисобкунии андоз бо назардошти нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дахлдор, ки мутобиқи ҳамин модда муайян гаштааст, қарори асоснок қабул намояд.
Нархи бозорӣ бо назардошти мукаррароти пешбининамудаи кисмҳои 5-1 ва 14 ҳамин модда муайян карда мешавад. Ҳамзамон иловахо с тахфифхои муқаррарӣ ба нарх ҳангоми бастани аҳдҳо байни шахсони мутақобилан вобаста набуда низ ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, тахфифҳое, ки дар натиҷаи омилҳои зерин ба миён омадаанд, ба назар гирифта мешаванд:
1) тағйирёбии мавсимӣ ва дигар тағйирёбии талабот нисбат ба молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
2) гум шудани сифат ё дигар хусусиятҳои истеъмолии молҳо;
3) гузаштани (наздик шудани санаи гузаштани) мӯхлати коршоямӣ ё фурӯши (таҳвили, рӯхсат додани) молҳо;
4) сиёсати маркетингии тарафҳои аҳд, аз ҷумла ҳангоми баровардани молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) нав ба бозор, ки монанди худро надоранд, инчунин ҳангоми баровардани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба бозорҳои нав;
5) фурӯши (таҳвили) навъҳо ва намунаҳои таҷрибавии молҳо бо мақсади шиносоии истеъмолкунандагон бо онҳо";
- ба қисми 11 сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шавад;
"Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) метавонад бо истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда ё усули ҳисоби хароҷот муайян карда шавад.
Дар мавриди истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда нархи бозории молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки фурӯшанда таҳвил менамояд, ҳамчун фарқи нархе, ки аз рӯи он харидорони ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) онҳоро ба харидорони минбаъдаи худ таҳвил кардаанд ва хароҷоти муқаррарии дар чунин ҳолатҳо масрафнамудаи ин харидор, ки барои ба муомилот баровардан ва таҳвили минбаъдаи ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба харидори минбаъда (бе назардошти нархе, ки аз рӯи он аз ҷониби харидори зикршуда аз фурӯшанда ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дастрасшуда буданд) сарф шудаанд, бо назардошти меъёри фоидаи дар ҳамин соҳа муқарраргардидаи ин харидор муайян карда мешавад.
Дар мавриди ғайриимкон будани истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда (аз ҷумла, ҳангоми мавҷуд набудани маълумот оид ба нархи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) минбаъд аз чониби харидор таҳвил дода шуда, усули хисоби хароҷот истифода бурда мешавад, ки мутобиқи он нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҷониби фурӯшанда таҳвилдода ҳамчун ҷамъи хароҷоти амалишуда ва фоидаи муқаррарӣ дар ин соҳаи фаъолият муайян карда мешавад. Ҳамзамон хароҷоти мустақим ва ғайримустақими муқаррарии дар чунин ҳолатхо барои истеҳсол (дастрас намудан) ва (ё) таҳвили молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, суғурта кардан ва дигар хароҷоти ба ин монанд, ба назар гирифта мешаванд.";
- қисми 12 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"12. Дар мавриди ба миён омадани баҳс байни андозсупоранда ва мақоми андоз доир ба масьалаҳои татбиқи нархи бозори мақоми болоии андоз, мақоми ваколатдори давлатӣ ё суд ҳақ доранд бо ҳолатҳои дар ҳамин модда овардашуда маҳдуд нашуда, ҳама гуна дигар ҳолатҳоро, ки барои муайян кардани натиҷаҳои аҳд ва ӯҳдадориҳои андоз аҳамият доранд, ҳамчунин эрод ва далелҳои пешниҳодкардаи андозсупорандаро ба назар гиранд.";
- қисми 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"15. Дастурамал дар хусуси аз тарафи макомоти андоз татбиқ намудани муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
2. Қисми 5 моддаи 34 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"5. Воситаҳои асосӣ - активҳои моддӣ, ки дар як вақт ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд: 1) мӯхлати хизматашон зиёда аз як сол;
2) онҳо ҳангоми истеҳсоли молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳои меҳнат истифода мешаванд;
3) ҳамчун қоида, арзиши хар як воҳиди чунин активҳои модди аз ҳадҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ барои ба воситаҳои дар гардишбуда ҳамроҳ намудани актиҳхои моддӣ зиёд бошанд;
4) онҳо бояд мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс истеҳлок шаванд.".
3. Ба қисми 1 моддаи 315 бандҳои 9, 10 ва 11 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"9) ҳар сол барӯйхатгирии амвол ва ӯҳдадориҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;
10) мақоми андози маҳалли бақайдгириро оид ба ҳамаи суратҳисобҳои кушодааш дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию - кредитӣ (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи кушодани суратҳисобҳо хабардор намояд;
11) то санаи 15-уми июли соли ҷорӣ барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва то санаи 15-уми январи соли минбаъда барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ дар ҳолатҳо, шаклҳо ва бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳисобот оид ба маблағҳои имтиёзҳои андоз доир ба аидозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ ҳангоми муайян намудани ӯҳдадориҳои андозии худ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта, аз ҷумла оид ба имтиёзҳои андозии ба дигар шахсон додашуда, ҳангоми аз ҷониби ин андозсупоранда иҷро намудани амалҳои агенти андоз пешниҳод намояд.".
4. Дар сархати панҷуми қисми 16 моддаи 45:
- аз ҷумлаи аввал калимаҳои "аз ҷониби мақоми дахлдори андоз" хориҷхарда шаванд;
- ҷумлаи охирин дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Қоидаҳои тайёр намудани штампҳо, гузоштани штампҳо ва ба рисмият даровардани сабти РМА дар шиноснома бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".
5. Қисми 5 моддаи 62 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"5. Ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмиёти гумрукӣ даровардани молҳои воридшудаи зераксизис, ки бояд тамғаҳои аксизӣ гузошта шаванд, бидуни пешакӣ гузоштани тамғаҳои дахлдори аксизии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти зераксизие, ки берун аз ҳудуди сархади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, манъ аст. Ҳамзамон мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда боварӣ ҳосил намоянд, ки тамғаҳои дахлдори аксизӣ бо тартиби муқаррарнамуда берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тамғагузории маҳсулоти зераксизии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда бароварда шуда буданнд.".
6. Дар моддаи 94:
- қисмҳои 6, 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"6. Бонк ё дигар ташкилоти молиявию кредитӣ ва мақоми андоз барои зарари дидаи андозсупоранда дар натиҷаи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ бо қарори суд, ки мувофиқи талаботи ҳамин Кодекс қабул шудааст, ҷавобгар нестанд.
7. Дар мавриди мавҷуд будани қарори суд дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ҳар як бонк ё дигар ташкилоти молиявию кредитӣ ҳуқуқ надорад, ки барои ин андозсупоранда, ба истиснои додани пули нақд барои пардохти музди меҳнати ҳисоб кардашуда, суратҳисоби нав кушояд, аз суратҳисоби ӯ пули нақд ё қарз диҳад.
8. Пас аз бартараф намудани асосҳое, ки барои боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ сабаб шудаанд, мақоми андоз на дертар аз як рӯзи бонкӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 64 ҳамин Кодекс ба андозсупоранда, инчунин ба бонки манфиатдор дар бораи бартараф намудани асосҳое, ки барои боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда сабаб шудаанд, огоҳиномаи хаттӣ равон мекунад. Бонке, ки огоҳиномаи дар боло зикргардидаро гирифтааст, аз лаҳзаи гирифтани он амалиёти хароҷотиро аз рӯи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда аз нав барқарор мекунад.";
- қисми 6 хориҷ карда шуда, қисми 7 мутаносибан қисми 9 ҳисоб карда шавад.
7. Дар қисми 2 моддаи 96 баъд аз калимаи "фоизҳо" калимаҳои "мутобиқи қарори суд мувофиқи моддаи 95 ҳамин Кодекс ва дар қисмати боқимонда" илова карда шаванд.
8. Дар қисми 2 моддаи 130 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин ифода карда шавад:
"3. Низомнома ва тартиби додани рутбаҳои махсус ба кормандони мақомоти полиси андозро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
9. Ба қисми 1 моддаи 209 банди 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5) тарҳи карзҳои беэътимод (шубҳанок) мувофиқи қисми 20 моддаи 34 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 150 хамин Кодекс".
10. Дар моддаи 211:
- ба кисми 2 банди 13 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"13) таҳвили маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи ҳалқӣ ва асбобҳои мусиқӣ тибқи номгӯе, ки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.";
- ба сархати сеюми кисми 3 пас аз калимаи "сарватҳо" калимаҳои "ва ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳвили маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" илова карда шаванд;
"4) воридоти воситаҳои асосӣ, ба истиснои молҳои зераксизӣ, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхона мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии ӯ дар муддати 3 сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии (азнавбақайдгирӣ бинобар зиёд шудани фонди оинномавии) корхонае, ки фонди оинномавиаш дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми на зйёда аз 7 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст ва дар давоми 5 сол нисбати корхонае, ки фонди оинномавии он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 7 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориҷии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷӣ мустақиман барои эҳтиёҷоти худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд. Дар ин сурат рӯзи ворид намудани молҳо рӯзи оғози ба расмиёти гумрукӣ даровардани онҳо мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
Дар сурати барҳам дода шудани чунин корхона ё дар давоми 5 сол аз лаҳзаи дохил шудан (воридот) ба ҷумҳурӣ дар ҷараёни истеҳсоли молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) истифода нашудан, ё аз ҷониби ин корхона ба шахси дигар таҳвил дода шудани воситаҳои асосии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаи дар боло нишондодашуда маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудааст, бояд ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 226 ҳамин Кодекс ситонида шавад.
Дар ҳама гуна ҳолат, новобаста аз миқдори ҳолатҳои азнавбақайдгирии корхона бинобар зиёд шудани фонди оинномавии озодкунии пешбининамудаик ҳамин банд нисбати корхонаҳои навтаъсисёфта (нав) аз рӯзи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ва нисбати корхонаҳои дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин банд мавҷудбуда аз лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин имтиёз вобаста ба андозаи фонди оинномавии корхона ба мӯҳлати на зиёда аз 3 ё 5 сол пешниҳод карда мешавад".
11. Дар моддаи 214:
- дар қисми 1 баъд аз калимаҳои "сангҳои киматбаҳо" калимаҳои "маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" илова карда шаванд;
- дар қисми 2 рақами "30" ба рақами "120" иваз карда шавад.
12. Дар банди 4 қисми 1 моддаи 215 пас аз калимаҳои "андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва (ё) ба суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои дар хориҷа", баъд аз калимаҳои "суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ӯ" илова карда шаванд.
13. Ба қисми 4 моддаи 220 пас аз калимаи "бояд" калимаҳои "ба буҷет дар як вақт бо амалӣ намудани пардохти маблағ ба ғайрирезидент супорида шавад ва" илова карда шаванд.
14. Дар моддаи 231:
- ба қисми 2 сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Ҳисобнома - фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо хуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ шуморида шуда, силсила ва рақами дахлдор дошта, дар матбааҳои махсус тибқи фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ интишор карда мешаванд ва бо нархе, ки хароҷоти интишор кардан, нигоҳдорӣ ва тақсимоти онҳоро мепӯшонад, аз рӯи дархости супорандагони ААИ ва аксизҳо ба онҳо аз ҷониби мақомоти андози дахлдор фурӯхта мешаванд. Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо арзиши хисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои харидаашонро ҳамчун маблағи андоз аз арзиши иловашуда тибқи муқаррароти моддаи 226 ҳамин Кодекс ба хисоб мегиранд.";
- дар қисми 9 калимаҳои "таҳия ва пешниҳод намудани" ба калимаҳои "интишор намудан, байни мақомоти андоз тақсим кардан ва ба супорандагони ААИ ва аксизҳо фурӯхтан, таҳия (навиштан), пешниҳод, баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, нигоҳдорӣ, нест кардан ва дигар ҷиҳатҳои истифодабарӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, муқаррар намудани нархи фурӯши" иваз карда шаванд.
15. Қисми 3 моддаи 237 хориҷ карда шавад.
16. Дар қисми 1 моддаи 245:
- рақами "30" ба рақами "120" иваз карда шавад;
- банди 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамояд.
Агар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ӯ гузаронидани маблағҳои ба дастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ - харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи амалиётҳон зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад".
17. Дар моддаи 249:
- дар номи модда калимаҳои "спиртдор ва тамоку" ба калимаҳои "зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку" иваз карда шаванд;
- ба қисми 1 пас аз калимаи "спиртдор" калимаи ", бе спирт" илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои "спиртдор ва (с) тамоку" ба калимаҳои ", зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку, иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи аввали қисми 3 пас аз калимаҳои "тамғаҳои аксизӣ" калимаҳои "берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда, ҷумлаи охирин хориҷ карда шавад;
- аз қисми 4 калимаҳои "ҳхачми маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи тамғаҳои аксизӣ гузошташуда ва" хориҷ карда шаванд.
18. Дар моддаи 250:
- дар қисми 1 калимаҳои "спиртдор ва (ё) тамоку" ба калимаҳои "зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "спиртдор ва (ё) тамоку" ба калимаҳои "зераксизии спиртдор, беспирт ва (ё) тамоку" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 пас аз калимаи "спиртдор" калимаи ", бе спирт" илова карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "спиртдор ва (ё) тамокуи" ба калимаҳои "зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамокуи", калимаҳои "спиртдор ва (ё) тамоку" ба калимаҳои "зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои "мавҷуд будани маҳсулоти спиртдор ва (ё) тамоку" ба калимаҳои "мавҷуд будани маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку" иваз карда, сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Ҳамзамон тамғагузории маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку бо тамғаҳои аксизи метавонад танҳо дар ҳудуде сурат гирад, ки дар он ҷо (ки онро) биноҳои истеҳсолии барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (бевосита банд кардаанд). Содир намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи бо тамғаҳои аксизӣ тамғагузорӣ нашуда ба беруни ҳудуде, ки дар он ҷо (ки онро) биноҳои истеҳсолии барои истеҳсоли маҳсулоти зеракскзии спиртдор ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (бевосита банд кардаанд), аз ҷумла ҷойгиркунонии чунин маҳсулот ба анбори берун аз ҳудуди истеҳсолии дар боло зикршуда манъ аст. Ҳангоми вайрон кардани манъкунии дар боло зикршуда мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро мутобиқи қисми 1 моддаи 256 ҳамин Кодекс мусодира намоянд.".
19. Ба қисми 1 моддаи 251:
- пас аз калимаҳои "дар хаҷми пурра" калимаҳои "аз миқдори молҳои зераксизии вайроншуда ва (ё) гумшуда" илова карда шаванд;
- сархати нав бо мазмуни зернн илова карда шавад:
"Ҳамзамон нисбати молҳои зеракскзии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда сархати мазкур дар он ҳолат истифода бурда мешавад, ки андозсупоранда имконияти супоридани аксизро барои молҳои зераксизии амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбати молҳои зераксизии воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои насупоридани андозҳо пешбинишавандаро истифода бурдаст ва молҳои зераксизии воридшуда дар давраи таҳти расмиёт ва низомҳои фавқуззикр қарор доштанашон вайрон ва нобуд шуда бошанд.".
20. Ба қисми 2 моддаи 257 ҷумлаи зерин илова карда шавад: "Ба ҳисобнома-фактураҳои аксиз тамоми талаботи моддаи 231 хамин Кодекс дахл доранд.".
21. Дар бандҳои 1, 2, 3 ва 4 қисми 1 моддаи 266 рақамҳои "400", "300", "200" ва "150" мутаносибан ба рақамҳои "500", "375", "250" ва "180" иваз карда шаванд.
22. Қисми 1 моддаи 267 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"1. Меъёрҳои миёнаи андоз аз як гектар замин дар минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, ғайр аз заминҳое, ки бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ мешаванд, ба андозаи зерин муқаррар мешаванд (бо сомонӣ):
+------------+------Т-----------+----+----+--------------+-----------ҷ
|Намудҳои | Заминҳои кишт ва | ч | а |Роҳ, кӯчаҳо, | Дигар |
| замин | дарахтҳои | а | л |иморати |заминҳое,ки|
|(қитъаҳо) | бисёрсола: обӣ/ | р | а |ҷамъиятӣ, |дар соҳаи |
+------------+ лалмӣ | о | ф |бешаҳо, |истеҳсоли |
| Номи | | г | з |майдонҳо, |маҳсулоти |
|минтақаи | | о | о |каналхо, ҷуйҳо|кишоварзӣ |
|кадастрӣ | | х | р |ва заҳбурҳо |истифода |
| | | х | х | |намешаванд |
| | | о | о | | |
+------------+------------------+----+----+--------------+-----------+
| | | | | | |
|Суғд, аз | | | | | |
|чумла | 60,0 / 11,0 | 2 | 4 | 7 | |
|минтақҳои | | | | | |
|кӯҳӣ | | 4 | 6 | 6 | 0.8 |

|Ҳисор, аз | | | | | |
|ҷумла | 64,0 / 26,0 | 4 | 5 | 6 | 1 |
|минтақаҳои | | | | | |
|кӯҳӣ | | 4 | 5 | 5 | 0,8 |

|Рашт | 52,0/38,0 | 4 | 6 | 6 | 0,8 |

|Кӯлоб, аз | | | | | |
|чумла | 66,0/31,0 | 3 | 5 | 6 | 1 |
|минтақаҳои | | | | | |
|кӯҳӣ | | 4 | 6 | 5 | 0,8 |

|Вахш, аз | | | | | |
|ҷумла | 93,0/23,0 | 2 | 4 | 7 | 1 |
|минтақаҳои | | | | | |
|кӯҳӣ | | 4 | 4 | 5 | 0,8 |

|Вилояти | | | | | |
|Мухтори | | | | | |
|Куҳистони | | | | | |
|Бадахшон | 18,0/8,0 | 2 | 3 | 3 | 0,8 |
|(бе минтақаи| | | | | |
|Мурғоб) | | | | | |
+---Р--------+------------------+----+----+--------------+-----------+
- кисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешаҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд ва барои бунёди боғҳо ва токзорҳо истифода шудаанд, дар давоми 5 сол аз соли бунёди нн боғҳо ва токзорҳо аз андозбандӣ озод мешаванд. Дар бораи майдони воқеии боғҳо ва токзорҳое, ки дар мавсими шинондани ниҳолҳои бисёрсола дар замини чарогоҳҳо, алафзорҳо Ев бешазорҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, бунёд карда шудаанд, андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақоми андози ҳудудӣ дар давоми 30 рӯзи тақвими аз рӯзи анҷом ёфтани ин кор ахборот медиҳад. Дар акси хол боғҳо ва токзорҳое, ки дар замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешазорҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, бунёд карда шудаанд, бояд ҳамчун заминҳои бо дарахтҳои бисёрсола бандбуда, бе пешниҳоди давраи 5-солаи имтиёзноки дар боло зикргардида андозбандӣ карда шаванд. 5. Заминҳои дар бандҳои 7 ва 8 моддаи 271 ҳамин Кодекс нишондодашуда аз андозбандӣ озод мешаванд.".
23. Ба банди 14 моддаи 271 пас аз калимаҳои "зироатҳои кишоварзӣ" калимаҳои ", дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда" илова карда шаванд.
24. Матни моддаи 296 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард шахсони зерин ба ҳисоб мераванд, ки даромади умумиашон бе назардошти ААИ ва андоз аз фурӯши чакана дар оғози соли андоз аз 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад:
1) корхонаҳои резидентӣ;
2) корхонаҳои хориҷие, ки тавассути муассисаҳои доимиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;
3) соҳибкорони инфиродӣ.".
25. Матни моддаи 297 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Объекти андозбандӣ маблағи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда - дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо (хароҷот), ки боби 19 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ба ҳисоб меравад.".
26. Матни моддаи 300 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Манбаи андоз бо роҳи ҷамъ намудани ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо (хароҷот), ки боби 19 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ҳисоб карда мешавад.".
27. Ба моддаи 306 кисми 4 ба мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки дар таркиби худ воҳидҳои махсуси дар тавозуни мустақил қарорнадоштаро доранд, ки ба коркарди минбаъдаи маҳсулоти кишоварзии аз замини худ рӯёнида ва аз дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бадастоварда машғуланд, ҳуқуқ доранд ба системаи андозбандии умумӣ гузаранд. Чунин гузариш танҳо аз 1 январи соли минбаъдаи соли ба таври хаттӣ муроҷиат намудан ба мақоми андози ҳудудӣ дар хусуси гузаштан ба системаи андозбандии умумӣ амалӣ мегардад.
Дар бораи мақсади гузаштан ба системаи андозбандии умумӣ андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақоми андози ҳудудӣ то 1 октябри соли ҷорӣ муроҷиат мекунад.
Ҳамзамон барои соли андозе, ки пеш аз соли гузариш ба системаи андозбандии умумӣ (яъне барои соли андозе, ки дар он ба мақоми андози ҳудудӣ дар хусуси гузариши дар боло зикршуда муроҷиати хаттӣ пешниҳод шуда буд) мебошад, андозсупоранда (истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ) ӯҳдадор аст ба мақоми андози ҳудудӣ мутобиқи моддаи 197 хдмин Кодекс барои мақсадҳои амалӣ намудани пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз мутобиқи моддаи 198 ҳамин Кодекс ва иҷрои дигар муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия пешниҳод намояд. Дар мавриди гузариш ба системаи андозбандии умумӣ андозсупоранда (истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ) ҳуқуқи озодкунӣ аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои боби 42 ҳамин Кодекс пешбининамударо аз даст медиҳад.
Бозгашт аз системаи андозбандии умумӣ ба низоми андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳамин тартиб сурат мегирад.".
28. Дар моддаи 308:
- қисми 1 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар гектар замин барои соли тақвимӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд (бо сомонӣ):
+--------------------+-----------------------------------------------ҷ
| Намудҳои | Заминҳои кишт Дарахтхон бисёрсола |
| заминҳо (қитъаҳо) | |
+--------------------+----------------+----+--------------------+----+
| | обӣ | л | обӣ | л |
| +---Р----+-------+ а +----Р----+----------+ а |
| | Обёрии |Обёрии | л | Обёрии | Обёрии | л |
| | табиӣ |мошинӣ | м | табиӣ | мошинӣ | м |
| Номи минтақаҳои | | | ӣ | | | ӣ |
| кадастрӣ | | | | | | |
| | | | | | | |
+--------------------+--------+-------+----+---------+----------+----+
| Сугд, | 120 | 88 | 7 | 140 | 100 | 8 |
| аз чумла | | | | | | |
| минтакахои кухи | 104 | 80 | 10 | 112 | 88 | 10 |

| Ҳисор, | 128 | 88 | 8 | 140 | 100 | 10 |
| аз ҷумла | | | | | | |
| минтақаҳои кӯҳӣ | 100 | 72 | 9 | 108 | 84 | 13 |

| Рашт | 104 | 80 | 10 | 112 | 88 | 15 |

| Кӯлоб, | 132 | 88 | 9 | 140 | 100 | 7 |
| аз чумла | | | | | | |
| минтақаҳои кӯҳӣ | 100 | 80 | 10 | 108 | 84 | 10 |

| Вахш, | 140 | 104 | 6 | 164 | 112 | 6 |
| аз чумла | | | | | | |
| минтақаҳои куҳӣ | 120 | 88 | 9 | 140 | 92 | 8 |

| Вилояти Мухтори | 36 | 24 | 4 | 40 | 27 | 3 |
| Кӯҳистони Бадахшон | | | | | | |
|(бе минтақаи Мурғоб)| | | | | | |

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, барои замини чарогоҳҳо, алафзорҳо, роҳҳо, кӯчаҳо, иморатҳои ҷамъиятӣ, майдонҳо, бешаҳо, каналҳо, ҷӯйҳо, заҳбурҳо ва дигар заминҳое, ки дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, андози заминро тибқи моддаи 267 ҳамин Кодекс месупоранд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди минтақаҳои кадастрӣ доир ба ноҳимҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақахои кӯҳӣ, бо тартиби муқаррариамуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
29. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 309 калимаи "марти" ба калимаи "феврали" иваз карда шавад.
30. Дар моддаи 311 пас аз калимаҳои "таҳвил медиҳанд" калимаҳои ", инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии молҳои андозбандишавандаро мустақилона коркардкунанда ё барои коркард ё дигар мақсадҳо диҳанда, ба истиснои шахсоне, ки супорандагони андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо мебошанд." илова карда шаванд.
31. Дар моддаи 312 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", инчунин арзиши молҳои андозбандишавандаи мустақилона коркарднамуда ё барои коркард ё дигар мақсадҳо додашуда, ба истиснон молҳое, ки бо андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо андозбандӣ шудаанд" илова карда шаванд.
32. Дар қисми 1 моддаи 313 пас аз калимаи "(таҳвилшавандаи)" калимаҳои ", инчунин коркардшавандаи, додашавандаи" илова карда шаванд.
33. Қисми 1 моддаи 329 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"1. Меъёрҳои андоз аз амволи ғайриманқул дар ҳаҷми карат аз меъёри андози замин мутобиқи моддаҳои 266 ва 267 ҳамин Кодекс дар ҳудудҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- амволи ғайриманқуле, ки ба сифати биноҳои истиқоматӣ истифода мешаванд - аз андозаи 10-карата то 20-карата;
- амволи гайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифода мешаванд - аз андозаи 20-карата то 50-карата;
- амволи ғайриманқул, ки барои дигар мақсадҳои дар ҳамин қисм зикрнаёфта истифода мешаванд - аз андозаи 15-карата то 40-карата.
Меъёрҳои андоз метавонанд вобаста ба маҳалли воқеият (шаҳр, ноҳия, маҳалли аҳолинишин, маҳаллаҳо, ҳудудҳои махсус, кӯча ва ғайра), истифодаи мақсадноки манбаи андоз ва дигар омилҳо (аз ҷумла, намуди маводҳои сохтмоние, ки ҳангоми барпо намудани амволи ғайриманқул истифода шудаанд, сатҳи хӯрдашавӣ (соли ба истифода даровардани амволи ғайриманкул), ки ба арзиши манбаи андоз таъсир мерасонанд, фарқ кунад.
Аз рӯи амволи ғайриманқуле, ки берун аз шаҳр ва шаҳракҳо қарор дошта, дар асоси муроҷиати Маҷлиси дахлдори маҳаллии вакилони халқ Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон метавонад дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ, истироҳатӣ ҳадди болоии меъёри андоз аз амволи ғайриманқулро аз рӯи биноҳои истиқоматӣ то андозаи 100-карата, аз рӯи амволи ғайриманқул барои ташкили фаъолияти тиҷоратӣ, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ то андозаи 200-карата, аз рӯи амволи ғайриманқул барои дигар мақсадҳо то андозаи 150-карата зиёд кунад".
34. Дар моддаи 335 ҷадвали меьёри андозҳо дар таҳрирн зерин ифода карда шавад:
+--------------------------------------+-----------------------------ҷ
| Номи объектҳои андозбандӣ | Андоз бо фоиз нисбати музди |
| | меҳнати ҳадди ақали моҳона,|
| | ки дар рӯзи супоридани андоз|
| | амал мекунад |
+--------------------------------------+-----------------------------+
| Мотосикл ва мотороллерҳо | 2 фоиз |
| | |
| Автомобилҳои сабукрав | 4 фоиз |
| | |
| Автобусҳо (то 12 ҷой) | 5 фоиз |
| | |
| Автобусҳо (барои 13-30 ҷой) | 6 фоиз |
| | |
| Автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой) | 7 фоиз |
| | |
| Автомобилҳои боркаш ва дигар | |
| воситаҳои нақлиёти иқтидори | |
| борбардориашон то 10 тонна | 8 фоиз |
| | |
| Автомобилҳои боркаш | |
| (иқтидори борбардориашон | |
| аз 10 то 20 тонна) | 9 фоиз |
| | |
| Автомобилҳои боркаш | |
| (иқтидори борбардориашон | |
| аз 20 то 40 тонна) | 10 фоиз |
| | |
7| Автомобилҳои боркаш | |
| (иқтидори борбардориашон | |
| зиёда аз 40 тонна) | 11 фоиз |

35. Ба моддаи 340 сархати нав дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"Меъёрҳои андоз метавонанд вобаста ба маҳалли амалӣ намудани фурӯши чаканаи молҳо (шахр, ноҳия, маҳалли аҳолинишин, маҳаллаҳо, ҳудудҳои махсус, кӯча ва ғайра), намуди молҳои ба фурӯш баровардашуда ва дигар омилҳое, ки ба даромаднокии фурӯши чаканаи молҳо таъсир мерасонад, фарқ кунанд".
Моддаи 2. Қисми чоруми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 12, соли 2005, мод. 629) хориҷ карда шавад.
Моддаи 3. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.
Нисбати шахсоне, ки ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда то 1 январи соли 2006 ба қайд гирифта шудаанд, аммо дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҳадди дар моддаҳои 202 ва 205 Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон муқарраршуда нарасидаанд, бекор кардани бакайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми соли 2007 татбиқ карда намешавад. Ҳамзамон бояд ба ҳисоб гирифт, ки бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда барои чунин шахсон аз 1 декабри соли 2005 эътибор пайдо кардааст.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
22 декабри соли 2006 № 219