Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2007, № 149 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2002 № 946 тасдиқ карда шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 02.08.2008с. № 503 беэътибор дониста шуд

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2002 № 946 тасдиқ карда шудааст

Бо мақсади ба танзим даровардани мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" фармон медиҳам:

Ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2002 № 946 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар боби 2 "Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" банди "Мансабҳои пешбари давлатии хизмати давлатӣ (категорияи дуюм)": сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Мудири Шӯъбаи Идораи Дасттоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

баъди сархати "Муовини мудири Шӯъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муовини мудири Шӯъбаи Идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

ба банди "Мансабҳои хурди давлатии хизмати давлатӣ (категорияи чорум)" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Мутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 11 январи соли 2007 № 149 ш. Душанбе