Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 615 "Дар бораи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 13.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 491)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷром Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ ба микдори 105 воҳид, ач ҷумла Дастгоҳи марказӣ 51 воҳид, сохторҳои тобеи он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо 54 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 491).

3. Ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Директор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Барои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба микдори 4 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблғгузории Дастоҳи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва фаъолияти худмаблағгузорӣ маблағгузории мақомоти тобеи он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ ва фаъолияти худмаблағгузорӣ сурт мегирад.

5. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2001 №215 "Дар бораи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 615

ш. Душанбе