Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 613
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда барои:
- ҳолат ва таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои марбут ба корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣгеодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;
- назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминҳо, геодезия, инкишофи минбаъдаи сатҳи техникии корҳои давлатии топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;
- гузаронидани корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши захираҳои табиӣ бо истифодаи аксбардории аэрокайҳонӣ, барои таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва комплекси мудофиавии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, маводи аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, бақайдгирии ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва анҷом додани ислоҳоти замин масъул аст.
2. Фаъолияти Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.
3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома дастури амал қарор медиҳад.
4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
II. Ваколатҳо
5. Агентӣ тибқи фаъолиятҳои муқарраркардашуда чунин ваколатҳо дорад:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳое, ки ба доираи фаъолияти Агентӣ мувофиқи банди 1 Низомномаи мазкур муайяшнуда таалуқ доранд ва нисбати онҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, ннчунин лоиҳаи нақшаи корӣ ва пешбинии нишондодҳои фаъолияти Агентӣ;
- дар асос ва тибқи иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона дар доираи фаъолиятҳои муайяншуда чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул менамояд;
- меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои марбут ба корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ; қоидаҳои транскрипсияи номҳои географӣ ва луғатҳо;
- ҳуҷҷатҳои меьёрии техникӣ оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, баҳрабардорӣ, лоиҳаҳои техникӣ, меъёрҳои сметавӣ ва нархномаҳои-ниҳоии пешбурди корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба дигар масъалаҳо дар доираи фаъолияти муқарраршуда, ба ғайр аз масъалаҳое, ки батанзимдарории ҳуқуқиашон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат бо қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ дода мешаванд.
Дар асос ва тартиби муайяншудаи қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентӣ чунин вазифаҳои идоракунӣ ва расонидани хизмати давлатиро дар доираи салоҳияти худ амалӣ менамояд:
- таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва татбиқи қарорҳои қабулгардида оид ба заминсозӣ, кадастри заминҳо, истифодаи замин, муносибатҳои марбут ба замин, корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои замин, анҷом додани назорати давлатии геодезӣ тавассути назорати дастурамалҳо, низомномаҳо, қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқӣ дар қисмати пешбурди корҳои топографӣ - геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо;
- анҷом додани заминсозӣ, пешбурди кадастри давлатии замин, гузаронидани мониторинги заминҳо, иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ ва кадастрӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки бо танзими муносибатҳои марбут ба замин, гузаронидани ислоҳоти замин, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин, корҳои давлатии топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ алоқаманданд;
- такмил ва тараққӣ додани усулҳои иқтисодӣ, идоракунии захираҳои замин, корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, фароҳам овардани шароит барои тараққиёти баробари шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ;
- бақайдгирии давлатии ҳуқуқи заминистифодабарандагон;
- таъмини соҳаи иқтисодиёт ва комплекси мудофиавии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва дигар маводҳо;
- иштирок дар корҳои делимитатсияи хати сарҳади давлатӣ;
- таъмиии корҳои демаркатсионии хати сарҳади давлатӣ;
- муайянкунӣ ва барқароркунии сарҳадҳои маъмурии вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо на шаҳракҳо;
- барқароркунӣ ва аз нав муайянкунии пойгоҳҳо ва нуқтаҳои геодезӣ, аз ҷумла ҷойгиркунонии стансияҳои (дастгоҳҳои) доимоамалкунанда ва дигар нуқтаҳои геодезӣ бо мақсади истифодаи системаи глобалии мавқеъ (GPS);
- ташкил, истифода ва маҳфуз нигоҳ доштани системаи ягонаи давлатии коордииатҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манзур намудани пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бекор намудани санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин мухолифат мекунанд;
- ташкили иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои марбут ба заминсозӣ, кадастри заминҳо, корҳои топографӣ-геодезӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ;
- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо дар таъмини назорати экологӣ, пешниҳод оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ бо истифода аз ахбороти кайҳонӣ;
- тадқиқоти захираҳои табиӣ бо роҳи назорати фосилавии Замин, иштирок дар барномаҳои кайҳонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба назорати минтақавии фосилавии Замин;
- истифода ва ҷорӣ кардани комёбиҳои кайҳонавардӣ ва кашфиётҳо оид ба назорати фосилавии Замин дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта;
- таҳия ва татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба тайёр намудан, бозомӯзонидан ва такмили ихтисоси кадрҳо;
Агентӣ амалӣ менамояд:
- бо тартиб ва дар доираи муайяннамудаи қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати соҳибмулк нисбат ба амволи давлатии барои иҷрои вазифаҳои дар доираи фаъолияти муайяншудаи Агентӣ зарур, аз ҷумла амволи корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва муассисаҳои давлатии системаи Агентӣ;
- таҳлили иқтисодии фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ тасдиқи нишондодҳои фаъолияти иқтисодии онҳо, гузаронидани санҷиши фаьолияти молиявӣ-хоҷагӣ ва истифодаи системаи амволи ташкилотҳои системаи Агентӣ;
- иштирок дар ташаккул додан ва татбиқи сиёсати давлатии танзими муносибатҳои марбут ба заминсозӣ, кадастри заминҳо, корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ ва гузаронидани ислоҳоти замин;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба идоракуниии захираҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин бо иштироки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ;
- банақшагирии истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- анҷом додани заминсозӣ, гузаронидани мониторинги замин, пешбурди кадастри давлатии замин, иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ дар системаи ягонаи координатҳо, инчунин таъмини аксбардории аэрокайҳонӣ ва топографии миқёсҳои зарурӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифода ва ҳифзи замин, корҳои геодезӣ, заминсозӣ, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;
- риояи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию техникӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ- геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;
- манзури пешниҳодҳо тибқи тартиби муқарраргардида оид ба ҳаҷми андози замин, ҷаримаҳо барои вайрон кардани қонунгузории замин ва пардохти иҷораи замин, пардохти истифодаи мӯҳлатноки замин, барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо, мушоҳидаи ворид гардидани маблағҳо аз пардохти замин ва истифодаи ин маблағҳо;
- мувофиқи қонунгузорӣ муайян намудани тартиби ташкили заминистифодабарӣ, муқаррар намудани талаботи техникӣ барои тайёр кардан ва ба расмият даровардани нақшаи қитъаи замин, дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин иҷрои ин кор якҷоя бо мақомоти давлатии сохтмон ва меьморӣ;
- тибқи дархости вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои геодезӣ ва ҷустуҷӯӣ тайёр ва нусхабардорӣ кардан, таъмин намудан ва ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳо ва маводи махсуси заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ ва кадастрӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили механизмҳои танзими муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин;
- таъмини такмили усулҳои иҷрои корҳои арзёбии заминҳо;
- вазифаи фармоишгари давлатӣ ва иҷрокунандаи корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, илмию тадқиқотӣ ва дигар корҳои марбут ба гузаронидани ислоҳоти замин, заминсозӣ, пешбурди кадастри давлатии замин, мониторинги замин, корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ;
- таъсиси системаи иттилоотӣ барои амалӣ намудани маҷмӯи корҳои марбут ба гузаронидани ислоҳоти замин, пешбурди кадастри давлатии замин, мониторинги замин, заминсозӣ, корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ ва дигар корҳои зарурӣ оид ба таъмини истифода ва ҳифзи оқилолаи заминҳо;
- ҳамкориҳои илмию техникӣ бо ташкилоту муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои гузаронидани ислоҳоти замин ва дигар масъалаҳо, ки бо ҳифз ва истифодаи оқилонаи заминҳо, заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ вобастаанд;
- ҳамоҳанг намудани иҷрои корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ ва дигар тадқиқотҳо ҷиҳати анҷом додани заминсозӣ, пешбурди кадастри давлатии замин, гузаронидани мониторинги замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ ва корҳои марбут ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин;
- баҳисобгирӣ, барқароркунӣ, таъмир, нигоҳдорӣ ва назорати нуқтаҳои геодезии қаламрави ҷумҳурӣ;
- ташкил намудани системаи ягонаи координатҳои давлатӣ, таъмини маҳфуз нигоҳ доштан ва ҳифзу назорати истифодаи онҳо;
- якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои дахлдор ташкил ва ҳамоҳанг сохтани кори стансияҳои (дастгоҳҳои) доимоамалкунандаи рӯизаминии радифи маснуӣ барои муайян намудани координатҳо, инчунин муайяисозии тағйироти дифференсиалӣ бо мақсади аниқ намудани координатҳои геодезӣ;
- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки бо тартиби ҷуброни зарари ба истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал расонидашуда ва пардохти замин гирифта мешаванд ва маблағҳое, ки мутобиқи қонунгузорӣ барои мақсадҳои заминсозӣ ва истифодаи замин таъин гардидаанд;
- идораи оперативии амволи давлатии ба Агентӣ додашуда;
- иштирок ҳангоми таҳияи пешниҳодот оид ба муваққатан боздоштани заминҳои ифлосшуда ва таназзулёфта;
- ташкили иҷрои корҳо оиди баҳисобгирии тамоми гурӯҳҳои заминҳо, ошкор намудани заминҳои истифоданашаванда ва таъсис додани фонди махсуси замин барои азнавтақсимкунии минбаъдаи он;
- иштирок дар комиссияҳои махсус ва дигар комиссияҳо ҳангоми муқаррар намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарҳадҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо ва ноҳияҳо;
- ташкили корҳо мутобиқи қарорҳои қабулгардида ҷиҳати марзкашии заминҳо бо роҳи дар маҳал муқаррар кардани (барқарор намудани) сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва сарҳади заминистифодабарӣ тавассути барасмиятдарории техникии он;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида анҷом додани делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмини рафти дурусти нақшабардории харитаҳои нашршудаи сарҳади давлатӣ бо сарҳадҳои дигар давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистои ҳамсарҳад мебошанд;
- муқаррар намудани тартиби марзкашии заминҳо ва назорати риояи талаботи техникии-марзкашии заминҳо, ҳифзи нуқтаҳои шабакаи асосии марзкашӣ ва аломатҳои марзӣ;
- таҳия ва нашри харитаҳои топографӣ, соҳавӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, сайёҳӣ, кадастрӣ, махсус ва дигар харитаю атласҳо;
- таъсис додан, аз нав такмил намудан ва барҳам додани ташкилоту корхонаҳои ба системаи худдохилшаванда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баррасӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо дар бораи мувофиқаи пешакии маҳали ҷойгиркунонии объектҳо, ҷудо кардан, вобаста кардан ва аз нав вобаста намудани қитьаҳои замин;
- таъмини такмили системаи баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва омори давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ;
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти тобеи вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ташкилоту муассисаҳои ба системаи Агентӣ дохилшаванда;
- ташкил ва таъмини иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон марбут ба замин, заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣгеодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ ва назорати мунтазами иҷрои онҳо;
- таъмини геодезӣ-харитасозии фаъолияти системаҳои рӯизаминии баҳрнавардӣ;
- ҷамъоварӣ намудан, омӯхтан, ҳифз намудан ва ба ҳисоби махсус гирифтани харитаҳо, атласҳо, дастури маълумотдиҳӣ ва дигар маълумоти марбут ба фаъолияти хадамоти геодезии давлатҳои хориҷӣ;
- анҷом додани корҳои харитасозӣ оид ба номгузорӣ ва тағйири номҳои маъмурию ҳудудӣ, инчунин транскрипсияи номҳои объектҳои ҷумҳуриявӣ ва физикию ҷуғрофӣ;
- таъмини метрологии коркард, тайёркунӣ ва истифодабарии техника ва асбобҳои ченкунӣ, инчунин сохторҳо ва шабакаҳои меъёрии майдонҳое, ки ҳангоми корҳои геодезӣ ва харитасозӣ истифода бурда мешаванд;
- ташкил ва гузаронидани сертификатсиякунонии ҳатмии маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ, инчунин бозрасии метрологӣ ва назорати дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
- иҷрои функсияи тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои такмили вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва нигоҳдории он пешбинӣ шудаанд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
6. Барои таъминоти ваколатҳояш дар доираи фаъолияти муайяншуда, Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ вогузоргардидаро мувофиқи тартиби муайяншуда ҳуҷҷату маводи зарурӣ талаб намояд;
- ҷиҳати бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргардидаи қонунгузории замин дастур (амри хаттӣ) диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;
- ба суд оид ба масъалаҳои вайронкунии қонунгузории замин,аз ҷумла ситонидани ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти он муайяншуда бидуни пардохти судӣ муроҷиат намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бекор намудани санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин мухолифат мекунад, пешниҳодҳо манзур намояд;
- ҳамагуна намуди сохтмон, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва торф, баҳрабардории объектҳо, гузаронидани корҳои обёрии ҷангалзорҳо, кашфи геологӣ, таҳқиқотӣ, геодезӣ ва ғайраро, ки бо вайронкунии қонунгузории замин, аз ҷумла ҳангоми мавҷуд набудани Сертификат оид ба ҳуқуқи истифодаи замин анҷом дода мешаванд, боздорад;
- барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо оид ба замин пешниҳод манзур намуда, талаб намояд;
- ба ташкилотҳои дахлдор дар бораи қатъ намудани маблағгузории (қарздиҳӣ барои) сохтмон, баҳрабардирии объектҳо ва иҷрои дигар корҳое, ки бо вайрон кардани қонунгузории замин амалӣ карда мешаванд, дастури иҷрояш ҳатмӣ диҳад;
- оид ба санадҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хилофи қонунгузории замин қабул кардаанд, бо пешниҳод муроҷиат намуда, бекор кардани онҳоро талаб кунад;
- оид ба ҷуброни зарар ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суд муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони дар вайронкунии қонунгузории марбут ба соҳа айбдорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, кадастри зиминҳо топографӣгеодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд;
- андозаҳо, тартиб, мӯҳлат ва шаклҳои пардохти музди додани маълумот оид ба заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозиро муайян намояд;
- дар корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо, аз ҷумла дар объектҳои ҳарбию мудофиавӣ, объектҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва амният риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба заминро бо тартиби муқарраргардида тафтиш намояд, тартиби истифодаи маводи заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозиро муқаррар намуда, назорати баҳисобгирӣ, нусхабардорӣ ва нигоҳдории ин маводро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ташкил намояд;
- аз вазорату идораҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ нақшаи дурнамои корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозиро дархост намояд;
- аз вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба анҷом додани корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ, инчунин тартиби тайёр намудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, нусхабардорӣ ва истифодаи маводҳоро дархост намояд ва барои мувофиқа ба даст орад;
- гузаронидани корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣгеодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозиро, агар онҳо бе иҷозатнома (литсензия) ё бе риоя гардидани талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии тасдиқнамудаи Агентӣ анҷом дода шаванд, боздорад;
- аз корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо талаб намояд, ки саривақт картограммаҳо, маълумот ва маводи корҳои иҷронамудаи заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳоиӣ, кадастрӣ ва харитасозиро барои баҳисобгирӣ, таҳлил ва омӯзиш, инчунин ғанӣ гардонидани фонди бойгонии Агентӣ пешниҳод намоянд;
- баҳсҳоеро, ки байни корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои тартиби иҷрои корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ ба миён меоянд, ҳал намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ ва харитасозӣ иҷозатнома (литсензия) диҳад;
- бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;
- оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ маҷлисҳои машваратӣ даъват намояд;
- дар таъсис додани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияташон ба татбиқи вазифаҳои ба Агентӣ мансуб равона шудааст, бо тартиби муқарраргардида иштирок намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти худ ташкил намояд;
- тибқи тартиби муайяншуда нишони фахрӣ таъсис диҳад ва бо он кормандонро барои муваффақиятҳо дар доираи фаъолаяти муайяншуда сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардидии қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори умум, нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунонии дигар маводҳоро оид ба масъалаҳои фаьолияти Агентӣ таъмин намояд;
- бо корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки номгӯи онҳоро Ҳукумити Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, созишномаҳои дуҷониба бандад. Ҳисоботи роҳбарони корхонаю ташкилотҳоро дар бораи ҷараёни иҷрои созишномаҳо, татбиқи нақшаю барномаҳои дарозмӯҳлати тасдиқгардида мунтазам дар маҷлиси ҳайати мушовараи Агентӣ баррасӣ намояд;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида дигар ҳуқуқҳоеро дорад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
7. Агентӣ ҳангоми амалӣ намудани батанзимдарории ҳуқуқӣ дар доираи фаъолияти худ, ҳуқуқ надорад, ки вазифаҳо ва ваколатҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, муайян намояд, инчунин ҳуқуқ надорад, ки дар муносибатҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратии гайридавлатӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ворид намудани чунин маҳдудиятҳо бо санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия, ки мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Директор дар як вақт Сарнозири давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, масъулияти шахсӣ дорад.
Директор муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинони Директор дар як вақт муовинони Сарнозири давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Шумораи муовинони Директори Агентӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар Агентӣ ҳайати мушовара иборат аз Директори Агентӣ (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва ташкилотҳо ташкил карда мешавад.
Шумораи ҳайати мушовара, тасдиқ ва озод кардани шахсон аз иҷрои вазифаи аъзои ҳайати мушовараро (ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ анҷом медиҳад.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармону қарорҳои Директори Агентӣ татбиқ карда мешавад.
Дар Агентӣ барои таҳлил ва баррасии проблемаҳои илмию техникии заминсозӣ, кадастри заминҳо, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ, истифодаи замин ва муносибатҳои марбут ба замин, инчунин барои қабули қарорҳои асоснок оид ба онҳо шӯрои илмии техникӣ, комиссияҳо, гурӯҳи корӣ таъсис дода мешаванд, ки онҳоро Директори Агентӣ роҳбарӣ мекунад.
Ҳайати шахсӣ ва низомномаи онҳоро Директори Агентӣ тасдиқ менамояд.
9. Сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз Сарраёсат, раёсатҳо ва шӯъбаҳо иборат мебошанд.
10. Директори Агентӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:
- лоиҳаи низомномаи Агентӣ, тартиби нақшаи идоракунӣ, роҳбарикунӣ ва сохторҳои дастгоҳи марказӣ;
- шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони Агентӣ;
- номзадҳо ба вазифаи муовинони Директори Агентӣ;
- нақшаи ҳарсола ва пешбинии нишондодҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин ахборот оид ба фаъолияти он;
- манзури пешниҳодҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Агентӣ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайяншуда оид ба ташкилкунӣ, дигаргунсозӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои системаи Агентӣ пешниҳод манзур менамояд;
- вазифаҳоро байни муовинҳо тақсим менамояд;
- низомномаи сохторҳои Агентиро тасдиқ менамояд;
- кормандони Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ, масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд:
- ҷадвали штатии Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муайяинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хароҷоти таъминотӣ, таъминоти нигоҳдории Агентӣ дар доираи маблағгузории тасдиқшуда барои давраи муайян, ки буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намудааст, тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарон, муовинони роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо ин роҳбарон қарордодҳо мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ва бекор мекунад;
- кормандони Агентӣ ва дигар шахсонеро, ки фаъолияташонро дар доираи муайяншудаи фаъолияти Агентӣ амалӣ менамоянд, барои додани нишони фахрӣ ва сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар асос ва баҳри иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дохиланд, инчунин оид ба масъалаҳои ташкили кори дохили Агентӣ, фармонҳо ва фармоишҳо қабул менамоянд.
11. Маблағгузории хароҷоти марбут ба нигоҳдории Агентӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд, анҷом дода мешавад.
12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
13. Агентӣ мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобномаи махсус дорад.
14. Маҳали ҷойгиршавии Агеттӣ шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Абай, 4/1 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 613
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ дастгоҳи марказии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати назорати давлатии замин
Раёсати таҳияи сиёсати ягонаи замин
Раёсати кадастр ва баҳисобгирии заминҳо
Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳо
Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, иттилоот ва корҳои аналитикӣ
Раёсати корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ
Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ
Раёсати корҳо
Шӯъбаи ҳуқуқ ва ташхиси лоиҳаҳо
Шӯъбаи арзёбии замин ва пардохтҳо
Фонди марказии харитавӣ-геодезӣ (бо ҳуқуқи шӯъба)
Шӯъбаи мониторинг
Шӯьбаи кадрҳо
Бахши делимитатсия ва деморкатсияи сарҳадот
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 2006 № 613
тасдиқ шудааст
НАҚШАИ идоракунии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Кумитаҳои заминсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб
Кумитаҳои заминсозии шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 2006 № 613
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии заминсозии "Тоҷикзаминсоз" бо Корхонаи давлатии фаръии "Тоҷикзаминсоз"-и тобеъ дар вилояти Суғд
Пажуҳишгоҳи лоиҳакашию тадқиқотии "Фазо"
Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ Замин" бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар вилоятҳо, ва шаҳру ноҳияҳо
Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе
Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд
Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Хатлон
Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Бадахшон
Корхонаи воҳиди давлатии "Фабрикаи харитасоз"
Маркази илмию тадқиқотӣ