Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1997, № 555 "Дар бораи таъсиси хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 600 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили идораи равандҳои муҳоҷират ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи Сарраёсат оид ба корҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбории Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

3. Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Ленинобод ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо тартиби муқарраршуда хадамоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии муҳоҷиратро ташкил диҳанд.

4. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳ бо тартиби муқарраршуда Низомнонаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат, хароҷоти марбут бо таъминоти хадамоти мазкур, лимити таъминоти автомобильҳои сабукрави хизматиро муайян намояд.

Таъминоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз ҳисоби маблағҳои моддаи буҷети ҷумҳури анҷом дода шавад.

6. Ба сохтори дастгоҳи маркази ва нақшаи идораи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1995 № 513 тасдиқ шудаанд, мутобиқан тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) аз қисмати сохтори дастгоҳи маркази калимаҳои "Сарраёсат оид ба корҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбори" хориҷ карда шаванд;

б) ба нақшаи идора сархати ҳабдаҳуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. Раҳмонов

аз 25 декабри соли 1997 № 555

ш. Душанбе