Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 602
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008 № 569, аз 02.02.2009 № 83, аз 28.05.2009 № 326, аз 3.12.2010 № 647, аз 30.04.2011 № 232)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумхурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ мебошад, ки функсияҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёри ҳуқуқиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, шаҳрӣ, барқӣ ва саноатӣ, хоҷагии роҳҳо, технологияҳои иттилоотӣ, алоқаи барқӣ ва почтавӣ (муросилотӣ), аз ҷумла дар соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар ташаккули захираҳои давлатии иттилоотӣ ва таъмини дастраси онҳо, рушди системаҳои радиошунавонӣ ва телевизион, истифодабарӣ ва конверсияи спектри радиобасомадҳо ба анҷом мерасонад.
2. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад,
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур, инчунин санадҳои меъёрӣ-хуқуқии марбут ба соҳаи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсиониро дастури амал қарор медиҳад.
II. Ваколатҳо
4. Вазифаҳои асосии Вазорат инҳо мебошанд:
таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи нақлиётӣ-коммуникатсионӣ дар соҳаи нақлиёт, алоқа ва иттилоотонӣ, ки барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба интиқол, хизматрасониҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ равона гардидаанд;
идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорати давлатӣ ва батанзимдарории фаъолияти комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
фароҳам овардани шароит барои бехатарии фаъолияти комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
таҳияи нақшаи рушди комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар асоси барномаҳои мақсадноки давлатии миллӣ, байнидавлатию соҳавӣ;
ҳимоҳангсозии фаъолияти муштарак бо вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомотҳои идораи давлатӣ, инчунин мақомоти нҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми татбиқи сиёсати нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва ташкили фазои ягонаи нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
банақшагири ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифидаи рақобатнок ва самарабахши захираҳо ва баланд бардоштани самаранокии кори системаҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ мусоидат мекунанд;
мусоидат ба дигаргунсозиҳои институтсионалӣ ва сохторӣ;
татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сармоягузорӣ, тарифӣ ва фаъолияти илмию техникӣ дар комплеки нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
муқаррар намудан ва таъмини риояи меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунанда, муҳофизати муҳити атроф ва захираҳои табии мутобиқи стандартҳои усулҳои пешқадами идора;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
бо тартиби муқарраргардида бурдани назорат аз болои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, иҷро гардидани талаботи бехатарӣ ва экологӣ ҳангоми баҳрабардории воситаҳои нақлиётӣ-коммуникатсиоиӣ;
нҷозатномадиҳии фаъолиятҳо дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсинӣ;
таҳлили эҳтиёҷоти комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва таҳияи барномаҳои дарозмуддати сармоягузорӣ;
мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии кор ва қобилияти рақобатнокии ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ дар бозори байналмилалӣ ва дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ;
таҳия ва таъмини татбиқи консепсияи давлатии таъмини дастраскунии озоди хизматрасониҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт, алоқа ва иттилоотонӣ;
мусоидат ба корпоратизатсия, тиҷоратикунонӣ ва хусусигардонии корхонаҳои давлатии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
таҳияи принсипҳои сиёсати тарифии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
мониторинги тарифҳо ва пардохтҳои меруёнидаи корхонаҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ новобаста аз шакли моликияташон;
амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи вазорат ().
5. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда функсияҳои зеринро анҷом медиҳад:
таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии дигар, ки тартиби фаъолияти комплекси нақлиётӣ-коммумикатсиониро муайян мекунанд ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;
назорати иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ва дагар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ ва таҳлили таҷрибаи татбиқи онҳо дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
амалӣ намудани функсияи тақсимкунанда ва қабулкунандаи асосии маблағҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории Вазорат пешбинишуда ва татбиқи функсияҳои ба ӯ вогузоршуда;
ташкили қабули шаҳрвандон, таъмини баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, қабули қарорҳо оиди ҳалли онҳо ва ирсоли ҷавобҳо дар мӯҳлатҳои муқараррнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияи инкишофи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;
гузаронидани таҳлили комплексии фаъолият ва муайян намудани дурнамои инкишофи соҳаҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, таҳияи тавсияҳо ва татбиқи чораҳо оиди таъмини фаъолият ва инкишофи устувори онҳо;
татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ташкили техникии фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
иштирок дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ;
мусоидат ба раванди саҳомигардонӣ ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси наклиётӣ-коммуникатсионӣ, ташаккули бозори коғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ ва таҳияи чорабиниҳо нисбати расонидани кӯмак ба онҳо;
мусоидат ба фаъолияти якҷояи ташкилотҳои комплекси нақлиетӣ-коммуникатсионӣ дар мавриди анҷом додани сохтмон ва таҷдиди объектҳо;
андешидани тадбирҳо оид ба гузаронидани ҷорабиниҳои зиддимонополӣ дар комплекси наклиётӣ-коммуникатсионӣ ва инкишофи рақобати боинсофона дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
асосноксозии ҳаҷм ва самтҳои маблағгузории буҷетии намудҳои алоҳидаи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, анҷоми сиёсати самараноки сармоягузорӣ мутобиқи вазифаҳои инкишофи ин соҳаҳо бо назардошти мувофиқаткунонии оптималии маблағгузориҳои асосии муттамарказонидашудаи давлатӣ ва дигар манбаъҳои молиявӣ;
иштирок дар ташаккул додани сиёсати тарифӣ дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, таҳияи асосҳои методӣ ҷиҳати ташаккули тарифҳо барои хизматрасониҳои наклиётӣ-коммуннкатсионӣ, ворид намудани пешниҳодҳо ҷиҳати муқаррар намудани андозаҳои субсидияҳои буҷетӣ барои кор ва хизматрасонии нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
асосноксозии талабот ба захираҳои моддию молиявӣ ва меҳнатӣ барои татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, таъмиии фаъолияти устувор ва бехатари он, иҷрои супориши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ;
таҳияи пешниҳодҳо бо иштироки ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ оид ба ҷойгиркунии супориишҳо барои тайёр намудани маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасониҳо ҷиҳати татбиқи барномаҳои мақсаднок, супориши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ амали намудани тадбирҳо оид ба рушди ҳамкориҳои ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ барои истеҳсоли намудҳои махсуси маҳсулоти саноатӣ;
иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузории комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин ҳамкорӣ намудан бо институтҳои байналмилалии молиявӣ оид ба ин масъалаҳо;
ташкили экспертизаи барномаю лоиҳаҳои комплекси наклиётӣ-коммуникатсионӣ ва соҳаҳои он;
ташкили гузаронидани тендерҳо (озмунҳо) дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ барои сохтмон ва таҷдиди сохтори объектҳои инфрастуктураи нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар хизматрасониҳо, бастани шартномаҳо оид ба иҷрои фаъолияти марбут ба сохтмон дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ бо пудратчиён новобаста аз шакли моликияташон, ки дар асоси рақобат ва шаффоф муайян шудаанд, инчунин татбиқи назорати онҳо;
амалӣ намудани сертификаткунонии таҷҳизотҳо, объектҳо, воситаҳо ва хизматрасониҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
додани иҷозатномаҳо барои анҷом додани фаъолиятҳо дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
таҳия, мувофиқакунӣ ва тасдиқи тарифҳои номиналии хизматрасониҳо дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, ташкили гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳавӣ ва илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки инкишоф ва фаъолияти он, хамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, ташкили таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ва лоиҳаи навовариҳо;
таҳия, мувофиқа ва тасдиқи талаботҳои техникӣ тибқи тартиби муқаррагардида нисбат ба восита, таҷҳизот ва маводи нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои ин талаботҳо;
ташкили кор оид ба сетификаткунонии восита, таҷҳизот, мавод, кор ва хизматрасониҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ дар хамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори стандартизатсия, метрология ва сертификаткунонӣ, инчунин оид ба стандартизатсия ва таъминоти метрологии истеҳсолот дар комплекси наклиётӣ-коммуникатсионӣ;
ташкил ва ҳамоҳангсозии кор оид ба рушди алоқаи технологӣ, системаи иттилоотӣ ва телеметрия дар комплекси нақлиёти-коммуникатсионӣ;
дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматӣ марбут ба масъалаҳои фаъолияти комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва бо тартиби муқарраргардида муаррифӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;
мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гӯрӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ бо иштироки ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
таъмини расонидани мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои моддие, ки барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда заруранд ва анҷомдиҳии чорабиниҳои эвакуатсионӣ;
ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳое, ки барои анҷомдиҳии вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодасозии сафарбарӣ равона гардидаанд, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти хидматӣ дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони ҳайати роҳбарикунанда бо тартиби муқарраргардида дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатии оморӣ дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
анҷоми корҳо оид ба компютеризатсия, пешбурд ва маҳфуз доштани маҳзади маълумот оид ба комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва феҳрасти иттилоотии субъектҳои он, ташкили таъминоти иттилоотии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
тайёр намудани кормандони касбӣ дар комплекси нақлиётӣкоммуникатсионӣ, инчунин бозомӯз ӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ ва ҷобаҷогузорин кадрҳо;
иштирок дар инкишофи интиқоли омехта ва анҷом додани ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои намудҳои мухталифи нақлиёт;
амалигардонии тадбирҳо оид ба рушд ва такмили фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва ташаккули шабакаи ба соҳаҳо тақсимшудаи терминалҳо дар комплекси нақлиётӣ;
ҳамоҳангсозии кори ташкилотҳои комплеки нақлиёт оид ба таъмини интиқоли пеш аз мӯҳлати борҳо ба ноҳияҳои баландкӯҳ;
ташкил ва анҷом додани назорати давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дар нуқтаҳои убури нақлиётӣ тавассути сарҳади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои назоратии доимиву сайёр, риоя гардидани қонунгузории Ҷумхурии Точикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои анҷомдиҳандаи ҳамлу нақли бор ва мусофирон; такмили нигахдорӣ, бахисобгирь ва истифодабарии маводи бойгонӣ;
таҳия ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати роҳ, парвозҳо ва кам намудани таъсири зарарнокии нақлиёт ба муҳити зист, гузаронидани нақлиёти автомобилӣ ба навъҳои алтернативии сузишворь дар якҷояги бо мақомоти манфиатдори идораи давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, дар доираи салоҳияти худ ташкил намудани назорати ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт;
танзими истифода ва муҳофизати байналмилалию ҳуқуқии захираҳои басомадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷоя бо мақомоти радиобасомадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсими (тасарруфи) спектри радиобасомадӣ, гузаронидани экспертизаи мутобиқати электромагнитӣ, тақсими фазои суроғавии сегменти тоҷикистонии шабакаи Интернетро амали мегардонад;
таъмини ҳамкории операторҳои алоқа оид ба масъалаҳои ҳамроҳшавӣ ба шабакаи алоқаи истифодаи умум, ҳамоҳангсозии ҳамкории операторони алоқа ҳангоми хизматрасонии истифодабарандагон; идоракунии нақшаи миллии рақамгузории алоқа; муайянкунии талаботи техникӣ ба таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ;
муайянкунии намунаҳо, арзиш, шумора ва мӯҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почтавӣ, намунаҳои лифофаҳои почтавии тамғазадашуда, ташкили интишор ва паҳн намудани онҳо, ташаккули маҷмӯи давлатии аломатҳои пардохти почтавӣ;
ташкили додани индексҳои почтавӣ ба иншоотҳои алоқаи почта, додани иҷозат барои ҷойгиркунии реклама дар воҳидҳои алоқаи почта;
манъи истифодаи радиобасомадҳо дар ҳудуди Ҷумхурии Тоҷикистон ҳангоми вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи истифодабарии онҳо;
таҷдид ва рушди системаи радионазорати давлатӣ;
анҷоми гуфтушунидҳо бо дигар давлатхо оид ба масъалаҳои алоқа, иттилоотонӣ, танзими спектри басомадҳо мутобиқи ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда;
таъсиси мақомоти (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз чумла байниидоравӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
таъсис додани намояндагиҳои Вазорат дар хориҷа мутобиқи тартиби муқарраргардида;
анҷоми фаъолият дар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи алоқа ҳамчун мақоми ягонаи алоқа;
Вазорат дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
6. Вазорат ҳуқуқҳои зайл дорад:
пешниҳоди дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дархости якҷоя барои аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намудани хароҷоти пурраи комплекси наклиётӣ-коммуникатсионӣ, инчунин дар соҳаҳои алоҳида тибқи тартиби муқарраргардида;
гузаронидани тендерҳо (озмунҳо) бо тартиби муқарраршуда, бастани шартномаҳо барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва дигар хизматрасониҳо дар комплеки нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, инчунин гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар самти муайяншудаи фаъолият;
иштирок дар ҳалли масъалаҳои маблағгузории комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва байнидавлатии инкишофи он, иштирок дар таҳияи механизмҳои устувори маблағгузории комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
таҳия ва тасдиқи дастурамалҳо, қоидаҳо, номгӯ ва намунаи ҳуҷҷатҳои бараи анҷомдиҳии вазифа ва функсияҳои ба комплекси нақлиётӣ-коммуиикатсионӣ вогузоршуда зарур;
додани иҷозатномаҳо бо тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати анҷоми фаъолият дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
анҷоми маблағгузории корҳои лоиҳакашӣ, илмию техникӣ ва илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарини комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида, дар асоси шартномавӣ ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони хориҷӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалахои марбут ба корҳои Вазорат;
манзур намудани пешниҳод оид ба саҳомӣ ва хусусигардонии корхона ва иншоотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионии дар моликияти давлатӣ қарордошта;
додани ваколат оид ба иҷрои баъзе аз масъалаҳои Низомномаи мазкур ба зиммаи ташкилотҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ новобаста аз шакли моликият;
манзури пешниҳодот тибқи тартиби муқарраргардида оиди ситонидани андозаи музд ва пардохтҳо аз интиқолдиҳандагони хориҷии идтифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, оҳан, обӣ ва фазои ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
манзур намудани пешниҳод ва мувофиқа намудани онҳо бо мақоми вақолатдори идораи амволи давлатӣ оид ба қарорҳо ҷиҳати бегона намудан ва ба идораи боваринок супоридани саҳмияҳои ташкилотҳои комплекси нақлиетӣ-коммуникатсионӣ, ки дар моликияти давлатй қарор доранд, инчунин оид ба дигар тағйирот дар идора ва ихтиёрдории ин саҳмияҳо;
муаррифии манфиатҳои давлат бо тартиби муқарраргардида дар ҷамъиятҳои саҳомии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
муқаррарнамоии реҷаи кор дар нуқтахои убури воситахои нақлиёт тавассути сарҳади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
манзур намудани пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқаррар намудани гузаргоҳҳои нақлиётӣ дар сарҳади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон;
тасдиқ намудани талаботи марбут ба сохтмон дар комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва баҳрабардории иншоотҳои инфраструктураи нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, номгӯи иншоотҳое, ки вобаста ба онҳо бояд асоснокии техникии иқтисодӣ таҳия гарданд, лоиҳаҳои қолабӣ, хуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, инчунин рӯйхатҳои титулӣ барои сохтмон ва таҷдиди сохтори объектҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати маблағгузорӣ мешаванд бо тартиби мукарраргардида ва муқаррар намудани талабот нисбат ба таркиб ва ҳаҷми хуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
таъсиси комиссияҳои корӣ ва давлатӣ ва анҷом додани қабули объектҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ новобаста аз шакли моликияташон тибқи тартиби муқарраргардида;
анҷоми татбиқи сиёсати нақлиётӣ-коммуникатсионии ҳамоҳангсозишуда вобаста ба бахшҳои соҳа дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ;
муаррифӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Вазорат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар таҳияи шартномаҳо ва бо тартиби муқарраргардида бастани онҳо бо идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла институтҳои молиявӣ, анҷоми назорати иҷрои ин шартномаҳо;
мувофиқа ва тасдиқ намудани квотаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатии дигар давлатҳо барои анҷом додани интиқоли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ ва шартҳои иҷрои онҳо;
таъсис додани гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои муваққатӣ дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати рафъи ин ҳодисаҳо ва оқибатҳои имконпазири онҳо ва ба ин кор ҷалб намудани мутахассисони ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
додани хулосаҳо оиди лоиҳаи санадхои қонунгузорӣ ва ғайраи меъёрии ба манфиатҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ дахолатдошта;
бо тартиби муқарраргардида тавассути хадамотҳои назоратӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия таъин ва гузаронидани тафтиши фаъолияти корхонаҳо, муассисахо ва дигар ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи нақлиёт, алоқа ва иттилоотонӣ, талаботи бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба рафъи конуншиканиҳои ошкоргардида; тасдиқи қоидаҳои боркашонии омехтаи мустақим;
бастани қарордодҳо бо роҳбарони корхонаю ташкилотҳои давлатии комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва бекор кардани онҳо бо тартиби муқарраргардида;
гирифтани иттилоот бо тартиби муқарраргардида аз ташкилотҳои комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ сарфи назар аз шакли моликияташон оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо, тибқи намунаҳои тасдиқнамудаи мақомоти омор;
гузаронидани конференсияҳо, маҷлисҳои машваратӣ ва семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо оид ба масъалаҳои такмил ва инкишофи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ;
таъсис додани нашрияҳои чопӣ ва ташкили фаъолияти нашрӣ;
Вазорат метавонад дигар ҳуқуқхои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.
III. Ташкили фаъолият
7. Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир дар асоси яккаҳокимиятӣ фаъолияти соҳаҳои ба ӯ вогузошташударо идора мекунад ва нисбати иҷрои функсия ва вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масьулияти шахсӣ дорад.
Муовини аввал ва дигар муовинони Вазир, инчунин роҳбарони хадамотҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Воҳидҳои сохтории Вазорат аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошанд. Дар таркиби сарраёсат ва раёсат шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.
Вазорат дар системаи худ корхонаҳои давлатӣ дорад, ки фаъолияти худро дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагидор анҷом медиҳанд.
Ба Дастгоҳи марказии Вазорат ба кор қабул намудани дигар кормандон (ғайр аз ҳайати хизматрасон ва ёрирасон) дар асоси озмуну қарордод бо эълон намудани он дар воситаҳои ахбори умум сурат мегирад. Тартиби қабули озмунии кормандон мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон бо фармони Вазир муайян карда мешавад.
8. Вазифаҳои Вазир аз инҳо иборатанд:
амалисозии роҳбарии умумии фаъолияти Вазорат ва ташкили кори он;
қабули фармон ва фармоишҳо бо тартиби муқарраргардида, додани дастурҳое, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоти тобеи вазорат ҳатмӣ мебошад ва тафтиши иҷрои онҳо;
тибқи тартиби муқарраргардида қабули санадҳои ҳуқуқию меъёрии дорои хусусияти умумиҳатмӣ дошта;
тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ ва нашри дастурамалҳо, қоидаҳо, номгӯ ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷомдиҳии вазифа ва функсияҳои ба зиммаи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ вогузоршуда заруранд;
тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқӣ оид ба масъалахои мансуб ба салоҳияти Вазорат;
тасдиқи нақшаи корӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Вазорат;
манзур намудани пешниҳодот ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар бобати таъмини маблағгузории Вазорат ва воҳидхои сохтории он;
тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доштани пешниҳодот оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона ва муассисаҳои давлатии дар системаи Вазорат қарордошта;
тасдиқи низомномаи воҳидҳои сохтории Вазорат, инчунин аз номи Вазорат хамчун муассис муфовиқакунии оинномаи ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар фонди оинномавиашон саҳми давлатӣ доранд ва тасдиқи оинномаи корхонаҳои (муассисаҳои) давлатӣ, ки фаъолияти худро дар асоси хоҷагидорӣ ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагидор анҷом медиҳанд;
таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат. Бо тартиби муқарраргардида роҳбарони корхонаҳои (муассисаҳои) давлатии нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ба вазифа таъии ва аз вазифа озод карда мешаванд.
тақсими вазифаҳо байни муовинони Вазир ва муқаррар намудани дараҷаи масъулияти онҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат;
тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии тобеи Вазорат дар ҳудуди шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти онҳо дар доираи маблағҳои ҷудошудаи буҷетии барои давраи дахлдори мукарраргардида;
тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди кормандони махсусан шоиста ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; анҷомдиҳии ҳуқуқҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон.
9. Низомнома, Сохтори дастгохи марказӣ, Накшаи идоракунии Вазорат, шумораи ниҳоии кормандони Дастгохд марказӣ, Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат, инчунин тартиби ҷойгиркунонӣ ва маблағгузории Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ менамояд,
10. Дар Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба он Вазир (Раиси мушовара), муовинони Вазир (вобаста ба вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи вазорат дохил мешаванд.
Аъзоёни ҳайати мушовараи Вазорат бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ ва озод карда мешаванд.
Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба фаъолияти Вазоратро дар машваратҳои мунтазам гузаронидааш баррасӣ менамояд. Қарори Ҳайати мушовара тавассути протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармони Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.
11. Вазорат дар системаи худ корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ дорад, ки фаъолияти худро дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ва ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагидор ба анҷом мерасонанд.
Вазорат ба фаъолияти хоҷагидории онҳо дахолат намекунад.
12. Вазорат муассисаҳои давлатии минтақавӣ дорад. Сохтор, вазифаҳо ва функсияҳои онҳоро Вазорат муқаррар менамояд.
13. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Дастгоҳи марказии Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
14. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, инчунин мӯҳрҳои дахлдор мебошад.
15. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Айнӣ 14 ва Рӯдакӣ 57.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 602
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати наклиёти рӯизаминӣ
Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо
Сарраёсати алоқа ва иттилоотонӣ
Сарраёсати авиатсияи гражданӣ
Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ
Раёсати корҳо
хорич карда шуд ()
Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ()
Шӯъбаи ҳуқуқ ()
Шӯъбаи аудити дохилӣ ()
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 602
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" феврали соли 2009 № 83
тасдик шудааст
Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии рохҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор"
Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт"
Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд"
Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа"
Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб"
Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ"
Муассисаи давлатии "Тоҷиктрансстрой"
Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷик-Эйр"
Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа"
Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб"
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"
Муассисаи давлатии "Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода"
Корхонаи воҳиди давлатии "Пажуҳишгоҳи илми-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Ҳисор"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Рашт"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии вилояти Суғд"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Қӯрғонтеппа"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Кӯлоб"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи ВМБК"
Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи тоҷик"
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷиктелеком"
Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Нақлиёт"
Муассисаи давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Дастаи ҳифозати идорӣ
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон ().