Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 16.01.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.2015 № 187 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603, аз 2.07.2008 № 309, аз 19.09.2008 № 454, аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумқурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти минтақавии системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1479 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 255 воҳид, муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603, аз 2.08.2008 № 309, аз 19.09.2008 № 454, аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60).

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовиии аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Ба системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба микдори 93 воҳид, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 10 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 309).

4. Дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии қоӯазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷӣ ва Раёсати бақайдгирии махсус Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус бо шумораи 21 воҳид, махсус таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603).

5. Маблаггузории дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда ва Коллеҷи молиявӣ ва иқтисодии шаҳри Душанбе, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия", редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ", Маркази такмили ихтисос аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад (қарорм Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454).

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

7. Беэътибор дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феравли соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 № 144 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумқурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 317 "Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи ҶумҳурииТоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 588

 ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумқурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти минтақавии системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1470 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 239 воҳид, муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603).

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовиии аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Ба системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба микдори 85 воҳид, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 10 воҳид муқаррар карда шавад.

4. Дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии қоӯазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷӣ ва Раёсати бақайдгирии махсус Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус бо шумораи 21 воҳид, махсус таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603).

5. Маблаггузории дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда ва Коллеҷи молиявӣ ва иқтисодии шаҳри Душанбе, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Молия", редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.