Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 августи соли 2002 № 328
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои асосӣ (фондҳо), ашёи камарзиш ва зудфарсудашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсади асосии гузаронидани азнавнархгузорӣ ба шароити азнавистеҳсолкунии онҳо ва нархҳои имрӯз амалкунанда мутобиқ гардонидани арзиши балансии воситаҳои асосӣ (фондҳо), ашёи камарзиш ва зудфарсудашаванда мебошад.
Корхонаҳо, ташкилотқо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеиат азнавнархгузориро мутобиқи ҳамин Тартиб амалӣ менамоянд.
Биноҳо, иншоотҳо, дастгоҳҳои интиқолӣ, мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои наклиёт ва дигар намуди воситаҳои асосӣ, новобаста аз ҳолати техникиашон (дараҷаи фарсудашавӣ), чӣ коркунанда ва чӣ дар захира ё эҳтиёт буда, сохтмони нотамом, ҳамчунин иншооти ба иҷора ё барои истифодаи муваққатӣ додашуда азнавнархгузорӣ карда мешаванд.
Фондҳои асосие, ки аз сабаби фарсудашавии ҷисмонӣ ва маънавӣ аз ҳисоб баровардан омода карда шудаанд, вале аз рӯи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудаанд, низ азнавнархгузорӣ карда мешаванд.
Азнавҳисобкунии арзиши ниҳолҳои бисёрсола бояд бо дарназардошти арзиши нави як гектари ба ҳолати воқеии онҳо (зичӣ, синну сол ва ғайра) анҷом дода мешавад.
Маълумоти ниҳоӣ барои азнавнархгузории фондҳои (воситаҳои) асосӣ арзиши пурраи тавозунии онҳо, ки дар натиҷаи ба рӯйхатгирӣ (инвентаризатсия) ба ҳолати 1 октябри соли 2002 ва коэффитсиенти азнавҳисобкунии онҳо бо арзиши барқарорсозӣ муайян шудаанд, маҳсуб меёбад.
Арзиши барқарорсозии воситаҳои (фондҳои) асосӣ бо зарб кардани арзиши тавозунии пурраи онҳо ба коэффитсиенти азнавхисобкунӣ муайян карда мешавад.
Субъектҳои хоҷагидории ба арзиши воситаҳои (фондҳои) асосӣ тамоилдошта, ки дар натиҷаи азнавнархгузорӣ дар ҳисоби муҳосибавӣ аз рӯи дебети ҳисоби 01 "Воситаҳои асосӣ", 03 "Воситаҳои асосие, ки ба иҷораи дарозмӯҳлат дода шудаанд", 07 "Таҷҳизот барои гузоштан", 08 "Сармояи пасандоз" ва ғайра аз кредити ҳисоби 87, "Сармояи иловагӣ", дар соҳаи иҷтимоиёт аз кредити ҳисоби 88 "фоидаи тақсимнашуда (зарари пӯшониданашуда)" ҳисоби фаръии 4 аён гардидаанд, нишон дода мешавад.
Субъектҳои хоҷагидор то 1 октябри соли 2002 фоизи воқеии фарсудагии воситаҳои (фондҳои) асосиро ба ҳисоб кардани маблағи умумии фарсудагӣ нисбат ба арзиши пурраи тавозунии воситаҳои (фондҳои) асосӣ муайян мекунанд.
Фоизи муайяни фарсудашавиро бо арзиши ҳисобкардашудаи воситаҳои (фондҳои) асосӣ зарб карда, ҳамин тариқ маблағи нави фарсудашавии онҳоро ба даст овардан мумкин аст. Фарқияти маблағи нави фарсудашавӣ ва қаблан ҳисобкардашудаи дар ҳисоби 87 "Сармояи иловагӣ" дебет шуда дар ҳисоби 02 "Фарсудашавии воситаҳои асосӣ", дар иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ ҳисоби 88 "Фоидаи тақсимнашуда (зарари пӯшиданашуда)" ҳисоби фаръии 4 кредит кунонида мешавад.
Муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ маблағи дар натиҷаи азнавнархгузорӣ тағйирёфтаи воситаҳои (фондҳои) асосиро аз рӯи дебет дар ҳисоби 01 "Воситаҳои асосӣ" (ҳисоби фаръии дахлдор) ва аз рӯи кредит ҳисоби 250 "Фонд дар воситаҳои асосӣ" нишон дода, маблағи арзиши фарсудашавии воситаҳои асосиро аз рӯи дебети ҳисоби 250 ва кредити 020 "Фарсудашавӣ ва воситаҳои асосӣ" нишон медиҳанд.
Ашёи камарзиш ва зудфарсудашавандаи то 1 январи соли 2001 харидоришуда низ бояд мавриди азнавнархгузорӣ қарор гиранд.
Маблағи фарқияти азнавнархгузории ашёи камарзиш ва зудфарсудашаванда баъди мутобиқ сохтани дараҷаи фарсудагии онҳо (50%) бояд ба кредити ҳисоби 87 "Сармояи иловагӣ" ба ҳисоби фаръии аз нав воридкардашуда дохил гардад.
Муассисаҳои буҷетӣ ба фарқияти маблағи азнавнархгузории ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда сабти муҳосибии зеринро тартиб диҳанд: дебети ҳисоби 07 ва кредити ҳисоби 26.
Субъектқои хоҷагидорӣ ҳисобкунии фарсудашавӣ (амортизатсия)-ро аз рӯи -воситаҳои (фондҳои) асосӣ бо дарназардошти арзиши нави барқароршавандаи онҳо амалӣ мегардонанд.
Ҳисобкунии фарсудашавӣ аз рӯи воситаҳои асосӣ ва ашёи камарзиш ва зудфарсудашаванда дар семоҳаи 4 соли 2002 тибқи нархҳои қаблан амалкунанда (то давраи азнавнархгузорӣ) сурат мегирад.