Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идора ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 121 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 101 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шавад (.
3. Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Раис, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад ва лимити автомобилҳои сабукрави хизматӣ 5 адад муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаи Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии дар нақшаи идоракунии Кумита нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
5. Ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи номгӯи замимагардида тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд (замимаи 5).
6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
- аз 30 апрели соли 2004 № 182 "Дар бораи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июни соли 2006 № 266 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 № 182 "Дар бораи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 590
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 135, аз 31.05.2012 № 296, аз 13.09.2012 № 488, аз 1.04.2017 № 167)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идора ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 113 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 93 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шавад (.