Низомномаи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 301

Санаи амалкуни: 25.10.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 601 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 1997 № 301

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 1997 № 301

тасдиқ шудааст

Низомномаи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарор Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001с. № 203,аз 25.10.2003с. № 479)

(Қарор Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001с. № 203,аз 25.10.2003с. № 479)

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идораи давлати мебошад, ки роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идораи ҳарбиро амали менамояд ва барои рушду омодагии онҳо дар иҷрои вазифаи мудофиави масъул аст.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мудофиави, риояи қонунгузории соҳаи ҳарби, фаъолияти самарабахши мақомоти идораи ҳарбиро таъмин месозад.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идора, ашхоси мансабдори он дар фаъолияти худ Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷори, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амали хеш қарор медиҳад.

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар доираи ваколатҳои муқарраршуда иҷро намуда, дар айни замон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои амният, тартиботи ҳуқуқиро идора мекунанд, инчунин бо дигар сохторҳои ҳарбии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ҳамкории наздик мекунад.

4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқи буда, номи воқеи ва шарти, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штампҳои дахлдор, инчунин суратҳисобҳо дар бонкҳо, аз ҷумла, суратҳисоби асъори дорад.

5. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:

...

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 601 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 1997 № 301

тасдиқ шудааст

Низомномаи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарор Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001с. № 203,аз 25.10.2003с. № 479)

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идораи давлати мебошад, ки роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идораи ҳарбиро амали менамояд ва барои рушду омодагии онҳо дар иҷрои вазифаи мудофиави масъул аст.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мудофиави, риояи қонунгузории соҳаи ҳарби, фаъолияти самарабахши мақомоти идораи ҳарбиро таъмин месозад.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идора, ашхоси мансабдори он дар фаъолияти худ Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷори, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амали хеш қарор медиҳад.

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар доираи ваколатҳои муқарраршуда иҷро намуда, дар айни замон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои амният, тартиботи ҳуқуқиро идора мекунанд, инчунин бо дигар сохторҳои ҳарбии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ҳамкории наздик мекунад.

4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқи буда, номи воқеи ва шарти, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штампҳои дахлдор, инчунин суратҳисобҳо дар бонкҳо, аз ҷумла, суратҳисоби асъори дорад.

5. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:

таъмини рафъи таҷовуз ва мағлуб намудани таҷовузгар;

таъмини ҳифзи фазои ҷумҳури;

таъмини муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлати;

таъмини ташкил ва мудофиаи минтақа;

таъмини омодагии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

роҳбарии гарнизонҳои ҳарби;

ҳифзи ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои онҳо;

таъмини иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунҳои ҷумҳури аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Ғайр аз ваколатҳое, ки дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" пешбини гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

риояи қонунгузориро дар бораи мудофиа таъмин менамояд, мувофиқи тартиби муқарраргардида дар хусуси такмили қонунгузори дар бораи мудофиаи кишвар таклифҳоро таҳия ва пешниҳод менамояд;

тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

ба мақомоти давлати, воситаҳои ахбори умум ва аҳли ҷомеаи ҷумҳури дар хусуси фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад;

ба Ҳукумати ҷумҳури оид ба ҳаҷми захираҳои моддию техники, амволи махсусе, ки барои мудофиаи ҷудо шудаанд, таклифҳо пешниҳод намуда, ба истифодаи самараноки онҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури назорат мекунад;

барои давраи махсус захираҳои эҳтиётии моддию техникиро бунъёд намуда, мӯҳлати нигоҳдории онҳоро муайян месозад;

ҷойгиркунии қӯшунҳо, сохтмон ва истифодаи иншоотҳои махсус мудофиави ва умумиҳарбиро ба амал мебарорад;

бо мақомоти Вазорати корҳои дохили, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби ҳамкори менамояд;

мутобиқи қонунгузориҳои ҷори асноди меъёриро оид ба масъалаҳои ҳарби нашр намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;

ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳо ҷиҳати ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзи таклифу тавсияҳо пешниҳод менамояд;

барои гузаронидани сиёсати ягонаи ҳарби, ҳарбию техники ва кадри пешниҳодот таҳия мекунад;

тибқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории эҳтиёҷоти мудофиа ва дигар масъалаҳои ҳарби пешниҳодот омода месозад;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси истифодаи маблағҳои ба мудофиа ҷудошуда ҳисобот медиҳад;

барои сохтан, истеҳсол ва таъмири техникаи ҳарби ва дигар амволи ҳарби фармоишҳои давлати медиҳад;

дар гарнизонҳои ҳарби тартиби муқарраргардидаро таъмин месозад ва бо ин мақсад дар асоси мувофиқа қувва ва воситаҳои сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебарад;

бо тартиби муқарраргардида интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро иҷро менамояд ва барои ҳолати интизоми ҳарби дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад;

бо идораҳои ҳарбии давлатҳои дигар ҳамкори менамояд ва иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналхалқи бармеоянд, таъмин мегардонад;

ҳамкории доимиро бо Ситоди ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҳарби ва дигар сохторҳои ҳарбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъмин менамояд;

иҷрои чорабиниҳоро оид ба тайёрии сафарбари дар ҷумҳури ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад; фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои мудофиа ва сирри давлати дар соҳаи мудофиа ҳамоҳанг менамояд (Қарор Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2003с. № 479);

иҷрои қонунгузории оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва вазъи санитарию гигиени дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

7. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро бо ҳама намуди таъминот тавассути Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари мекунад, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди минбаъдаи Фармон барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Тавассути вазорати таҳти роҳбариаш буда, Вазири мудофиа Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита роҳбари намуда, барои омодагии ҷанги ва сафарбаркуни, дигар вазифаҳои ба зиммаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда масъулият дорад.

9. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи доктринаи ҳарби, сохтори умуми ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаҷми маблағгузории буҷети барои мудофиа пешниҳодҳо манзур менамояд;

барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон концепция ва нақшаҳои сохтмони ҳарби, ҷобаҷокунии Қувваҳои Мусаллаҳ, нақшаҳои сафарбаркуни, стратеги ва дигар нақшаҳои марбут ба фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Президент оид ба ташкил, азнавсози ва барҳам додани қисмҳои ҳарби ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳури, теъдоди шаҳрвандони ҷумҳури, ки бояд ба хизмати ҳарби даъват шаванд, лоиҳаи Низомномаи Ситоди асосии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар низомномаҳоеро, ки тасдиқи онҳо ба ваколати Президенти ҷумҳури дохил мешаванд, пешниҳод менамояд;

барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идораи ҳарби, тартиби адои хизмати ҳарби ва дигар низомномаҳоеро, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро танзим менамоянд, пешниҳод мекунад;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаҷми захираҳои моддию техники озуқа, пӯшока ва дигар амвол барои эҳтиёҷоти мудофиа, инчунин оид ба дигар масъалаҳое, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, пешниҳод менамояд;

сари вақт ба Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳури бо ҳама намуди таъминот дархост пешниҳод менамояд;

ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи масъалаҳои ҳарбиро пешниҳод мекунад;

дар сурати ҳуҷуми ногаҳонии мусаллаҳи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони ҳолати ҷанг Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба омодагии пурраи ҷанги оварда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад;

бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи олии омодагии ҷанги оварда, нақшаҳои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи сафарбаркунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали менамояд;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаги мекунад, дар ҳудуди ваколатҳои хеш музокирот доир мекунад ва ба аҳдномаҳои байналхалқи имзо мегузорад;

дар ҳудуди ваколатҳои хеш иҷрои созишномаҳои байнидавлатиро оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти дастаҷамъи таъмин месозад;

дар кори Шӯрои Вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат мекунад ва амали якҷояи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ситоди ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҳарби ва дигар сохторҳои ҳарбии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил мекунад;

нақшаи ташкили таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

низомномаҳои раёсатҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

сохтори ташкили ва теъдоди ҳайати шахсии мақомоти идори ҷузъу томҳо ва қисмҳоро дар ҳудуди меъёри муқарраргардидаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, мувофиқи қонунгузори маоши ҳайати шахсиро муайян месозад;

шаҳрвандонро ба хизмати ҳарби қабул мекунад, ё ки ин ҳуқуқро ба муовинони аввали хеш вогузор менамояд. Шаҳрвандонро ба мансаб таъин мекунад, то рутбаи полковник рутбаҳои навбатии ҳарби медиҳад, онҳоро аз хизмати ҳақиқии ҳарби мутобиқи қонунгузории ҷори ҷавоб медиҳад (Қарор Ҳукумати ҶТ аз 19.04.01с. № 203);

тибқи қонунгузории ҷори оид ба масъалаҳои нисбатан муҳими зиндаги ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ва директиваҳо бароварда, дар мавридҳои зарури якҷоя бо дигар вазорат ва идораҳо фармонҳо мебарорад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз дигар ҳуқуқҳое, ки ба вай бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, истифода менамояд.

10. Мутобиқи пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумат муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад.

Муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири мудофиа тобеъ буда, сардорони бевоситаи тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳое, ки Вазири мудофиа ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд.

Фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳури бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Намояндаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ситоди ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҳарбии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутобиқи тартибе, ки дар банди 6 моддаи 52 ва банди 15 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, таъин мегардад.

11. Раисони раёсатҳо, шӯъбаҳо, хадамот ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа ва Ситоди асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд. Онҳо барои дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шудани вазифаҳои махсусе, ки ба салоҳияти онҳо шомиланд, инчунин барои омодагии ҷанги ва сафарбаркуни, ҳолати интизоми ҳарби дар қӯшунҳо ва муассисаҳои бевосита ба онҳо тобеъ, масъулият доранд.

12. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои солона ва семоҳаи чорабиниҳои асоси пеш мебарад.

13. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегия дар ҳайати Вазир (Раис), муовинони Вазир мувофиқи вазифа, инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи вазорат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, ташкил дода мешавад. Қарорҳои коллегия бо фармонҳо ва директиваҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мутобиқ карда мешаванд.

14. Ба штати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳо ва муассисаҳои ҳарби, хизматчиёни ҳарби, коргарон ва хизматчиён дохил мешаванд. Ба хизматчиёни ҳарби гувоҳномаи шахсият дода, ба нигоҳдори, гирифта гаштани яроқи оташфишони штати тибқи қонунгузории ҷори иҷозат дода мешавад.

15. Қабули коргарону хизматчиён ба кор, инчунин аз вазифа озод намудани онҳо дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо фармони ӯ аз тарафи яке аз муовинаш сурат мегирад. Фармонҳои шабонарӯзии сафдори дар Дастгоҳи марказии Вазорати муфодиа ва Ситоди асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби яке аз муовинони ӯ имзо карда мешаванд.

16. Фаъолияти меҳнатии коргарону хизматчиён дар ҷузъу томҳо, қисмҳои ҳарби ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мешавад.

17. Бо мақсади амали гардонидани фаъолияти хоҷагидори, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад, ҳақ дорад, ки авиацияи ҳарбии нақлиётиро бо мақсадҳои тиҷорати истифода барад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷанги ва қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфи расонад.

18. Фаъолияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.

19. Сохтори дастгоҳи маркази, нақшаи идора ва теъдоди штатии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.